Давлати Тоҳириён

Тоҳир ибни Ҳусайн ва Абдуллоҳ ибни Тоҳир. Каме пас аз поёни фоҷеавии хонадони бармакӣ силсилаҳои дигари эронитабор ба корҳои идорӣ ҷалб гардиданд. Ибтидои ҷалб гардидани ду сулолаи тоҷикӣ ба корҳои идории хилофат аз шӯриши Рофеъ Ибни Лайс оғоз мегардад. Рофеъ яке аз салашкарони араб буда, соли 806 дар Самарқанд даст ба шӯриш мезанад ва аҳолии маҳаллӣ, ки аз андозҳои беҳадди Аббосиён ба дод омада буданд, ба ин шӯриш ҳамроҳ гаштанд. Шӯриш Бухоро, Фарғона, Истаравшан, Чоч ва дигар музофотро низ фаро гирифт. Барои фурӯ нишонидани ин ошӯб дастгоҳи хилофат ба ашрофи маҳаллӣ аз ҷумла Тоҳир ибни Ҳусайн ва фарзандони Асад ибни Сомон муроҷиат кард. Дар воқеъ нақши ин ду хонадон дар ором сохтани авзоъ хеле бузург буд.
Пас аз фавти халифа Ҳорун миёни писаронаш Амин ва Маъмун барои хилофат низоъ сар зад, ки ба ҷанги бузурге мубаддал гардид. Барои ба қудрат расидани халифа Маъмун (813-833) нақши мардуми Хуросон бо сарварии сарлашкар Тоҳир ибни Ҳусайн муҳим буд. Маъмун низ ба подоши ин ҳама хидмат соли 821 Тоҳирро ба вазифаи хеле масъули амири Хуросон (821-822) таъин намуд. Аммо агар раванди ҳодисаҳои ин давраро хуб баррасӣ кунем, мебинем, ки маҳз авзои он рӯзи Хуросон ва қудрати рӯзафзуни хуросониҳо дар хилофат Маъмунро водор кард, ки чунин фармонеро имзо кунад. Тоҳир аслан аз Пӯшанг, ки дар наздикии Ҳирот буд, бархоста, бо далериву мардонагӣ ном бароварда буд. Ӯ шаҳри Марвро пойтахт қарор дод. Муҳимтарин иқдоми Тоҳир дар давраи кӯтоҳи ҳукмронияш (як солу шаш моҳ) аз зикр накардани номи халифа дар хутбаи намоз буд. Ин амал дар он замон маънои эътироф накардани халифа ё худ даъвои истиқлол карданро дошт. Аммо як рӯз пас аз ин ҳодиса Тоҳир ибни Ҳусайн аз ҷониби ҷосусони халифа, ки теъдодашон хеле зиёд буд, тавассути заҳр додан (ки маъмултарин равиши Аббосиён буд), аз миён бардошта шуд.
Дар ҳамин вақт авзои Сиистон бинобар шӯриши хориҷиён ноором буд. Аз ин рӯ халифа писари Тоҳир Талҳаро ба ҷои падар амири Хуросон (822-828) таъин намуд. Бештари давраи аморати Талҳа сарфи даргирӣ бо хавориҷи Сиистон шуд. Талҳа аз сарнавишти падар ибрат гирифта, бо хилофат аз дари созиш даромад ва то поёни умри худ аз халифаву фармонҳои ӯ итоат мекард. Пас аз маргӣ Талҳа писараш Алӣ қоиммақоми падар гардид, вале дар ҷанги дохилӣ бо шӯришиён кушта шуд.
Маъмун писари дигари Тоҳир Абдуллоҳро, ки дар ҷабҳаҳои дигари хилофат бо шӯришиён мубориза мебурд, барои сомон бахшидани авзои ноороми Хуросон бар ин вилоят амир таъин кард. Абдуллоҳи Тоҳир (830-844) хирадмандтарин намояндаи Тоҳириён маҳсуб мешавад. Халифа Мӯътасим барои костани нуфузи Тоҳириён мухолифони онҳоро ба шӯриш таҳрик мекард. Абдуллоҳи Тоҳир ба умури кишоварзӣ аҳамияти зиёд медод ва дар ин самт ислоҳот низ гузаронид. Ӯ барои ҳимояи кишоварзон кормандони хироҷро вазифадор кард, ки ба ситаму бедод хотима диҳанд ва фармуд «Бо барзгарони вилоят мадоро кунед, кишоварзӣ ки заиф гардад, ӯро қувват диҳед ва ба ҷои хеш боз оред, ки Худои азза ва ҷалла моро аз дастҳои кишоварзон таъом кардааст, аз забонҳои эшон салом кардааст ва бедод кардан бар эшон ҳаром кардааст». Дар он замон ба навиштаи муаррихи тоҷик Гардезӣ миёни кишоварзон барои корезҳо хусуматҳо сурат мегирифт, бо супориши Абдуллоҳи Тоҳир фақеҳон китобе таълиф карданд, ки барои ҳалли ингуна мушкилҳо дар асрҳои минбаъда ҳам хидмат кард. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар давраи ҳукумати ӯ ҳеҷ норозие набуд ва шӯришҳои зиёде, ки зери шиорҳои мазҳабӣ дар Сиистон рух медод, ҳикоят аз мавҷуд будани ситамгарӣ ва бедодӣ аст. Бо вуҷуди ин, дар идораи Хуросон аз пешгузаштагон ҳеҷ кас мисли ӯ муваффақ набуд, зеро мулкро комилан мустақилона идора мекард ва пойтахтро низ ба Нишопур овард.
Ин сарвари озода ба илму адаб алоқаи зиёд дошт, зеро дар Бағдод таҳти назорати халифаи донишманд Маъмун тарбият гирифта буд. Худи Маъмун ба Абдуллоҳи Тоҳир мегуфт, ки «дар ту ҳеҷ айбе нест, ҷуз он ки ба шеър ва аҳли он алоқаи бисёр дорӣ». Намунаи дигари илмдӯстиву маърифатпарварии Абдуллоҳ он буд, ки дастур дод, кӯдакони ятиму бепарастор низ аз мактаб дур намонанд ва саъй мекард, то таълиму тарбияти иҷбориро ба роҳ монад. Барои он давра ин тадбири некандешона як гоми бузург буд. Ӯ нисбат ба бародарзодааш Мансур ибни Талҳа, ки ҳокими Марв, Омӯл ва Хоразм буд муҳаббати бепоён дошта, ӯро «ҳакими Оли Тоҳир» меномид ва бо ӯ мефахрид. Набояд фаромӯш кард, ки фарқи Абдуллоҳи Тоҳир аз падараш он буд, ки ӯ дар муҳити арабӣ таҳсил карда, нисбат ба суннатҳои адабиву фарҳангии то исломӣ ва забони форсӣ (тоҷикӣ) бегона буд. Абдуллоҳи Тоҳир дар шаҳри Нишопур китобхонаи бузурге таъсис дод, ки донишмандон ва дигар хоҳишмандон аз он истифода мекарданд. Олимони зиёде аз тарафи Тоҳириён ба Нишопур даъват шуда, дар ин шаҳр мезистанд ва аз ёрии амирони тоҳирӣ бархурдор мегаштанд. Аз ҷумла Абуусмон Саҳл ибни Бушр ибни Алии мунаҷҷим, Абуубайд Қосим ибни Салом, Исҳоқ ибни Роҳуя ва ғайра дар хидмати амирони тоҳирӣ қарор доштанд.
Дар замони Тоҳириён ҷойгоҳи хонадонҳои бузурги ашрофӣ, ки деҳқон (ё деҳгон) ном доштанд, меафзояд. Аз ҷумла хонадонҳои Комгориён ва Микоилиён бо Тоҳириён муносибати нек барқарор карда буданд. Ин силсилаҳо бо вуҷуди пазириши ислом ба суннатҳои тоисломӣ ва фарҳангу забони форсии тоҷикӣ алоқаи фаровон доштанд. Дар шаҳрҳои Хурсони ҳанӯз пайравони дини зардуштӣ зиёд буданд ва муносибати Тоҳириён бо ин ҷамоаҳо хуб буд. Абдуллоҳи Тоҳир бо намояндагони зардуштӣ робитаи хуб дошт ва ҳатто писари амакашро ба хотири он ки ба як нафар зардуштӣ хиёнат кардааст, ҷазо дод. Ба дарбори хилофати Бағдод пайравӣ карда, амирони тоҳирӣ дар Нишопур базмҳои шеъру мусиқӣ доир менамуданд, ки беҳтарин шоирону аҳли санъат дар он иштирок мекарданд. Аммо шеъри арабӣ дар ин базмҳо бештар садо медод. Дар ин давра теъдоди ғуломони турк дар Хуросон ва Мовароуннаҳр меафзояд ва тиҷорати ғуломон яке аз манбаҳои хуби даромад дар саросари қаламрави хилофат буд.
Дастаҳои ғозиён ва фаъолияти онон. Фарзанди Абдуллоҳ Тоҳири II (844-862) саъй кард, ки равиши падарро идома диҳад, вале замони амирии ӯ авзои Систон хароб гардида, шӯриши айёрон сар зад ва амалан Сиистон аз доираи ҳукмронии Тоҳириён хориҷ гашт. Дар ин вақт бар муқобили шӯриши хориҷиҳо, махсусан ҳуҷумҳои пай дар пайи қабилаҳои бодиянишини турк, ки хилофати аббосӣ ва амнияти умумии қаламрави хилофатро таҳдид мекарданд, дастаҳои ғозиён ташкил гардида, бо пурзӯр шудан онҳо ҳатто даъвои қудрати сиёсӣ мекарданд. Охирин намояндаи Тоҳириён Муҳаммад ибни Тоҳир (862-873) дар умури давлатдорӣ шоистагии падару бобояшро надошт ва машғул ба айшу ишрат буд. Дар аҳди ҳукумати ӯ қиёми алавиёни Табаристон авҷ гирифта, шӯриши айёрон бо сарварии Яъқуби Лайс шиддат гирифт. Дар охири давраи ҳукмронии Тоҳириён танҳо пойтахт Нишопур дар ихтиёри онҳо қарор дошту бас. Яке аз минтақаҳои ноороми Тоҳириён Табаристон буд, ки дар ин ҷо шӯришҳои пай дар пайи алавиён сар зад ва боиси тамоман заиф шудани қудрати Тоҳириён шуд. Дур шудан аз мардуми оддӣ ва фаромӯш сохтани арзу ниёзи мардуми ситамкашида Тоҳириёнро аз такягоҳи иҷтимоӣ маҳрум сохт ва ин сабаби аслии заволи қудрати онҳо гардид.
Тоҳириён сиёсати мусолиҳаомезро дар пеш гирифтанд ва бо фиристодани хироҷу ҳадя ва зикри номи халифаҳои Бағдод дар хутба тавонистанд бе инқилобу хунрезӣ заминаҳои истиқлоли сарзамини Тоҷикро муҳаё созанд.

Шарҳ баста аст.