Дараҷаҳои амалишавии сиёсат

Сиёсат аз рӯйи дараҷаи амалишавии худ ба сиёсати ҷаҳонӣ, сиёсати давлатӣ (миллӣ) ва сиёсати минтақавӣ ҷудо мешавад. Сиёсати минтақавиро, дар навбати худ, дар ду маъно фаҳмидан мумкин аст: якум, сиёсати минтақавии кишварҳои ҷаҳонӣ ва дуюм, сиёсати минтақавии минтақаҳои маъмурию давлатӣ. Инчунин самти сиёсат вобаста бо соҳаҳое, ки ба онҳо таъсир мерасонад, ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешавад: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, миллӣ, демографӣ, илмию техникӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ, ҳарбӣ ва ғ.

Сиёсати ҷаҳонӣ соҳаи муносибатҳоест, ки миёни давлатҳои алоҳида ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ба амал меояд.

Сиёсати давлатӣ ё худ сиёсати миллӣ фаъолияти сиёсии давлати алоҳидаро дар бар гирифта, онро ба сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ тақсим менамоянд. Сиёсати дохилии давлат метавонад дар якчанд дараҷа амалӣ гардад:

  1. Дар дараҷаи паст. Фаъолияти сиёсии фардҳои алоҳида ва иттиҳодияҳои алоҳида (ҳалли масъалаҳои маҳаллӣ, шароитҳои зисту зиндагӣ, мактаб, донишгоҳҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғ);
  2. Дар дараҷаи маҳаллӣ. Таъсиррасонии давлатӣ ба воситаи органҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва худидоракунӣ. Инчунин аз ҷониби гурӯҳҳо ва иттиҳодияҳои манфиатдори маҳаллӣ.
  3. Дар дараҷаи умумимиллӣ. Фаъолияти сиёсии институтҳои олии ҳокимияти давлатӣ (ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ), ташкилоти роҳбарикунандаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ.

Сиёсати минтақавии минтақаҳои ҷаҳонӣ дар муносибати давлатҳои абарқудрат нисбат ба минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон ифода меёбад, масалан, муносибати Русия, Амрико, Чин ва Эрон нисбат ба минтақаи Осиёи Марказӣ.

Сиёсати минтақавии минтақаҳои маъмурию давлатӣ аз ҷониби давлат идора гардидани минтақаҳои алоҳидаи кишварро дар бар мегирад. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идора кардани вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМБК ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳамчун сиёсати минтақавии Тоҷикистон фаҳмида мешавад. Дар давлатҳои дигар низ чунин равандро мушоҳида кардан мумкин аст.

Шарҳ баста аст.