Давраҳои инкишоф ва таҳаввули дини яҳудия

0
39

          а. Парастиши Яҳве, давраи аввали инкишофи яҳудия. Дини яҳудия дар тӯли таърихи дуру дарози худ чанд давраи инкишофу таҳаввулро аз сар гузаронидааст. То имрӯз масъалаи асли баромади Яҳве, фигураи асосию марказии дини яҳудӣ дуруст аниқ карда нашудааст. Ақидае вуҷуд дорад, ки асли баромади Яҳве на аз яҳудиён, балки аз қабилаи мадиании нимҷазираи Сино будааст. Мӯсо духтари коҳини Мадинаро ба занӣ гирифта, гӯсфандони падари ӯро бонӣ мекард. Дар нимҷазираи Сино дар кӯҳи Ҳорив бори аввал Яҳве номи худро ба Мӯсо ифшо кард. То ин муддат яҳудиён худоҳои зиёди дигареро мепарастиданд ва он худоҳоро «Элоҳим», шакли танҳояш «Элоҳ» меномиданд. Вале оқибат яҳудиён Яҳверо худои ягонаи худ қарор доданд. Худи Мӯсо низ на аз қабилаҳои яҳудӣ, балки аз қабилаи ғайрияҳудии  левит буд.

          Яҳве, дар саросари Библия чун худои ҷанговар ба назар мерасад. Сабабаш дар он аст, ки дар он замон (асрҳои XV-XIV пеш аз мелод) қабилаҳои кӯчии яҳудӣ ба ҳуҷумҳои худ ба заминҳои вилояти Канъон (Фаластин) шурӯъ намуда буданд ва ин протсесс қариб якчанд садсола идома ёфт. Яҳве дар ин давра ҳамчун худои умумии яҳудиён баромад мекунад. Ишғол намудани Фаластин дар Библия ҳамчун фармони бевоситаи Яҳве тасвир гардидааст. Чунончи, Яҳве ба Иисуси Навин мефармояд: «Акнун, бархез бо ин мардум аз дарёи Иордан убур намоед, ба он замине, ки ман онро ба шумо-фарзандони Исроил медиҳам, равед! Ба ҳар ҷое, ки қадами шумо бирасад, ман онро ба шумо медиҳам…»

Загрузка...

          Ин худо Яҳве амр медиҳад, ки мардуми маҳаллии Фаластин бераҳмона нест карда шавад. Дар ҳақиқат, яҳудиён чун шаҳри якуми Канъон (Фаластин) Иерихонро гирифтанд, аҳолии онро кушта, худи шаҳрро ба замин яксон карданд. Дар нисбати шаҳри дуюм-Гай низ чунин рафтор намуданд, вале ин дафъа бо амри Яҳве Иисуси Навин чорвоҳоро накушта, онҳоро барои худ ғанимат гирифт. Сипас, яҳудиён амориҳоро ҳамин тавр нест намуданд ва дар нест кардани онҳо худи Яҳве низ иштирок варзид (бо боронидани жола). Аз он чи, ки оварда шуд ва умуман аз матнҳои Библия чунин бармеояд, ки Яҳве худои ниҳоят бераҳму сангдил будааст.

          б. Давраи дуввум давраи фаластинии инкишофи яҳудия. Баъд аз истилои Фаластин яҳудиён бо мардумони маҳаллӣ омехта гашта, баъзе эътиқодоти онҳоро қабул намуданд. Шоҳ Сулаймон (асри Х то мелод) дар маркази давлаташ-шаҳри Иерусалим ибодатхонаи бошукӯҳи Яҳверо сохт.

          Дар ин давраи фаластинии яҳудиён назориҳо пайдо шуданд. Онҳо бисёр бодиққат қоидаҳои диниро риоя мекарданд: шароб наменӯшиданд, ба ҷасади мурда даст намерасониданд, мӯйҳояшонро наметарошиданд,ба тозагӣ риоя мекарданд. Онҳо чи зану чи мард муқаддас ҳисобида мешуданд ва дар бораи тақдири одамон чизҳое пешгӯӣ мекарданд.

          Ғайр аз ин, пайғамбарон (набиим) дар ҳамин давра вуҷуд доштанд. Онҳо худро ба дараҷаи ваҷд (экстаз) расонида, тақдирро пешгӯӣ менамуданд.

          в. Давраи сеюми инкишофи дини яҳудӣ «баъди асирӣ» ном дорад. Бобулиҳо дар солҳои  586 ва 527 то мелод ду маротиба ба Иерусалим ҳуҷум карда, як қисми мардуми онро ба асирӣ ба Бобул бурданд. Шоҳи Эрон Кир дар соли 538 то мелод он яҳудиёнро озод кард ва онҳо ба Иерусалим баргашта ибодатгоҳи онро аз нав обод карданд. Маҳз ана дар ҳамин давра дини яҳудия хосиятҳои асосии худро касб кард:-монотеизми қатъӣ, марказият додани парастиш, қонунӣ ва муқаддас ҳисобидани матни Библия. Маҳз дар охири асри V то мелод Панҷкитобаи Мӯсо (Тора) бори охирин таҳрир гардида, аз он номҳои ҳамаи худоҳоеро, ки яҳудиён мепарастиданд, ба ғайр аз Яҳве нест намуданд.

          Дар аксари динҳо таълимоте дар бораи ҳаёти баъди марг вуҷуд дорад. Аммо дар яҳудия ин чиз мавҷуд нест. Яҳудия-дини заминӣ мебошад. Дар иваз ба ҷои ҳаёти ондунёӣ яҳудия ҷонибдорони худро бо идеяи баргузида будани яҳудиён аз ҷониби худо тасалло медиҳад. Агар яҳудие азобу машаққат кашад, ба ин худаш гунаҳкор аст, зеро ӯ гуноҳ мекунад, таиноти худоро иҷро намекунад, аз ҳамин сабаб худо ӯро ҷазо медиҳад. Вале бо вуҷуди он ӯ баргузидаи худо боқӣ мемонад.

          Ғояи баргузида будани яҳудиён дар давраи «баъди асирӣ» қувват гирифт. Яҳудиён аз халқиятҳои дигар ҷудо карда шуданд, никоҳи яҳудиён бо мардуми қабилаҳои ғайрияҳудӣ қатъ карда шуд, ҳамагуна алоқаҳои яҳудиён бо ғайрияҳудиён маҳдуд сохта шуданд.

          г. Давраи дигари таърихи дини яҳудӣ, ин давраи «диаспораҳо», яъне муҳоҷирату ҷобаҷошавии яҳудиён берун аз Фаластин мебошад. Давраи аввали ба ҳар ҷо пароканда шудани яҳудиён ба ҳуҷумҳои ошуриёну бобулиён (асрҳои VIII-VI то мелод) ба Фаластин марбут мебошад. Алакай дар давраи эллинизм (аз асри IV то солҳои 30-юми мелодӣ) дар Миср, Сурия, Осиёи Хурд ва кишварҳои дигари ҳавзаи баҳри Миёназамин яҳудиҳои зиёде зиндагӣ мекарданд. Вале муҳоҷирати оммавии яҳудиҳо дар солҳои 66-70 ва 132-135 мелодӣ ҷой дошт. Дар ин солҳо римиҳо ду шӯриши яҳудиёнро торумор карданд ва яҳудиён ба ҳама кишварҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин паҳн шуда рафтанд. Акнун азбаски маъбади Иерусалим дар солҳои 70 ва 133 аз ҷониби римиҳо хароб карда шуда буд, яҳудиён дар кишварҳои муҳоҷирати худ ибодатхонаҳое бо номи «синагога» (аз юнонӣ, маънояш-маҷлис, ҷамъомад) созмон дода, ҳамаи корҳои динию  мулкии  общинаҳои яҳудиро дар он ҷо ба сомон мерасониданд. Синагога хазина, амвол ва даромаде аз ҳисоби садақоту хайру эҳсони аъзоёни сарватманди община дошт.

          Ҷиҳати дигари инкишофи дини яҳудӣ дар он буд, ки баъзе намояндагони мардумони маҳалли дар натиҷаи ҳамсоягию наздикӣ пайдо кардан бо яҳудиён дини яҳудиро қабул менамуданд. Онҳоро «прозелит» номида, дарҳол хатна мекарданд. Аммо акси ин ҳол низ ҷой дошт. Дар зери таъсири дини зардуштӣ оид ба ҳаёти он дунё, зинда гардидан баъди мурдан, рӯзи қиёмат ва ғайра ба ин монанд таълимотҳое дар адабиёти баъдинаи яҳудиён Талмуд пайдо гардиданд.

          д. Давраи Талмуд. Баъд аз он, ки дар солҳои 132-135 яҳудиён ба муқобили римиҳо шӯриш бардоштанд ва он шӯриш аз ҷониби римиҳо торумор карда шуд, яҳудиён аз Фаластин пурра ронда шуданд ва онҳо ба ҳар ҷои империяи паҳновари римиҳо ва ҷойҳои дигар рафта ба тарзи гурӯҳӣ сокин шуданд. Дар ин байн қудрати иқтисодии Рим суст гардид, масеҳият аз яҳудия ҷудо шуд, нақши тоҷирони яҳудӣ низ паст рафт ва диаспораҳои яҳудӣ боз худро дар алоҳидагӣ қарор доданд. Ин худҷудокунии яҳудиён дар пайдоиши Талмуд акси худро ёфт. Талмуд- маҷмӯаи азими қонунҳои динию ҳуқуқӣ ва маҷмӯаи донишҳо ва қоидаҳои рафтору зиндагии яҳудиён ба ҳисоб рафта, он дар асрҳои III- V дар байни яҳудиёни Бобулу Фаластин тартиб дода шуда буд.

          Талмуд аз ду қисм иборат аст. Қисми қадимаи он Мишна ном дошта, он  такрору тафсири қонунро дар бар гирифтааст. Кисми дуюм Гемара баъдтар пайдо шуда, он тафсири тафсир яъне шарҳ бар шарҳи қонун мебошад. Мишна ба забони қадимаи яҳудӣ, вале Гемара ба забони оромӣ таълиф гардидаанд. Талмуд дар ду таҳрир-(иерушалимӣ ва бобулӣ) то замони мо  омада расидааст. Баъдтар дар асрҳои VI-X ба Талмуд боз баъзе шарҳҳои мухталиф-Мидраши илова карда шуданд.

          Талмудро доираҳои сарватмандону тоҷирону ғуломдорони яҳудӣ ба фоидаи ҳамин доираҳо тартиб дода буданд. Дар он табақаи сарватмандони ғуломдор «талмид-хахамҳо» бар оммаи мардуми одӣ «ам-гааре»-ҳо (аҳли замин), яъне деҳқонон, муқобил гузошта шуда буданд. Ам-гаареҳои сарватманд низ метавонистанд ба воситаи хайру эҳсон ва омӯхтани Таврот баъди марг ба ҳаёти босаодат бирасанд.

          Аз ҳамон асрҳо сар карда Талмуд то имрӯз асоси ҳаёти динӣ, ҳуқуқӣ ва ҷамъиятии общинаҳои яҳудиро ташкил дода ва дар байни халқу халқиятҳои мухталиф зиндагӣ намудан яҳудиён дар зери ҳукми «Талмуд-хахамҳои» худ, ки онҳоро «раввин» меномиданд, қарор доштанд. Яҳудиён барои ҳалли мушкилоти динию дунявии худ маҳз ба ҳамин раввинҳо муроҷиат мекарданд. Раввинҳо бошанд, ҳалли он мушкилотро дар Талмуд меҷустанд. Яъне Талмуд асоси шариати дини яҳудияро ташкил медод. Ин тарзи зиндагӣ ба он мусоидат кард, ки ҷамъиятҳои яҳудиён боз ҳам муғлақтар ва аз мардумони ғайрияҳудӣ дуртар гарданд.

          е. Дини яҳудия дар асрҳои миёна. Чи тавре зикр шуд, яҳудиҳо баъди соли 135 дар тамоми гирду атроф паҳн шуданд. Миқдори онҳо хусусан дар Испания зиёд буд, ки дар онҷо онҳоро «сефардӣ» меномиданд. Баъдтар яҳудиён дар Германия паҳн шуданд ва дар он ҷо онҳо яҳудиёни «ашкеназӣ» ном гирифтанд. Шумораи яҳудиён дар Хилофати араб махсусан зиёд буд. Онҳо дар Хилофат ва ҷойҳои дигар асосан ба ҳунармандӣ, тиҷорат, судхӯрӣ машғул буданд. Азбаски Талмуд тамоми ҷиҳатҳои ҳаётро фаро гирифта, мардуми яҳудӣ дар зери зулми хахамҳою манъкуниҳои зиёди Талмуд қарор доштанд, бинобар ин  дар баъзе мавзеъҳо мардуми яҳудӣ бар зидди Талмуду таълимоти он баромаданд. Ин ҳаракат дар таърих номи ҳаракати «кароим»-ҳо ё «анони»-ҳоро гирифт-аз рӯи номи сарвари ин ҳаракат Аннон Бен Давид. Кароимҳо талаб мекарданд, ки Талмуд мансух, яъне бекор карда шуда, яҳудиён бояд ба таълимоти «тозаю ҳақиқӣ»-и Мӯсо баргарданд. Ҳаракати кароимҳо дар мавзеъҳои соҳили баҳри Сиёҳ, Хазаристон, (ки дини яҳудӣ дар он ҷойҳо дар асрҳои VIII-X дини давлатӣ буд) ва баъдтар дар Қрим сар зада буд. Имрӯз низ  кароимҳо дар Қрим ва Литва мавҷуданд.

          Озодфикрони яҳуд дар Хилофати араб даст бар он заданд, ки хостанд динро бо илму фалсафа оштӣ диҳанд. Яке аз чунин яҳудиён Мӯсо ибни Маймун (1135-1204), сокини Миср буд. Азбаски дини яҳудӣ пур аз майда-чуйдаҳои зиёд аст, Мӯсо ибни Маймун барои озод кардани дини яҳудия аз он майда-чуйдаҳо тамоми таълимоти дини яҳудиро дар 13 моддаи асосӣ ҷамъоварӣ кард. Яҳудиёни мутаассиб баъди марги Мусо дар сари қабри ӯ чунин навиштанд: «Мӯсо писари Маймун, бидъаткори лаънатшуда».

          Уламои дигари яҳудӣ роҳи халосиро дар тасаввуф (мистика) ҷустанд. Ин ҷараён дар зери таъсири тасаввуфи исломӣ дар асри XIII дар Испания пайдо шуд ва номи қаббаларо гирифт, ки маънояш «қабул кардан» ё «анъана» мебошад. Асари асосии қабалӣ «Зоғар» (дурахш) мебошад, ки он дар асри XIII пайдо гардид. Дар он худо ҳамчун мавҷуди билониҳояи номуайян, ки ягон атрибут надорад, муаррифӣ гардида, гуфта мешавад, ки ӯро фақат ба воситаи ёфтани маънои ҳақиқии номҳою ҳарфҳо ва бо ҳам якҷояю мувофиқ гардонидани рақамҳо шинохтан мумкин аст. Қаббалиҳо инчунин ба таносухи рӯҳ боварӣ доштанд: ба ақидаи онҳо рӯҳи шахси гунаҳкор баъди марги ҷисм ба ҷасадҳои дигари одамону ҳайвонот дохил шуда, то вақти аз гуноҳҳо пок шудан ин амал идома хоҳад ёфт. Баъд аз ин рӯҳи тоза ба ҷаҳони рӯҳҳои тоза хоҳад рафт.

          Тасаввуфи яҳудия шакли хасидизмро гирифт. Равияи хасидия дар миёнаҳои асри XVIII дар байни яҳудиҳои қисми Ҷанубу Ғарбии Руссия, ки дар он ҷо вазъи яҳудиҳои камбағал бисёр вазнин буд, шакл гирифт. Асосгузори хасидия Исроил Бешт буд. Ӯ даъво дошт, ки донишу олимии раввинҳо ва риоя намудани расму маросимҳои зиёд даркор нестанд: бояд ба он кӯшид, ки бевосита бо худи худо робита барқарор кард. Ин робита ҳангоми намоз ба воситаи расидан ба ҳолати ваҷд (экстаз) барқарор мегардад. Аммо, тибқи ақидаи хасидия, на ҳар кас метавонад бо худо робита барқарор намояд. Аксаран ба ин тақводорони махсус-цадикҳо ноил мегарданд. Бо ҳамин дар байни цадикҳо сулолаҳои махсуси «муқаддас» пайдо шуданд, ки дар асл онҳо аз қаллобоне беш набуданд. Онҳо бо ҳилаю найранг ҳамқабилаҳои худро ғорат менамуданд. Байни хасидҳо ва раввинҳо зиддияти сахт пайдо шуда, баъдтар шиддати он паст гардид.

          Ҳаракати дигари яҳудиёни Германия номи маорифпарварӣ (Гаскала)-ро гирифт. Ин ҳаракат низ мехост анъанаҳои диниро бекор намояд ё фишори сахти қонунҳои диниро суст намояд. Яке аз намояндаҳои ин ҳаракат Моисей Мендельсон (1729-1786) бо тарафдоронаш буд. Ҳаракати Гаскала оқибат ба пайдоиши сионизми буржуазии миллӣ, ки барқарор намудани давлати миллии яҳудиро дар Фаластин талаб мекард (Герцль, асри XIX) оварда расонид.