Панду андарз – Дар баёни “нафс”

0
88

Оқил он бошад, ки ӯ шокир бувад

В-он гаҳе бар нафси худ қоҳир бувад.

Загрузка...

Ҳар кӣ хашми худ фуру хӯрд эй ҷавон,

Бошад ӯ аз растагорони ҷаҳон.

Он бувад аблаҳтарини мардумон,

К-аз пайи нафсу ҳаво бошад давон,

В-он гаҳе пиндорад он торикрой

Хоҳад омурзиданаш охир Худой.

Гарчӣ дарвешӣ бувад сахт, эй писар,

Ҳам зи дарвешӣ набошад хубтар.

Хар кӣ ӯро нафси тавсан ром шуд,

Аз хирадмандони некӯном шуд.

Бар муроди нафс то гардӣ асир,

Сабр бигзину қаноат пеша гир.

Дар риёзат нафси бадро гӯшмол

То наяндозад туро андар вубол

Ҳар ки хоҳад, то саломат монад,

Аз ҷамеи халқ рӯ гардонад ӯ.

Мардумонро cap ба cap дар хоб дон,

Гашт бедор он ки ӯ рафт аз ҷаҳон.

Он ки ӯ ранҷонадат, узраш пазир,

То биёбӣ мағфират бар вай магир.

Ҳақ надорад дӯст халқозорро,

Нест ин хислат яке диндорро.

Аз ситам ҳар кӯ дилеро реш кард,

Он ҷароҳат бар вуҷуди хеш кард.

Он кӣ дар банди дилозорӣ бувад,

Дар уқубат кори ӯ зорӣ бувад.

Эй писар, қасди дилозорӣ макун

В-аз Худои хеш безорӣ макун.

Хотири касро маранҷон, эй писар,

В-арна хӯрда захм бар ҷон, эй писар.

Номи мардум ҷуз ба некӯӣ мабар,

Гар ҳамехоҳӣ, ки гардӣ муътабар.

Қуввати некӣ надорӣ, бад макун,

Бо вуҷуди худ ситам беҳад макун.

Рав, забон аз ғайбати мардум бубанд,

То набинӣ даступои худ ба банд.

Ҳар кӣ аз ғайбат забонаш баста нест,

Ончунон кас аз уқубат раста нест.


Аз “Панднома”-и Аттор