Давлати Кушониён

0
184

Дар байни солҳои 141-128 п. м. қабилаҳои кӯчманчии эронинажод (сакоиҳо, массагетҳо) аз шимолу – шарқи Тяншон ба Осиёи Миёна ҳуҷум карда, аз Фарғона гузашта Бохтар ва пойтахти он ш. Ланширо ишғол менамоянд. Қисми дигари онҳо Кошғар ва Ёркандро забт мекунанд. Дар ин бора солномаҳои хитоӣ хабар дода, ин қабилаҳоро  «юэҷ»  номидаанд. Дар бораи эронинажод будани кушониён ҳамчунин забони онҳо, навиштаҷоти сиккаҳо, тасвири шоҳон дар сиккаҳо, муҷассамаҳои шоҳон, сохт ва қиёфаи устухонҷусаҳои гӯристонҳо ва маводи дигар шаҳодат медиҳанд.

Юэҷҳо-кушониён дар Бохтар ба панҷ қисм ҷудо шуда, панҷ мулки мустақил ташкил карданд, ки дар ҳар кадомаш як қабила ҳукмронӣ мекард. Солномаи хитоӣ Хоу Хан Шу марҳилаи аввали ҳукмронии ин қабилаҳоро сарфи назар карда, якбора дар бораи ташкил шудани давлати Кушониёни Бузург маълумот додаст. Мувофиқи он «шоҳи кушонӣ Куҷула Кадфиз чор мулки дигарро ба худ тобеъ карда, худро шоҳаншоҳ эълон намуд, подшоҳии ӯ Кушонӣ ном дошт. Ӯ бо Порт ҷангид, Кобулро ишғол кард, баъд Арахосия ва Кашмирро мағлуб карда, ба мулкҳои худ ҳамроҳ кард». Тобеъияти Бохтари Шимолӣ ба ин шоҳ маълум нест, чунки сиккаҳои он дар ин ҷо ёфт нашудаанд, ҳол он ки сиккаҳои дигар шоҳони кушонӣ дар Бохтари Шимолӣ ба миқдори зиёд ёфт шудаанд. Куҷула Кадфиз тақрибан дар солҳои 20-уми п.м. – аввали асри I м ҳукмронӣ кардааст. Ӯ асосгузори давлати Кушониён ба ҳисоб меравад. Баъди Куҷула Кадфиз писараш Вима Такту (тақрибан солҳои 35-65) подшоҳи давлати Кушониён мешавад. Номи ӯ дар  яке аз сангнавиштаҳои  Канишка ёд шудааст. Сиккаҳои ин шоҳ бо унвони Сотер Мегас аз шимоли Ҳиндустон то Тошканд ёфт шудаанд ва дар бораи густариши ҳудуди давлати Кушониён дар давраи ҳукмронии ӯ шаҳодат медиҳанд.

Загрузка...

Баъди Вима Такту писараш Вима Кадфиз (тақрибан солҳои 65-105) ба тахт менишинад. Ӯ ноҳияҳои марказии Ҳиндустон ва Тибетро забт карда, қаламрави давлати Кушониёнро васеъ мекунад. Вима Кадфиз ислоҳоти пулӣ гузаронда, сиккаҳои тиллоии 8 граммаро, ки динор ном доштанд, ба муомилот мебарорад. Сиккаҳои ду динора ва ним динора низ бароварда мешуданд. Дар мубодилаи ҳамарӯза сиккаҳои мисин низ васеъ дар истифода буданд. Дар рӯи онҳо шоҳ дар назди оташдони зардуштӣ ва дар пушташон Шива тасвир шудаанд. Суратҳои сиккаҳои ин шоҳ бо сабки миллӣ иҷро шудаанд.

Дар давраи ҳукмронии Вима Кадфиз муносибати Кушониён бо Хитой тезутунд мешавад. Дар солҳои 70-80-ум хитоиҳо ба самти ғарб лашкар кашида, Турфан ва Кошғарро забт мекунанд. Кушониён ба ин на танҳо монеъа нашуданд, балки мусоидат ҳам карданд. Эҳтимол онҳо мехостанд барои таъмини бехатарии сарҳадҳои шарқии давлати худ бо ин ҳамсояи абарқудрат муносибатҳои дӯстона дошта бошанд. Аммо хитоиҳо ба ин моил набуданд ва сафирони кушониро барқасдона ба ҳабс гирифтанд. Солҳои 90-91 кушониён бо лашкари азими 70 ҳ. нафара ба Кошғар ҳуҷум менамоянд, аммо бинобар надоштани озуқавории кофӣ ба гуруснагӣ дучор шуда, бе ҷанг ба қафо бармегарданд. Баъдтар ба кушониён муйяссар шуд, ки ба тахти Кошғар гумоштаи худ Чен Панро шинонанд. Аммо соли 125 м. хитоиҳо Кошғарро аз нав забт карданд.

Баъди Вима Кадфиз писараш Канишка (тақрибан с. 105-128) ба тахт менишинад. Ӯ яке аз машҳуртарин шоҳони кушонӣ буд. Канишка пойтахтро ба шимолу-шарқи Ҳиндустон ба Пешовар мекӯчонад. Дар давраи подшоҳии ӯ Бохтар, қисми зиёди Осиёи Миёна, аз ҷумла Хоразм, Ҳиндустони шимолӣ ва марказӣ дар ҳайати давлати Кушониён буданд. Дар аҳди ӯ дини зардуштӣ дар Бохтару Суғд ва динҳои буддоӣ ва шивопарастӣ дар Ҳиндустон хеле ривоҷ ёфта буданд. Дар ин бора маъбадҳои ин динҳо, ки бо фармони ӯ сохта шуда буданд, сиккаҳо ва сарчашмаҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд. Аз ҷумла, дар Сурхқӯтал ва Работаки шимоли Афғонистон маъбадҳои зардуштӣ сохта шуданд, ки дар ин бора сангнавиштаҳои Канишка шаҳодат медиҳанд.

Дар бораи вазъияти давлати Кушониён баъди Канишка сарчашмаҳои хаттӣ маълумоти дақиқ надодаанд. Аммо аз сиккаҳо бармеояд, ки баъди ӯ Хувишка (тақрибан солҳои 132-164), Канишкаи II (солҳои 164-184) ва Васудева (тақрибан солҳои 184-218) ҳукмронӣ кардаанд. Дар навиштаҷоти кушонӣ номи шоҳ Васишка низ зикр шудааст, вале сиккаҳо бо номи ин шоҳ ёфт нашудаанд.

Бо ташкил шудани давлати Сосониён (соли 224 м) Кушониён дар ғарб рақиби нав пайдо мекунанд. Барои пешгирӣ кардани ҳуҷуми Сосониён Кушониён ба шоҳи Арманистон дар муборизааш бо Эрон ёрии ҳарбӣ мерасонанд, аммо дар ин ҷанг Арманистон шикаст мехӯрад. Кушониён барои бастани шартномаи дӯсти бо Хитой 5 январи соли 230 сафорати худро ба ин мамлакат мефиристанд. Вале  кӯшишҳои Кушониён натиҷаи дилхоҳ надоданд. Солҳои 242-243 Сосониён Кушониёнро шикаст дода, як қисми сарзаминҳои ғарбии онро ишғол карданд.

Дар нимаи дуюми асри III Кушониён Хоразм ва ноҳияҳои марказии Ҳиндустонро низ аз даст медиҳанд. Бо вуҷуди ин талафот Кушониён ҳанӯз ҳам нерӯманд буданд ва ба вориси тахти Сосониён Баҳроми II барои ба шоҳаншоҳи Эрон шудан ёрӣ расонданд. Кушониён бо Рум, ки  рақиби  Сосониён буд, муносибатҳои дӯстона барқарор карданд. Сосониён кӯшиш мекарданд бо Кушониён муносибатҳои дӯстона дошта бошанд. Бо ин мақсад шоҳаншоҳи сосонӣ Ҳурмузи II (солҳои 301- 309) духтари шоҳи Кобулро ба занӣ мегирад.

Дар охирҳои ҳукмронии Шоҳпури II (солҳои 309-379) Сосониён ба Кушониён якчанд зарба заданд. Аммо Кушониён ҳанӯз ҳам неруманд буданд. Шоҳи онҳо Кидара Балхро аз нав ба итоати худ дароварда, пойтахтро аз Юнланши ба ин шаҳр кӯчонд. Баъдтар ӯ аз кӯҳҳои Ҳиндукуш гузашта, панҷ вилояти шимоли Ҳиндустонро забт намуд.

Дар давлати Кушониён шаҳрсозӣ ва маданияти шаҳрӣ хеле инкишоф ёфта буд. Бостоншиносон дар Қубодиёну Шаҳритуз димнаҳои  Қалъаи Мир, Кайқубодшоҳ, Мунчактеппа ва Теппаи Шоҳ, дар водии Вахш — Кӯҳна Қалъа ва Қумтеппа, дар водии Бешкент — Оқтеппа, дар Ёвон — Гаравқалъа, дар Ғозималик — Ҳалқаҷар, дар Фархор — Саксанохур, димнаҳои Душанбе ва Шаҳринав, дар водии Сурхандарё — Тирмиз, Зартеппа ва Хайрободтеппа, дар Сари Осиё — Халчиён, дар Самарқанд – Афросиёб, дар назди Кобул – Багром, дар назди Қундуз Сурхкӯтал, дар шимоли Ҳиндустон Каписо ва Таксила ва дар дигар минтақаҳо даҳо шаҳру қалъаҳоро кашф карда, мавриди тадқиқ қарор додаанд. Шаҳрҳо аз қаср, биноҳои боҳашамати ашрофон, гузарҳои ҳунармандон, кӯчаҳо, девор ва бурҷҳои мудофиавӣ ва дигар сохтмонҳо иборат буданд. Масолеҳи асосии сохтмон хишти хом, похса, чӯб ва дар кӯҳистон ҳамчунин санг буд. Шаҳрҳо ба воситаи шабакаҳои лӯлаҳои сафолини обкашӣ бо оби нӯшидани таъмин карда мешуданд.

Соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ – кулолгарӣ, оҳангарӣ, шишасозӣ, аслиҳасозӣ, заргарӣ инкишоф ёфта буданд. Дар ин бора бозёфти хумдонҳо дар Афросиёб, Қаротеппаи Тирмиз, Мунчактеппаи Бекобод, корхонаи маъдангудозӣ ва устохонаи оҳангарӣ дар Тирмиз, зарфҳои гуногуни сафолӣ, аз ҷумла, ҷомҳои поядор ва лаъличаҳои сурхранги нафис, зарфу мӯҳраҳои шишагӣ, зару зеварҳо аз қабили дастмона ва гушворҳои тиллоӣ, гарданбандҳо ва ашёҳои дигари дар  ёдгориҳои ин давра ёфт шуда, шаҳодат медиҳанд.

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ инкишоф ёфта буд. Қисмати калони Роҳи Абрешим, ки мамолики Шарқ ва Ғарбро бо ҳам мепайваст, аз ҳудуди давлати Кушониён мегузашт. Солномаҳои хитоӣ дар бораи корвонҳои тиҷоратӣ, ки ҳар сол аз Хитой ба воситаи Осиёи Миёна ба Ғарб мерафтанд, хабар додаанд. Дар тиҷорати кушониён роҳи баҳрӣ, ки аз Ҳиндустони ғарбӣ то бандари ш. Искандарияи Миср мерафт, нақши калон дошт. Ба бандарҳои Ҳиндустон аз Бохтар, Суғд ва Хитой молҳои гуногун оварда мешуданд. Бозёфти шумораи зиёди сиккаҳои мисин дар шаҳрҳои замони кушониён аз инкишофи тиҷорати дохилӣ ва бозёфти сиккаҳои тиллоӣ аз инкишофи савдои калони яклухт шаҳодат медиҳанд. Дар сиккаҳо сурати шоҳон ва худоҳои зардуштӣ ва камтар худоҳои ҳиндӣ — Шива ва Будда тасвир шудаанд. Навиштаҷоти сиккаҳо бо хати юнониасоси кушонӣ ва забони бохтарӣ иҷро шудаанд.

Дини шоҳони кушонӣ ва аҳолии Бохтару Суғд зардуштӣ буд. Дар ин бора тасвири худоҳои зардуштӣ ва маросими саҷдаи шоҳони кушонӣ дар назди оташдони муқаддас, катибаҳои Канишка, маъбадҳои оташ шаҳодат медиҳанд. Дар Ҳиндустон дини шивопарастӣ ва буддоӣ роиҷ буданд. Кушониён сиёсати таҳаммулпазироии диниро пеш гирифта, аз ҳамаи динҳои дар қаламрави давлаташон роиҷ буда, баробар пуштибонӣ мекарданд.

Дар охири асри IV ё аввали аасри V Бохтарро хионҳо, баъди он сосониён ва дар миёнаи асри V яфталҳо (ҳайталиён) ишғол карда, ба мавҷудияти давлати Кушониён хотима бахшиданд.