Чиз, хосият, робита

Мафҳуми «чиз» дар фарҳанги инсонӣ хеле барвақт, дар замоне, ки инсон худаш ва шуурашро аз воқеияти атроф ба ҷудою фарқ кардан оғоз намуд, пайдо шудааст. Худро ба сифати «ман» дарк кардан имкон медиҳад, ки ҳамаи зуҳуроти берун аз «ман» ҷойгирифтаро ҳамчун «чиз» дониста шавад. Ҳамин тавр, аз ибтидо чиз ҳамчун аз шуур беруна, алоҳида ва ҷудобуда фаҳмида мешуд. Гуфтан мумкин аст, ки чиз – ин предмети алоҳида, мавҷудияти нисбатан мустақилу устувор дошта. Дар аксар ҳолатҳо дар зери мафҳуми «чиз» ягон ашё фаҳмида мешавад, вале ба инобат бояд гирифт, ки ин мафҳум маънои васетар дорад. Масалан, майдони гравитатсионӣ, заррачаи элементарӣ, мавҷи рӯшноӣ, шӯълаи оташ, раъдубарқ, тирукамон ва ғ.-ро ашё номидан начандон дуруст аст.
Дар таърихи фалсафа аввалин бор Арасту мафҳуми чизро аниқ тавсиб намуд: чиз – ин ҳамонест, ки аломату нишонаҳо дошта, дар вақту фазо мустақилона вуҷуд дорад, аммо худаш аломати дигарӣ шуда наметавонад. Ҳамчунин И.Кант аз мафҳуми «чиз дар худ» истифода карда буд, ки чунин мазмунро ифода мекард: мо танҳо хосиятҳои зоҳиршудаи ашёю предметҳоро дониста метавонем. Ҳамин тавр, моҳияти чиз фақат нисбӣ маърифат карда мешавад ва ин ҳам тавассути донистани хосиятҳояш, ки ҳар кадоми онҳо, дар навбати худ, бо моҳият алоқаманд аст. Ё ба қавли Г.В.Ф.Гегел, «моҳият зуҳур меёбад, зуҳурот моҳиятӣ аст».
Алоҳида будани чиз дар ҳастӣ бо он алоқаманд аст, ки вай хосиятҳои миқдорӣ ва сифатӣ дорад. Сифат чунин муайянияти чиз аст, ки бо гум шудани он худи чиз барҳам мехӯрад, аз ҳастӣ ба нестӣ мегузарад. Хосиятҳои миқдории чиз то андозае тағйир ёфта метавонад, вале дар ин ҳолат муайянияти сифатии чиз нигоҳ дошта мешавад. Зимнан ҳар кадом чиз бо анвои чизҳои дигар алоқаманд аст, яъне унсури низоми азимтар буда, то андозае аз сифатҳои низомӣ бархурдор мегардад.
Дар олами фарҳанги инсонӣ мо бо як қатор чизҳои махсус рӯбарӯ мегардем, ки мазмуни идеалӣ-иттилоотӣ доранд. Чунин чиз, ки офаридаи инсон буда, ба ҷаҳони муоширату фаъолияти ҳамҷояи одамон ворид шудааст, ба маънои васеаш рамз ё аломат номида мешавад.
Олами фарҳанги инсонӣ аз чизҳо-рамзҳои офаридаи мо, ки маъно ва таъиноти идеалӣ доранд, таркиб ёфтааст. Ин яке аз заминаҳои тафсири идеалистии табиат гардидааст, масалан, дар фалсафаи Г.Гегел. Хулоса карда мешавад, ки мазмуни маърифат окор кардани моҳияти ҳақиқии идеалӣ мебошад, ки он дар зери ниқоби образи моддии худ пинҳон аст.
Мувофиқи ақидаи материалистӣ, олами табиӣ аз чизҳои моддӣ иборат буда, дар он барои Худо ва дигар моҳиятҳои идеалӣ ҷой нест. Аз ин рӯ, дар фалсафаи материалистӣ ҳамаи зуҳуроти идеалӣ ҳамчун ташкилаҳои дуюмин, маҳсули равандҳои моддӣ тафсир карда мешаванд.
Ҳамаи чизҳои олам (ҳам ҷисмҳои табиӣ, ҳам рамзҳо дар фарҳанг) ҳарчанд ки алоҳидагии худро доранд, вале ҳамеша дар ҳамтаъсирӣ вуҷуд доранд, ки дар хосиятҳояшон нақш бастааст. Маҳз таъсири мутақобила хосиятҳои объектҳоро муайян мекунад. Агар таъсири мутақобила вуҷуд намедошт, он гоҳ предметро (чизро) маърифат кардан номумкин мебуд, зеро вай зоҳир намешуд. Ҳамон як чиз дар таъсири мутақобила хосиятҳои гуногуни худро зоҳир карда метавонад. Хосиятҳои ҳар як чиз дар ҳамтаъсирӣ бо чизи дигар амалӣ мегарданд. Дар асоси ин хулоса кардан мумкин аст, ки ҳастӣ, дар қатори дигар хосиятҳояш, низоми чизҳои ба ҳамдигар таъсиррасонанда, мубталои таъсири мутақобила гашта мебошад. Ҳамин тавр, робита – ин ҳамсабабию вобастагии ҳамдигарии мавҷудияти зуҳурот, ки ба туфайли хосиятҳои фазоӣ ва вақтии худ алоҳидагӣ доранд. Маърифат кардани чиз маънои маърифат кардани хосиятҳои ҳамин чизро дорад. Ин хосиятҳо сабаби худро дар низоми робитаҳое доранд, ки чизи мазкур ба он ворид шудааст ва мо онҳоро дар айни замон мавриди омӯзиш қарор додаем.
Робитаҳо дохила ва беруна шуда метавонанд. Робитаи дохила – ин сохтори предмет, яъне анвои алоқаҳои ботинии он. Вай томияту устуворияти предмет, ё худ сифати онро таъмин мегардонад. Азбаски предмет ё ҷисм дар ҷои холӣ мавҷуд нестанд, аз ин рӯ онҳо ба таъсири предметҳо ё ҷисмҳои дигар мубтало мешаванд. Вобаста аз ин, сохтори ботинӣ аз таъсири беруна низ вобастагӣ дорад ва аз таъсири бевоситаи онҳо тағйир ёфта метавонад (мутобиқат дар низомҳои биологӣ, ба таври механикӣ нобуд кардан ва ғ.).
Таъриф додан ба мафҳуми «чиз» таҳаввулоти худро дорад. Вай беш аз беш мазмуни абстрактӣ касб кардааст: аз мафҳуми чиз ҳамчун ҷисми беруна ё предмет тавассути мафҳуми арастуии мавҷудияти мустақилона – то ҷудо кардани таърифҳои семантикӣ (ё рамзӣ), онтологӣ ва гносеологии он. Аз назари онтологӣ чиз – ин ҳар кадом аломатдошта; аз назари гносеологӣ – ин ҳар кадом объекти фикр; аз назари семантикӣ – оне ки ифода карда мешавад ё ном дода мешавад, яъне ченаки идеалӣ-иттилоотӣ дорад.
Ҳамзамон раванди мушаххас гардонидани мафҳуми чиз ё, аниқтараш, афзун гардонидани «мушаххасияти донишҳо» дар бораи тафсири абстрактии «чиз» идома дошт. Вазифа пеш омад, ки аломату нишонаҳои чиз муайян карда шаванд. Ба кулли чизҳо якчанд аломату нишонаҳои умумӣ мансубанд, ки дар категорияҳои «сифат ва миқдор», «моҳият ва зуҳурот», «фард ва кулл» ва ғ. инъикос карда шудаанд. Ин ҷо фаҳмидан муҳим аст, ки чи хел хосият ва муносибат аз дигар аломату нишонаҳо фарқ карда шавад. Мувофиқи ақидаи Арасту, хосият гуфта, аломати алоҳидаро меноманд, ки ба як барандаи муайян таалуқ дорад. Муносибат гуфта, аломати алоҳидаро меноманд, ки ба якчанд барандаҳо мансуб мебошад. Ҳамин тариқ, муносибат ҳамаи чизҳоро аз рӯи ягон намуди муносибат алоқаманд месозад, вале хосият, баръакс, ба мустақилии онҳо ишорат карда, онҳоро аз ҳамдигар ҷудо месозад.
Инак, чизҳои табиӣ (ҷисмҳо) ташкилаҳои моддӣ мебошанд, ки бо низомҳои нисбатан устувори ҳаракат фаро гирифта шудаанд. Ба туфайли чунин ҳаракат ҳамаи ҷисмҳо имконияти ба ҳамдигар таъсир расонидан доранд. Таъсири мутақобилаи ҷисмҳо дар онҳо чандин хосиятҳои навро ба вуҷуд меоварад ва ҳамзамон мустақилияти нисбии ҷисмҳоро муайян менамояд. Ба ҳамин монанд, рамзҳои фарҳангӣ ҳамчун ташкилаҳои идеалӣ-моддӣ ҳамеша ба низоми муносибатҳои инсонӣ махлут буда, танҳо дар ин раванд сифатҳои хоси худро зоҳир мекунанд ва ба хосиятҳои нави низомӣ соҳиб мегарданд.

Шарҳ баста аст.