Давлати Шайбониён

Дар охири қарни XV ва ибтидои қарни XVI узбакҳои бодиянишин бо сарварии пешвои хеш Муҳаммад Шайбонихон қаламрави Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи  таъсискунандаи худ — Шайбонӣ машҳур гардид. Шайбонихон аслан аз хонадони Чингизхон буд. Бобои ӯ Абдулхайрхон дар нимаи аввали асри XV давлати пуриқтидори кӯчаманчиёнро ташкил намуд. Қавму тоифаҳои туркзабони муттаҳидкардаи ӯ аз аслу насабҳои гуногун иборат буданд. Онҳо дар дашту саҳроҳои беканоре, ки аз  поёноби дарёи Сир то Сибир рафта мерасид, сукунат доштанд. Вале ин иттиҳодияи бавуҷудовардаи Абдулхайрхон заминаи иқтисодӣ надошт. Аз ин рӯ пояҳои худро устувор карда натавониста, пас аз фавти Абдулхайрхон ба зудӣ аз байн рафт.

Муҳаммад Шайбонихон бо дигар чингизиёни ҷоҳталаб барои қудрат меҷангид ва ин набардҳо гоҳ ба фоида ва гоҳ ба зарари ӯ анҷом меёфт. Бояд гуфт, ки дар ин муборизаҳо борҳо аз ёрию дастгирии Темуриён баҳраманд гардида буд.

Дар ин замон Темуриён даврони парокандагиро паси сар мекарданд ва дар қисмати Шимоли мамлакат муғулҳо, ки Тошканд марказашон буд, рақиби онҳо ба ҳисоб мерафтанд. Онҳо чандин бор ҳатто ба ноҳияҳои Мовароуннаҳри Марказӣ ҳамла намуда, аҳолиро тороҷ мекарданд. Темуриён Шайбонихонро ба муқобили муғулҳо истифода карданӣ шуданд. Лекин Шайбонихон аз паи манфиати худ шуда хилофи ваъдаи худ амал карда, гоҳ тарафи Темуриёнро мегирифт ва гоҳ тарафи муғулҳоро. Ҳар замон ба мулкҳои ину он ҳуҷуми ғоратгарона менамуд. Сипас ӯ чунин шаҳрҳои истеҳкомӣ, мисли Утрор, Сайрам ва Яссаро ба тасарруфи худ дароварда, бо муғулҳо муоҳида баст ва соли 1499 ба истилои Мовароуннаҳр шурӯъ намуд.

Ҳуҷуми Муҳаммад Шайбонихон ба Осиёи Миёна. Дар чунин лаҳзаҳои сарнавиштсоз, ки мамлакатро хатари ҷиддӣ таҳдид мекард, шоҳзодагони темурӣ саргарми низоъҳои дохилӣ буданд. Баъзе Султон Алиро тарафдорӣ менамуданд, гурӯҳи дигар хешовандони вай-Бобурро ба Самарқанд даъват намуда, таслими шаҳрро ба ӯ ваъда медоданд. Ҳангоми Самарқандро муҳосира намудани Шайбонихон  ин низоъҳо боз ҳам қувват кард. Аввал ӯ пойтахти Темуриёни Осиёи Миёна шаҳри Самарқандро ба муҳосира гирифт. Вақте ки волии Бухоро бо қӯшуни худ ба тарафи Самарқанд равона шуд, Шайбонихон аз муҳосира даст кашида, ба муқобили ӯ  шитофт ва дар роҳ ӯро торумор намуда, ба сӯи Бухорои заифгардида ҳаракат кард. Аз муҳосира ҳатто се рӯз нагузашта, аъёну ашроф ва рӯҳониён шаҳрро ба вай таслим намуданд. Дар маҷмӯъ нақши рӯҳониёни бонуфуз барои қудратёбии узбакҳои шайбонӣ бузург буд.

Султон Алӣ ба ҷои мубориза бо як гурӯҳ наздикони худ ба қароргоҳи Шайбонихон равона шуд. Ашрофи Самарқанд аз ин воқиф гардида, бо тӯҳфаву инъомҳои зиёде ба ҳузури Шайбонихон омада, сари таъзим фуруд оварданд. Ҳамин тавр, соли 1500 Самарқанд бе ҷанг ба дасти Шайбонихон гузашт.

Аммо ин муваффақияти аввалин, ки ба зудӣ ва асонӣ ба даст омада буд, бақое наёфт. Як қисми ашрофи Бухоро ва Самарқанд тарафдори барқарор намудани ҳокимияти Темуриён буданд. Акнун ҳарифи асосиии Шайбонихон шоҳзодаи ҷавони темурӣ Зуҳуриддин Бобур гардид. Қароргоҳи Шайбонихон дар ҳаволии Самарқанд буд. Аъёну ашрофе, ки пинҳонӣ бо Бобур мукотиба доштанд, ба рӯи ӯ дарвозаи шаҳрро кушоданд ва ӯро подшоҳ эълон карданд. Вале дар муҳорибаи кушоди соҳили Зарафшон, ки дар моҳи апрели соли 1501 ба вуқӯъ омад, Бобур шикаст хӯрд ва ба Самарқанд ақиб нишаст ва онро Шайбонихон ба муҳосира гирифт. Самарқанд дубора ва тамоман ба дасти Шайбонихон даромад. Ин  ҳодиса соли 1501 рӯй дод.

Дере нагузашта, соли 1505 Хоразм ҳам аз тарафи қӯшунҳои Шайбониён ишғол карда шуд. Навбати забти пойтахти дигари Темуриён-Ҳирот расид. Султон Ҳусайн фақат акнун то чӣ андоза ҷиддӣ будани хатари таҳдид карда истодаро дарк намуда, бо қувваи асосии худ ба муқобили Шайбонихон равона шуд. Вале ӯ, ки пир ва бемор буд, дар роҳ вафот намуд. Дар байни асилзодагони темурӣ низоъу нифоқ ба амал омад. Дар натиҷа ду писари Султон Ҳусайнро ба тахт нишонданд, ки онҳоро ду гурӯҳи ашрофи соҳибнуфуз пуштибонӣ мекарданд. Шайбонихон Балхро забт намуда, ба тарафи Ҳирот раҳсипор гардид. Ӯ соли 1507 дар наздикии шаҳр қӯшуни хуб ба ҷанг омодашудаи темуриро мағлуб намуд ва ҳамин тавр ба мавҷудияти Темуриёни Ҳирот ҳам хотима дод.

Рӯҳониёни олимақом ва аъёну ашроф бо ҳам машварат намуда, ба Шайбонихон хати таслим ва итоат фиристодаанд. Дар тамоми шаҳрҳои калони собиқ темурӣ- Самарқанд, Бухоро, Марв, Балх, Ҳирот, Машҳад, Нишопур, Тӯс, Астаробод ва ғайра пулҳои нуқрагинро ба номи фотеҳи нав сикка заданд.

Рақобати Шайбониён бо Сафавиён. Пас аз он ки муддаъиёни хонадони темурӣ аз байн бардошта шуданд, як муддат сулҳу оромиш дар кишвар ҳукмфармо гардид. Вале дар соли 1510 якбора аз ду самт – ҳам аз Шимолу Шарқ ва ҳам аз Ҷанубу Ғарб ин оромӣ халалдор карда шуд. Сарҳаднишинони қазоқ бо муғулҳо як шуда, дар наздикии дарёи Сир ба давлати Шайбониён зарбаи ҳалокатовар расонида буданд. Ҳамзамон шоҳи ҷавони Эрон Исмоили сафавӣ аз Ғарб ба тарафи Хуросон лашкар кашид. Вай яке аз паси дигаре шаҳрҳои Хуросонро ишғол карда, фотеҳона ба сӯи Ҳирот ҳаракат намуд.

Ӯ аз хонаводаи суфияи шаҳри Ардабил буд. Дар асри XV пуштибони асосиии ин сулола тоифаҳои бодиянишини турк буданд, ки дар вилояти Озарбойҷони Эрон зиндагӣ мекарданд. Онҳоро ба озарӣ қизилбош-сурхсар меномиданд, зеро сарбозони бодиянишин ба хотири 12 имоми шиа саллаи 12 рахи арғувонӣ доштаро ба сари худ мебастанд. Ин тоифаҳо ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати сисёсӣ тобеи шайхони сафавӣ буданд. Исмоил пас аз шикаст додани сулолаҳои маҳаллии Эрон бо сарварии Қоюнлуҳо соли 1502 худро шоҳаншоҳи Эрон эълон карда, мазҳаби шиъаи имомия (ё исноашария)-ро расмӣ эълон кард. Қизилбошҳо бо сардории Исмоили Сафавӣ дар як муддати кӯтоҳ қисматхои Эронро ба таҳти тасарруфи худ дароварданд. Ҳамин тавр тоҷикону эрониён, ки халқи воҳиданд, ба ду мазҳаб гаравида, заминаҳои ҷудогии минбаъдаи худро фароҳам сохтанд.

Сарони ин ду салтанат ба мақсадҳои сиёсии худ ранги мазҳабӣ медоданд: Шайбонихон дар қаламрави худ ба муқобили шиаҳо мубориза мебурд, дар сурате, ки Исмоил ва қизилбошҳо шиаҳои мутаасиб буданд. Хуросон барои ҳар ду силсила аҳамияти муҳими стратегӣ дошт. Аз ин рӯ маҳз барои соҳиб шудан ба Хуросон ду силсила вориди ҷанг шуданд.

Шайбонихон дар қалъаи Марв истеҳком гирифта, омодаи зарба задан ба Сафавиҳо гардид.  Шоҳ Исмоил фиребе ба кор бурда, қувваи худро аз муҳосира гирифт ва чунон вонамуд кард, ки гӯё ақибнишинӣ мекунад. Шайбонихон ба ин ҳиллаи шоҳ Исмоил фирефта шуда, аз қалъа берун баромад ва бо андак қуввае вайро таъқиб кард. Дар натиҷа ба иҳотаи душман афтода, тамоми сарбозонашро талаф дод ва худ дар майдони ҷанг кушта шуд. Исмоил аз косахонаи сари Муҳаммад Шайбонихон барои худ ҷоми шароб сохт. Ин воқеъа соли 1510 иттифоқ афтод.

Кӯшишҳои Бобур барои баргардонидани ҳокимияти Темуриён. Шоҳ Исмоил ба муқобили Шайбониён на фақат бо силоҳ мубориза бурд, балки тамоми тадбироти дипломатии худро ба кор андохт. Ӯ бозмондагони хонадони Темуриро ба ҳар роҳ ташвиқ менамуд, ки барои мулки падару бобоёни худ талош варзанд. Дар ҳоле ки намояндагони бонуфузи сулолаи Шайбониён ба ҳалли масъалаи вориси тахти салтанат саргарм буданд, Темуриён Фарғонаро ишғол намуданд. Бобур, ки то ин вақт мавқеи худро дар Кобул мустаҳкам карда буд, фавран бо роҳи Қундуз ба сӯи Ҳисор ҳаракат кард. Муҳорибаи ҳалкунандаи Пули Сангин дар дарёи Вахш  бо пирӯзии Бобур анҷом ёфт. Тамоми ноҳияҳои марказии Мовароуннаҳр бидуни ҷанг ба таҳти тасарруфи ӯ даромаданд. Худи султонҳои шайбонӣ ҳам аз муқовимат даст кашида, шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Каршӣ ва ғайраро ба ихтиёри Бобур гузоштанд.

Ғалабаи ба осонӣ даст омада, Бобурро рӯҳбаланд ва дар айни замон як дараҷа фориғбол ҳам намуд. Бобур ва наздикони ӯ, ҳатто сарбозонаш ҳам ба базму зиёфат ва айшу ишрат машғул шуданд. Ин ҳама маблағи зиёдеро талаб мекард ва Бобур барои пайдо кардани он аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонид. Қӯшуни чандинҳазорнафараи Бобур, ки таъминоти он аз ҳисоби аҳолӣ муқаррар гардида буд, тамоми чизу чораи мардумро ба ғорат бурд. Махсусан дастаҳои қизилбош, ки шоҳ Исмоил ба кӯмаки Бобур фиристода буд, боиси норозигии аҳолӣ мегардиданд. Гузашта аз ин лашкариёни Бобур ва тамоюли шиъагароии ӯ ба аҳолии Мовароуннаҳр ва хусусан ба рӯҳониён писанд набуд.

Табақаҳои васеи Бухоро Самарқанд ба сари кор омадани Бобур ва пирӯзиҳои ӯро бо хушнудӣ истиқбол карда буданд. Вале ним сол ҳам нагузашта, вай аз чунин пуштипаноҳи муқтадир маҳрум гардид. Баҳори соли 1512 бародарзодаи Шайбонихон, ҷавони хеле ғайюр ва шуҷоъ Убайдулло бо қӯшуни на чандон калон ба Бухоро ҳамла овард ва ба ғайрати ҳамзамонони худ дар набарди шадид ба қӯшуни миқдоран чандин маротиба зиёди Бобур ғалабаи қатъӣ ба даст даровард.

Бобур ба Ҳисор фирор кард. Тирамоҳи ҳамон сол, вақте ки қӯшуни сершумори қизилбош ба ёрии ӯ расид, барои дубора ба даст даровардани Мовароуннаҳр охирин қӯшуни худро ба кор бурд. Қувваҳои аскарии ӯ дар хоки Мовароуннаҳр чун мӯру малах ҳаракат мекарданд, гӯё ки ба ин сарзамин офати табиӣ рӯ оварда бошад. Онҳо ба ҳар ҷое, ки пой мегузоштанд, сокинонашро аз дами теғ мегузарониданд. Ниҳоят дар назди Ғиждувон ба Убайдулло султон муяссар гардид, ки қизилбошҳоро комилан торумор намояд.

Қатлу куштори ваҳшиёнаи мардум аз ҷониби қизилбошҳо сабаб шуд, ки аҳолии маҳаллӣ ба атрофи Шайбониён муттаҳид гардида, нисбат ба Бобур ҳисси нафрат пайдо кунанд.

Ворисони Муҳаммади Шайбонихон. Дере нагузашта Шайбониён ҳамаи вилоятҳои Осиёи Миёна: Тошкент, Фарғона ва ғайраро аз сари нав ба зери тасарруфи худ гирифтанд. Мувофиқи одати Шайбониён шахси аз ҳама калонсоли хонадон бояд сардори давлат мешуд. Ба ҳамин сабаб, пас аз он ки дар соли 1512 ҳамаи муддаиёни салтанат аз Осиёи Миёна ронда шуданд, ба сари ҳокимият на ин ки Убайдуллохон-обрумандтарин намояндаи хонадони Шайбонӣ, балки Кӯчкунчихон омад, ки обрӯву эътибори қазоӣ надошт, дар ҳукуматдорӣ шахси беҳунаре буд. Баъди ӯ писараш Абӯсаидхон ҳукмрон гардид ва фақат пас аз ин Убайдуллохон (1533-1539) имкони ба тахт нишастанро пайдо намуд.

Ҳанӯз дар аҳди Шайбонихон давлати ба амлок, яъне мулкҳои хоса тақсим шуда буд. Акнун ин тақсимот боз ҳам расмитар гардида, мулкҳо тамоман ба ихтиёри намояндагони хонадони салтанатӣ гузаштанд. Соҳибони амлок дар корҳои дохилии қаламрави худ истиқлолияти комил доштанд. Онҳо акнун метавонистанд мулкҳоро ба фарзандонашон мерос гузоранд. Дар миёни солҳои 50-уми асри XII дар байни Шайбониён Абдулло бештар нуфуз пайдо карда буд. Ӯ соли 1557 Бухороро ишғол намуда, соли 1560 падараш Искандархонро сарвари давлати Шайбониён эълон кард, ки то соли 1583 дар ин мансаб будааст. Аммо дар замони ҳукуматдории Искандархон ҳам дар асл идоракунии мамлакат дар ихтиёри писараш — Абдуллохон буд. Аз соли 1560 Бухоро мустақиман пойтахти давлати Шайбониён гардид.

Ба анҷом расидани ҷангҳои байнихудӣ ва ба дараҷаи муайян марказият ёфтани давлат барои ба ҳолати муқаррарӣ даровардани ҳаёти хоҷагӣ баъзе заминаҳои мусоид фароҳам намуд. Дар нақлу ривоятҳои халқӣ таъмиру бинокориҳои зиёде аз қабили сохтмони иншоотҳои обёрӣ, роҳҳо, сардобаҳо, пулҳо, корвонсаройҳо, биноҳои тиҷоратӣ ва амсоли инҳо ба номи Абдуллохони II (1583-1598) марбут гардиданд. Ин нақлу ривоятҳо асоси воқеӣ доранд. Абдуллохони II ба масъалаҳои тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ диққати махсус медод. Инро ободонии роҳҳои корвонгард ва умуман беҳтар намудани шароити тиҷорат, ки дар аҳди ӯ ба вуқӯъ пайвастанд, собит менамояд. Дар ин бобат ислоҳоти пулии ӯ, вазифа ва натиҷаҳои объективии он хеле ҷолиби таваҷҷӯҳ мебошанд.

Абдуллохони II бо Ҳиндустон, Туркия, Европаи Шарқӣ робитаҳои хуби иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барпо намуд. Ӯ бо мақсади он ки рақобати мансабдоронро барҳам диҳад ва имкони марказгурезиро пешгирӣ намояд, тамоми авлоди мардинаи хонадони шайбониро нобуд кард ва худ то соли 1598 ҳукумат кард.

Маданияти моддӣ ва маънавӣ. Дар асри XVI бинокорӣ хеле авҷ гирифт. Сохтмони биноҳои маъмурӣ, хоҷагӣ ва фарҳангӣ вусъат пайдо кард. Яке аз вижагиҳои ин давра он буд, ки роҳи бузурги абрешим, ҳамчун роҳҳои корвонгузар, ба сабаби кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ аҳамияти пештараи худро аз даст дод. Ин воқеъа дар муносибатҳои иқтисодӣ таъсири худро расонид. Яъне минбаъд корвонҳо аз Чин ба воситаи Мовароуннаҳру Эрону Туркия ба Аврупо ҳаракат намекарданд. Чунин ҳолат тоҷирони Осиёимиёнагиро водор намуд, ки аз як тараф ба инкишофи тиҷорати дохилӣ бештар аҳамият дода, аз тарафи дигар тиҷоратро бо давлати ҳамсояи шимол – Русия ба роҳ монанд. Дар натиҷа дар шаҳрҳо ва роҳҳои корвонгард сардобаҳо, корвонсаройҳо, ҳаммому тиҷоратхоонаҳои боҳашамат сохта шуданд. Бештари ин биноҳо ба сабаби ҷангҳои ғоратгаронаву харобиовари асрҳои минбаъда то замони мо нарасиданд. Чун пештара маркази асосии ободониву маъмурӣ Бухоро ба ҳисоб мерафт. Меъмории ин давра ҳам дар симои ҳамин шаҳр таҷассум меёфт. Дар усули меъмории ин давра дигаргуниӣ ё навовариҳо мушоҳида мегардад, ки асоситарини он тағйир ёфтани шаклу ҳаҷми гунбазу қуббаҳои биноҳо буд. Дар сохтани мадрасаҳо низ тағйирот ворид гардид, ки яке аз инҳо дигаргунӣ дар таҳ ва зиёд шудани миқдори ҳуҷраҳову манзилҳои ёрирасон мебошад. Мадрасаҳои «Мири Араб» ва мадрасаи Абдуллохони Бухоро намунаи меъмории ин давраанд. Масҷиди Ҳоҷӣ Зайниддин дар Тошканд, Мадрасаи Абдуллатиф Султон (Кӯкгунбаз) дар Истаравшан низ маҳсули ин аҳд мебошанд. Меъмории водии Ҳисор низ дар асри XVI такомул ёфт. Иморатҳои Қалъаи Ҳисор, аз ҷумла Мадрасаи Кӯҳна ва Мазори Махдуми Аъзам шоҳиди санъати меъмории онвақта мебошанд.

Санъати хаттотӣ ва ба хусус минётурсозӣ дар муҳити Мовароуннаҳри асри XVI ҳам ба пешравиҳо ноил омад. Бештари минётарсозон аз Ҳирот ба ин ҷо омада буданд. Ду равия дар минётурсозии ин замон ҷараён дошт: як гурӯҳ пайрави аз мактаби Беҳзоду анъанаҳои он ва дигаре дар тасвирҳои худ зарофатро камтар ва мухтасариро бештар писандида, офаридаҳои онон ҷанбаи этнографӣ доштанд. Намунаи осори ороишии ин давра асарҳои «Фатҳнома» ва «Таърихи Абулхайрхонӣ» мебошад. Намоёнтарин рассоми ин аҳд Маҳмуди Музаҳиб ба шумор мерафт. Ӯ зери таъсири мактаби Ҳирот бошад ҳам сабки махсуси худро бо дигаргуниҳо эҷод карда буд. Усто Абдулло, Ҷалолиддин Юсуф ва Муҳаммад Чеҳраи Маҳосин низ мусаввирони забардасти асри XVI мебошанд.

Вижагии маданияти маънавии асри XVI дар он аст, ки аз ин аср ва баъд дар мадрасҳо бештар ба улуми динӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гашта, он ҳам улуми дуввумдараҷаи динӣ, аз қабили баҳсу ҷадалҳои нозарур ҷузви барномаҳо дарсӣ мегарданд. Нақши рӯҳониёни иртиҷоӣ ва мутаассиб дар муайян кардани самти пешравии мактабу мадраса ва ҳатто умури сиёсӣ меафзояд ва ин суннати нописанд ба асрҳои минбаъда низ сироят мекунад. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти фарҳангӣ таъсири ин падида ба мушоҳида мерасад.

Бузургтарин чеҳраи адабиёти ин дарви форсу тоҷик Зайниддин Маҳмуди Восифӣ (1485-) ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳаёти худро дар шаҳрҳои муҳими ин давра назири Самарқанд, Тошканд ва Ҳирот зиста, симои шаҳрҳову ҳаёти мардумони он ва саргузаштҳои аҷиберо дар асари «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ба риштаи тасвир кашидааст.

Камолиддин Биноӣ (1453-1512) зодаи Ҳирот буда, яке аз шоҳидони воқеаҳои ногувори ибтидои асри XVI ва қурбонии ҷангҳои хонумонсӯз мебошад. Беҳтарин асари Биноӣ маснавии «Беҳрӯзу Баҳром» мебошад. Биноӣ ғазалиёти зиёд суруда, дар дигар жанрҳои шеърӣ низ намунаҳое офаридааст. Ӯ инчунин асари таърихии «Шайбонинома»-ро низ эҷод кардааст, ки мавзӯъҳои панду андарзии фаровоне дорад. Ӯ бо асосгузори адабиёти узбак Навоӣ ҳамзамон буда, миёни ҳар ду мушоира ва ҳаҷвиёт низ радду бадал мегашт.

Бадриддин Ҳилолӣ (1470-1529) бузургтарин шоири ғазалсарои адабиёти форсу тоҷики асри XVI мебошад. Ҳилолӣ низ дар ҷараёни ҷангҳои дохилии Сафавиёну Шайбониён кушта мешавад. Асоси эҷодиёти ӯро ғазалиёт ташкил дода, достонҳои ошиқии «Лайлӣ ва Маҷнун», «Сифот-ул-ошиқин», «Шоҳу дарвеш» низ ба қалами Ҳилолӣ тааллуқ дорад.

Абдураҳмони Мушфиқӣ (1538-1588), Фазлуллоҳи Рӯзбеҳон, Ҳофизи Таниш ва дигар симоҳои адабу фарҳанги тоҷик дар ин аср зиста эҷод кардаанд.


Калидвожаҳо: таърихи халки точик, таърихи точикистон, таърихи тоҷикистон, таърих, таърихи точикон, таърихи тоҷикистон, таърихи тоҷик, донишҷӯ тҷ, донишчу, студент тч, donishju tj, реферат аз фанни таърихи халки точик, реферат, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ

Шарҳ баста аст.