Чорабиниҳои Ҳокимияти Шӯравӣ барои мустаҳкам намудани тартиботи нав дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон

Кумитаҳои инқилобӣ ва ба Шӯроҳо табдил додани онҳо. Дар ҳар ноҳияҳои ҳудуди кишвари Туркистон, аз он ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон, ҳамин ки ё дар натиҷаи амалиёти ҷангии аскарони сурх, ё ба тарзи осоишта ҳокимияти шӯравӣ барпо карда мешуд, сараввал чун дар Русияи Марказӣ, кумитаҳои инқилобӣ, яъне ревкомҳо ташкил карда, ҳокимиятро ба ихтиёри онҳо месупориданд. Ин кумитаҳо мувофиқи талаби замон функсияҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва судиро ба худ доштанд. Ҳамин ки дар ин ё он ниҳия ба муқобили тартиботи нав хавфи зиёдро эҳсос намекарданд, кумитаи инқилобии маҳаллиро ба Шӯроҳои маҳаллӣ табдил дода, ҳокимиятро ба ӯҳдаи кӯмитаҳои иҷроияи онҳо мегузоштанд. Ё худ баръакс, ҳангоми зиёда пай бурдани хавфи ҳаракати зиддишӯравӣ, дар ин нуқтаҳо ҳамоно ба ҷои Шӯроҳо боз кумитаҳои инқилобиро аз нав барқарор мекарданд. Зеро, Шӯроҳо ҳамчун органи интихобӣ буда, барои роҳбарони ҳамонвақта ба онҳо дохил намудани шахсони зарурӣ чандон кори осон набуд. Аъзоёни кумитаҳои инқилобиро бошад худи онҳо таъин менамуданд. Танҳо дар баъзе ноҳияҳои аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ хеле қафомонда, ба монанди Кӯҳистони Бадахшон ҳайати кумитаҳои инқилобӣ низ интихобӣ буданд. Дар ин ҷо мақсади асосӣ, бо ҳамин роҳ ба сӯи тартиботи нав ҷалб намудани мардум ба ҳисоб мерафт. Кумитаҳои инқилобии маҳалҳо, яъне деҳагӣ (қишлоқӣ), волостӣ, уездӣ ба воситаи кумитаҳои инқилобӣ ё худ Кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ба кӯмитаҳои инқилобӣ ё худ Кумитаҳои Иҷроияи Марказии (КИМ) ҷумҳуриявӣ итоат мекарданд.

Дар Кӯҳистони Бадахшон соли 1922 хавфи сар задани ҳаракати зиддишӯравӣ гӯё аз байн рафт. Моҳи майи он сол дар ҳудуди Помири Ғарбӣ интихобот ба ҳайати Шӯроҳои маҳаллӣ оғоз гардид. Бо ҳамин дар Кӯҳистони Бадахшон давраи аз кумитаҳои инқилобӣ ба Шӯроҳо гузаштан оғоз гардид. Дар Помири Шарқӣ бошад соли 1923 аз кумитаҳои инқилобӣ ба Шӯроҳо гузаштанд. Вале дар Кӯҳистони Бадахшон ҳанӯз ҳам амалан ҳокимият дар ихтиёри сарвари отряди Помир буда, ӯ мисли пештара нуфузи зиёд дошт. Вай дар як вақт намояндаи ГПУ (Управленияи сиёсии давлатӣ) ва аъзои Сегонаи ҳарбию сиёсӣ ба ҳисоб мерафт.

То соли 1923 дар ҳудуди бисёр ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ кумитаҳои инқилобӣ бо роҳи интихобот аллакай ба Шӯроҳо табдил ёфта буданд. Вале аз нимаи дуюми он сол, бо сабаби асосан ба охир расидани ҳаракати зиддишӯравӣ, ба тарзи умумӣ аз кумитаҳои инқилобӣ ба Шӯроҳо гузаштанд.

Умуман кумитаҳои инқилобӣ дар барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон мақоми асосиро бозиданд. Онҳо ҳамчун органи ғайридемократӣ ҳангоми эҳсос намудани хавфи чорабинӣ ё худ ҳаракатҳои зиддишӯравӣ қодир буданд, ки ба муқобили онҳо тамоми имкониятҳои зӯровариро истифода кунанд.

Чорабиниҳо барои муҳофизати тартиботи нав. Яке аз вазифаҳои муҳимтарине, ки дар назди ҳокимияти нав меистод ин муҳофизати музаффариятҳои ба даст дароварда ба ҳисоб мерафт. Яъне, акнун қуввае лозим буд, ки тартиботи навро ҳифз ва нигаҳдорӣ кунад. Чунин вазифаро дар замони Ҳукумати Муваққатӣ милитсия иҷро мекард. Вале амалдорони тартиботи нав акнун ба милитсияи собиқа боварӣ надоштанд. Ҳукумати нав — Шӯравӣ, ки ҳокимияти синфи коргару деҳқон ҳисоб мешуд, бинобар ин лозим донист, ки барои муҳофизати тартиботи нав милитсияи коргару деҳқонро ташкил диҳад. Оиди ташкили он 28 октябри (10 ноябри) соли 1917 қарори Комиссариати корҳои дохилии Федератсияи Русия баромад. Дар асоси ҳамин қарор дар марказ ва маҳалҳо, аз ҷумла дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон махсусан аз ҳисоби коргарон милитсияи шӯравӣ ташкил меёфт.

Масъалаи дигаре, ки ҳукуматдорони Шӯравӣ ҳар чӣ зудтар ҳал намудани он ва ба талаботи сохти нав — Шӯравӣ мувофиқ намуданашро зарур меҳисобиданд ин ислоҳоти тартиботи судӣ буд. 22 ноябри (5 декабри) соли 1917 декрети Шӯрои Комиссарони халқии Федератсия Русия дар бораи барҳам додани судҳои замони подшоҳӣ баромад. Дар асоси ин ҳуҷҷат ҳукумати кишвари Туркистон моҳи декабри ҳамон сол оиди судҳои кишварӣ декрет баровард. Мувофиқи он ба ҷои судҳои собиқа, аз ҷумла судҳои қозигӣ, бо ном судҳои халқӣ ва интихобӣ будани мушовирони судӣ ҷорӣ карда шуд.

Вазифаи сеюми муҳимтарине, ки ҳукуматдорони шӯравӣ дар назди худ гузошта буданд ин ташкили аскарони сурхи инқилобӣ ба ҳисоб мерафт. Бо ҳамин мақсад 28 ноябри соли 1917 ҳукумати Туркистон дар бораи ташкили аскарони сурхи кишвар қарор баровард. Аммо дар ҳайати қисмҳои аскарони сурх ихтиёрони маҳаллӣ хеле камшумор буданд. Бинобар ин 10 майи соли 1920 Ҳокимияти Шӯравӣ дар бораи ба ҳайати аскарони сурх даъват намудани мардуми ғайрирус, аз он ҷумла халқҳои маҳаллии туркистонӣ декрет баровард. Мувофиқи он мардони синнашон аз 19 то 35 сола ба хизмати умумӣ даъват мегардиданд. Дар асоси ҳамин декрет мебоист аз ҳисоби мардуми маҳаллии кишвари Туркистон ба сафҳои аскарони сурх 30 ҳазор нафар сафарбар карда мешуд.

Чорабиниҳо барои аз нав барқарор намудан ва инкишоф додани хоҷагии халқ. Дар шароити ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон низ масъалаи барқарор намудан ва инкишофи хоҷагии халқ бештар аз сиёсати нисбат ба деҳқон пешгирифтаи тартиботи нав вобастагӣ дошт. Зеро, дар ноҳияҳои номбурда қисми асосии аҳолиро маҳз деҳқонон ташкил медоданд. Синфи коргар бошад хеле камшумор, дар Кӯҳистони Бадахшон, ба ғайр аз мардикорон, онҳо тамоман набуданд. Бинобар ин муносибати мардуми маҳаллӣ аз бисёр ҷиҳат ба ҳар чӣ зудтар амалӣ гардидани «Декрети замин» вобастагӣ дошт.

Сиёсати аграрии Ҳокимияти Шӯравӣ ҳам ба декрети номбурда асос меёфт. Шарҳи ин қонун дар низомномаи кумитаҳои замину об ва қонуни асосӣ оиди сотсиализатсияи замин (аз 19 феврали соли 1918) ҷой дошт. Моҳияти ин сиёсат аз он иборат буд, ки бо роҳи милликунонии замин моликияти хусусӣ будани онро барҳам дода, ба шакли хоҷагидории коллективӣ гузаранд.

Дар асоси қарорҳои Шӯрои Комиссарони Халқии кишвари Туркистон аз 6 ва 9 декабри соли 1917 дар ҳудуди кишвар ба хариду фурӯши замин хотима гузошта шуд. Тамоми заминҳо, ба ғайр аз участкаҳои дар ихтиёри деҳқонҳо буда, ба ихтиёри кумитаҳои замин гузашт. Инчунин тамоми аппарати кӯҳнаи идоракунии аграриро барҳам доданд. Дар кишвар роҳбарии тамоми корҳои кишоварзӣ ба ихтиёри комиссариати халқӣ оид ба корҳои зироат гузашт. 28 феврали соли 1918 ин комиссариат, дар асоси қарори анҷумани IV Шӯроҳои кишварӣ (аз январи он сол), ба тамоми деҳқонон оиди ташкил додани кумитаҳои замину об муроҷиат кард. Бояд тамоми замин, сохтмон, воситаҳои истеҳсолот, захираҳои хӯрокворӣ, об ва ғайра аз ихтиёри он хоҷагиҳое, ки худ меҳнат намекарданд, ба ихтиёри ҳамин кумитаҳо мегузаштанд. Дар навбати худ ҳукуматдорони шӯравӣ ният доштанд, ки ба воситаи кумитаҳои номбурда бо деҳқонон наздик бошанд ва бо талаби онҳо хубтар огоҳ гарданд.

Соли 1918 кумитаҳои замину об аллакай қариб дар тамоми ноҳияҳои кишвари Туркистон, аз он ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ба вуҷуд омаданд. Минбаъд амалӣ гардидани чорабиниҳои ҳокимияти шӯравӣ оиди замин аз фаъолияти ҳамин кумитаҳо вобастагӣ дошт.

Апрели соли 1918 анҷумани V Шӯроҳои кишвари Туркистон қонуни асосиро оиди сотсиализатсияи замин қабул кард. Дар асоси он сиёсати милликунонии замин, ки аллакай оғоз гардида буд, ба қонуният дароварда шуд. Мувофиқи он сараввал ба милликунонии мулкҳои ширкатҳои собиқа, ҷамъиятҳои гуногун, заминдорони калон ва ғайра шурӯъ намуданд.

Аз тарафи кумитаҳои замину об тамоми заминҳо ба ҳисоб гирифта мешуд. Дар он ноҳияҳое, ки дар ихтиёри деҳқонон ҳиссаи замин ночиз буд, замин илова карда мешуд, ё худ деҳқононе, ки безамин буданд, бо замин таъмин мегардиданд. Дар асоси декрети КИМ Умуруссиягӣ аз 11 июни соли 1918 тобистон ва тирамоҳи ҳамон сол дар бисёр ноҳияҳои кишвари Туркистон кумитаҳои қишлоқии камбағалон ба вуҷуд омаданд. Чунончӣ, ноябри ҳамон сол ингуна кумитаҳо дар тамоми волостҳои уезди Хуҷанд ташкил ёфтанд. Ин кумитаҳо на танҳо бо тақсими ғалла, балки мебоист бо корҳои кӯмак расонидан ба деҳқонон, аз ҷумла таъмини онҳо бо асбобҳои кишоварзӣ машғул мешуданд. Дар худи ҳамон сол дар як вақт бо кумитаи камбағалон иттифоқи камбағалон низ арзи ҳастӣ намуд. Ин иттифоқ нисбат ба кумитаи камбағалон ташкилоти оммавитар буд. Бинобар ҳамин ҳам ин иттифоқро ташкилоти касбии синфӣ меномиданд. Он баъзан «Иттифоқи деҳқонони камзамину безамин» низ номида мешуд. Соли 1919 аллакай дар бисёр ноҳияҳои уезди Хуҷанд ташкилотҳои «Иттифоқи камбағалон» ташкил ёфтанд. Миқдори онҳо танҳо дар гурӯҳи ноҳияҳои Ӯротеппа, ки ҳамон лаҳза уезди Ӯротеппа меномиданд, ба 29 адад расида буд.

«Иттифоқи камбағалон» деҳқононро на танҳо бо масъалаҳои иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати сиёсӣ низ муттаҳид менамуд. Ягонагии вазифа ва мақсадҳои дар назди «Кумитаи камбағалон» ва «Иттифоқи камбағалон» истодаро ба инобат гирифта, баҳори соли 1921 ба ҷои онҳо ташкилоти ягонаи «Иттифоқи ҷуфтгарон» («Қӯшчӣ»)-ро ташкил доданд.

«Иттифоқи ҷуфтгарон» ташкилоти ҷамъиятии деҳқонон, камбағалон, чоряккорон ва мардикорон ҳисоб мешуд. Он агарчанде ба худ ягон хел функсияи давлатиро надошт, аммо дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона иштирок намуд. Аъзоёни «Иттифоқи ҷуфтгарон» худ дар замин кор мекарданд. Онҳо аз тарафи ҳокимият зиёда дастгирӣ медиданд. Дар натиҷа аъзоён ва ташкилотҳои маҳаллии ин иттифоқ зуд меафзуд.

Аз соли 1918 сар карда дар назди заводҳои пахтатозакунии кишвар кооперативҳо ташкил доданд, ки онҳо деҳқонони пахтакорро муттаҳид мекарданд. 15 майи соли 1920 миқдори чунин кооперативҳо дар ҳудуди кишвар ба 50 адад расид, ки онҳо ҷамъ зиёда аз 130 ҳазор десятина пахта кишт мекарданд. Давлат ба онҳо бо пул (қарзи ҳасана-бефоиз), тухмӣ, маҳсулоти саноатӣ, олоти меҳнат ва ғайраҳо кӯмак мекард.

Аз соли 1918 сар карда дар ҳудуди кишвари Туркистон низ, ба монанди Русияи Шӯравӣ аввалин нишонаҳои хоҷагидории сотсиалистӣ: коммуна, артелҳо ва ширкатҳо ба вуҷуд омаданд.

Дар соҳаи саноат ҳам баъзе чорабиниҳо гузаронида шуд. Ҳанӯз 14 ноябри соли 1917 аз тарафи КИМ-и Умумирусиягӣ « Низомнома оид ба назорати коргарӣ» қабул шуд. Дар асоси он ҳокимияти кишвари Туркистон тавсия дод, ки дар тамоми корхонаҳо назорати коргарӣ ҷорӣ карда шавад. Мувофиқи ин ҳуҷҷат охири соли 1917 ва аввали соли 1918 дар бисёр корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла заводҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, конҳои ангишт, нефт ва ғайра назорати коргарӣ ҷорӣ намуданд. 5 марти соли 1918 декрети ҳокимияти кишварии Туркистон оиди миллӣ кунонидани заводҳои пахтатозакунӣ, собунпазӣ ва чағбутбарорӣ нашр гардид. Дар асоси декрети 16 марти соли 1918 конҳои ангишту нефт моликияти давлатӣ эълон шуд. 13 марти соли 1919 системаи обёрии шахсӣ низ миллӣ кунонида шуд. То ин лаҳза роҳҳои оҳан, бонкҳо ва ғайраҳоро низ аллакай миллӣ кунониданд. Вале сиёсати милликунонӣ барои пешравии саноат чандон мусоидат накард. Баръакс он сабабгори харобиҳои дигар гардид. Зеро, корхонаҳои боқимонда ҳам аз тарафи соҳибонаш хароб карда шуд. Бинобар ин аз нав барқарор намудани онҳо хароҷот ва заҳмати зиёдро талаб мекард.

Вале азнавбарқароркунӣ дар соҳаи саноат хеле суст мегузашт. Барои тасдиқи ин андеша ба фактҳои зерин назар меафканем: 1 майи соли 1922 аз 180 адад заводҳои пахтатозакунии кишвари Туркистон ҳамагӣ 4 завод кор мекарду халос, аз 18 адад заводҳои равғанкашӣ ягонтоаш ҳам кор намекард. Бинобар ҳамин ҳам дар солҳои 1923-1924 барои ба кор андохтани заводҳои бекорхобида бештар аҳамият дода шуд.

Умуман чорабиниҳои Ҳокимияти Шӯравӣ барои бунёд ва мустаҳкам намудани тартиботи нав дар кишвари Туркистон, аз он ҷумла дар ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон дар шароити хеле мураккаби сиёсӣ ва иқтисодӣ мегузашт. Зеро, режими нав на танҳо муқобили сохтори сиёсии пештара буд, балки он бо тамоми сохторҳои иқтисодию иҷтимоии гузашта розӣ набуд. Бинобар ҳамин душвориҳои дар ҳам шикастани тамоми он дар мадди аввал ба дӯши халқи меҳнаткаш бор гардид.

Вазъи молиявӣ. Солҳои 1917—1920 вазъи молиявии кишвари Туркистон, чун тамоми Русияи Шӯравӣ душвор буд. Сабабҳои асосӣ — оқибатҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ, инқилобҳои февралӣ ва октябрии соли 1917, аз тарафи  дороён байкот эълон кардани сохти нав — Шӯравӣ, беқурбшавии пул, нарасидани пули нақд ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд. Соли 1918 Русияи Шӯравӣ ба барориши пули нав, ки «пензенка» мегуфтанд, шурӯъ кард. Аммо он, бо сабабҳои ҷанг ва беқурбшавӣ то ба Туркистони Шӯравӣ қариб намерасид. Бо ҳамин сабаб дар Туркистони Шӯравӣ аз апрели он сол ба барориши пули худ, ки «бони таркистонӣ» меномиданд, шурӯъ карданд. Чун дар тамоми Русияи Шӯравӣ, дар Туркистони Шӯравӣ ҳам дар асоси декрети КИМ Умумирусиягӣ аз 14 (27) декабри соли 1917 тамоми бонкҳо миллӣ кунонида шуданд. 8 майи соли 1918 Бонки халқии Ҷумҳурии Туркистон ташкил ёфт. Вале ин ҳам вазъи молиявиро беҳтар накард.

Бо сабаби нарасидани пулҳои нақдӣ баъзе шаҳру вилоятҳои ҷумҳурии Туркистон низ пулҳои худро бо номҳои «бони вернагӣ» ё худ «бони ҳафтрудӣ», «бони андиҷонӣ», «бони ашқободӣ» ва ғайраҳо ташкил намуданд.

Соли 1919 аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ ислоҳоти нави пулӣ гузаронида шуд. Пулҳои барориши ин сол нисбат ба соли 1918 бақурб буд. Баробари дар ҳудуди Федератсияи Русия, аз он ҷумла ҷумҳурии Туркистон, то андозае хомӯш гардидани ҷангҳои дохилӣ, аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ барориши пулҳои маҳаллӣ манъ гардид ва пулҳои шӯравии барориши соли 1919 паҳн карда шуд. Аз ҷумла дар асоси декрети Ҳокимияти Шӯравӣ аз 11 октябри соли 1920 барориши бони туркистонӣ аз 1 январи соли 1921 қатъ гардид. Дар ин асос 30 декабри соли 1920 декрети Шӯрои Комиссарони Халқии ҷумҳурии Туркистон баромад, ки мувофиқи он бони туркистонӣ то 1 марти соли 1921 бояд бо пули русиягии барориши соли 1919 (даҳ бар як) иваз карда мешуд.

Октябри соли 1921 Бонки Халқии Федератсияи Русия ба Бонки Давлатӣ табдил дода шуд. Бонки Халқии Ҷумҳурии Туркистон бошад, фаъолияти мустақилонаи худро қатъ намуда, ба яке аз шӯъбаҳои он табдил ёфт. Дар худи он сол зарурияти инкишофи пахтакориро ба инобат гирифта Бонки Кишоварзии Осиёимиёнагиро ташкил намуданд, ки он бояд на танҳо дар ҳудуди ҷумҳурии Туркистон, балки дар қаламрави ҷумҳуриҳои Бухоро ва Хоразм ҳам фаъолият мекард.

Солҳои 1922-1924, махсусан баъди ташкилёбии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС), аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ боз ислоҳотҳои пулӣ гузаронида шуд ва дар асоси онҳо дар ҷумҳурии Туркистон низ пулҳои барориши соли 1919 бо пулҳои барориши нав иваз карда шуданд. Соли 1924, бо мақсади инкишоф додани тиҷорат, бо сармояи асосии 7 млн. сӯми тиллоӣ Бонки Тиҷоратии Осиёимиёнагӣ бунёд гардид.

Вазъи маориф ва фарҳанг. Дар соҳаи маориф ва фарҳанг ҳам ҳукуматдорони нав баъзе тадбирҳо андешиданд. Сараввал аз тарафи режими нав низоми маорифи кӯҳна шикаста шуд. Таълим дар мадраса ва мактабҳои кӯҳна тамоман манъ нагардида бошад ҳам вале фаъолияти онҳоро хеле маҳдуд карданд. Қисми зиёди мактабҳои кӯҳна ва мадрасаҳо фаъолияташонро қатъ намуданд. Баъзе аз биноҳои мактабу мадрасаҳое, ки дар маҳалҳои амалиёти ҷангӣ монда буданд, хароб гардиданд. Муллою мударрисоне, ки бо тартиботи нав розӣ набуданд, ба таъқиб гирифтор шуданд. Қисме аз онҳо маҷбур шуданд, ки ҳудуди Осиёи Миёнаро тарк намоянд. Молу мулки масҷиду мадрасаҳо, махсусан китобҳои нодирро тороҷ ва нобуд карданд. Хулоса талафоти маънавӣ низ хеле зиёд буд.

Дар соҳаи маориф яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукуматдорони нав ин бо тарзи нав ба роҳ мондани маориф ба ҳисоб мерафт. Онҳо бештар ба дастгирии меҳнаткашон—деҳқонон, косибон, ҳунармандон, албатта сараввал коргарон умед мебастанд. Бинобар ҳамин дар байни ин қисми аҳолӣ маҳви бесаводиро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобданд. Бо ҳамин мақсад аз тарафи ҳукуматдорони нав дар он маҳаллаҳое, ки ҳаракати зиддишӯравӣ заифтар буд, мактабҳои замони нав-шӯравӣ кушода мешуд. Охири соли 1918 дар ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ аллакай 15 адад чунин мактабҳо амал мекарданд. Соли 1919 ин миқдор ба 73 адад расид. Минбаъд мактабҳои шӯравӣ қариб дар тамоми маҳалҳо бунёд гардиданд.

Ҳангоми ташкили аввалин мактабҳои шӯравӣ ба таҷрибаи мактабҳои усули нав-ҷадидӣ такя мекарданд, китобҳои дарсии онро истифода мебурданд, омӯзгорон ва ҳатмкунандагони онро ба кори омӯзгорӣ ҷалб менамуданд. Барои тайёр намудани омӯзгорони замони нав низ қадамҳои аввалин гузошта шуд.

Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисос соли 1918 дар шаҳри Тошкент Донишкадаи Шарқ ташкил ёфт, ки таҳсил дар он сесола буд. Солҳои 1919-1920 дар шаҳрҳои Тошкент, Самарқанд ва ғайра бо мақсади тайёр намудани омӯзгорон Донишкадаҳои маорифи халқӣ (Инпросҳо) кушода шуданд. Соли 1920 дар шаҳри Тошкент Донишкадаи олии омӯзгорӣ барпо гардид. Ҳамон сол дар шаҳри Тошкент Донишгоҳи давлатии Туркистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва соли 1923 он номи Осиёимиёнагиро гирифт. Дар он донишгоҳу донишкадаҳо ҷавонон аз тамоми гӯшаю канори Осиёи Миёна таҳсил менамуданд. Аз ҷумла соли 1920 танҳо дар 6 факултаи Донишгоҳи давлатии Туркистон 1314 нафар донишҷӯён таҳсил менамуданд.

Дар ҳудуди кишвари Туркистон бо мақсади маҳви бесаводии калонсолон курсҳои шабона ташкил карда шуданд. Аз ҷумла шӯрои вилояти Самарқанд қарор қабул кард, ки зану мардҳои бесаводи аз 12 то 45 сола бояд ба тарзи ҳатмӣ чунин курсҳоро гузаранд. Дар чунин курсҳо фанҳои арифметика, грамматика, таърих, сохтмони шӯравӣ, забонҳои русӣ ва узбекӣ таълим дода мешуд. Дар шаҳрҳо ва маҳаллаҳои сераҳолӣ китобхонаҳои оммавиро ташкил намуданд, ки миқдори умумии онҳо дар кишвар ба 74 адад расид.

Аз ҷумлаи зиёиёни миллӣ, ба монанди Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ вассофони замони нав ба вуҷуд омаданд. Ҳамза на танҳо яке аз сардафтарони адабиёти шӯравии ӯзбек, балки бунёдгузори театри миллӣ низ гардид. Ӯ соли 1918 песаи «Бой ва хизматгор»-ро таълиф намуд, ки он аввалин песа дар драматургияи халқҳои Осиёи Миёна мебошад.


Калидвожаҳо: Чорабинихои Хокимияти Шурави барои мустахкам намудани тартиботи нав дар сарзамини имрузаи Точикистони Шимоли ва Бадахшон.

Шарҳ баста аст.