Буддоия

Таълимоти Буддо дар асрҳои VI-V пеш аз милод ба вуҷуд омада, асосгузори он писари шоҳзодаи Ҳинд мулаққаб ба Сидҳартҳа, ки падараш ҳокими Банорас буд, ба шумор меравад. Тибқи ривоятҳо гӯё вай дар 29-солагӣ аз кохи падар фирор карда, рӯ ба биёбон меорад ва ба риёзату ибодат машғул мешавад. ӯ чанд муддате кӯшиш мекунад то ҳақиқатро дарёбад, вале ин ба вай муяссар намешавад. Дар охир зери дарахте мешинад ва аҳд мекунад, ки то ҳақиқатро дарк накунад, аз ҷой барнамехезад ва ниҳоят рӯзи чорум ба мақсадаш ноил мешавад, яъне «ҳақиқат»-ро дарк мекунад ва аз ҳамин ҷо ба таблиғи он мепардозад. Қобили қайд аст, ки ин таълимот, бо вуҷуди дар Ҳинд зуҳур карданаш, дар ин ҷо чандон густариш наёфта, балки он дар Чину Ҷопон бештар ривоҷ ёфт. Тибқи маълумотҳо пайравони мазҳаби Буддо 15 миллионро ташкил мекунанд, ки аз он танҳо дусад ҳазораш сокини Ҳиндустон мебошанд. Боқимондаашро аслан сокинони Чин, Ҷопон ва Сейлону Тибет ташкил медиҳанд.

Оид ба буддоия матнҳои қадимаи буддоӣ, ки бо номи «Типитака» .маъруфанд, маълумоти дақиқ медиҳанд. Матнҳо бо хати паҳлавӣ навишта шуда буданд (ёдовар мешавем, ки кулли адабиёти ведӣ бо забони санскритӣ навишта шуда буд), аз ин рӯ, онҳоро «қонунҳои паҳлавӣ» низ меноманд. Азбаски ин мантҳо дар рӯи баргҳои палма навишта шуда буданд ва ин навиштаҳо се сабадро ташкил медоданд, онро «Типитака», яъне «Се сабад»(се сабади хирад) ном гузоштаанд.

Буддоия дар ибтидои ташаккулёбияш ҳамчун таълимоти ахлоқӣ зуҳур намуд. Аз рӯи ривоятҳо Буддо аз масоили оид ба Коинот, ҷон ва алоқамандии он ба тан ва ғайра қасдан дурӣ ҷустааст. Тахмин меравад, ки ӯ ба масоили абадияту фонӣ будани олам, беинтиҳо ё боинтиҳо будани он, айнияти нафсу тан сарфаҳм рафтааст, лекин дар ин бора чизе нагуфтааст. Чунончи, ба суоли шогирдонаш роҷеъ ба асрори Коинот чунин гуфтааст: «Маро ба олами Коинот ва асрори печидаи он чӣ кор? Ман фақат барои он омадаам, то аз ранҷҳои зиндагӣ бикоҳам».

Фалсафаи Буддо асосан дар чор мавзӯъ баҳс мекунад: аввал, дар бораи дакҳа, яъне муносибатҳои зиндагӣ; дуввум, дар бораи самудая, яъне нокомиҳо; саввум, дар бораи марка, яъне роҳи покии (тозагӣ, тазкия) нафс ва растагорӣ; чаҳорум, нирвана, яъне тариқаи хомӯш намудани шаҳват. Мавзӯи охирӣ дар таълимоти Буддо мавқеи хос дорад ва маҳз барои ҳамин баъзе муҳаққиқони Ғарб ҳикмати Буддоро ҳикмати нирвана, яъне ҳикмати хомӯшӣ номидаанд. Маънии ҳақиқии нирвана фурӯ нишондани оташи шаҳват, нафрат ба ҷаҳолат аст. Нирвана хоби амиқест, ки таи он одамӣ аз шарри фардият раҳоӣ ёфта, ба кулл мепайвандад.

Буддо ба салтанати хурофот хотима гузошта, фалсафаеро ба вуҷуд овард, ки он ба хиради мутлақ такя мекард. ӯ аз шогирдонаш ҳамеша талаб мекард, ки бо ӯ баҳс кунанд ва сухани ӯро ҳаргиз бе далелу исбот, яъне бе чуну чаро қабул накунанд. Тибқи таълимоти буддоия даҳ гуноҳи азим вуҷуд дорад. Аз ин се гуноҳ ба ҷисм марбутанд ва иборатанд аз зӯроварӣ, дуздӣ ва зино кардан. Чаҳор гуноҳ вобаста ба забонанд ва аз дурӯғ гуфтан, тӯҳмат задан, дашном додан, бад гуфтан иборатанд. Се гуноҳи дигар ба зеҳн марбутанд, ки аз тамаъ, нафрат ва иштибоҳ иборатанд.

Буддо риёзаткашӣ ва азият додани ҷисмро сахт маҳкум мекунад. Танро бо рӯзадорӣ ва ранҷ озор додан нашояд. Аз нигоҳи Буддо зоҳид он касе нест, ки бадани худро бо воситаҳои гуногун танбеҳ мекунад, балки зоҳид он касе аст, ки ба тарбияи нафс мепардозад ва худро ба ганҷинае аз афкору амоли некӯ мубаддал мегардонад.

Мувофиқи таълимоти Буддо, вуҷуди одамӣ ба шӯълае монанд аст, ки на танҳо месӯзад, балки доиман дигаргун мешавад. Аз ин сабаб, ҳеҷ кас наметавонад он одаме бошад, ки чанд лаҳза пеш буд. Ҳар инсон дар ҳар лаҳза инсони дигар мегардад, лекин ин тағйиротҳо бидуни сабаб набуда, ҳама тавассути сабабу оқибат бо ҳам мепайванданд. Ба ақидаи Буддо, ҳама чизе, ки чашм мебинад месӯзад ва ҳатто худи чашм дучори сӯхтор аст. Ва ӯ роҳи гурезро аз ин сӯхтор дар ноил шудан ба нирвана мебинад, яъне бо оби ақлу хирад оташи шаҳватро бояд хомӯш намоем ва коре кунем, ки дигар дучори мусибати ҳастӣ нагардем. Буддо тавлиди наслро бузургтарин ҷинояте мешуморад, ки шахс нисбати худ содир мекунад. Зеро ки бо тавлиди насл одамӣ боз ба ҳастӣ майл мекунад. Бинобар ин дар буддоия тавлиди насл бадтарин гуноҳ аст.

Маргу зиндагӣ аз нигоҳи Буддо, ду ранги вуҷуд (ҳастӣ) мебошанд, аз ин рӯ, ҳарду шарранд ва он чӣ хайр аст, нестии мутлақ аст. Барои дарки сабаби ин, ки чаро бояд аз тавлиди насл худдорӣ кунем, Буддо савол гузошта худ посух медиҳад:

Савол: Марг чаро вуҷуд дорад?

Ҷавоб: Барои он ки мо ба дунё омадаем ва бояд бимирем.

Савол: Чаро ба дунё омадем?

Ҷавоб: Барои он ки хостем аз ҳастӣ бархӯрдор шавем.

Чун тавлиду марг ду ҷанбаи вуҷуданд ва марг моро ба ҳаёт ва ҳаёт моро ба марг ҳидоят мекунад. Бинобар ин сабаб, решаи маргу зиндагиро, ки тавлиди насл мебошад, бояд қатъ кард, то аз мусибати ҳаёту марг раҳоӣ ёбем.

Буддо ҳеҷ гоҳ ақидаи худро ҳақиқати комил ва пурра намеҳисобид. Чунончи, ӯ боре панҷаашро пури барги хушк намуда, аз шогирдаш мепурсад, ки оё ғайр аз инҳо барги дигаре вуҷуд дорад. Шогирдаш посух медиҳад, ки баргҳои хазон зиёданд ва шумораашон беохир аст. Буддо ҷавоб медиҳад: «Ман ҳам ба ҳамин монанд муште аз ҳақиқатҳоро ба шумо додам ва ба замми инҳо ҳазорон ҳақиқати дигаре ҳаст, ки шумурданашон ғайриимкон аст»( Ниг.: Меҳрдоди Меҳрин. Фалсафаи Шарқ// Рӯзномаи «Тоҷикистони шӯравӣ».- 1991. -№155).

Зуҳури буддоия ин инкори диалектикии браҳмания ба шумор меравад. Буддо бештар мекӯшид, ки мардумро аз зери бори гарон ва тоқатфарсои дини Браҳма раҳо созад. ӯ зидди тафовути каставӣ, ки браҳмания онро қонунӣ гардонида буд, баромада, онро маҳкум кардааст. Чунончи, ӯ гуфтааст: «Ҳамон тавре, ки браҳман аз шиками модаре берун омада, як сиёҳи ҳиндӣ низ аз модаре мутавваллид шуда, пас ба чӣ иллат аввалиро асилзода ва дуввумиро ноаслу бадниҳод мехоҳем?».

Лекин лаҳзаҳои ошӯфтаҳолию дунёбезорӣ (пессимистӣ) дар буддоия нисбат ба браҳмания бештар дучор мешаванд. Масалан, дар таълимоти Браҳма ранҷу азоб ҳамчун ҷазо барои гуноҳҳо дониста шуда, роҳи наҷоти онро дар накӯкорӣ мебинанд. Аммо Буддо ҳаётро маҷмӯи ранҷу азоб мешуморад ва дар сансара мавҷудияти шодиву сурурро рад мекунад. Умуман дар сансара ҷараёни беохири тавлиду марг инкор карда мешавад.

Ҷавҳари таълимоти Буддо тарғиби «чор ҳақиқати наҷиб» — азоб, сабаби азоб, раҳоӣ аз азоб ва шартҳои раҳо ёфтан аз азоб мебошад. Мувофиқи ҳақиқати аввал: ба дунё омадан-азоб, беморӣ-азоб, марг- азоб. Хулоса, мавҷудияти инсон ин сар то по ранҷу азоб аст. Ҳақиқати дуввум сабабҳои ранҷу азоби одамро шарҳ медиҳад, ки онҳо аз роҳат, хоҳиши хушбахт будан, майли зиндагӣ доштан иборат мебошанд. Ҳақиқати саввум роҳи наҷот ёфтан аз азобро нишон медиҳад. Барои ин дар худ майли роҳат, сурур, ташнагии ҳаёт, ҳокимиятхоҳӣ, бадзабонӣ, мағрурӣ ва ғайраро хомӯш сохтан зарур аст. Ҳақиқати чорум барои аз азоб раҳоӣ ёфтан иҷроиши шартҳои зеринро тавсия медиҳад: эътиқоди қавӣ ба Буддо; пайравии қатъӣ ба дин ва таҳқир накардани он; кирдору муносибати нек ба одамон бе куштору зӯроварӣ; хотираи қавӣ, ки доим худоро дар ёд дорад; афкори ҳақ.

Дар буддоия азоб ва озодӣ ҳолатҳои гуногуни ҳастии ягонаанд: азоб – ҳолати ҳастии воқеӣ (билфеъл), озодӣ – ҳолати имконӣ(билқувва) ба шумор меравад.

Дар асри III пеш аз эраи мо шоҳ Ашока таълимоти Буддоро чун идеологияи расмӣ қабул намуд. Баъдтар буддоия ба ду равия: ҳинаяна ва маҳаяна ҷудо шуд. Маънии ҳинаяна «роҳи кӯчаки наҷот» ва маҳаяна «роҳи васеи наҷот» мебошад. Маҳаяна маҳдудиятҳои шохаи ҳинаянаро бартараф намуда, бархилофи он таблиғ мекард, ки ҳар як фард метавонад ба нирвана мушарраф шавад. Маҳз ҳамин имконият дод, ки дини буддоӣ васеъ паҳн шавад ва ба дини ҷаҳонӣ табдил ёбад. Лекин зикр кардан зурур аст, ки буддоия дар худи Ҳиндустон худро нигоҳ дошта натавонист. Браҳмания, ки акнун дар шакли нав, яъне ҳиндуия зуҳур мекард, мавқеи буддоияро танг сохта, онро аз миён рабуд ва худи Буддо ба гурӯҳи ҳиндуия дохил шуда, ҳамчун таҷассуми Вишну арзи вуҷуд мекунад.

Таълимоти Буддо аз чанд ҷиҳат пешқадам ҳисоб мешуд. Ҷиҳати хуби ин оин аввалан, пойбанди олами ғайб набудани он мебошад. Тарафи дигари афзалиятнокаш аз он иборат аст, ки Буддо дар чорчӯбаи одоб ва русуми мазҳабӣ маҳдуд нагардидааст. Бузургии Буддо дар он аст, ки ӯ ҳаргиз даъвои пайғамбарӣ накарда, тасдиқ намуд, ки мумкин аст иштибоҳе рух дода бошад ва аз шогирдонаш талаб мекард, ки ҳеҷ кадом ақидаи ӯро бечунучаро қабул накунанд, балки худашон ҳам ба кашфи ҳақиқат пардозанд ва кӯшиш намоянд иштибоҳоти ӯро бартараф созанд.

Шарҳ баста аст.