Диалектикаи ҳастӣ: принсипи инкишоф

Яке аз муҳимтарин комёбии афкори фалсафии давраи қадим ин кашфи диалектика буд. Дар ибтидо файласуфони юнонӣ бо калимаи «диалектика» санъати баҳсу мунозира, муколамаро ифода мекарданд, ки дар ҷараёни бархӯрди ақидаҳои мухолиф ҳақиқат муайян карда мешуд. Бо мурури замон ин калима мазмуни васетар гирифт: онро на танҳо нисбати баҳс, балки нисбати тамоми равандҳое, ки дар он муқовимати баҳамзидҳо ва пайдоиши чизи нав ба вуқӯъ мепайвандад, истифода мекарданд. Дар шароити муосир диалектика ҳамчун методи тафаккур, ҳамчун низоми принсипҳои куллии методологӣ фаҳмида мешавад, ки мувофиқи онҳо бояд ягонагии баҳамзидҳо дар зуҳурот ошкор карда шавад, зуҳуротро дар тағйирёбӣ, муҳаррикӣ, инкишофёбӣ, алоқамандӣ ва ғ. омӯхта шавад.
Баёни муфассалтари диалектикаи инкишофи ҳастӣ дар фалсафаи Гегел пешниҳод гардидааст. Аксарияти назарияҳои бо диалектика асосёфта бо ғоя ва принсипҳои пешбарӣ кардаи Гегел такя мекунанд, аз дастгоҳи мафҳумии эҷод кардаи ӯро истифода мебаранд, онро рад накарда, балки ғанӣ мегардонанд.
Таносуби идея ва воқеиятро таҳлил намуда, Гегел масъалаи моҳияти гузариш аз идеалиёт (мантиқӣ) ба воқеият, аз идеяи мутлақ ба табиатро пеш гузошт. Дар ин маъно идеяи мутлақи гегелӣ – ин як хел принсипи мантиқии маънидоди хирадии ҳастӣ. Худи идеяи мутлақ аз ибтидо дар дохили фазои идеалии мантиқӣ «ғарқ» буда, бояд бо ягон чорае аз он ҷо «наҷот ёбад». Ҳамин хел, табиат фақат як соҳаи амалишавии рӯҳи мутлақ, ҳастии дигари идеяи мутлақ, зоҳироти беруна ё шакли бегонашудаи вай дониста мешавад. Организми табиӣ бо ҳама зуҳурёбиҳои моддиаш ҷавҳари идеалиро, ки ба вай ҳастӣ бахшидааст, намоиш медиҳад; инчунин хиради инсонӣ дар ҷараёни маърифат амали «идеалӣ» сохтани табиат, яъне маълум кардани мазмуни ниҳони функсионалии онро анҷом медиҳад.
Диалектикаи гегелӣ ба кулли инкишофи ояндаи фалсафа таъсири бузург расонида, ба ташаккули маданияти диалектикии тафаккур, ки натиҷаҳои беҳамто додааст, кӯмак намуд. Таҳлили фалсафии масъалаҳо аз мавқеи диалектика яке аз шаклҳои босамари фаҳмиши фалсафии ҳастӣ мебошад, зеро имкон медиҳад, ки ҳастӣ ҳамчун низоми томи аз рӯи қонунҳои универсалӣ инкишофёбанда омӯхта шавад.
Чун анъана се қонуни куллии диалектика ҷудо карда мешавад: қонуни инкори инкор, қонуни баҳамгузарии тағйиротҳои миқдорӣ ва сифатӣ, қонуни ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳо. Ин қонунҳо ҳатман дар алоқамондӣ вуҷуд доранд. Онҳо ҳамчун ҷабҳаҳои раванди ягонаи инкишоф амалӣ гардида, имкон медиҳанд, ки ин раванд бо мазмуни амиқаш фаҳмида шавад. Таҳқиқи инкишоф аз мавқеи диалектикӣ имкон медиҳад, ки сарчашма ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи ин инкишоф маълум карда шаванд (қонуни ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳо); механизмҳои инкишоф шарҳ дода шаванд (қонуни баҳамгузарии тағйиротҳои миқдорӣ ва сифатӣ); самти инкишоф муайян карда шавад (қонуни инкори инкор).

Шарҳ баста аст.