Чандирии тақозо ва арза

Ҳамбастагии ҳодисаҳои иқтисодӣ, алалхусус омилҳои муайянкунандаи тақозо ва арза, эътидолии онҳо бидуни чандирӣ ба вуқӯъ пайваста наметавонад. Таҳти чандирии тақозо ва арза ҳолат ё худ вазъи мӯътадил ва ба ҳам мувофиқ будани нархи молҳо ва ҳаҷми умумии фурӯши онҳо фаҳмида мешавад. Вобастагии тағйироти нарх, таъсири он ба сифат ва ҳаҷми маҳсулот, молу хизмат аз ҷумлаи унсурҳои муҳимтарини чандирӣ мебошанд.

Чандирӣ ҳамчун тадбири сари вақт ба эътибор гирифтани тағйироти як воҳид (тақозо, арза) воҳиди дигар (нарх) сурат мегирад. Он тағйирот тавассути фоиз ифода карда мешавад.

Дар адабиёти иқтисодӣ чандирии тақозо ва чандирии арзаро фарқ мекунанд. Чандирии тақозо ҳамчун ченаки фоизи (1%) тағйироти талабот ба молҳо дар натиҷаи 1% тағйир ёфтани нарх тасаввур карда мешавад. Масалан, дар давраи муайян (рӯз, ҳафта, моҳ, сол) нархи ягон маҳсулот ба андозаи 10% афзуда бошад, пас муайян кардан лозим меояд, ки вобаста ба он чӣ қадар маҳсулот дар ин давра фурӯхта шудааст. Ин тағйирот бо воситаи фоиз муайян карда мешавад. Ташдид(шиддат)-и ин тағйиротҳо дар амалия ҳархела буда метавонанд. Тибқи ақидаи Камаев В.Д. чунин ваъзият ё худ вариантҳои чандирии нархии тақозо вуҷуд дошта метавонад:

— дар аснои на чандон боло рафтани нархҳо ҳаҷми фурӯш ба таври назаррас меафзояд, пас тақозо чандир аст;

— агар тағйироти 1% нарх афзоиши 1% ҳаҷми фурӯши молро таъмин кунад, онгоҳ чандирии тақозо ба 1 баробар аст;

— агар дар ҳолати хеле паст гаштани нарх ҳаҷми фурӯши молу маҳсулот чандон тағйир наёбад, онгоҳ тақозо ғайричандир  дониста мешавад;

— агар ҳангоми харидани молҳо фақат як нарх мавҷуд бошад, онгоҳ чандирии тақозо интиҳо надорад;

— агар харидор доимо теъдоди якхелаву муайяни молҳоро харидан гирад ва онҳо ба нарх вобаста набошанд, он гоҳ тақозо ғайричандир ҳисобида мешавад (4, 99-101). Ин ҳолату вазъиятро аз нақшаи зер мушоҳида кардан мумкин аст.

Аз таҳлили хатҳои Д2  хулоса бармеояд, ки агар:

— 1% паст рафтани нарх аз 1% камтар фурӯхтани молу маҳсулотро таъмин карда тавонад, пас он тақозои ғайричандир мебошад;

— 1% паст шудани нарх аз 1% зиёд фурӯхтани молро таъмин  кунад, пас он (Д) тақозои чандир аст;

Нақшаи 27. Чандирии тақозо

— 1% паст шудани нарх маънои 1% фурӯхтани молро дорад, яъне он тақозои ягона ба ҳисоб меравад.

Бо ибораи дигар нақшаи эҳтимолии тақозои чандир ва ғайричандирро чунин тасвир кардан мумкин аст.

Одатан, вобастагӣ ва алоқамандии унсурҳои чандирӣ (ҳаҷми молу хадамот, нарх, тақозо, арза, эътидолӣ…) бо воситаи коэффисиент(зариб)-и чандирӣ ифода карда мешавад.

Коэффисиенти чандирии тақозо вобаста ба нарх (ЕРQ) ҳамчун нисбати тағйироти тақозо, ки таҳти таъсири нарх ташаккул меёбад, муайян карда мешавад. Он дар адабиёти иқтисодӣ бо воситаи чунин формула тасвир карда мешавад (5, 99; 9,50):

Дар ин ҷо:     DQ   — коэффисиенти чандирии тақозо;

                         ЕР   — чандирии нархии тақозо;

                           D   — ҳаҷми афзудаи Q ва Р1;

                                Р   — нарх;

                          Q   — ҳаҷми фурӯши махсулот.

Коэффисиенти чандири(нархи)-и тақозо (, ЕР) нишон медиҳад, ки:

  1. Дар натиҷаи ба меъёри 1% тағйир ёфтани нархи мол тағйирёбии чандинкаратаи тақозо мумкин аст. Дар ҳолате, ки пастшавии нарх бо баландравии тақозо подош карда мешавад ва ҳаҷми пули умумии ба даст омада бетағйир мемонад, онгоҳ чандирии тақозои ягона Д1 (нақшаи 27) ҷой дошта метавонад, яъне ЕД = 1;
  2. Вақте, ки пастшавии нарх тақозои ниҳоят ночизро ба вуҷуд орад, дар ин маврид тақозо ҳамчун ғайричандир сурат мегирад — Д2 (нақшаи 27), яъне ЕД<1;
  3. Дар ҳолате ки пастшавии нарх, мувофиқан, болоравии нисбатан зиёди тақозоро таъмин мекунад, онгоҳ тақозои чандир — Д (нақшаи 27) ба миён меояд ва он ҳамчун ЕД>1 ба вуқӯъ мепайвандад.

Бояд тазаккур дод,  ки омилҳои ба эътидолии тақозо таъсир расонда, мустақим ба чандирии тақозо низ таъсир мерасонанд. Дар ин ҷода таъсири омилҳои ғайринархии тақозо нисбатан зиёдтар мебошанд. Масалан, завқу лаззати истеъмолӣ, теъдоди муштариён дар бозор, даромади пулии муштариён (харидорон), нархи маводҳои қобили бадал (ҳамдигарро ивазкунанда), интизории истеъмолӣ нисбат ба нархҳо ва даромади оянда ва ғайра.

Завқу лаззати истеъмолӣ ҳангоми дигар шудани лаззат, таъсири таблиғот (реклама), мӯд ва ғайра зуҳур ёфта, талаботро нисбати ҳар як воҳиди нархӣ боло мебарад. Ба ин раванд тағйиротҳои технологӣ низ таъсир мерасонанд. Масалан, истеҳсоли мошинҳои тамғаи нав, яхдону радио, телевизор ва ғайра талаботро нисбати ин намуду чизҳои пештара (қадима) кам ё худ маҳдуд мекунад.

Теъдоди муштариён. Агар дар бозор теъдоди муштариён зиёд бошад, талабот паст ва шумораи онҳо кам бошад талабот баланд мешавад. Таносубан, нарх ва ҳаҷми мол ҳам тағйир ёфта, эътидолӣ ва чандирии тақозою арзаро тағйир медиҳад. Масалан, дароз шудани давомнокии умр талаботро нисбати хизматрасонии тиббӣ, афзун гардондани шумораи беморхонаҳо, хонаинтернатҳо барои пиронсолон ва ғайра зиёд мекунад.

Даромади муштариён(харидорон). Даромади пулии харидорон ба раванди тақозо метавонад таъсири ҳархела расонад.

Даромад ҳамчун пасандоз, дар шакли андӯхт, бевосита дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ истифода карда мешавад. Ҳангоми афзудани даромад талабот ба чизҳои нодиру қимматнок зиёд мешавад ва нархи онҳо боло мераванд. Дар ҳолати кам ё худ набудани даромад талабот ба чизҳои дуру дароз хизматкунанда (мошин, дастгоҳ, яхдон, мебель, телевизор…) ва молу хадамот кам мешавад. Таносубан паст шудани даромад ба пастравии нарх оварда мерасонад. Ба ин ҷараён теъдоди бекорон, ҳолати иқ-тисодӣ, вазъи иҷтимоиёт ва ғайра низ таъсир мерасонад.

Нархи маводҳои қобили бадал. Агар дар ҷомеа чизҳое  вуҷуд дошта бошанд, ки ҳамдигарро иваз кунанд, онгоҳ дар ҳолати баланд шудани нархи яке талабот ба намуди дигари он зиёд мегардад ва баръакс. Равғани пахта ва равғани зағир, чой ва қаҳва, газворҳои пахтагину синтетикӣ ва ғайра мисол шуда метавонанд.

Интизории истеъмолӣ. Инсон ҳамеша зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, алалхусус омилҳои табиӣ шуғл меварзад. Аз ин ҷиҳат, харидорон ҳамеша интизори молу маҳсулоти зиёду арзони соли оянда мебошанд. Дар аснои ҳодисаҳои нохуши табиӣ — хушксо-лӣ, нобуд гаштани ҳосили зироату чорво ва ғайра талабот ва нарх ба намуд ва навъҳои он зиёд мегардад. Масалан, агар меваро сармо занад, онгоҳ харидор, новобаста ба миқдор ва нарх онро то қадри имкон (дар соли кунунӣ) захира мекунад, ё худ камбудии онро аз ҳисоби ворид намудан аз хориҷ таъмин менамояд.

Чандирии тақозо дар навбати худ ба чандирии арза низ таъсир мерасонад. Чандирии арза — тағйирёбии нисбии нархҳо ва миқдори онҳоро, ки ба фурӯш пешкаш карда мешавад ифода менамояд. Шиддати ин тағйиротҳо низ ҳархела мебошанд.

Дар адабиёти иқтисодӣ чунин лаҳзаҳои чандирии  нархии арза фарқ карда мешавад: чандирии арза, чандирии ягонаи арза, ғайричандирии арза (ниг. нақшаи 30). Вобастагиҳои унсурҳои чандирии арза бо воситаи фоиз тасвир карда мешавад.

Нақшаи 30. Чандирии нархии арза

Ҳангоми чандирии ягонаи арза, 1% баланд шудани нархи молҳо, мувофиқан, 1% баланд шудани арзаю фурӯхтани онҳоро дар бозор таъмин менамояд. Дар ин шароит баробарҳаҷмии тағйироти нарх ва миқдори молҳои пешниҳодшаванда, ки коэффисиенташон баробари  ES=1 аст, таъмин карда мешавад (нақшаи 29, хатти S).

    Ҳангоми чандирии арза, 1% зиёд гаштани нарх қо-билияти аз 1% зиёдтар молҳои ба бозор пешниҳодшавандаро таъмин  кардан  дорад. Коэффисиенти чандирӣ дар ин асно ES>1 аст (нақшаи 30, хатти S1).

    Ҳангоми ғайричандирӣ, тағйироти нарх ба зиёд гаштани ҳаҷми молҳои барои бозор тавсия шуда таъсире намерасонад. Дар ин ҳолат ES<1 аст (нақшаи 30, хатти S2).

         Вариантҳои пешниҳодгардидаи чандирӣ таҳти омил-ҳои тақозою арза, омилҳои эътидолию чандирии тақозо, эътидолии арза метавонанд қарор гиранд. Чандирии тақозо, мустақиман, таҳти омилҳои зерин қарор мегиранд: таркиби хароҷот дар корхонаҳои гуногун, дараҷаи истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, миқдори коргарони кирояи муваққатан озод, ҳолат ва суръати аз як соҳа ба соҳаи дигар гузаштани сармоя (капитал), андоз ва ғайра.

Чандирии арза ба монанди чандирии тақозо бо воситаи чунин формула муайян карда мешавад (5,101):

дар ин ҷо:

          —  чандирии нархии (Р) тақозо (S),

    DQ, D P  —  афзоиши иловагии маҳсулот (Q) ва нарх (Р).


Чандирии такозо ва арза, Чандирии такозо, Такозои гайричандир, Такозои чандир

Шарҳ баста аст.