Давлати иҷтимоӣ

Дар шароити муосир давлатеро пайдо кардан мушкил аст, ки он характери иҷтимоӣ надошта бошад. Аксари давлатҳои дунё ҳатто дар қонунҳои асосии хеш худро давлати иҷтимоӣ муаррифӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки таъмини адолати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ арзишҳои марказии давлати иҷтимоӣ мебошанд. Инчунин, давлати иҷтимоӣ давлате мебошад, ки дар он шароити арзандаи кору фаъолият ва ҳаёти арзандаи шаҳрвандони мамлакат таъмин карда мешавад. Дар замони муосир давлатҳо ба асосҳои иҷтимоии ҳаёти шаҳрвандон диққат дода, сиёсати иҷтимоии худро ташаккул медиҳанд. Масъалаҳое, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат дида мешаванд, аз инҳо иборат мебошанд:

– дастгирии камбизоатон ва шахсони муҳтоҷ;

– таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ;

– ташкил намудани ҳифзи меҳнат;

– рушди хизматрасониҳои дастрас дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, маданият ва фарҳанг.

– марҳила ба марҳила беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва монанди инҳо.

Дар шароити муосир давлатҳои иҷтимоӣ мақсад ва вазифаҳои худро дар якҷоягӣ бо давлати ҳуқуқӣ дар амал татбиқ месозанд ва барои тавсеаи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ҳифзи иҷтимоии онҳо ва паст намудани дараҷаи нобаробарии иҷтимоии онҳо кӯшиш менамоянд. Махсусан, давлатҳои демократӣ дар фаъолияти худ кӯшиш менамоянд, ки меъёрҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро бо ҳам мувофиқ ва мутобиқ гардонанд.

Дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад». Бояд гуфт, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои асосии давлати ҳуқуқӣ (эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқ, тақсими ҳокимият ба шохаҳо, гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ ва ғ.) низ мустаҳкам карда шудаанд.


Калидвожаҳо: реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, давлат, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, давлати ичтимои, давлати ичтимои чи гуна давлат аст.

Шарҳ баста аст.