Давлати Сомониён дар нимаи дуввуми асри X ва сабабҳои барҳамхӯрии он

Авҷи рақобатҳо барои мансаб. Дар хонадони сомонӣ одати нохӯше роиҷ гардида буд, ки он дар синни хурдсолӣ ба вазифаи масъули амирӣ расидани амрзодаҳо буд. Аз ҷумла Абдумалики I ибни Нӯҳ (954-961) ҳам замоне, ки амири Хуросон шуд, ҳамагӣ даҳсола буд. Ӯ аз падар кишвари ошуфатаву бесомонро ба мерос гирифт. Вазъияти ноороми кишварро дида, дар гӯшаву канор мулкҳои зиёде даъвои истиқлол карданд. Гузашта аз ин ин вазъ аъёни дарборро низ густох карда, қудрати амирони сомониро дар чашмашон ночиз ҷилва медод.
Абдумалики I бо халифаи аббосӣ муносибати хубро ба роҳ монда, пас аз солҳои тӯлонӣ хутбаро бо номи халифа Мутеъ хонд. Ҳамчунон ин амири сомонӣ барои поён бахшидан ба низоъи даҳсолаи Сомониёну бо Бувайҳиён соли 955 қарордоди сулҳ имзо кард, вале ин қарордод ба фоидаи Сомониён набуд. Марги Абӯалии Чағонӣ (соли 955) ҳам фурсате дигар барои қомат рост кардани Сомониён фароҳам овард. Қудрати саркардаҳои ҳарбии турк аз ҷумла Алптегин ба ҳадде расид, ки дар давоми панҷ сол чор вазирро барканор сохт. Саранҷом Абӯалии Балъамӣ бо ишорати Алптегин ба вазорати Абдумалик мансуб шуд ва ин ду нафар бо ҳам аҳд карданд, ки ҳеҷ кореро бе машварати якдигар накунанд. Аз ин таърих ба баъд вазифаи сипаҳсолории Хуросон ҳам ба дасти туркон афтод. Хонадони Симҷуриҳо аз ҷумлаи онҳо буданд, ки минбаъд барои Сомониён мушкилоти фаровонеро офариданд. Аз ҷумла сипаҳсолори Хуросон Абулҳасани Симҷурӣ чунон бар мардум зулму ситам кард, ки аҳолӣ аз шаҳрҳои Хуросон барои додхоҳи то Бухоро омаданд. Абдумалики I маҷбур гашт, ки соли 960 ӯро аз ин вазифа барканор намояд. Ба чои ӯ Абумансур Муҳаммад ибни Абдураззоқи тусӣ ба вазифаи сипаҳсолории Хуросон мансуб гашт. Марги нобаҳангоми Абдумалик дар вақти аспдавонӣ ва бозии чавгон авзоъи кишварро барҳам зад, зеро ӯ ҳанӯз вориси худро муайян накарда буд, чун ҳанӯз дар бораи марг намеандешид.
Алптегин, ки дар ин ҳангом ҳамакораи даргоҳи сомонӣ буд, писари хурдсоли Абдумалик, Насри III-ро ба тахт нишонид, вале ӯ ҳамагӣ як рӯз бар тахт нишаст. Аъёну ашроф ба тахт нишастани писари 5 солаи Абдумаликро хилофи ақлу тадбир ва манофеъи давлати сомонӣ дида, бародари Абдумалик Мансурро ба тахт нишонданд.
Аморати Мансур ибни Нӯҳ (961-976) бо ҷанги сипоҳи сомонӣ бо Алптегин ва пирӯзии Алптегин оғоз шуд. Алптегин дар соли 961 Ғазнинро тасарруф кард ва аморати мустақилеро бино ниҳод. Сомониён танҳо пас аз марги Алптегин (963) тавонистанд Ғазнинро ба тобеъияти худ дароваранд. Набудани боварӣ ба дастгоҳи марказӣ ва зиддиятҳои дохилии дарбори вазъи Сомониёнро хеле душвор гардонида буд. Аз ҷумла сипаҳсолори нави Сомониён дар Хуросон Абумансур Муҳаммад ибни Абдураззоқи тусӣ чун эҳсос кард, ки ҳукумати ӯ чандон тӯл намекашад, даст ба ғорати хазина ва аҳолӣ зад. Дар аҳди Мансур инчунин вазъи Систон низ ба сабаби шӯришҳои пай дар пай ноором гардид. Дар давраи аморати Мансур ҷангҳои пай дар пай бо сулолаҳои Зайёриҳо ва Бувайҳиён харҷи иловагиро тақозо мекард. Аз ҷумла соли 967 миёни сипоҳи сомонӣ ва бувайҳӣ барои ба даст овардани Кирмон задухӯрди низомӣ сурат гирифта, бо шикасти Сомониён ба анҷом расид ва Кирмон ба итоати Бувайҳиён даромад. Ниҳоят бо кӯшишҳои вазири сомонӣ Абӯҷаъфари Утбӣ ва вазири Оли Бӯя Соҳиб ибни Аббод соли 972 миёни Сомониён ва Бувайҳиён соли сулҳ баста шуд. Ин сулҳ Сомониёнро дар самти ғарбии қаламрави худ осуда гардонид.
Пас аз марги Мансур писари хурдсоли ӯ Нӯҳи II (976-997) амири Хуросон гардид. Аз хурдсолии ӯ истифода карда, вазирону дарбориён ва модараш ба корҳои давлатдорӣ дахолат мекарданд. Мушкили дигари хонадони сомонӣ ин шахсияти Абулҳасани Симҷурӣ сипаҳсолори Хуросон ва саркашиҳои ӯву қудрати рӯзафзунаш дар дарбори Бухоро буд. Ӯ аҳолии Хуросонро тороҷ карда, дар якҷоягӣ бо саркардаи дигари турки дарбори сомонӣ Фоиқ соли 982 вазир Абулҳасани Утбиро ба қатл мерасонад. Марги ин вазир сабаби нооромӣ ва ошуфта гаштани муҳити дарбор гардид. Миёни Абулҳасани Симҷурӣ ва Фоиқ иттиҳоде мавҷуд буд ва онҳо дар якҷоягӣ шароити буҳрониро дар қаламрави Сомониён ба миён меоварданд. Амирони сомонӣ дар вазъияти ниҳоят баде қарор доштанд ва барои наҷот додани вазъи ба амал омада ва раҳоӣ аз султаи як сипаҳсолори турк ба турки дигар паноҳанда мешуданд. Аз ҷумла бар муқобили Абулҳасани Симҷурӣ ва Фоиқ амири сомонӣ турки дигар Тошро ба худ наздик месозанд, вале пас аз чанде ин турк низ дар муқобили Сомониён қарор мегирифт.
Тош ва Фоиқ дарбори сомониро ба арсаи низоъҳои дохилӣ мубаддал гардониданд ва амиру вазирон барои пешгирии ин бесару сомониҳо қудрат надоштанд. Вазъи амирони сомонӣ чунон гардид, ки онҳо аз қудрати воқеъии сиёсӣ ва низомӣ маҳрум гардида, гоҳ ба ин саркардаи ҳабӣ паноҳ мебурданд ва гоҳе ба дигар. Соли 988 дар Нишопур ва дигар шаҳрҳои Хуросон вабо сар мезанад, ки бар асари он мардуми зиёде талаф мегарданд. Дар миёни талафшудагон Тош низ қарор дошт. Нафрати мардум нисбат ба Тош ва наздикони ӯро аз ҳамин ҷо фаҳмидан мумкин аст, ки бо шунидани хабари даргузашти Тош аҳолӣ шӯриш бардошта, наздикони Тошро кушта, молу мулки онҳоро ба ғорат бурданд. Пас аз даргузашти Абулҳасани Симҷурӣ (989) писараш Абӯалӣ ба қудрат мерасад ва ӯ низ чун падараш заминаҳои барҳамхӯрии давлатдории сомониро тезонид. Дар солҳои 90-уми асри X ба арсаи қудрати давлати сомонӣ ду турки дигар афзуд мешавад. Инҳо Бектузун ва Инонҷ буданд, ки амир Нӯҳи II онҳоро барои бартараф кардани Фоиқ фиристод. Пас аз шикаст хӯрдани Фоиқ аз Бектузун ва Инонҷ (соли 990) ӯ барои қасд гирифтан аз амири сомонӣ ва дарбори Бухоро ба хони қарохонӣ муроҷиат намуд. Қарохониён то ин дам бар шаҳри Исфиҷоб соҳиб гашта буданд.
Аз парешонии вазъи Мовароуннаҳр ва бечорагии амирони сомонӣ истифода бурда, хони қарохонӣ Буғрохон соли 992 ба Бухоро ҳамлавар гашта, онро забт кард. Дар баробари далелҳои дигар барои ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кардани Қарохониён туркони дохили дарбори сомонӣ нақши асосӣ доштанд. Ин туркҳо бо фиристодани нома аз хони қарохонӣ тақозо карданд, ки ба Мовароуннаҳр ҳуҷум оварад ва вазъиятро низ барои ин кор мусоид номида, ба хон ваъда доданд, ки ӯро дар ин самт ёрӣ мекунанд. Ин ҳодиса нишон дод, ки давлати сомонӣ гирифтори буҳрони амиқ буда, ниёз ба ислоҳоти куллӣ дорад. Нӯҳи II маҷбур шуд, ки Бухороро тарк кунад. Ӯ борҳо ба сарварони низомии дарбор, ки ҳама турк буданд ва хосатан аз Абӯалии Симҷурӣ хоҳиш кард, ки ӯро ёрӣ намояд, аммо Абӯалӣ баҳона пеш оварда, дар ин кор таъхир менамуд. Беморӣ ва марги нобаҳангоми хон ба Нӯҳи II имкон дод, ки дубора ба Бухоро баргардад. Буғрохон қабл аз он, ки Бухороро тарк кунад, амаки Нӯҳи II Абдулазиз ибни Нӯҳ ибни Насрро даъват карда, ӯро амири Сомониён номид. Нӯҳи II ҳам ба Бухоро баргашт. Аммо ба ҷои чораандешӣ ӯ нахуст даъвогари тахту тоҷ Абдуазиз ибни Нӯҳро кӯр карда, барои саркӯбии туркони дарбор ба турки дигар Сабуктегин рӯй овард. Фоиқ ва Абӯалии Симҷурӣ, ба амир Нӯҳи II хиёнат карда буданд ва умед доштанд, ки пас аз забти Бухоро дигар аз Сомониён ва давлати онон ҳеҷ асаре боқӣ намемонад, аммо пас аз бозгашти Нӯҳи II барои ояндаи худ нигарон шуданд барои пешгирӣ кардани ҳар гуна амалиёт аз тарафи Нӯҳи II қасд карданд, ки бо роҳи ҷанг ӯро аз миён бардоранд. Лашкари Сомониёнро Сабуктегин амири Ғазна роҳбарӣ мекард. Дар муҳорибаи соли 994 дар назди Ҳирот ба Сабуктегин, муяссар гашт, ки артиши якҷояи Фоиқ ва Абӯалии Симҷуриро шикаст диҳад. Нӯҳи II баъди ин пирӯзӣ ба Сабуктегин лақаби «носир-ад-дин вад-давла» (ҳомии дин ва давлат) ва ба писараш Маҳмуд лақаби «сайф –уд-давла» (шамшери давлат) бахшида, заминаи қудратёбии ононро фароҳам кард. Абӯалии Симҷурӣ ба дарбори Бухоро омада, узрхоҳӣ кард, аммо амири сомонӣ ӯро зиндон карда, бо талаби Сабуктегин ӯро ба Ғазнин фиристод ва ӯ дар он ҷо аз дунё гузашт. Ҳамин тавр хонадони Симҷуриҳо аз байн рафт, вале дигар хонадон яъне оли Сабуктегин ё Ғазнавиён фаъолона ба арсаи сиёсӣ ворид гаштанд.
Мансури II ибни Нӯҳ (997-999) ҳам дар хурдсолӣ ва замоне ба қудрат расид, ки шерозаи ҳукумати Сомониён пурра аз ҳам гусаста шуда буд. Яке аз мушкилоти Сомониён дар ин марҳила ин буд, ки вазирони онҳо бо ҳарбиёни турк ҳамеша дар ихтилоф буданд. Аз ҷумла писари Сабуктегин Маҳмуд бо дастури падараш соли 995 вазири Нӯҳи II Абдуллоҳ ибни Азизро, ки дар тасмимгириҳои амир таъсири босазо дошт, аз вазифааш барканор намуд. Фоиқ бошад, Вазири Мансури II Абулмузаффари Муҳаммади Базғашӣ (ё Барғашӣ) бошад бо Фоиқ муносибати тезу тунде дошт ва барои раҳоии ҷони худ, Бухороро тарк карда, дар Гузгонон паноҳанда шуд. Саркардаҳои турк хӯҷаини комили мамлакат буданд. Миёни Фоиқ, Бектузун ва Маҳмуд қаламрави Сомониён тақсим мегашт ва дар давоми солҳои 998-999 онҳо чандин бор бо ҳам ҷангида, саранҷом сулҳ мекарданд. Саркардаҳои турк амири сомониро ба бозичаи дасти худ қарор дода буданд ва амири нотавони сомонӣ ҳам ба ҳамаи хостаҳои онҳо розӣ гашта, ба онҳо мулку лақаб мебахшид. Фоиқ ва Бектузун дар ҳамин ҳол метарсиданд, ки Мансури II бар зидди онҳо бо Маҳмуд созиш накунад. Аз ин рӯ январи соли 999 дар Сарахс амир Мансури II-ро дастгир карда, нобино сохтанд ва бародараш Абдумаликро ба амирӣ нишониданд. Барои Маҳмуд баҳонаи муносиб пеш омад, то даст ба амалиёти ҷиддӣ занад. Ӯ Бектузунро шикаст дода, ба шаҳрҳои муҳими Хуросон соҳиб гашт ва аз тирагии муносибати Сомониён бо дастгоҳи хилофати аббосӣ истифода бурда, ба номи худ ва халифа Қодир хутба хонд ва амири Хуросон гардид. Илекхони қарахонӣ ҳам моҳи октябри соли 999 бо баҳонаи ҳимояти хонадони сомонӣ вориди Бухоро гашта, амир ва тамоми намояндагони сомониро дастгир карда, дар шаҳри Узганд ҳабс кард. Бо ҳуҷуми дубораи Қарахониён Бухоро суқут кард ва салтанати Сомониён хотима ёфт.
Сабабҳо ва оқибатҳои аз байн рафтани давлати Сомониён. Бо суқути дубораи Бухоро ба дасти Қарохониён бисоти давлати сомонӣ барои ҳамешагӣ аз саҳифаҳои таърих барчида шуд. Аммо яке аз намояндагони ин хонадон Абӯиброҳим Исмоил ибни Нӯҳ аз зиндони Узганд фирор карда, дар атрофии худ лашкаре ҷамъоварӣ кард ва пас аз талоши зиёд соли 1000 –ум ҳатто Бухороро фатҳ кард ва пас аз пирӯзӣ лақаби «Мунтасир» (фотеҳ)-ро гирифта, дар таърих бо ҳамин ном маъруф гардид. Аммо ин амири ноком низ барои эҳёи давлати аз даст рафтаи тоҷикон иштибоҳи пешгузаштагонашро такрор карда, саранҷом дар соли 1005 пас аз сарсониву ранҷи зиёд кушта шуд ва офтоби толеъи Сомониён барои ҳамеша завол ёфт.
Муаррихони зиёде доир ба сабабҳои аз байн рафтани давлати сомонӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштаанд. Сабабҳои шикасту фурӯпошии давлати Сомониён инҳо буданд:
1. Пас аз даргузашти Исмоили Сомонӣ то вопасин лаҳзаҳои мавҷудияти далати сомонӣ низоъу даргириҳои дохилӣ аз миён нарафтанд ва ҷангҳои бародаркӯшӣ дар хонаводаи Сомониён ҳодисаи муқаррарӣ гардида буд;
2. Музофотҳои қаламрави Сомониён на ҳамеша итоати марказро зарур мешумориданд. Баъзе минтақаҳо танҳо расман ба Сомониён итоат мекарданд;
3. Сомониён дар артиш намояндагони қавмҳои бегона, аз ҷумла турконро ҷалб мекарданд. Бештари вазифаҳои баланди сиёсӣ ва низомиро ҳам туркҳо соҳибӣ карда, дар ҳолати зарурӣ ба Сомониён итоат намекарданд;
4. Ситаму ҷафои коргузорони маҳаллии Сомониён нисбат ба кишоварзону ҳунармандон ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ тадриҷан афзоиш ёфта, намояндагони хонадони салтантӣ аз зиндагии воқеъии аҳолӣ бехабар гардиданд.
Аҳолии Бухоро ва дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳр нисбат ба сарнавишти Сомониён бетарафӣ нишон доданд ва ҳамин тавр ба ҳукумати намояндагони унсури маҳаллӣ барои садсолаҳо хотима дода шуд.
Ногуфта намонад, ки аз солҳои 30-уми асри X сар карда, дар ҳудудҳои давлати Сомониён тарғиботи равияҳои гуногуни мазҳаби шиъа, ки дар мухолифати хилофати аббосӣ қарор доштанд, пурзӯр мегардад. Махсусан пас аз таъсиси хилофати Фотимиён (909) тарғиботи мубаллиғони шиъа ҳадафманд сурат мегирифт. Дар қаламрави Сомониён ҳам мувофиқи ахбори сарчашмаҳо дар замони салтанати Насри II ибни Аҳмад ин ҳаракат, ки бо номҳои қарматӣ, ботинӣ, исмоилӣ ва ғайра маъруф аст якчанд муваффақият пайдо карда, баъзе аз аъёну ашроф ва кормандони баланлпояи давлатӣ онро қабул карданд. Ин ҳаракат ҷиҳатҳои пешқадам дошта бошад ҳам боиси эҷоди шикоф дар хонадони ҳукуматгар ва сард гаштани муносибати онҳо бо руҳониён гардид.
Бояд қайд намоем, ки дар таърихи далатдории халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ нақши Сомониён ниҳоят бузург аст. Сомониён бо зиракӣ ва равшанандешӣ суннатҳои тоисломии аҷдодони моро бо фарҳанги исломӣ омезиш дода, фарҳанги ҷаҳоншумули тоҷику форсро барои ҳазорсолаҳои баъдӣ ба мерос гузоштанд. Баъзе фарҳангу забон ва тамаддунҳои ғанӣ (чун тамаддуни Миср) зери таъсири фарҳанги исломӣ аз миён рафт, вале Сомониён забону фарҳанг ва истиқлоли сиёсии мардуми эронинажодро пас аз дусад соли хомӯшӣ дубора эҳё карданд. Дар ҳеҷ давраи дигари таърихии мо тоҷикон ҳамзамон сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанг якҷо ба ин дараҷаи тараққиёту боландагӣ нарасидааст. Мардуми тоҷик ҳам ёди ин хонадони бокарамро гиромӣ медорад. Соли 1999 дар саросари ҷумҳурӣ 1100 солагии давлатдории ин сулола бо шукӯҳу шаҳомати беандоза таҷлил гардид.

Шарҳ баста аст.