Ҳама гуна ҳаракатҳои мурофиавӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба таъинот ва вазифаҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ тобеъ карда шуданд ва аз баски истеҳсоли ин ё он қарор, ҳукм, содир намудани ҳаракатҳои пайдарҳами мурофиавиро тақозо менамояд, бинобар ҳамин низом ва давраҳои (марҳилаҳои) он дар мурофиаи ҷиноятӣ ногузир аст. Давраҳои (марҳилаҳои) мурофиаи ҷиноятиро дар маҷмӯъ низоми мурофиаи ҷинояти меноманд. Низоми мурофиаи ҷиноятӣ аз якчанд давраҳои (марҳилаҳои) ба ҳам алоқаманд, ки онҳоро мақсад ва вазифаҳои ягона пайваст намудааст. Мурофиаи ҷиноятӣ аз қисматҳои муайяни нисбатан мустақил ва ба ҳам алоқаманд иборат буда дар пайдарҳамии муайян ба амал бароварда мешавад.

Давраи (марҳилаи) мурофиаи ҷиноятӣ гуфта, қисми мустақили мурофиаи ҷиноятиро меноманд, ки ба худ хос вазифаву субъекту шакли мурофиавиро соҳиб аст ва бо дигар давраи (марҳилаи) мурофиаи ҷиноятӣ аз рӯи мақсад ва вазифаҳои умумӣ алоқаи ногусастанӣ доранд.

Ҳар як давраи мурофиаи ҷиноятӣ аз давраи дигараш бо чунин хусусиятҳо фарқ мекунад:

а) доираи вазифаҳои махсус;

б) доираи муайяни субъектон;

в) шакли махсуси фаъолият;

г) санади мурофиавии хотимавӣ.

Мурофиаи ҷиноятӣ аз 6 – давраи асосӣ (мустақил) ва 2 – давраи иловагӣ (истисноӣ) иборат буда, ба давраҳои асосии мурофиаи ҷиноятӣ инҳо шомиланд:

  1. Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ – давраи ибтидоии мурофиаи ҷиноятӣ буда, он аз лаҳзаи ба мақомоти дахлдор расидан ва ба қайд гирифтани маълумот дар бораи ҷиноят ибтидо гирифта, ба баровардани қарор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ё рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ба охир мерасад. Давраи мазкур боз аз се қисмат иборат аст: а) қабул намудани маълумот оиди ҷинояти ҷойдошта; б) санҷидани ин маълумотҳо; в) оғоз намудан ва ё рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ.
  2. Тафтишоти пешакӣ – давраи мустақили мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки пас аз оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ фаро мерасад. Мисли давраҳои дигари мурофиаи ҷиноятӣ ин давра низ вазифа ва доираи махсуси иштирокчиёни худро доро мебошад. Давраи тафтишоти пешакӣ фавран пас аз баровардани қарор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ шурӯъ мегардад. Дар ин давра мақомоти тафтишоти ҷиноятро ошкор намуда, ҳолати содир кардани он, шахси гунаҳгор, ангезаи ҷиноят, андозаи зарари расонидашуда, сабаб ва дигар ҳолатҳое, ки ба содир намудани ҷиноят мусоидат намудаанд муайян мекунад.
  3. Басуддиҳӣ – давраи мустақили мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки дар он судя ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонун мавҷуд будани асосҳои кофии ҳуқуқӣ ва барои моҳиятан баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ дар суд, кифоя будани маълумоти воқеиро дида мебарояд. Вазифаи асосии давраи мазкур, санҷиши сифати тафтишоти пешакӣ ва маълум кардани асосҳои кофӣ ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ дар суд мебошад.
  4. Муҳокимаи судӣ – давраи асосӣ, муҳим ва марказии мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, зеро дар ин давра вазифаи мурофиаи ҷиноятӣ ва мақсади мурофиаи ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад. Танҳо дар давраи мазкур суд дар доираи муқаррароти қонуни мурофиавӣ метавонад масъалаи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшаванда ва дар ҳаққи ӯ татбиқ кардани ҷазои дар қонун пешбинишуда ё сафед кардани шахси бегуноҳ барорад. Танҳо суд дар натиҷаи муҳокимаи судӣ метавонад шахсро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои ҷиноятӣ таъин кунад.
  5. Истехсолоти кассатсионӣ – вазифаи давраи мазкурро санҷидани асоснокӣ ва қонунӣ будани ҳукми ба қувваи қонунӣ надаромада ташкил медиҳад, ки он дар суди зинаи болоӣ аз рӯи шикояти иштирокчиёни мурофиа ё эътирози прокурор сурат мегирад.
  6. Иҷроиши ҳукм – давраи мустақили мурофиаи ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад, ки дар доираи он иҷроиши амрҳои дар ҳукм, таъинот ё қарор нишон додашуда сурат мегирад ва инчунин, аз болои иҷрои ҷазо назорати мурофиавӣ ба амал бароварда шуда, аз ҷониби суд масъалаҳое, ки бо иҷрои ҳукм алоқаманданд, ҳал мегарданд. Инчунин якқатор масоилҳои ҳуқуқӣ, ки дар рафти иҷроиши ҳукм пайдо мегарданд ва тибқи меъёрҳои мурофиаи ҷиноятӣ ҳалли худро меёбанд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ба давраҳои иловагии (истисноии) мурофиаи ҷиноятӣ бошад давраи истеҳсолоти назоратӣ ва истеҳсолот аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда шомил мебошанд.

  1. Истеҳсолоти назоратӣ – давраи истисноии мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки дар ниҷаи он суди болоӣ аз рӯи эътирози шахсони ба он ваколатдор, қонунӣ ва асоснок будани ҳукмҳо, таъинот ва қарорҳои ба қувваи қонунӣ даромади судҳои зинаи якум ва инчунин, таъинот ва қарорҳое, ки судҳо бо тартиби кассатсионӣ ё назоратӣ баровардаанд, дида баромада мешавад. Ба мисли зинаи кассатсионӣ, истеҳсолоти назоратӣ низ шакли назорат аз болои фаъолияти судҳо мебошад.
  2. Истеҳсолот аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда – давраи истисноии мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки дар он қонунӣ ва асоснок будани ҳукм, таъинот ё қарори ба қувваи қонун даромадаи суд бинобар ошкор гардидани ҳолатҳои нав, мавриди санҷиш қарор мегиранд. Истеҳсолот аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда кафолати муҳими адолати судӣ мебошад. Вазифаи давраи мазкур таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон иборат мебошад, ки бо роҳи ислоҳ кардани хатогиҳои роҳдодашуда ва оқибатҳои вайронкуниҳои ҷинояткоронаи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва шахсони мансабдоре, ки истеҳсолоти парвандаро пеш бурдаанд, ба амал бароварда мешавад.

Калидвожаҳо: хукуки мурофиаи чинояти, ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, мурофияи чинояти, мурофиаи ҷиноятӣ дар тоҷикистон, хукук, ҳуқуқ,  donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, сайти омузиши, сомонаи омузишӣ, сайти точики, сайтхои точики, сайти тоҷикӣ

Шарҳ баста аст.