Давлатҳои Ғазнавиёну Қарахониён

Шиддатёбии парокандагии феодалӣ. Дар натиҷаи афзудани зиддиятҳои дохилӣ ва пурзӯр шудани ҷойгоҳи горди ту

ркӣ, қудрати хонадони сомонӣ тадриҷан коҳиш ёфтан гирифт. Ҷангҳои дохилӣ ва майлонҳои марказгурез ситаму бедодро нисбат ба оммаи заҳматкаш зиёд гардонд.

Аз парокандагиву гирифториҳои дохилии Сомониён истифода карда, туркони бодиянишин, ки то дирӯз хироҷпардози давлати сомонӣ буданд, сар аз итоати ҳукумати марказӣ печида, ба ҳуҷум гузаштанд. Махсусан ҳуҷумҳои хоқонати туркони бодиянишини қарахонӣ дар сарнавишти Сомониён ва таърихи минтақа нақши калидӣ дошт. Онҳо нахустин бор соли 992 Бухороро соҳиб гашта, соли 999 барои дуввумин бор пойтахти давлати Сомониёнро ба даст оварданд. Онон барои хотима бахшидан ба ҳукумати Сомониён ҳамаи аъзоёни хонадони сомониро асир гирифта, дар шаҳри Узгенд зиндонӣ карданд. Вале бародари Абдулмалик – Абӯиброҳим Исмоил аз зиндон фирор карда, бо ташкили дастаи мусаллаҳе аз тарафдорони худ барои аз нав барқарор сохтани тоҷу тахти  Оли Сомон талош намуд.

Абӯиброҳим соли 1000 дар набардҳои назди Бухоро ва Самарқанд артиши туркони қарахониро саркӯб карда, муддате ба тахт нишаст ва ҳатто бо лақаби Мунтасир (яъне пирӯз) дар таърих машҳур гардид. Сипас ӯ талош намуд, ки Хуросонро ҳам ба даст оварад. Султон Маҳмуди ғазнавӣ, ки худро меросхӯри Сомониён дар Хуросон эълон карда буд,  аз пирӯзиҳои Мунтасир ба ташвиш афтода, бо Қарахониён қарордод баста, ба амалиёти якҷоя даст зад. Баъзе аз ҷонибдорони Мунтасир ҳам аз миёни туркон даст аз мубориза кашида, ӯро танҳо гузоштанд. Дар натиҷа Мунтасир шикаст хӯрда, соли 1005 аз ҷониби Ибни Баҳиҷ ном араби бодиянишин ба қатл расонида шуд. Ҳамин тавр сарнавишти охирин намояндаи ҳукуматгари хонадони Сомониён ба таври фоҷеъаомез поён ёфт.

Таъсиси салтанати Ғазнавиён. Асосгузори сулолаи Ғазнавиён (961-1187) Алптегин ном саркардаи ҳарбии Сомониён буд. Ӯ солҳо дар артиши Сомониён хидмат карда, то баландтарин рутбаи ҳарбӣ расидааст. Аммо пас аз тира гаштани муносибати ӯ бо амирони сомонӣ, аз итоати Сомониён саркашӣ намуда, ҳатто нерӯҳои ҳарбии Сомониёнро шикаст дод ва соли 961 дар шаҳри Ғазнин аморати мустақили худро таъсис дод. Сомониён танҳо пас аз даргузашти ӯ ҳукумати хешро дар ин минтақа барқарор сохтанд. Ғуломи Алптегин Сабуктегин ҳам солҳо дар артиши Сомониён хидмат карда, муддате пас аз даргузашти Алптегин ба аморати Ғазнин расид, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ расман сар аз итоати давлати Бухоро напечид ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёти хеш (соли 997) ба Сомониён пойбанд монд. Фарзанди Сабуктегин Маҳмуд бошад, ҳамроҳи падар дар воқеъаҳову гиру дорҳои дохилии хонадони сомонӣ иштирок карда, аз ҷониби Сомониён бо унвону лақабҳои ифтихорӣ ҳам мушарраф гардид. Маҳмуд, ки дар фанни ҷангу умури ҳарбӣ нубуге хос дошт, аз авзоъи дохилии Сомониён хуб огоҳ буда, фурсати муносиберо интизорӣ мекашид, то ҳукумати хешро эълон кунад.

Маҳмуд аз заъфу парешонии амирони охирини сомонӣ истифода карда, Хуросонро пурра ба даст овард ва пас аз суқути Бухоро ба дасти Қарохониён худро амири Хуросон эълон карда, бо фиристодани миқдоре ҳадя ин унвонро расман аз халифаи Бағдод дарёфт кард. Маҳмуд сиёсати мазҳабии тундро пеша сохта, ҳамаи рақибони сиёсиву ҳарбияшро низ бо ҷурми «бадмазҳаб» барканор мекард. Дар ин давра фаъолияти рӯҳониёни иртиҷоӣ ва мутаасиб ниҳоят ривоҷ ёфт.

Деҳқонони бонуфузу пурқуввати авлодӣ (ё ба истилоҳ ҳамон феодалҳо) чун замони Сомониён нуфузи зиёд доштанд, аз ин рӯ Ғазнавиён вуҷуди ононро барои худ хатарнок дида, бо ҳар баҳона, аз ҷумла «бадмазҳабӣ» аз миён мебурданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи қатлу мусодираи молу мулки чунин ашхос маълумоти фаровон оварда шудааст.

Салтанати Маҳмуд. Маҳмуд, ки бо номи Маҳмуди Ғазнавӣ ё Султон Маҳмуд машҳур аст, дар давоми сӣ соли ҳукумати худ (999-1030) ба истиқлоли ҳамаи музофотҳои зери таъсираш хотима бахшида, вилоятҳое, ки қаблан ниммустақил буданд, пурра тобеъ намуд. Аз ҷумла Сиистон, Хоразм, Ғур, Хатлон, Чағониён, Рай, Исфаҳон ва ғайра комилан дар итоати Ғазнавиён қарор доштанд. Маҳмуд ба ҳукмронии сулолаҳои тоҷикии фарҳангпарвари Маъмуниёни Хоразм, Фариғуниёни  Гузгонон, Баниҷуриёни Хатлон, Саффориёни Систон хотима дод ва ғуломзодагони ба худ монанд ва содиқро бар ҷойи онҳо ҳоким таъин кард. Яке аз самтҳои асосии ҳаракатҳои низомии Маҳмуд ба Ҳиндустон буд. Ӯ беш аз 15 маротиба ба сарзамини пурнеъмати Ҳинд лашкар кашид. Ин лашкаркашиҳо бо шиорҳои мазҳабӣ пеш бурда мешуданд. Дар аснои ин ҳуҷумҳо ҳазорон нафар ба хоку хун оғушта ва сарвату дороии фаровоне ба дасти лашкар мерасид. Мардуми ҳиндии асиргаштаро ба ғуломӣ фурӯхта, аз ин ҳисоб даромади зиёд ба даст меоварданд. Адади ин ғуломон чунон зиёд мегашт, ки дар шаҳри Ғазнин сиёҳпӯстон аз сафедпӯстон бештар мешуданд ва тиҷорати ғуломон яке аз манбаҳои даромади хазинаи шоҳ мегашт. Шоирони дарбории ӯ ин лашкаркашиҳоро ситоиш менамуданд, вале Носири Хусрав ҳадафи ин ғоратгариҳоро дар шеъраш чунин баён мекунад:

Он к – ӯ ба ҳиндувон шуд, яъне ки ғозиям,

Аз баҳри бардагон, на зи баҳри ғазо шудаст.

Султон Маҳмуд барои дар чашми мардум хуб ҷилва додани ҳукумати худ бар хилофи Сомониён аз нав робитаи наздикро бо Бағдод ва хилофати аббосӣ мустаҳкам намуд. Ӯ худро намоянда ва чокари «амиралмӯминин», яъне халифаи аббосии Бағдод номида, тамоми ҷиноятҳои худро зери ин шиор пинҳон мекард. Яке аз ин шиорҳо аз байн бурдани душманонаш бо баҳонаи «мубориза бар зидди бадмазҳабҳо» пеш бурда мешуд. Ҳангоми забти Рай (соли 1029) бо дастури Маҳмуд ҳазорон нафарро бо гуноҳи «қарматӣ» будан ба дор кашиданд ва китобхонаи нодири шаҳри Райро бо супориши Маҳмуд оташ заданд. Ғорати аҳолӣ ва тороҷгариҳо низ бо номи мубориза бар зидди бадмазҳабон рӯйпӯш карда мешуд. Муаррих Ибни Асир бо вуҷуди он ки ин корҳои Маҳмудро ситоиш мекунад, иброз медорад, ки агар Маҳмуд ба моли касе ҳам чашми тамаъ медӯхт, ӯро бо бединӣ ё қарматӣ будан гунаҳкор мебаровард. Аз ҷумла ба ӯ хабар доданд, нафаре аз аҳолии Нишопр соҳиби молу неъмати фаровон шудааст, ӯро ба дарбори даъват карда, фармуд: ба мо хабар додаанд, ки ту мазҳаби қарматӣ ихтиёр кардӣ. Ин шахси сарватманд фаҳмид, ки ғарази Маҳмуд чист, ба султон пешниҳод кард, ки ҳамаи моламро ба ту бахшидам, танҳо маро аз доштани чунин айбе озод намо. Маҳмуд зуд моли ӯро тасарруф карда, ба ӯ ҳуҷҷат ҳам дод, ки бадмазҳаб нест. Ин гуна мисолҳоро аз рӯзгори Маҳмуд бисёр метавон ном бурд.

Маҳмуд артиши худро аз ҳисоби мардумони гуногуннажод тартиб медод. Дар асфи лашкари ӯ арабҳо, ҳиндиҳо, туркҳо, курдҳо ва ғайра хидмат мекарданд. Онҳо ҳар кадом дар дастаҳои алоҳида адои вазифа карда, Маҳмуд бо рақобат офаридан миёнашон аз эҳтимоли муттаҳид гаштанашон зидди дарбор ҷилавгирӣ менамуд. Гуфтанист, ки дар ин артиш теъдоди тоҷикон хеле зиёд буд ва дини ислом дар сарзамини Ҳинд ҳамроҳ бо забони форсии тоҷикӣ паҳн гардид.

Маҳмуд давлати мутамарказе ташкил дода, иқтидори онро аз ҳисоби ғаниматҳои ҳарбӣ ва пеш аз ҳама аз ҳисоби хироҷ аз аҳолӣ пурзӯр гардонид. Ӯ аз ҳисоби хироҷҳои гарони аз аҳолӣ рӯёнидашуда миқдори зиёди ходимони дастгоҳи идории давлатиро нигоҳ медошт. Бештари кормандони давлатӣ аз ҳисоби тоҷикон буда, забони коргузории девону даргоҳ низ форсии тоҷикӣ буд. Соли 1006 Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳиндустон лашкар кашид. Қарахониён аз ин вазъият истифода бурда, ба Хуросон ҳамла намуданд ва Балх, Тус, Ҳирот ва Нишопурро муҳосира карданд. Аҳолии ин шаҳрҳо бар зидди туркҳо далерона ҷанг карда, худро ҳимоя менамуданд. Маҳмуд дар натиҷаи ҷустани тадбирҳои саривақтӣ ба Балх баргашта, қӯшуни қарохониёнро аз ҳудуди худ берун ронд, аммо ба мардумоне, ки барои дифоъи сарзамини худ ҷангида буданд, дарафтода, иброз дошт, ки шумо раиятро ба ҷанг чӣ кор аст, ҳар подшоҳе ки мулк ӯро зарур аст, худ шуморо ҳифз мекунад. Бо ин гуфта ӯ мехост, ба мардум бифаҳмонад, ки вазифаи асосии аҳолӣ пардохтани молиёт асту итоати бечуну чаро. Пас аз ин ҳодиса дарёи Ҷайҳун (Амударё) сарҳади давлатҳои Қарохониёну Ғазнавиён қарор мегирад, аммо дар давраҳои баъдӣ баъзе мулкҳои Мовароуннаҳр, аз қабили Хутал, Ҷағониён, Қубодиён ва Хоразм низ хироҷгузори Ғазнавиён буданд.

Ғазнавиён дар ҷамъи андоз аз аҳолӣ бераҳмона муносибат мекарданд. Дар натиҷаи андозҳои зиёд бисёр оила ва вилоятҳо хонахароб мегаштанд. Ҳатто дар натиҷаи хушксолӣ ва қаҳтии соли 1011, мардум аз гурӯснагӣ сагу гӯрбаҳоро мехӯрданд. Аз ин рӯ бештари кишоварзон заминҳоро раҳо карда, дар қатори раҳзанони шаҳрӣ дохил ва сафи «ғозиён»-ро зиёд мекарданд. Маҳмуд яке аз подшоҳони машҳур дар таърихи мардуми тоҷик буд, дар адабиёт доир ба ӯ ҳикояҳои зиёде боқӣ мондааст. Хислатҳои далерӣ, ҷанговарӣ, таассуби динӣ, навозиши аҳли илму адабро бештари муаррихон ба ӯ нисбат додаанд.  Дар қатори ин бераҳмӣ ва ҳирси беандоза ба молу мулки дунёиро низ ба ӯ нисбат медиҳанд, то андозае, ки дар лаҳзаҳои охирини зиндагӣ ҳам дар сар фикри сарвату моли андӯхтаашро дошт ва ба қавли Саъдӣ «ҳанӯз нигарон аст, ки мулкаш ба дигарон аст».

Давлати Ғазнавиён минбаъд бо давлати Ғуриён дуру дароз ҷангид, заиф гардид, ниҳоят соли 1187 аз тарафи давлати Ғуриён барҳам дода шуд.

Таъсиси давлати Қарахониён ва забти Мовароуннаҳр. Пас аз барҳамхӯрии Сомониён бештари Мовароуннаҳр дар ихтиёри Қарахониён (999- 1212) қарор гирифт. Дар таъсиси давлати қарохонӣ ҳастаи асосии онро қабилаҳои туркии яғмо, чигил, қарлук ва ғайра ташкил мекарданд. То солҳои 90-уми асри Х ин қабилаҳо аз Қошғар то Исфиҷоб давлате барпо карданд, ки онро муҳаққиқон Қарахониён ё ки Илоқхониён номиданд. Муаррихони тоҷик дар осорашон онҳоро бо номи Хониён ёд кардаанд. Азбаски Қарахониён асоси давлати худро аз иттиҳодияи туркҳои кӯчманчӣ ташкил дода буданд, бинобар ин онҳо ҳаёти нимбодиянишинро аз сар мегузарониданд.

Сарсулола ва ҳокими нахустини онҳо Сотуқ Абдулкарими Қарахон аввалин шуда исломро пазиро гашт. Маҳз қабули ислом аз ҷониби онҳо ва мусалмоншавии аҳолии Тиёншони марказӣ ва Ҳафтрӯд омили муҳими ташкили давлат ва аз аввалин комёбиҳои сиёсии Қарахониён буд. Соли 960 Мӯсо писари Сотуқ исломро дини  ҳоқонии Қарахониён эълон кард.

Давлати Қарахониён давлати мутамарказ набуд. Вай мисли ҳамаи иттиҳодияҳои сиёсии халқҳои кӯчӣ ба мулкҳои калону хурд тақсим мешуд. Сарзаминҳои Қарахониён ба мулки Шарқӣ (асосӣ) бо сардории Ҳоқони Олӣ бо лақаби Арслонхон, қароргоҳаш Балосоғун ва мулки Ғарбӣ (дуюм) таҳти роҳбарии ҳоқони дигар бо лақаби Буғроқарохон марказаш аввал Тироз, баъдтар дар аввали асри XI Қошғар тақсим мешуданд.

Муносибатҳои Қарахониён бо Ғазнавиён дар байни солҳои 999-1040 ҳамеша душманона будааст. Ҳарчанд Ғазнавиён ҳам баромади туркӣ доштанд, аммо ба шаҳодати сарчашмаҳо қарахониёнро туркон гуфта, хитоб мекарданд ва худ бештар ба муҳити тоҷикии Хуросон одат карда, тамоми суннатҳои писандидаи (тоҷикии) Сомониёнро думбол менамуданд.

Таърихи ин давраи Мовароуннаҳр нисбат ба Хуросон бисёр тира аст. Дар дарбори Ғазнавиён, чуноне ки таъкид шуд, ҳазорон шоиру олим ва хусусан муаррихон адои вазиф мекарданд ва бо нигоштани китобҳои зиёди таърихӣ маълумоти моро ғанӣ гардонидаанд, дар Мовароуннаҳр бошад, чунин муҳити солими илмиву адабӣ пас аз Сомониён ба муддати чаҳорсад соли дигар (то ба замони Темуриён) ба таъхир афтод. Дар ҳамон солҳо дар давлати Қарахониён низ баъзе дигаргуниҳо ба амал омад. Давлати Қарахониён, ки ба вилоятҳои ҷудогона тақсим шуда буд, пойдор набуд. Дар натиҷаи муборизаҳои дохилӣ Мовароуннаҳр аз ҳоқонияти ғарбии Қарахониён ҷудо шуд. Дар миёнаи асри XI Наср Бӯритегин ҳокими мутлақи Мовароуннаҳр гардида, пойтахтро аз Узганд ба Самарқанд кӯчонид. Дар давраҳои аввал қарахониён аз аҳолии муқимии Мовароуннаҳр, яъне аз тоҷикон андозҳо гирифта, ба корҳои дохилии онҳо кам дахолат мекарданд. Вале дар замони ҳукмронии хонҳои қарохонӣ Бӯритегин ва писари ӯ Шамсулмулк онҳо аҳолии муқимнишиниро ба зери ҳимояи худ гирифта, сахт истисмор мекарданд. Дар айни замон Бӯритегин ва Шамсулмулк аввалин ҳукмронии қарахонӣ буданд, ки ба корҳои сохтмон ва  бинокорӣ машғул буданд ва ин дар навбати худ таъсири бевоситаи тоҷикон ба бодиянишинон буд.

Дар ибтидо қарахониён бо рӯҳониёни иртиҷоии ислом бар зидди шӯришҳои халқӣ муштарак мубориза мебурданд. Вале дертар дар байни хонҳои қарахонӣ ва рӯҳониён норозигиҳо ба вуҷуд омаданд. Рӯҳониён мехостанд, ки хонҳо иҷрокунандаи иродаи онҳо бошанд. Аммо Бӯритегин бар хилофи интизори руҳониён яке аз пешвоёни ислом олими маъруфи самарқандӣ Абдулқосими Самарқандиро қатл кард. Сипас вориси Бӯритегин Шамсулмулк бошад, шайх Абӯиброҳим Исмоили Сафорро қатл кард ва муборизаи байни рӯҳониёну хонҳои қарахонӣ тезу тунд гардид.

Дар замони Бӯритегин давлати Қарахониён дар Мовароуннаҳр хеле вусъат пайдо кард, вале дар замони ҳукмронии Шамсулмулк заминҳои шимолии Мовароуннаҳр ба дасти Қарахониёни шарқӣ гузаштанд. Пас аз қудратманд шудани Салҷуқиён (солҳо 80-уми асри XI) Қарохониён ба мулки тобеъи онҳо мубаддал гардида, соли 1141 пас аз шикасти қувваҳои якҷояи Қарохониёну Салҷуқиён аз киданҳо дар дашти Қатвон Қарохониён тобеъи киданҳо гардиданд, аммо дар умури дохилӣ ҳамоно мустақилиро нигоҳ доштанд. Аз поракандагӣ ва заифии давлати Қарахониён истифода бурда, дар миёни асри XII дар Бухоро ҳокимият ба ихтиёри арбобони динӣ, Ки садрҳо меномиданд, гузашт ва онҳо «ҳокимияти динию шаҳрвандӣ»-ро ташкил намуданд. Сарвари ҳикимиятро садри ҷаҳон меномиданд. Асосгузори чунин давлат Абдулазиз ибн Умар (соли вафоташ 1141) буд. Арбобони ин ҳокимият ҳар коре, ки мекарданд онро аз рӯи шариати дини ислом ҳақ мебароварданд. Ҳангоме, ки Муҳаммад ибни Аҳмад ном шахс садри ҷаҳон гардид, бедогарӣ ба дараҷаи баланд расид ва мардум ба ӯ лақаби «садри ҷаҳоннам»-ро раво диданд. Ниҳоят, ба ҷабри зулми арбобони олии динӣ тоқат накарда, солҳои 1206 – 1207 дар Бухоро шӯриши калонтарине ба амал омад. Иштирокчиёни фаъоли шӯриш ҳунармандон буданд. Ба шӯриш Малик Санҷар сарварӣ мекард. Шӯришгарон ғалаба ба даст оварда, масъулони «ҳокимияти динию шаҳрвандӣ»-ро аз шаҳр пеш карда, ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Аммо аз вазъият истифода бурда, соли 1207 султон Муҳаммади Хоразмшоҳ Бухороро забт намуд. Пас аз ин ӯ соли 1212 давлат Қарохониёнро низ пурра барҳам дод.

Шарҳ баста аст.