Давраи атиқа

Дар давраи атиқа масъалаи ҷустуҷӯи шаклҳои беҳтарини идоракунии давлат ва ҷомеа доимо дар маркази диққати мутафаккирон қарор дошт. Аммо мафҳуми «давлат» ҳанӯз ба вуҷуд наомада буд ва барои ифодаи он мафҳумҳои «полис» ва ё «полития» истифода бурда мешуд. Мутафаккирони ин давра барои шаклҳои идоракунӣ аввалин маротиба мафҳумҳои «монархия», «олигархия», «демократия», «аристократия», «охлократия», «тимократия» ва «тирания»-ро истифода намудаанд.

Намояндагони машҳури давраи атиқа Афлотун, Арасту ва Ситсерон мебошанд. Мутафаккири Юнони қадим Афлотун (427-347 то м.) дар рушду инкишофи афкори сиёсӣ нақши беандоза дорад. Афлотун андешаҳои сиёсии худро дар асарҳои «Давлат» ва «Қонунҳо» ташаккул додааст. Ӯ зарурияти тақсими меҳнати ҷамъиятиро асоснок карда, ҷомеаро ба се табақаи алоҳида тақсим намуда, мавҷудияти чунин табақабандиро ба қобилиятҳои инсон вобаста менамояд. Ба ақидаи Афлотун, се қобилияти асосии инсон, ки иборатанд аз қобилиятҳои ақлӣ, иродавӣ ва ҳиссӣ бо се хислати неки инсонӣ, ки иборатанд аз ҳикмат, далерӣ ва некандешӣ мувофиқат менамоянд. Бо назардошти чунин қобилиятҳои инсонӣ, сохтори иҷтимоии ҷомеа ташаккул меёбад, ки он аз се табақаи алоҳида: файласуфон, ҷанговарон ва ҳунармандон иборат мебошад.

Афлотун сиёсатро санъати шоҳӣ ва қобилияти идора намудани одамон муаррифӣ менамояд. Бинобар ин, ӯ пешниҳод менамояд, ки давлатро бояд файласуфон ва донишмандон идора намоянд. Моҳияти давлати идеалии Афлотун низ дар ҳамин ифода меёбад. Роҷеъ ба ин масъала ӯ чунин менависад: «То он замоне, ки давлатҳоро файласуфон идора накунанд, давлатҳо аз зулму истибдод озод намешаванд»[1]. Аммо мавҷудияти чунин давлат барои Афлотун идеале буд, ки барои ташаккул додани он кӯшишу заҳмати зиёд лозим меомад.

Ба ғайр аз давлати идеалӣ Афлотун инчунин се навъи асосии идоранамоиро низ нишон додааст: монархия, ҳокимияти ақаллият ва ҳокимияти аксарият. Афлотун навъҳои идоракуниро вобаста ба мавқеи қонунҳои ҷомеа боз ба шаклҳои мухолифи якдигар тақсим намудааст: ҳокимияти шоҳӣ – тирания, аристократия – олигархия, демократияи дорои қонун – демократияи бидуни қонун. Ба ақидаи ӯ, дар шароити ҳокимияти шоҳӣ, аристократия ва демократияи дорои қонун мавқеи қонунҳо дар ҷомеа хеле баланд аст, ки дар онҳо манфиатҳои мардум хубтару беҳтар ҳимоя гардида, хайрияти умум таъмин мегардад. Аммо дар шароити тирания, олигархия ва демократияи бидуни қонун мавқеи қонунҳо дар ҷомеа хеле паст буда, беадолатӣ ва зулму истибдод ҳукмрон аст. Бинобар ин, ӯ гурӯҳи аввали идоракуниро шаклҳои дуруст ва гурӯҳи дуюмро шаклҳои нодурусти идоракунӣ номидааст.

Афлотун андешаҳои худро дар бораи давлат ташаккул дода, қайд менамояд, ки давлат бояд қонунҳои одилона дошта бошад ва қонунҳои мазкур аз ҷониби адолати судӣ бояд ҳифз гарданд. Афлотун таъкид менамояд, ки дар идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бояд шахсони ноуҳдабаро ва бемаълумот роҳ дода нашаванд, аммо иштироки шаҳрвандони озодро дар сиёсат инкор намекунад. Барои беҳтар гардидани ҳаёти ҷамъиятӣ тарбияи давлатиро шарти муҳим мешуморад. Ба андешаи Афлотун, моликияти хусусӣ асоси идоракунии ноодилона маҳсуб меёбад, бинобар ин, ӯ пешниҳод менамояд, ки ҳокимон–файласуфон бояд ҳуқуқ ба моликияти хусусиро надошта бошанд ва барои онҳо танҳо моликияти ҷамъиятӣ кафолат дода шаваду бас.

Мутафаккири дигари Юнони қадим Арасту (384-322 то м.) дар рушду инкишофи минбаъдаи афкори сиёсӣ саҳми хеле бузург мегузорад. Андешаҳои сиёсии Арасту дар асари машҳури ӯ «Политика» ифода ёфтаанд. Арасту андешаҳои сиёсии худро дар заминаи таҳлили сохтори сиёсии зиёда аз 185 полиси юнонӣ ташаккул додааст. Ба андешаи ӯ, давлат ташкилоти сиёсии мураккаб ба шумор рафта, аз муоширати сиёсии шаҳрвандони озод иборат аст. Ба ғайр аз оне ки давлат воситаи таъмини бехатарии шаҳрвадон ва бо роҳи қонунӣ танзмигари муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, инчунин ба ақидаи Арасту, давлат бояд ҳаёти арзандаи одамонро низ таъмин намояд. Бинобар ин, Арасту низ ба монанди Афлотун шаклҳои дуруст ва нодурусти идоранамоиро аз ҳам ҷудо намуда, онҳоро аз мавқеи хайрияти умум шарҳ медиҳад. Арасту сохтори сиёсиеро идоракунии дуруст мешуморад, ки дар он хайрияти умум ва хушбахтии одамон таъмин гардида бошад. Баръакс, сохтори сиёсиеро, ки дар он ҳокимон барои ҳимояи манфиатҳои шахсии худ ва амалӣ намудани мақсадҳои худ кӯшиш менамоянд, идоракунии нодуруст муаррифӣ намуда буд. Навъҳои идоракунии дуруст ва нодурустро Арасту вобаста ба шумораи ҳукмронон инчунин ба се гурӯҳи дигар ҷудо менамояд. Ба андешаи Арасту, монархия, аристократия ва полития шаклҳои дурусти идоракунӣ ва тирания, олигархия ва демократия шаклҳои нодурусти идоракунӣ мебошанд.

Арасту политияро шакли аз ҳама беҳтари идоранамоӣ мешуморад. Дар он табақаи миёнаи ҷомеа ҳукмронӣ менамояд, ки аз ҳама ҷиҳат ба фоидаи ҷомеа мебошад. Ба андешаи ӯ, ҳокимияти синфи миёна сатҳи миёнаи ҳаётро ба вуҷуд меоварад. Онҳо дар муносибатҳои ҳуқуқӣ эътидолро риоя намуда, дар муносибатҳои иқтисодӣ даромади миёнаро ҷонибдорӣ карда, дар муносибатҳои сиёсӣ манфиатҳои аксариятро ба инобат мегиранд.

Демократия ба қатори шаклҳои нодуруст дохил мешавад, чунки дар он, ба ақидаи Арасту, хатари зулми аксарият аз болои ақаллият вуҷуд дорад. Вай чунин меҳисобид, ки мардуми бесавод аз байни худ шахсони бефарҳангу бефаъолиятро интихоб намуда, корҳои давлатро ба онҳо бовар мекунанд. Онҳо худро аз як канор ба канори дигар зада, ҳам ба маслиҳати шахсони диндор ва ҳам ба маслиҳати шахсони хушомадгӯй гӯш медиҳанд. Ғайр аз ин, худи аксарият доимӣ нест, имрӯз ба вай яке ва фардо дигаре ҳамроҳ мешавад, бинобар ин қонунҳоеро, ки аксарият қабул мекунанд, доимӣ буда наметавонанд[2].

Дар қатори мутафаккирони Юнони қадим, инчунин дар рушди афкори сиёсӣ мутафаккирони Рими қадим низ саҳми арзанда гузоштаанд. Яке аз мутафаккирони машҳури Рими қадим Марк Тулий Ситсерон (106-43 то м.) мебошад, ки ӯ дар рушди афкори сиёсӣ нақши бузург бозидааст. Дар сохтори сиёсии ҷомеа Ситсерон корҳои мардумиро афзалтар мешуморад, ки онро «res publica» номидааст. Ба ақидаи ӯ, ҳокимияти давлатӣ бояд манфиатҳои моддии шаҳрвандонро ҳимоя намояд. Зеро мавҷудияти давлат ва дастгоҳи иҷроияи он аз ҳисоби маблағҳое, ки бо роҳҳои гуногун аз тобеон ҷамъоварӣ мешаванд (андозҳо), таъмин мегардад. Ӯ ташаккулдиҳандаи номократия[3] мебошад. Ба андешаи ӯ, волоияти қонун меъёре мебошад, ки ба воситаи он тобеияти давлат ва шаҳрвандон ба қонунҳои амалкунанда таъмин карда мешавад.

Ситсерон низ, дар навбати худ, се шакли идоракуниро нишон медиҳад: ҳокимияти шоҳӣ, ҳокимияти аристократҳо ва ҳокимияти халқ. Ба андешаи Ситсерон, ҳар яке аз ин шаклҳои идоракунӣ афзалиятҳои худро доро мебошанд. Лутфу марҳамати подшоҳон, хирадмандии ашрофзодагон ва озодии халқ афзалиятҳои ҳар яке аз шаклҳои идоракунӣ мебошад. Ба андешаи Ситсерон, бояд афзалиятҳои мазкур бо ҳам омехта карда шуда, шакли омехтаи идоракунӣ ба вуҷуд оварда шавад, то ки он оқилона маҳсуб ёбад.

[1] Платон. Соч. – М.,1971. – Т.3. – С.275.

[2] Ниг.: Маҳмадов А.Н. Сиёсатшиносӣ. / Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. – Душанбе: Ирфон, 2010.  – С.25-26.

[3] Номократия аз ду калимаи юнонӣ: nomos– қонун ва kratos – ҳокимият гирифта шуда, маънояш волоияти қонун мебошад.

Шарҳ баста аст.