Дар мадҳи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

0
52

Ба сухан монад шеъри шуаро,

Рӯдакиро суханаш талвиност2.

Загрузка...

Шоиронро хаву3 аҳсант4 мадеҳ5,

Рӯдакиро хаву аҳсант ҳиҷост6.

Шаҳиди Балхӣ (асри X)


Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Киро Рӯдакӣ гуфта бошад мадеҳ

Имоми7 фунуну8 суханвар бувад.

Дақиқӣ мадеҳ оварад пеши ӯ,

Чу хурмо ба пеши Хаҷевар9 барад.

Дақиқӣ (асри X)


Ғазал Рӯдакивор некӯ бувад,

Ғазалҳои ман Рӯдакивор нест.

Агарчи бикушам ба борикӣ ҳам,

Дар ин парда андар маро бор нест.

Унсурӣ (асри XI)


Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро ман шумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд агар он чунон, ки бояд бишмарӣ.

Рашидии Самарқандӣ (асри ХII)


 Калимаю ибораҳои тоза

  1. Мутрибон — ҳофизон, навозандагон.
  2. Талвино — хурмои пухтаи ранговарда.
  3. Хав — хуб, хуш, офарин.
  4. Аҳсант — офарин ба ту.
  5. Мадеҳ — мадҳия, таърифу тавсиф.
  6. Ҳиҷо — ҳаҷв, масхара.
  7. Маънои ин қитъа чунин аст: шеърҳои шоирон ба сухан, вале шеърҳои Рӯдакӣ ба хурмои пухтаи ранговарда монанд аст. Шоирони дигар таърифу тавсифро шеъри мадҳия шуморанд, ҳаҷву таъриф дар назари Рӯдакӣ шеъри нописанд аст. Имом ин ҷо ба маънои пешво ва бузург омадааст.
  8. Фунун — фанҳо.
  9. Ҳаҷевар — номи яке аз маҳалҳои серхурмо аст.

Дар мадхи устод Абуабдуллохи Рудаки