Давлати Мод (715-550 п.м.)

Дар асрҳои XV-X п.м. дар шимолу ғарби Эрон қабилаҳои ориёӣ зиндагӣ мекарданд. Ба ақидаи аксари олимон онҳо ба ин ҷо аз Осиёи Миёна омада буданд. Дар навиштаҷоти ошурӣ (ассириягӣ) ва бобулӣ онҳоро мадая меномиданд. Дар асрҳои IX-VIII п.м. Ошур панҷ маротиба ба сарзамини мадайҳо ҳуҷум карда, онро талаву тороҷ намуд. Мувофиқи ахбори Ҳеродот яке аз пешвоёни мадайҳо Дейок (шакли эрониаш Даҳюк) қабилаҳои пароканда ва бо ҳам мухолифро муттаҳид карда, давлати Модро (Мидия) ташкил мекунад. Пойтахти он ш. Ҳангматана (Ҳамадон, шакли юнониаш Экбатана) буд. Ин ҳодиса тақрибан дар соли 715 п.м. рух додааст. Модҳо батадриҷ нерӯманд шуда, давлати худро васеъ мекунанд. Соли 672 п.м. шоҳи Мод Каштарити ба Ошур ҳуҷум карда, қалъаҳои Хархор ва Кишесуро муҳосира мекунад. Шоҳи дигари Мод Фраорт (Фраварташ) дар байни солҳои 647-625 п.м. вилояти Форс, Мана ва Урартуро забт мекунад. Шоҳи Мод Хувахшатра (Киаксар, соли 625-585) артиши касбии доимамалкунандаро ташкил карда, с. 614 п.м. ба Ошур ҳуҷум мекунад ва с. 612 п.м. пойтахти он ш. Ниневияро ишғол менамояд. Соли 605 модҳо дар якҷоягӣ бо бобулиҳо охирин қароргоҳи шоҳи Ошур ш. Каркамишро дар ҷануби ин кишвар ишғол карда, ин давлати як вақтҳо хеле пурзӯру тавоноро аз байн бурданд. Баъди ин ба Лидия ҳуҷум мекунанд, аммо ҷанги панҷсолаи онҳо соли 584 бо сулҳ ва духтари шоҳи Лидияро ба зани гирифтани писари шоҳи Мод ба анҷом мерасад. Соли 570 п.м. мадайҳо барои ба баҳри Миёназамин ва баҳри Сиёҳ роҳ ёфтан ба Осиёи Хурд ҳуҷум карда, Каппадокияро ишғол менамоянд.
Ҳамин тавр Мод дар қатори Бобул ва Миср ба яке аз давлатҳои тавонои замони худ табдил меёбад. Ба ҳайати он тамоми Эрон, дар шарқ Порт, Гиркания, Арейя ва Дрангиана, дар ғарб Мана, Урарту (Арманистон), Каппадокия, шимоли Байнаннаҳрайн ва як қисми Шом (Сирия) дохил мешуданд.
Сардори давлат дар Мод подшоҳ буд. Зинаи дуюми ҳокимиятро вазир ишғол мекард. Шӯрои дарборӣ ваколати машваратӣ дошт. Ба гуфти Ҳеродот шоҳ дар асоси қонун амал мекард ва ҳукм мебаровард. Лашкар касбӣ ва доимоамалкунанда буд. Ҳуҷҷатҳо бо хати мехӣ ва забонҳои ориёӣ ва аккадӣ навишта мешуданд.
Сохти иҷтимоии мадайҳо табақавӣ буд, гарчанде, ки муносибатҳои авлодӣ-қабилавӣ эҳтимол ҳанӯз пурра аз байн нарафта буданд. Ашрофон, сипоҳиён ва рӯҳониён табақаи олӣ ва кишоварзону ҳунармандон табақаи миёнаро ташкил мекарданд.
Шоҳ, дарбориён ва мардуми Мод пайрави дини зардуштӣ буданд. Дар ин бора ёд шудани номи Аҳура Маздо дар навиштаҷоти ошурӣ, ахбори Ҳерадот дар бораи қабилаи муғон (рӯҳониёни зардуштӣ) дар Мод ва маросими гӯркунии форсҳо ва мадайҳо, ки мисли маросими зардуштиён аст, номҳои шахсӣ, ки дар таркибашон номи худоҳои Авестоӣ доранд, шаҳодат медиҳанд.
Муғон дар ҷомеъа ва умури идорӣ нуфузи калон доштанд. Ҳеродот мегӯяд, ки дар дарбори шоҳи Мод шӯрои муғон амал карда, муҳимтарин масъалаҳои давлатиро ҳал мекард.
Шаҳру қалъасозӣ дар Мод хеле инкишоф ёфта буд. Ба қавли Ҳеродот қалъаи ш. Ҳангматана ҳафт девори мудаввари дарун ба дарун дошт. Бостоншиносон боқимондаҳои чандин шаҳрҳои мадайҳоро, ки дорои деворҳои мустаҳками мудофиавӣ бо бурҷҳо, толорҳои бошукӯҳи сутундор, биноҳои истиқоматӣ ва дигар сохтмонҳо буданд, ҳаффорӣ кардаанд. Дар катибаҳои ошурӣ аз 1200 қалъаҳои мадайҳо ёд мешавад. Дар ин катибаҳо тасвири қалъаҳо низ дучор мешавад, ки хеле мустаҳкам ва дастнорас буданд.
Охирин шоҳи Мод Астиаг (с.585-550) буд. Аз гуфтаҳои Ҳеродот бармеояд, ки ӯ шахси золим буда, ҳатто ба наздиконаш раҳм намекардааст. Дар байни ӯ ва вазираш Гарпаг, ки хеши наздики ӯ буд, ихтилоф ба амал меояд ва ӯ барои танбеҳ додани вазир писари ӯро ба қатл мерасонад. Дарбориёни аз сиёсати Астиаг норозӣ буда, дар атрофи рақиби бонуфузи ӯ Гарпаг муттаҳид мешаванд ва барои аз тахт сарнагун кардани ӯ фурсат мепоянд. Аз ин шоҳи Форс Куруш истифода бурда соли 550 Модро ишғол менамояд ва ба мавҷудияти ин давлат хотима мебахшад.
Ташкил шудани давлати Мод дар таърихи халқҳои ориёӣ марҳилаи муҳим буд. Эрониҳо дар Шарқи Наздик ва Миёна ба қувваи пешбари сиёсӣ табдил ёфтанд. Бори нахуст эрониёни ғарбӣ (мадайҳо ва форсҳо ва ғайра) бо қисми калони эрониёни шарқӣ (портҳо, гиркониҳо, арейягиҳо ва ғайра) дар ҳайати як давлат муттаҳид шуда, барои инкишофи тамаддуни ягонаи умумиэронӣ ва ташкил шудани империяи пуриқтидори Ҳахоманишиён заминаи боэътимод муҳайё сохтанд.

Шарҳ баста аст.