Давлати Сарбадорон

Яке аз бузургтарин ҳодисаҳои давраи муғулҳо бешак қиёми сарбадорон аст, ки соли 1336 дар Сабзавори Хуросон ба вуқуъ пайваст. Шайх Ҳасани Ҷурӣ ном дарвеше мардумонро иршод карда, ба мубориза бархезонд. Таҷовуз ва бедодии муғулон ба ҷое расида буд, ки яке аз саркардаҳои муғул аз мардум хост, ки барои ишрати ӯ зан ва шароб муҳайё кунанд. Ҷавонони ба ҷон расида, ин таҳқирро таҳаммул накарданд ва ин саркардаи муғулро ба қатл расониданд. Шӯриш аз деҳаи Боштини Сабзавор оғоз гардид ва пас аз шикастани лашкари муғул ба гирду атроф паҳн гардид. Хоҷа Абдураззоқ ном тоҷике диловар ҳокими ситамгари муғулро ба қатл расонида, дастори худро бар сари доре, ки беруни деҳа сохта буд  овехт ва эълон кард, ки омодааст «сарро низ дар роҳи меҳан ба дор кунад, вале зери бори ситами муғул наравад». Пас аз тасарруфи Сабзавор (соли 1337) Хоҷа Абдураззоқ хутбаву сиккаро бо номи худ гардонида, ба ҳукумати Сарбадорон ибтидо гузошт. Бояд гуфт, ки миёни ормонҳои бештари сарбадорон ва роҳбари онон Абдураззоқ якмаромӣ набуд. Зеро сабаби ба ҷунбиши сарбадорон пайвастани Абдураззоқ он буд, ки ӯ маъмури ҷамъоварии молиёти давлатӣ буд ва миқдоре аз молиётро ба фоидаи хеш сарф намуда, мехост бо ин роҳ аз ин бало халосӣ ёбад. Дар омодасозии мардум ба муқовимати зидди муғул нақши руҳониён бештар буд ва мардумонро бо шиорҳои шиъагӣ ба мубориза даъват менамуданд.

Хоҷа Абдураззоқ пас аз як солу ду моҳи  сарварӣ аз ҷониби бародараш Ваҷеҳуддин Масъуд ба қатл расид. Масъуд ҳокими давлати Сарбадорон гардид. Дар замони ӯ қаламрави Сарбадорон васеъ гардид ва Домғон, Ҷом, Хабӯшон низ бар он афзуда шуд. Бо 12 ҳазор лашкари корозмудаву сарсупурда Масъуд бар артиши 70 ҳазораи душмани худ пирӯз омад. Дар муҳорибаи ҳалкунанда сарбадорон бародари илхони муғулро ҳам ба қатл расониданд. Нишопур, Тус ва Машҳад низ пас аз ин пирӯзӣ аз тарафи сарбадорон тасарруф гардид. Мутаассифона миёни ду давлати тоҷикии Сабадорони Хуросон ва Куртҳои Ҳирот (1245-1381) ҳамеша задухӯрдҳо иттифоқ меафтод, ки боиси коҳиш ёфтани қудрати ҳар ду силсила гардид. Яке аз муҳорибаҳои шадиди ду давлат соли 1342 рух дод, ки дар натиҷа ҳар ду давлат зиъиф гаштанд. Дар ин набард Шайх Ҳасани Ҷурӣ низ кушта шуд. Миёни муридони Шайх Ҳасани Ҷурӣ ва Масъуд зиддиятҳои дохилӣ мерафт. Тарафдорони Масъудро сарбадорони эътидолӣ ва муридони   шайхро шайхиёни ифротӣ меномиданд. Масъуд бузургтарин амири сарбадорон маҳсуб мешавад.

Соли 1345 дар яке аз муҳорибаҳои шадид Масъуд ба қатл расид ва ба ҷойи ӯ Муҳаммади Ойтемур интихоб гашт. Аммо зиддиятҳои дохилии сарбадорон чунон шадид буд, ки пас аз ду солу ду моҳи ҳукмронӣ соли 1347 ӯ низ аз ҷониби яке аз сарбадоронба қатл расид. Куштори амирон яке аз расмҳои маъмули давлати сарбадорон буд. Кулу Исфандиёр (1347-1348), Хоҷа Шамсиддин (1348-1349), Хоҷа Алии Шамсиддин (1349-1353) аз дигар ҳокимони сарбадорӣ буданд, ки муддати ҳукмронияшон тӯлонӣ набуд. Дар даврони ҳукмронии Хоҷа Яҳё Каробӣ охирин ҳукмрони Илхонон Туғотемурхон ба қатл расонида шуд. Шаҳрҳои Астаробод, Бастом ва Симнон низ пас аз ин ба қаламрави Сарбадорон ҳамроҳ карда шуданд. Амирони сарбадорӣ зуд кушта мешуданд ва ин имкон намедод, ки давлат рушду нумӯъ намояд.

  Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, қад барафроштани давлатҳои Сарбадорону Куртҳои Ҳирот фурсате буданд, то он ки тоҷикон пас аз муддатҳо парешониву ситам ба ҳам оянд. Вале ин фурсат низ бинобар набудани иттиҳоду ҳамбастагӣ ва эътимод миёни гурӯҳҳои тоҷик аз даст рафт ва душмани ҳамеша дар камин нишаста, зиддияти ин лавлатҳоро ғанимат дониста, ҳар кадомро дар алоҳидагӣ аз байн бурд. Давлати Сарбадорони Хуросон низ аз тарафи Темур соли 1381 барҳам дода шуд.

Диловарии сарбадорони Хуросон ва мавҷудияти давлати тоҷикии Куртҳо (1245-1381) сабаби зинда гаштани рӯҳияи муқовимати мардум ва пайдо шудани умед дар қалби мардуми тоҷик буд.

Шарҳ баста аст.