ЧОПГАР (Принтер)

Чопгар (printer – принтер) дастгоҳест, ки барои дар коғаз чоп намудани иттилоот хизмат мерасонад. Ба воситаи чопгар натанҳо иттилооти матнӣ, балки графикиро низ хориҷ намудан мумкин аст. Чопгарҳо низ ба мисли мониторҳо иттилооти тасвиршавандаро ҳам дар намуди ранга ва ҳам сиёҳу сафед хориҷ карда метавонанд. Чопгарҳои ранга аз чопгарҳои муқаррарӣ қиматтаранд. Чопгарҳо вобаста аз тарзи корашон матритсавӣ, рангпошанда ва лазерӣ мешаванд.

Чопгари матритсавӣ солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта аз ҳама чопгари паҳнгаштатарин ба ҳисоб мерафт. Сифати чопи он нисбат ба чопгарҳои навъи дигар паст буда, ҳангоми чопкунӣ вай садои баланд мебарорад. Азбаски нархи он аз дигар намуд чопгарҳо арзонтар аст, бинобар он ин чопгарро то ҳоло дар баъзе корхонаву муассисаҳо вохӯрдан мумкин аст.

Принсипи кори ин чопгар чунин аст: қисми чопкунандаи он, ки аз қатори сӯзанчаҳои борики металлии ба таври амудӣ ҷойгирбуда иборат аст, бо самти сатри чопшаванда ҳаракат менамояд. Дар вақти зарурӣ сӯзанчаҳо аз болои лентаи ранг ба коғаз зарба мезананд ва ташаккулёбии аломату тасвирҳоро таъмин менамоянд.

Чопгари рангпошанда ҳоло барои компютерҳои фардӣ намуди аз ҳама паҳнгаштатарин ба шумор меравад.

Тавассути ин чопгар тасвири аломату расмҳо бо ёрии микроқатраҳои рангини махсус ташаккул меёбанд, ки онҳо ба воситаи найчаҳои борики дар қисми чопкунанда мустаҳкамкардашуда ба коғаз пошида мешаванд. Дар қисми чопкунандаи ин чопгар аз 50 то 200 чунин микронайчаҳо мавҷуданд. Дар чопгари рангпошанда низ ба мисли чопгари матритсавӣ қисми чопкунандааш ба самти уфуқӣ ҳаракат менамояд. Пас аз чопи ҳар як сатри тасвир коғаз аз рӯи самти амудӣ ба пеш ҳаракат мекунад. Дар натиҷа дар коғаз пай дар пай тасвири зарурӣ пайдо мешавад. Сифати чопи чопгарҳои рангпошанда аз матритсавӣ хеле баланд аст. Ҳангоми чопкунӣ онҳо садои зиёд ҳам намебароранд. Бо ёрии ин чопгарҳо чопи рангаи аз ҳама арзонтарро ҳосил кардан мумкин аст.

Чопгарҳои лазерӣ сифати аз ҳама баландтарини чопи ранга ва сиёҳу сафедро таъмин менамоянд. Сифати чопи ин чопгарҳо ба чопи типографӣ хеле наздик аст.

Дар чопгарҳои лазерӣ принсипи ксерографӣ истифода бурда мешавад. Тасвири аломату расмҳо ба коғаз ба воситаи барабани махсус гузаронида мешавад, ки ба он зарраҳои хокаи (тонери) электризонидашуда мечаспанд. Фарқи ин чопгар аз дастгоҳи ксерокопӣ дар он аст, ки барабани чопкунандаи он ба воситаи фармони компютер бо нури лазерӣ электризонида (заряднок) мешавад. Чопгарҳои лазерӣ аз ҳамаи дигар намуди чопгарҳо суръати баландтари чопкунӣ дошта, барои чоп коғази махсусро талаб намекунанд. Масалан, суръати чопи чопгарҳои лазерии фардии HP LaserJet 5L ё 5P одатан дар як дақиқа 4-5 саҳифаро ташкил медиҳад. Дар чопгарҳои офисии HP LaserJet 4 ё 5 бошад, ин адад ба 8-12 саҳифа мерасад.


Калидвожаҳо: ЧОПГАР, Принтер чист?, маълумоти точики.

Шарҳ баста аст.