географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Давраҳои инкишофи хоҷагии халқ

Дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон ва берун аз маркази он (мулкҳои тоҷикнишин) аз замонҳои хело қадим мардум ба зироаткорию инкишофи олотҳои истеҳсолӣ машғул буданд.

Мувофиқи маълумотҳои бостоншиносӣ қабилаҳои дар Тоҷикистон буда, ҳанӯз дар давраи асри санг (10-5 ҳазор сол то милод) ба киштукор машғул буданд. Дар китоби муқаддаси «Авесто» (асри 10-6 то милод) оид ба кишоварзӣ, боғдорӣ, обёрии заминҳо, поруандозӣ, чорводорӣ ва кишти алафҳои хӯроки чорво маълумотҳои нодир мавҷуданд. Дар замони Кӯшониён (ҳазораи якуми то милод) зироатчигӣ нафақат дар водиҳо, балки мавзеъҳои кӯҳсорро фаро гирифта буд. Дар он давра хеле зиёд будани анвои зироат (гандум, ҷав, зағир, кунҷит, шолӣ, ҷуворӣ, меваҳои гуногун ва ғайра) ҷолиби диққат аст. Ба туфайли селексияи халқӣ, ки аз авлод ба авлод идома дошт, навъҳои серҳосили зироат ва зотҳои нави чорво пайдо шуда, ба кишварҳои ҳамҷавор паҳн мегардид. Чунончи, хитоиҳо кишти юнучқа ва парвариши чормағзро аз халқҳои ин ҷо омӯхтаанд. Зоти гӯсфанди ҳисорӣ ва аспи зоти хатлонӣ низ маҳсули кори селексияи халқӣ мебошад. Сохтмони аввалин иншоотҳои обёрӣ (каналҳо, корезҳо, ҷиғирҳои обкашӣ ва ғайра) аз ҳамон давраҳои қадим сар шудааст. Аз системаҳои обёрии қадима осори дарғоти Варағсар, ки оби Зарафшонро ба се шоха тақсим мекард ва даҳхо каналу корезҳои ёфтшуда (Ғӯлакандоз, Тӯқсанкорез, Говкуш, Ҷӯйбор, Ҳошодӣ ва ғайра) гувоҳӣ медиҳанд.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ дар қаламрави ҳозираи Тоҷикистон ҳанӯз асри XI то милод баробари зироату чорво металлургия низ вуҷуд дошт: аҳолии таҳҷоӣ аз конҳо маъдан истихроҷ карда, металҳои гуногунро мегудохт. Чор ҳазор сол қалб дар Қаромазор сурб, дар Дарвоз тилло, дар Бадахшон лаъл ва лоҷвард истихроҷ мекарданд. Оид ба инкишофи саноати маъдан дар ҳудуди Тоҷикистони қадим сайёҳон ва олимони Юнон, Рим ва Хитой маълумот додаанд. Маркази калони металлургӣ Қарамазор ба шумор мерафт. Боқимондаи конҳои қадим аз Исфара, Истаравшан, Балҷувон, Панҷакент ёфт шудаанд. Тадқиқотчиёни рус Н.Г.Малитский, М.С.Андреев (1896) ва М.Е.Массон (1934) ошкор сохтаанд, ки замонҳои қадим дар ғори Конигут (ноҳияи Исфара) оҳан, сурб ва қалъагӣ, дар Контоғ (водии Зарафшон) навшодир, дар Оқсуқон (ноҳияи Ашт) намаксанг истеҳсол мекардаанд.

Аз рӯи маълумоти таърихӣ истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон асрҳои IX-XII то замони тохтутози муғулҳо ба авҷи аъло расида буд. Аз нуқрае, ки аз Қарамазор мегирифтанд, барои мамлакатҳои Шарқи араб танга сикка зада мешуд. Тавассути корвонҳои тоҷирон тангаҳо ба тамоми дунё паҳн мегаштанд. Онҳоро аз Финляндия, Дания, Франсия ва як қатор мамлакатҳои дигар пайдо кардаанд.

Саёҳатчиёни асри X Истахрӣ ва Ибни Хоқонӣ навиштаанд, ки «дар Исфара кӯҳест аз санги сиёҳ ва он санг мисли чӯб месӯзад».

Мувофиқи ақидаи профессор Н.Г.Малитский (1924) «ангишти ноҳияи Исфара ҳазорҳо сол қабл аз ин аз замони сайёҳони араб, ки ҳанӯз дар Европа оиди хосиятҳои сӯзиши ин ҷинси кӯҳӣ тасаввурот надоштанд, истифода мешуд». Аз ибтидои асри VII сар карда тоҷикон нефтро низ барои муолиҷаи бемориҳои гуногун ва ба сифати «тирҳои сӯзон» кор мефармуданд.

Бисёр нишонаҳои кори маъданканҳои онвақта ҳатто геологҳои ҳозираро дар ҳайрат мегузорад. Технологияи маъданканӣ  ва маъдангудозӣ хеле сода буд: маъданро бо асбобҳои сода (зоғнӯл, белу каланд, фонаҳои чӯбӣ ва ғайра) бо усули «оташкан» истихроҷ мекарданд. Қатъи назар аз он нақбҳои онҳо хеле чуқур (то 250 м) буда, боқимондаи металл дар партовҳо хеле кам аст.

Бозёфтҳои ҳафриётӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар баробари саноати кӯҳӣ то замони тохтутози муғулҳо дар Тоҷикистон ҳунармандӣ, кулолӣ, заргарӣ ва санъати тасвирӣ низ ривоҷ ёфта будааст. Ҳатто баъзе аз намудҳои касбу ҳунарҳо то ба дараҷаи олии худ ривоҷ ёфта, маҳсулоти онҳо берун аз ҳудуди Мовароуннаҳр низ шӯҳрат дошт. Истахрӣ менависад, ки мардуми он ҷо ба моли хориҷӣ эҳтиёҷ надоштанд, зеро ҳамаи чизи заруриро худашон фаровон истеҳсол мекарданд. Баръакс, қисми зиёди моли ҳунармандон, монанди газвори ведарӣ, карбоси занданечӣ, фонуси мисини бухороӣ, зарфи қалъагидор, деги мисин ва қоғази Самарқанд, қайчиву сӯзании Шош, яроқу аслиҳаи фарғонагӣ берун аз ҳудуди кишвар шӯҳрати калон дошт.

Нишонаҳои санъати баланди меъморию бинокории онвақтаро дар мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро, мадрасаи Хоҷа Машҳади Сайёди Шаҳритус, мақбараи Саидиброҳими Карминагӣ (Навоӣ), нақшу нигори чӯби масҷиди Искодар (Айнӣ), сутунҳои аз болооби Зарафшон (Сангистон, Оббурдан, Куруд) ёфтшуда дидан мумкин аст.

Садаи VIII-XII давраи нашъунамои илм ва фарҳанги тоҷикон буд. Мувофиқи нишондоди таърихшиносон маҳз дар ҳамин давра ташаккули халқи тоҷик анҷом ёфт. Китобҳои илмию бадеии дар он вақт бо забони тоҷикӣ навишташуда аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо карда, дар таърихи тамаддуни инсоният саҳми босазо гузоштаанд. Асарҳои безаволи классикони адабиёти тоҷику форс Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдӣ, Хайём, Камоли Хуҷандӣ ва олимони барҷаста — Абӯбакри Нархашӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон намунаи нашъунамои илму фарҳанги замон мебошанд.

Мутаассифона, тохтутози муғулҳо ва сипас ҷангҳои байни феодалҳои маҳаллӣ боиси таназзули тамаддуни баланди халқи тоҷик гардид. Баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна (1868) барои амният ва тараққиёти иқтисодии ин сарзамин каме шароити мусоид фароҳам омад. Вале қатъи назар аз ин, Тоҷикистон асосан чун манбаи истеҳсоли ашёи хом тараққӣ мекард. Бештар кишоварзӣ ва майдакосибӣ ривоҷ ёфта буд ва саноат амалан вуҷуд надошт. Ҳамагӣ 7 корхонаи саноатӣ: чор заводи пахтатозакунӣ, як заводи равғанкашӣ, корхонаи нефти «Санто» ва кони ангишти Шӯроб мавҷуд буд. Нақлиёт бо мазмуни пуррааш вуҷуд надошт. Васоити асосии нақлиёт аспу хар ва ароба буд. Кӯҳистони тоҷик аз олами беруна кандашуда ҳисоб меёфт.

Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар инкишофи иқтисодии Тоҷикистон табадуллоти бузурге ба амал омад.

Дар тӯли солҳои мавҷуда Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт ва фарҳанг ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар Тоҷикистон 140 маротиба, аз ҷумла саноати сабук 97, саноати хӯрокворӣ 77 маротиба афзуд. Аз ҷиҳати суръати афзоиши соҳаҳои хоҷагии халқ Тоҷикистон аз нишондиҳандаҳои умумии Иттиҳоди Шӯравӣ пеш буд. Дар 25 соли охир ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ 5,1, кишоварзӣ 2,7, боркашонии нақлиёти автомобилӣ 5,2 маротиба зиёд шуд.

Саноати Тоҷикистон зиёда аз 90 соҳа ва 400 корхонаи калони саноатиро дар бар мегирифт. Бисёр соҳаҳои асосии саноат, аз ҷумла саноати вазнин (бахусус электроэнергетика, мошинсозӣ, кимиё, металлургияи ранга), сабук, хӯрокворӣ босуръат тараққӣ мекард.

Комёбиҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ назаррас буданд. Дар заминаи кооператсияи байнихоҷагӣ, интегратсияи агросаноатӣ ва фаровон истифода бурдани дастовардҳои илм ва техника кишоварзии Тоҷикистон серсоҳа, интенсивӣ, махсус ва мутамарказ гашт.

Дар соҳаи илм, маорифи халқ, тандурустӣ, адабиёт, фарҳанг низ комёбиҳои калон ба даст омаданд.

Дар тӯли як сол Тоҷикистон ҳамон қадар қувваи барқ истеҳсол мекард, ки то солҳои 90-уми асри гузашта аз қувваи барқи Россияи подшоҳӣ 7 маротиба бештар буд. Дар ҷумхурӣ ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба Ҳиндустон ва Покистон 10 баробар зиёдтар қувваи барқ истеҳсол карда мешуд: истеҳсоли шоҳӣ ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба ШМА 2 баробар, истеҳсоли равғани растанӣ нисбат ба Франсия 3 баробар зиёд буд. Агар пештар Тоҷикистон қариб ҳамаи маҳсулоти саноатиро аз дигар ҷой гирифта, худ фақат ашёи кишоварзӣ медод, пас ба 50 мамлакат дастгоҳҳои бофандагӣ, трансформатор, асбобҳои барқӣ, яхдон, металлҳои ранга, нахи пахта, шоҳӣ, қолин ва дигар маҳсулот мебаровард.

Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат дар байни дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҷои ҳаштум ва аз ҷиҳати аҳолӣ ҷои нӯҳумро мегирифт, вале солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷиҳати истеҳсоли пахта дар ҷои сеюм, сурма дар ҷои дуюм, абрешими хом дар ҷои чорум, анҷибар дар ҷои якум, равғани растанӣ дар ҷои панҷум меистод. Дар ҷумҳурӣ 11 фоизи пахтаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 3,3, фоизи шоҳӣ, 3,1 фоизи равғани растанӣ, 1,1 фоизи консерви меваю сабзавот, 1,3 фоизи газворҳои пахтагин истеҳсол карда мешуд. Минбаъд ба афзоиши электроэнергетика, химия, мошинсозӣ, металлургияи ранга, соҳаҳои комплекси агросаноатӣ диққати зиёд дода мешуд.

Дар даштҳои Данғара, Бешкент, Дилварзин, Қароқум садҳо гектар заминҳои нав аз худ карда шуданд. Хусусан, ба оқилона истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ ва дуруст ҷойгиркунонии қувваҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ диққати асосӣ дода мешуд.

Ҳамин тавр, то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ иқтисодиёти он комплекси ягонаи хоҷагиро бо истеҳсолу коркарди муҳимтарин намудҳои маҳсулот таъмин менамуд.

Баъди Истиқлол вазъият тамоман тағйир ёфт. Дар заминаи давлати пошхӯрдаи Шӯравӣ мамлакатҳои нави соҳибихтиёр дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуданд. Дар ин маврид бисёр риштаҳои иқтисодие, ки байни шаҳру корхонаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои тӯлонӣ вуҷуд доштанд, якбора канда шуданд ва бӯҳрони истеҳсолот кулли давлатҳои собиқ Шӯравиро фаро гирифт. Ин ҳолат дар даҳсолаи охир дар Тоҷикистон низ ба пастшавии суръати афзоиши истеҳсолот, нарасидани маҳсулоти ниёзи мардум, баланд шудани нарху наво оварда расонид. Ба замми ин ҷанги шаҳрвандӣ боиси хароб гардидани садҳо корхонаҳои саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ ва нақлиёт гардида, садҳо ҳазор одамон кишварро тарк намуданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ ба хоҷагии халқи мамлакат ба андозаи 7 млрд доллари америкоӣ баҳо дода мешавад.

Шартномаи сулҳи тоҷикон (июли соли 1997) яке аз роҳҳои муҳими минбаъд ба низом овардани пешрафти иқтисодӣ гардид.

Махсусан, дар ин давра ба Ватан баргаштани муҳоҷирон ва барқароркунии хоҷагии халқ асоси минбаъд таъмин намудани тараққиёти иқтисодиётро ба амал овард. Аз соли 1997 афзоиши суръати миёнаи солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) дар мамлакат ба 8,5 фоиз, истеҳсолоти саноатӣ — 10,1 фоиз ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 8,8 фоизро ташкил намуд. Ислоҳоти иқтисодӣ барои беҳтар гардидани истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои кишоварзӣ кӯмаки ҷиддӣ расонид. Дар ин давра қариб 70 фоизи корхонаҳои хурду миёна хусусӣ гардонида шуда, бо фармони Президенти мамлакат 75 ҳазор гектар замин ба деҳқонон тақсим карда шуд. Айни замон 80 фоизи корхонаҳои хусусигардонида ба кор шурӯъ намуданд ва онҳо чандин ҳазор коргаронро бо ҷои кор таъмин карданд. Пешрафти иқтисодиёти мамлакат солҳои охир ба дараҷаи зисту зиндагонии аҳолӣ таъсири мусбат расонид. Сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 81 фоиз (соли 1999) то 63 фоиз (соли 2009) паст фуромад. Ислоҳоти иқтисодӣ ба масъалаи ҷалб намудани соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ диққати асосӣ медиҳад, зеро 76 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад. Таҷрибаи соҳибкорӣ дар бисёр хоҷагиҳои мамлакат натиҷаи дилхоҳ дода истодааст.

Дар солҳои давраи гузариш илму маориф ва соҳаи тандурустӣ хеле коҳиш ёфтанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои ба низом овардани ин соҳаҳои муҳим ва баланд бардоштани дараҷаи дониши хонандагону донишҷӯён корҳои муҳим меандешад.

Таҷрибаи бисёр давлатҳои нави индустриявӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки танҳо дар сурати ба роҳ мондани пешрафти иқтисодӣ имконияти ба низом овардани на ин ки соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва нақлиёт, балки илму маориф ва тандурустӣ низ ба амал хоҳад омад. Яке аз музаффариятҳои муҳими замони истиқлолият ин сохтмони шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаи Хумб — Хоруғ — Мурғоб -Қӯлма ва нақби Анзобу Шаршар мебошанд. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги табиӣ ва меҳнатӣ мебошад. Дар сурати ба кор даровардани корхонаҳои нави соҳаи коркарди маъдани кӯҳӣ, анҷом додани сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда-2 ва Роғун, роҳи автомобилгарди Душанбе — Ғарм — Ҷиргатол — Саритош, сохтмони нави туннели Шаҳристону Чормағзак ва ғайра иқтисодиёти Тоҷикистон имконияти бо суръати баланд тараққӣ карданро пайдо мекунад.

Шарҳ баста аст.