Демократикунонии ҷомеа ва хусусиятҳои муҳимми он

0
73

Дар замони муосир ҳарчанд демократия ба таври васеъ паҳн гардида, эътироф шуда бошад ҳам, ҳанӯз ҳам шумораи ками аҳолии кураи замин дар шароити ин навъи идоракунӣ умр ба сар мебаранд. Дар як қатор давлатҳои дунё демократия ба таври зоҳирӣ аз мавҷудияти худ дарак дода, дар воқеият он воситаи мустаҳкам нигоҳ доштани ҳокимияти авторитарӣ ба шумор меравад. Баъзан дар шароити як қатор давлатҳои олам шаклҳои мухталифи идоракунии демократӣ ба талаботи ҷомеа ва давлат ҷавобгӯ буда наметавонанд ва бинобар ин зуд рӯ ба таназзул мениҳанд. Пас, кадом омилҳо гузариш ба ҷомеаи демократӣ ва рушду инкишофи онро имконпазир мегардонанд ва устуворию самаранокии демократия аз чӣ вобаста аст? Барои посух додан ба саволҳои мазкур баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон шумораи зиёди таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудааст. Муаллифони таҳқиқоти мазкур дар асоси таҳлил ва муқоисаи нишондодҳои зиёди оморӣ як қатор заминаҳои муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динӣ ва омилҳои хориҷии демократияро мушаххас намудаанд.

Айни замон раванди демократикунонии ҷомеаро ба се марҳилаи асосӣ ҷудо менамоянд: либерализатсия, демократизатсия ва консолидатсия.

Загрузка...

Либерализатсияи ҷомеа раванде мебошад, ки дар заминаи он бори аввал дар ҷомеа як қатор озодиҳои шаҳрвандӣ амалӣ карда мешаванд, аммо дастгоҳи идорӣ дар ин марҳила ҳанӯз бетағйир боқӣ мемонад. Режими сиёсии ҷомеа агар авторитарӣ бошад, он оҳиста-оҳиста мавқеи худро тағйир медиҳад, пайдоиши оппозитсия ба мушоҳида мерасад ва гуногунандешии сиёсӣ низ аз пайдоиши худ дарак медиҳад. Баъзан либерализатсияи системаи идорӣ бо ташаббуси элитаи ҳукмрон оғоз мегардад, аммо дар бисёре аз мавридҳо он дар зери фишори оммаи мардум қарор гирифта, ногузир муносибати худро бо ҷомеа тағйир медиҳад. Зеро либерализатсия дар ҷомеа афкори гуногуни бо ҳам номувофиқро ба вуҷуд оварда, боиси ба амал омадани бархӯрди манфиатҳои гурӯҳӣ мегардад.

Маҳз ба хотири гирифтани пеши роҳи низои иҷтимоию сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гурӯҳи ҳукмрон маҷбур мегарданд, ки дар бораи қоидаҳои асосии рафтори сиёсӣ бо гурӯҳҳои мухталиф созишнома банданд ва риояи онро барои ҳама ҷониб ҳатмӣ гардонанд. Чунин ҳолат оғози раванди демократизатсия мебошад, ки дар ибтидои ин марҳила институтсионализатсия, яъне пайдоиши институтҳои нави сиёсӣ оғоз мегардад. Дар ин марҳила як қатор ҷонибҳо аз меъёрҳои мавҷудаи худ бинобар сабаби ҳимоя нагардидани манфиатҳояшон даст мекашанд. Аммо меъёри «эҳтиром намудан ба норозигии ҷонибҳо» аллакай иқтидори асосии демократия мебошад, ки дар созишнома ҷой дода шудааст. Агар чунин фазо ба вуҷуд омада бошад, марҳилаи ниҳоии демократизатсия, яъне легитимизатсияи созишномаи ҷамъиятӣ оғоз мегардад. Дар ин марҳила аллакай консерваторон ва реформаторон пайдо мегарданд. Дар зери таъсири муборизаи онҳо гурӯҳи нав бо номи марказгароҳо пайдо мегарданд, ки мавқеи ҳеҷ яке аз онҳоро эътироф наменамоянд.

Дар ин марҳилаи демократикунонӣ муборизаи сиёсии демократӣ ва ташаккули мақомоти намояндагӣ ба воситаи интихоботи даврагӣ ба роҳ монда мешавад. Оҳиста-оҳиста эҳсос мегардад, ки интихоботи баргузоршуда аз интихоботҳои қаблан баргузоргардида самараноктару ҷиддитар аст ва интихоботи оянда низ дар зери таъсири афкори ҷамъиятӣ ва муборизаи сиёсии неруҳои сиёсӣ боз ҳам ҷиддитар мегардад. Баъди ба вуҷуд омадани интихоботҳои шаффоф марҳилаи ниҳоии он бо номи консолидатсия фаро мерасад. Консолидатсия марҳилае мебошад, ки дар он фазои солими рақобати сиёсӣ пайдо гардида, маданияти сиёсӣ ва рафтори сиёсии одамон пурра характери демократӣ касб менамоянд. Аз ҷониби як ҳизб эҳтиром гардидани ҳизби дигар эҳсос мегардад. То оғози ин марҳила ҳеҷ яке аз режимҳои сиёсиро демократӣ гуфтан мумкин нест. Онҳо аниқтараш демократияи транзитӣ ва ё дар давраи гузариш қарордошта мебошанд. Дар марҳилаи охир чунин ниҳодҳои демократӣ, ба монанди плюрализм, интихоботи алтернативӣ ва рақобати сиёсии демократӣ пурра ташаккул меёбанд.

Дар миёнаҳои асри ХIХ олими франсавӣ Алексис де Токвил намунаи рушди сиёсиеро пешниҳод менамояд, ки дар он чунин гуфта мешавад: «Роҳи аз ҳама зудтар расидан ба озодӣ ба шакли бадтарини ғуломӣ оварда мерасонад». Ба ақидаи А. де Токвил, барои мамлакатҳое, ки дар онҳо анъанаҳои демократӣ ва дарки озодӣ ҳанӯз ҳам заиф аст, ислоҳот ва тағйиротҳои зуд-зуд баамалоянда аз ҳама бештар хатарноканд. Одатан, дар чунин мамлакатҳо раванди модернизатсия аз зери назорат берун мемонад. Дар шароити ислоҳоти босуръат одамон имкон намеёбанд, ки ба моҳияти тағйиротҳои баамалоянда ба пуррагӣ сарфаҳм раванд. Дар чунин шароит иштироки омма дар сиёсат барои рушди ниҳодҳои сиёсӣ монеаҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оварда, раванди таъмини тавозуни манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷамъиятиро вайрон месозад. Ба андешаи А. де Токвил, демократикунонии босуръат ҳокимиятро ба охлократия ва сипас ба тирания мубаддал мегардонад.

Ҳангоми таҳлили раванди демократикунонии ҷомеа мушоҳида намудан мумкин аст, ки дар баъзе давлатҳо демократияи устувор ва дар баъзеи дигар носутувор дида мешавад, дар баъзе давлатҳо раванди демократикунонӣ дида мешаваду дар баъзе давлатҳои дигар не, баъзе давлатҳо полиархӣ ва қисми дигараш ҳанӯз ҳам автократӣ мебошанд. Чунин ҳолат сабабҳои худро дорад ва аз як қатор омилҳо, шарту шароитҳо ва махсусан заминаҳои рушди демократия вобастагӣ дорад.


Калидвожаҳо: Демократикунонии чомеа ва хусусиятхои мухимми он, хусусиятхои демократикунони, хусусиятҳои демократикунонӣ.