Давраҳои ҳаракати фондҳои корхона

0
44

Воситаҳои истеҳсолӣ ва захираҳои сармоягузорӣ, ки фирмаҳо дар раванди фаъолияти хоҷагидории худ истифода мекунанд фондҳои истеҳсолии корхонаҳоро ташкил медиҳад. Охирон, ҳамчун инъикоси арзиши захираҳои сармоягузорӣ, ки дар доираи сикли сарбастаи такрористеҳсол амал мекунад баромад мекунад.

вазифахои фирма

Загрузка...

Такрористеҳсол дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун гирдгардиши фондҳои истеҳсолӣ сурат мегирад.

Нуқтаи ибтидои фаъолияти корхонаро гирдгардиши фондҳо ташкил медиҳад. Ҳар як соҳибкор ҳангоме, ки сароғоз ба ягон фаъолият сармоягузорӣ мекунад, он дар назди худ вазифа мегузорад, ки раванди истеҳсолотро ба зуддӣ анҷом диҳад ва фоида (ҳамчун фарқи сармоягузории ибтидоӣ ва нархи фурӯш) ба даст орад. Ҳангоме, ки ин амалиёт (як маротиба) бомуваф-фақият ба сомон расад, соҳибкор онро аз нав боз такрор менамояд ва ба ҳамин давраи пурраи сикли такрористеҳсоли инфиродиро ҷамъбаст менамояд. Тамсилаи пурраи гирдгардиши сармоя аз ҷониби К. Маркс пешниҳод карда шудааст ва истифодаи он дар фаъолияти хоҷагидорӣ то кунун гум накардааст.

Гирдгардиши фондҳо, ҳамчун гардиши арзиши захираҳои инвеститсионӣ (фондҳои истеҳсолӣ, бо воситаи ҳавзаи истеҳсо-лот ва муомилот сурат гирифта дар ҷараёни он се давраро (пулӣ, маҳсулдеҳ, молӣ) паи ҳам аз сар мегузаронад.

Ин тамсилаи гирдгардиши фондҳоро чунин тасвир кардан мумкин аст:

    (П-М  ВИ. . .И. . . М11),

                Қк

дар навбати худ онро ба чунин зинаҳои қонунӣ тақсим-бандӣ кардан мумкин аст:

    Давраи I            Давраи II          Давраи III

   П-МВИ                . . .И. . .                 М11

            Қк

    Дар ин ҷо:

    П- воситаҳои пулӣ (инвеститсионӣ);

    М (ВИ)-воситаҳои истеҳсолот (сармоя);

    М (Қк)-қувваи коргарӣ;

    И-раванди истеҳсолот;

    М1-маҳсулоти тайёр;

    П1-воситаҳои пулие, ки баъди фурӯши маҳсулот ба даст оварда шудаанд.

    Давраи якум П-М  ВИ нишон медиҳад, ки дар бозори

                                    Қк

омилҳои истеҳсолот сармояи пулӣ барои дарёфти восита-ҳои истеҳсолот (сармояи асосӣ), ки он дорои шакли молӣ мебошад ва ҳангоми истеъмол дар ҷараёни истеҳсолот ба сармояи маҳсулдеҳ табдил меёбад, истифода карда мешавад.

Захираҳои инвеститсионии корхона дар ин давра барои киро кардани коргарон, менеҷерон ва корчаллони кироя ва адои ҳаққи меҳнати онҳо низ истифода карда мешавад. Вазифаи асосии ин давра — гузоштани замина ва тайёр кардани шароити муфид барои истеҳсолот мебошад.

    . . .И. . . ё худ М   ВИ. . .И. . .М1,

                               Қк

Дар ин давра омилҳои истеҳсолот — сармоя ва қувваи кор-гарӣ бо ҳам пайваст карда шуда, раванди доимию муозини тавлиди неъматҳои иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ҷараёни тавлидот (истеҳсолот), на фақат мол бо хусусиятҳои он — арзиш ва арзиши истеъмолӣ, балки арзиши изофае, ки ҳанӯз он шакли молӣ дорад (М1) ба вуҷуд оварда мешавад. Дар раванди истеҳсолот сармояи маҳсулдеҳ (И) ба сармояи молӣ (М11) табдил меёбад. Вазифаи муҳимтарини ин давра — тавлиди арзиши илова (изофа) — мақсади ниҳоии соҳибкор мебошад.

                         М11

Арзиши иловагии дар мол таҷассумёфта, фақат баъди фурӯши он дар шакли пул метавонад ба соҳибкор баргардад. Дар ин давра сармояи молӣ аз нав ба сармояи пулӣ табдил меёбад ва имкон медиҳад, ки раванди гирдгардиши фондҳо мунтазам эҳё ва густариш дода шавад. Аз ин ҷо вазифаи сармояи молӣ — табдил додани сармояи молӣ ба пулӣ ва фурӯши арзиши илова ва дар шакли пул (фоида) баргардондани он ба соҳибкор мебошад.

Аз қисматҳои алоҳидаи гирдгардиши сармоя (фондҳо) маълум мегардад, ки ҳадафи ниҳоии соҳибкор гирифтани фоида мебошад: дар формула он ҳамчун андозаи  Dп=П1-П ишора ёфтааст.

дар ин ҷо:

П1-сармояи ибтидоии авансгузошташуда;

Dп-арзиши афзуда (изофа).

Dп-ҳаҷми афзудаи пуле (фоидае) мебошад, ки сароғоз ҳамчун натиҷаи меҳнати иловагии коргар дар раванди истеҳсолот ва минбаъд ҳамчун фарқи байни хароҷоту нархи озоди бозор, дар доираи муомилот ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳамин тавр, сармоя дар ҳаракати худ се давра: сармояи пулӣ, сармояи истеҳсолӣ (маҳсулдеҳ) ва сармояи молиро паи ҳам аз сар гузаронида, боз ба нуқтаи ибтидоии худ бармегардад.

Аз ин диди назар, хулоса бар меояд, ки дар натиҷаи гирдгардиш субъектҳои иқтисодӣ: таъмингарон (моликони пул, ашё, материал, меҳнат), соҳибкорон ва истеъмолгарони неъматҳову хадамот дар ҷараёни гирдгардиш, ҳамчун раванди ягонаи истеҳсолот ва муомилот ба ҳам пайваст карда мешаванд. Ниг. нақшаи зер:

Нақшаи 41. Гирдгардиши сармоя

Аз рӯи нақша ва тамсилаи (формулаи) гирдгардиши сармоя гуфта метавонем, ки раванди паи ҳам ва аз як шакл ба шакли дигар табдил ёфтани сармоя — гирдгардиши сармояро ташкил медиҳад.

Мақсади асосии он: ташаккули шароити истеҳсолот; тавлиди неъматҳову хадамот; фурӯши неъматҳо ва хадамот ва ба даст овардани фоида.

Ин мақсад ҷараёни яклаҳзагӣ набуда, доимо ва ҳамеша ба амал бароварда мешавад. Аз ин лиҳоз, раванди доимӣ ва паи ҳам такроршавии гирдгардиши сармоя ҳамчун гардиши сармоя сурат мегирад.

Дар натиҷаи гирдгардиши сармоя як қисм ва гардиши сармоя қисмҳои дигар ва ҳаҷми пурраи арзиши сармояи авансгузошташуда барқарор гардида, ба шакли ибтидоии худ бармегардад. Аз ин нигаҳ гирдгардиш ва гардиши сармоя (фондҳо) бидуни ҳамдигарӣ буда наметавонанд ва як ҳам нестанд. Гардиш нисбат ба гирдгардиш фарохтар аст: чунки ҳар яке аз унсурҳои сармоя дар ҷараёни ҳаракати худ (давраи дар шакли пулӣ, истеҳсолӣ, молӣ, захира будану истифода шудан…) бо суръатҳои ҳархела ҳаракат карда, арзиши худро дар мӯҳлатҳои гуногун барқарор мекунанд ва ба шакли ибтидоӣ бармегарданд.

Як қисми сармоя (ашё, қувваи барқ…) арзиши худро дар давоми як давраи гирдгардиш ва қисми дигари он (мошин, бино, таҷҳизот…) баъди чандин гирдгардиш дар тӯли солҳои зиёд аз нав эҳё ва барқарор мешаванд. Ин раванд бо таври муозин, паи ҳам такрор гардида, дар маҷмӯъ гардиши фондҳоро (сармояро) таъмин менамоянд.

Аз ин ҷиҳат гирдгардиши қисмҳои алоҳидаи сармоя ҳархела сурат мегирад. Бинобар ин сармояро (фондҳоро) ба сармояи асосӣ (фондҳои асосӣ) ва сармояи гардон (фондҳои гардон) тақсим мекунанд. Ин тақсимбандӣ дар мояи меъёрӣ: иштирок дар раванди тавлидот (истеҳсолот), тарзи ба маҳсулот гузаронидани арзиши меҳнат ва барқарор кардани он гузаронида мешавад. (ниг. нақшаи зер).

Таркиби сармоя (фондҳо)-и корхона

Сармояи (фондҳои) истеҳсолӣ  
Сармояи (фондҳои) асосӣ Сармояи (фондҳои) гардон
Замин Ашё, сӯзишворӣ, қувваи барқ, материалҳо, нимфабрикатҳо
Бино, иншоот, мошинҳо,

таҷҳизот, воситаҳои вогузор, нақлиёт

Истеҳсолоти нотамом, нимфабрикатҳои истеҳсоли худӣ
Намудҳои дигари сармояи асосӣ

Даврахои харакати фондхои корхона