ДАСТГОҲҲОИ ХОРИҶКУНИИ ИТТИЛООТ

Муҳимтарин дастгоҳҳои хориҷкунии иттилоот аз компютер (output devices) монитор ва чопгар ба ҳисоб мераванд.

Монитор яке аз қисмҳои асосии компютери фардӣ буда, барои ба экран баровардани иттилооти матнӣ ва графикӣ хизмат мерасонад. Бо ёрии монитор раванди дохилкунии иттилоот ба хотираи компютер низ зери назорат гирифта мешавад. Мониторро дисплей (display – намоиш) ҳам мегӯянд. Азбаски корбари компютер вақти зиёди худро маҳз дар назди монитор мегузаронад, бинобар он барои таъмин намудани амнияти узвҳои бадани худ ӯ бояд аз мониторҳои баландсифат истифода барад.

Экранҳои найчаашон электронӣ-нурӣ. Мониторҳо дар ду шакл истеҳсол карда мешаванд – НЭН (найчаашон электронӣ-нурӣ) ва ДКМ (дисплейяшон кристалли моеъ). Мониторҳои НЭН шаклан ба телевизор монанданд. Дар онҳо низ чун дар телевизор намоишҳо бо ёрии кинескоп (найчаи электронӣ-нурӣ) нишон дода мешавад. Вале сохти дохилии онҳо аз ҳамдигар фарқи калон дорад. Телевизор таҷҳизоти зеҳнӣ ба ҳисоб меравад. Вай сигналҳои тавассути антенна қабулкардаашро аввал рамзкушоӣ менамояд, баъд аз халалҳои радиоӣ полоиш медиҳад ва пас аз он пешкаши тамошобинон мегардонад. Гарчанде монитори компютер намоишро нисбат ба телевизор саҳеҳтар тасвир карда тавонад ҳам, вале вай видеосигналро бо ёрии симҳо дар намуди тайёр аз видеонозир мегирад.

Ҳоло технологияи НЭН барои КФ бо арзиши камтарин сифати беҳтарини намоишро таъмин мекунад. Ҷузъи муҳимтарини ин навъ мониторҳо кинескопи онҳо ба ҳисоб меравад. Кинескоп аз найчаи герметикии шишагин иборат буда, дохили он вакум аст. Яке аз охирҳои найча, ки дарози борик аст, даҳанаи кинескоп ва охири дигари он, ки кушоду ҳамвор аст, экрани кинескопро ташкил медиҳанд. Шишаи найча аз дохил бо қабати люминофор пӯшонида шудааст. Люминофор – моддаест, ки ҳангоми онро бо зарраҳои заряднок бомбаборон кардан аз худ рӯшноӣ хориҷ менамояд ва дар натиҷа дар экрани монитор тасвири зарурӣ ҳосил мегардад.

Мониторҳои НЭН дар ду намуд истеҳсол карда мешаванд: ранга ва монохромӣ (сиёҳу сафед). Мониторҳои монохромӣ қариб аз байн рафтаанд. Дар компютерҳои фардӣ амсилаҳои гуногуни мониторҳои ранга истифода бурда мешаванд: CGA (Color Graphics Adapter – Адаптери графикии ранга), EGA (Enhanced Color Adapter – Адаптери рангаи васеъкардашуда), VGA (Video Graphics Array – Массиви видеографикӣ).

Кинескопҳо (НЭН) аз рӯи шакли экранашон ба се навъ ҷудо мешаванд – сферикӣ, силиндрӣ ва ҳамвор. Рӯи экранҳои сферикӣ барҷаста буда, ҳамаи нуқтаҳои (пикселҳои) он нисбат ба пушкаи электронӣ дар фосилаи баробар ҷойгир шудаанд. Ин гуна НЭН тасвири баландсифатро таъмин карда наметавонад. Аз ин рӯ, нархи мониторҳо бо НЭН аз ҳама арзон мебошад.

Экрани силиндрӣ шакли сектори силиндрро дорад: аз рӯи амуд – ҳамвор ва аз рӯи уфуқ – мудаввар. Бартарии ин навъ экран нисбат ба экранҳои маъмули ҳамвор – равшании зиёд ва дурахши ками он ба ҳисоб меравад. Тамғаи асосии тиҷории ин навъ экранҳо Trinitron ва Diamondtron мебошад.

Дар оянда шояд технологияи НЭН-ро технологияҳои плазмӣ ё ДКМ иваз намоянд. Ин технологияҳо аз сабаби гаронии нархашон имрӯз татбиқи худро танҳо дар ноутбукҳо ва мониторҳои махсусгардонидашудаи истеҳсолӣ (ҳамагӣ 10%) ёфтаанд. Вале мониторҳои ҳамворэкран (Flat Square Tube) ва дисплейҳои кристалли моеъ (LCD-монитор – Liquid Crystal Display) технологияҳои ояндадор ба ҳисоб мераванд.

Мониторҳои дисплейяшон кристалли моеъ (ДКМ). Экрани монитори LCD аз моддаи сианофенил сохта шудааст. Ин модда дар ҳолати моеъ қарор дошта, баъзе хосиятҳои ҷисмҳои кристаллиро дар худ дорад. Тарзи кори ДКМ ба ҳодисаи поляризатсияи сели рӯшноӣ асос ёфтааст. Ҳангоми баландшавии шиддати барқӣ тамоюли молекулаҳои кристаллҳо тағйир ёфта, онҳо дар экран тасвири заруриро ҳосил мекунанд. Бартарии технологияи ДКМ аз дигар технологияҳо дар он аст, ки экран бо фокуси аъло таъмин буда, дар он таҳрифҳои геометрӣ, якҷояшавии рангҳо ва ларзиш ё милт-милткунии экран ба чашм намерасад.

Кристаллҳои моеъ татбиқи аввалини худро дар дисплейи калкуляторҳо ва соатҳои электронӣ ва баъдтар дар монитори компютерҳои портативӣ ёфтаанд. Имрӯз онҳо ба таври васеъ дар LCD-дисплейҳои компютерҳои фардии рӯи мизӣ истифода мешаванд. Тибқи баҳои коршиносони ширкати DisplaySearch дар ояндаи наздик (пас аз 5-7 сол) LCD-дисплейҳо ё пурра иваз мегарданд ва ё бо таҷҳизоти зерин муҷаҳҳаз гардонида мешаванд:

  • микродисплей;
  • дисплейҳои нурафкани дар заминаи маводҳои органикӣ (LEP) сохташуда;
  • дисплейҳои дар заминаи эмиссияи автоэлектронии FED (Field Emisson Display) сохташуда;
  • дисплейҳои поликристаллии кремниявии LTPS (Low Temperature PolySilicon) бо истифодаи ҳарорати паст;
  • дисплейҳои плазмавии PDP (Plasma Display Panel).

Нишондодҳои мониторҳо. Яке аз нишондодҳои муҳими мониторҳо андозаи экрани онҳо ба ҳисоб меравад. Андозаи экранро аз рӯи бузургии диагоналаш муайян месозанд ва бо дюймҳо чен мекунанд. Дюйм – ченаки дарозӣ буда ба 25,4мм баробар аст. Аввалин LCD-дисплейҳо бисёр хурд (8 дюйм) буданд. Ҳоло андозаи онҳо барои ноутбукҳо 15 дюйм ва компютерҳои фардии рӯи мизӣ 20 ва зиёдтар дюймро ташкил медиҳад. Умуман андозаи мониторҳо ба 15-21 дюйм баробар аст.

Нишондоди дигаре, ки сифати намоиши мониторро муайян месозад андозаи нуқтаи тасвиркунии он аст. Ин нишондод бояд аз 0,28мм зиёд набошад. Барои мониторҳои сифаташон баланд андозаи нуқтаи тасвиркунӣ ба 0,25-0,26мм баробар аст. Агар ин нишондод 0,31-0,39мм бошад, он гоҳ монитор сифатан паст ҳисоб карда мешавад. Истифодаи ин гуна монитор барои чашм хатарнок аст.

Нишондоди навбатии монитор имконияти ҳалкунандагии он аст, ки бо миқдори нуқтаҳои ба самтҳои уфуқӣ ва амудӣ паҳншаванда чен карда мешавад. Видеосигнале, ки аз видеонозир ба монитор равон карда мешавад шакли тӯри росткунҷаро дорад. Дар буриши сатру сутунҳои ин тӯр нуқтаҳои ранга ҳосил мешаванд. Ҳар қадар миқдори нуқтаҳои тӯр зиёдтар бошад, ҳамон қадар сифати тасвиркунии монитор низ беҳтар мешавад. Масалан, ҳалкунандагии 640х480 маънои онро дорад, ки тасвири экранӣ аз 640 нуқта ба самти уфуқӣ, 480 нуқта ба самти амудӣ ва дар маҷмӯъ аз 640х480=307200 нуқта иборат аст. Барои монитори 17 дюймӣ, ки нуқтаи тасвиркуниаш ба 0,25-0,26мм баробар аст, ҳалкунандагии 1280х1024 нишондоди хуб ба шумор меравад.

Монитор видеосигналҳоро сатр ба сатр инъикос менамояд, яъне вай аввал қатори якуми нуқтаҳоро ба экран бароварда, баъд ба қатори дуюм мегузарад. Барои аз як қатори нуқтаҳо ба қатори оянда гузаштан ва баръакс ба қатори болоӣ бозгаштан, видеонозир ба монитор сигналҳои идоракунии махсусро равон мекунад.

Зудии (миқдор/сония) сигналҳои идоракуниро аз қатори нуқтаҳои додашуда ба қатори нуқтаҳои навбатӣ (поёнӣ) зудии паҳнкунии уфуқӣ ё зудии сатрӣ мегӯянд. Зудии сигналҳои идоракуниро аз қатори нуқтаҳои додашуда ба қатори нуқтаҳои болоӣ (пешина) зудии паҳнкунии амудӣ ё зудии кадрӣ мегӯянд.

Агар бузургии сатрӣ барои ҳамоҳанг сохтани видеонозир ва монитор пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ зудии кадрӣ пеш аз ҳама ба инсон дахл дорад, чунки ин зудӣ миқдори ивазшавии тасвирро дар экран ифода мекунад. Ҳангоми кам будани бузургии зудии кадрӣ чашмони инсон милт-милткунӣ ва ларзиши тасвирҳоро дар экран эҳсос мекунад, ки он чашмро зуд монда ва ҳатто дарднок мегардонад. Дар вақти зудии кадрӣ ба 75-80герс баробар будан ларзиши тасвирҳо дар экран гум мешавад. Зудии кадрии 80-герса нишондоди хуби монитор ва 85-герса хубтар шумурда мешавад. Зудиҳои кадрии аз 70-72герс кам буда барои саломатии инсон хатарноканд. Одатан дар реҷаи кории матнӣ экрани монитор ба 25 сатр ва 80 сутун ва дар графикӣ ба 480 сатр ва 640 сутун баробар аст. Ин ададҳо вобаста ба амсилаи монитор метавонанд тағйир ёбанд.

Эзоҳ: Герс воҳиди ченаки зудии лаппиши раванди даврӣ буда, дар як сония иҷрошавии як даври равандро ифода менамояд.

Ҳамин тариқ, тасвири мониторро ба охир расонида, як нуқтаро қайд менамоем, ки агар дар тани монитор тамғаи Energy Star мавҷуд бошад, он гоҳ метавонед дилпур бошед, ки ин монитор қувваи барқро сарфа менамояд ва ба шумо дуру дароз хизмат мекунад. Илова бар ин, агар монитор ба стандартҳои ҷаҳонии TCO’92 ё TCO’95 мувофиқат кунад, он гоҳ вай, албатта, соҳиби функсияи захиракунии энергия мебошад. Мониторҳои навъи НЭН вобаста аз андозаи экранашон аз 65 то 140Вт, навъи ДМК аз 25 то 70Вт (ба ҳисоби миёна 35–40Вт) ва плазмавӣ аз 250 то 500Вт энергияи барқро истеъмол мекунанд.

Танзими экрани монитор. Ҳангоми кор бо компютер имконият ҳаст, ки нишондодҳои экрани мониторро мувофиқи талаботҳои худ ба танзим орем. Барои ин дар лавҳаи идоракунии система нишонаи Экран-ро пахш мекунем. Дар натиҷа равзанаи хосиятҳои Экран пайдо мешавад.

Тавассути лавҳаи чапи равзанаи Экран интихобҳои ҳалкунандагӣ, дараҷаи равшанӣ, ғунҷоишӣ, рангӣ ва дигар параметрҳои экранро ба танзим овардан мумкин аст. Бо ёрии қисми рости равзана бошад имконияти андозаи ҳуруф ва дигар ҷузъҳои экранро тағйир додан вуҷуд дорад.


Калидвожаҳо: ДАСТГОХХОИ ХОРИЧКУНИИ ИТТИЛООТ, экрани компютер.

Шарҳ баста аст.