Бозсозии горбачёвӣ ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон

Мақсади бозсозӣ. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар муддати хело кӯтоҳ – 4 сол паси ҳам фавтидани роҳбарони асосии барҷомондаи ҳизбӣ (ҲКИШ – КПСС), ба монанди Брежнев – Андропов – Черненко, ба обрӯ ва эътибори ин ҳизб ва умуман мамлакати Шӯравӣ бетаъсир намонд. Албатта мотамгириҳои пай дар пай дар корҳои идоракунӣ, ҷо ба ҷо гузории кадрҳо, махсусан иқтисодиёти мамлакат таъсири манфӣ дошт. Мардум қисман умед доштанд, ки роҳбари ҷавон онҳоро аз чунин вартаи мотамзодагӣ мебарорад. Ҳамин гуна роҳбари нисбатан ҷавони ҳизбии Итифоқ М.С.Горбачёв шуд.

М.С.Горбачёв моҳи марти соли 1985 дар сини 54-солагӣ котиби генералии ҲКИШ (КПСС) интихоб гардид. Ӯ аз соли 1979 дар ҳайати бюрои сиёсии ҳизб, ки доираи асосии олимақоми идоракунандаи ҳизб ва мамлакат ба ҳисоб мерафт, ҳамчун котиби КМ ҳизб фаъолият дошт ва дар ин доира шахси аз ҳама ҷавон буд. Вай ҳанӯз аз замони Ю.В.Андропов ба хулосае омада буд, ки мамлакат ба тағйиротҳои ҷиддӣ ниёз дорад. Бинобар ҳамин ҳам баъди каме аз ба сари қудрат омадан, аз апрели соли 1987, дар асоси қарорҳои пленуми кумитаи марказии ҲКИШ (КПСС) сиёсати бозсозиро пеш гирифт, ки онро баъзан «инқилоб аз боло» низ меномиданд.

Мақсади асосии бозсозӣ гӯё баромадан аз ҳолати карахтии замони брежневӣ, ки дар замони сарварии яксолаи Черненко боз ҳам фасодтар гардида буд, ба ҳисоб мерафт. Барои ноил гардидан ба ин мақсад ба таври куллӣ дигаргун сохтани тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат зарур ҳисобида мешуд. Маҳз бо ҳамин мақсад ният доштанд, ки дар раванди сиёсию – ҷамъиятӣ ҳаёти ҷамъиятии Иттиҳоди Шӯравиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намоянд ва бо роҳи гузаштҳо ба паст шудани шиддатнокии вазъи ҷаҳон, махсусан зиддияти байни Давлати Шӯравӣ ва давлатҳои капиталистӣ мушарраф шаванд. Инчунин мехостанд, ки бо ҳамин роҳ ба ҷамъияти сотсиалистӣ руҳияи тоза бахшанд, обрӯ ва эътибори онро дар арсаи байналхалқӣ бардоранд. Вобаста ба ҳамин раванд, бо роҳи ҷорӣ намудани озодандешӣ мардуми Шӯравиро аз ҳолати карахтӣ ва муҳосираи ҷамъиятӣ бароварда, ба фаъол гардидани онҳо ноил шаванд. Дар раванди иқтисодӣ, бо мақсади халос шудан аз корхона ва хоҷагиҳои зараровар, зиёд намудани ҳавасмандӣ дар истеҳсолот, рақобатпазир гардидани маҳсулотҳои истеҳсолшуда, вазифа гузошта шуд, ки тамоми корхонаҳоро ба ҳолати худтаъминкунӣ ва худмаблағгузорӣ гузаронанд ва ғайраҳо. Тамоми сиёсати сиёсию иқтиисодии замони Горбачёв барои амалӣ гардидани ҳамин равандҳо нигаронида шуда буд.

Амалии сиёсати бозсозӣ ва оқибатҳои он. Албатта мақсади ба миён гузоштаи бозсозӣ барои мамлакати Шӯроҳо ягон бадӣ надошт. Ҳангоми дуруст, боақлона ва бесаросемагӣ амалӣ намудани он эҳтимол бурди тамоми халқҳои мамлакат мегардид. Аммо дар амал ин тавр нашуд. На танҳо ба шитобкориҳои беасос роҳ доданд, балки дар зери ниқоби бозсозӣ баъзе чорабиниҳоро гузарониданд, ки оқибаташ барои мардум хело вазнин буд. Чунончӣ: солҳои 1985-1988 дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ чорабиниҳои зидди нӯшокиҳои спиртиро пеш гирифтанд. Албатта чунин чорабинӣ то андозае зарур буд. Аммо дар амал дар мамлакат, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо низ дар зери шиори ин чорабинӣ ангурзорҳои зиёде саросемавор хароб ва нест карда шуданд.

Феврали соли 1986 анҷумани ҳизби коммунистии Иттифоқ (ҲКИШ — КПСС) охирин нақшаи панҷсоларо барои солҳои 1986-1990 ва роҳхои асосии инкишофи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакатро барои то соли 2000-ум муайян кард. Мувофиқи он мамлакат асосан бо низоми пештара — нақшавӣ, чӣ дар соҳаи саноату сохтмон ва чӣ кишоварзӣ пеш мерафт. Аммо тобистони соли 1987 дар Иттиҳоди Шӯравӣ қонун дар бораи корхонаҳои давлатӣ қабул гардид, ки мувофиқи он бояд шитобкорона тамоми корхонаҳо ба ҳолати худтаъминкунӣ ва худмаблағгузорӣ гузаронида мешуданд. Ҳангоми амалии ин қонун ба эътибор нагирифтанд, ки тамоми корхонаҳои мамлакат вобастаи якдигар мебошанд. Онҳоро ҳамон вақт танҳо ба низоми нақшавӣ пеш бурдан мумкин буд. Аммо қонуни қабулгардида мухолифи низоми нақшавӣ ба ҳисоб мерафт. Дар натиҷа дар мамлакат низоми нақшавӣ зуд моҳияти худро гум кард. Минбаъд ҳар як корхона танҳо барои даромаднокии худ мекӯшид. Зуд доду гирифт ва умуман алоқаи байни корхонаҳо аз байн рафт. Оқибат корхонаҳо, бо сабаби нарасидани ашё, паси ҳам аз кор бозмонданд, коргарон ва мутахассисон бекор гардиданд. Дар мамлакат, ки як муддат бекориро фаромӯш карда буданд, сафи бекорон рӯз аз рӯз меафзуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ хело кам гардид.

Дар натиҷаи дар мамлакат ҷорӣ гардидани озодандешӣ мардуми шӯравӣ бори аввал имконият пайдо намуданд, ки фикру андешаҳои худро озодона, бе ягон тарсу ҳарос, ҳатто оиди сиёсати хориҷию иқтисодии ҳизбу давлат баён намуда, шахсони масъулро ба зери танқиди сахт гиранд. Вале дар амал чунин танқидҳои сахт, баъзан бо таҳқири якдигар сурат мегирифт. Ин гуна ҳолат махсусан дар байни роҳбарони олимақом, чуноне дар анҷумани намояндагони халқҳои ИҶШС байни М.С.Горбачёв ва Б.Н.Елтсин сурат мегирифт, анҷом меёфт. Ин ҳама ба воситаи оинаи нилгун на танҳо ба мардуми Шӯравӣ, балки ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ мегардид, ки боиси коста шудани обрӯ ва эътибори роҳбарон дар байни на танҳо аъзоёни ҳизб, балки умуман мардуми Шӯравӣ мешуд.

Ба ғайр аз ин ҳама маҳз озодандешӣ имконият дод, ки дар зери фишори талаби мардум, моҳи марти соли 1990 анҷумани 3-юми намояндагони халқҳои ИҶШС, маддаи 6-уми Конститутсияи (Қонуни асосии) ИҶШС-ро, ки дар он ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун ҳизби ҳукмрон (роҳбарикунанда) акс меёфт, бекор карда шавад. Ин имконият муҳайё намуд, ки дар мамлакат минбаъд ҳизбҳои гуногун, аз ҷумла ҳизбҳои мухолифин бунёд гарданд.

Бозсозии горбачёвӣ, махсусан озодандешӣ, дар Иттифоқ мавҷудияти бисёр иллатҳои масъалаи миллиро низ кушод. Аммо роҳбарияти Иттифоқ қудрати зуд ҳал намудани онҳоро надошт. Дар натиҷа аллакай декабри соли 1986 гирдиҳамоии зидди марказ (Иттифоқ) дар шаҳри Алма Ато, соли 1988 баромадҳо дар ҷумҳуриҳои назди Балтика (бо мақсади маҳкум намудани шартномаи Молотов-Риббинтроп), ҳамон сол оғози ҷанги байни Озорбойҷон ва Арманистон барои Қарабоғи Кӯҳӣ, хунрезӣ дар Сумгаитӣ, соли 1990 хунрезии байни қирғизҳо ва ӯзбекҳо дар қисми ҷанубии Қирғизистон ва ғайраҳо далел шуда метавонанд.

Дар арсаи байналхалқӣ, ки М.С.Горбачёв мехост бо роҳи гузашткуниҳо ба паст кардани шиддатнокии вазъият ноил гардад ва Давлати Шӯравиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намояд, дар амал ин ба барҳам хӯрдани Иттифоқи давлатҳои сотсиалистӣ ба давлати ягона муттаҳид гардидани Олмон, ниҳоят аз Иттиҳоди Шӯравӣ рӯ гардонидани ҳамаи давлатҳои собиқ сотсиалистии Ғарб ва ғайраҳо оварда расонид. Дар натиҷа Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар арсаи байналхалқӣ яке аз лидерҳо ба ҳисоб мерафт, чунин мавқеъро аз даст дод. Ва минбаъд ИМА лидери ягона гардид. Аз ҳама душвортарин ва фоҷеаноктарин он аст, ки бозсозии горбачёвӣ ниҳоят яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани худи Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳо оиди мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ охирҳои солҳои 80-уми асри ХХ, яъне дар замони бозсозии горбачёвӣ ба вуҷуд омад. Махсусан аз моҳи январи соли 1989 дар саҳифаҳои баъзе рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мақолаҳое чоп гардиданд, ки онҳо ба ҳимояи забони тоҷикӣ ва анъанаҳои миллӣ нигаронида шудаанд. 22 феврали он сол дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоии серодами шаҳрвандон барпо гардид, ки он ҳама ба ҳимояи забони тоҷикӣ бахшида шуда буд. Гирдиҳамомадагон талаб мекарданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад.

То моҳи июли соли 1989 мардуми зиёди ҷумҳурӣ ба воситаи матбуот, оинаи нилгун ва радио андешаҳои худро оиди мақоми забони тоҷикӣ баён намуданд. Гарчанде, андешаҳои дузабонӣ ҳам вуҷуд дошт (яъне баъзеҳо талаб мекарданд, ки дар баробари забони тоҷикӣ ба забони русӣ ҳам мақоми давлатӣ дода шавад), вале аксар пешниҳод мекарданд, ки дар ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ниҳоят, 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд, ки мувофиқи он дар ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Бо ҳамин забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва аз ҳамон сол сар карда, то соли 2009 дар ҷумҳурии мо ҳар сол 22-уми июлро ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн мегирифтанд.

Ҳангоми қабули «Қонуни забон», чӣ тавре аллакай таъкид гардид Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва оиди парокандашавии он ҳатто аксар фикре ҳам намекард. Бинобар ҳамин ҳам зарурияти мубошироти байни ҷумҳуриҳои иттифоқиро ба инобат гирифта дар ин қонун забони русӣ ҳамчун забони мубоширати байни миллатҳо ва халқҳо қабул гардид.

14 октябри соли 1989 анҷумани Муассисони Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) барпо гардид ва он Оинномаи Бунёди забонро қабул намуд. Раиси Бунёди забони тоҷикӣ, шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ интихоб гардид. Ҳамон солҳо мардуми тоҷик ба маоши ночизи худ нигоҳ накарда, ба фонди Бунёди забони тоҷикӣ як миқдор маблағ ҷамъ карда буданд, то ин ки нақшаҳои дар «Қонуни забон» дарҷ гардида, амалӣ шавад.

Таъсиси созмонҳо ва ҳизбҳо. Дар натиҷаи ҷамъомаду гирдиҳамоиҳое, ки маҳз соли 1989 дар Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Душанбе ташкил гардиданд, боиси таъсиси ҳар гунна созмонҳо ва ҳизбҳо низ шуданд. Аз ҷумла моҳи майи ҳамон сол дар шаҳри Душанбе созмон – маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» ташкил ёфт, ки бунёдгузораш З.Саидов, ҳамон вақт яке аз фаъолони иттифоқи ҷавонон (комсомол), баъд шореҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори гинералии «Ховар» ба ҳисоб мерафт. Дар ин маҳфил, ки ба мисли «микрофони озод», дар имрӯза қасри «Ваҳдат» гузошта шуда буд ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳатто аз ноҳияҳои дурдаст ҳам омада андешаҳои худро озодона баён намуда, ин ё он амалдори ҳизбӣ ё давлатиро ба зери танқид мегирифтанд. Баъзан, бо ташаббуси ҳамин маҳфил барои саволу ҷавоб амалдорони давлатӣ, аз ҷумла вазирон даъват карда мешуданд.

15 сентябри он сол дар шаҳри Душанбе маҷлиси муассисони созмони сиёсии «Растохез» барпо гардид, ки дар он бештар намояндагони зиёиён, махсусан ҷавонон, ҳатто коммунистон иштирок намуданд. Дар фаъолияти ин ҷамъият талабҳои истиқлолияти сиёсӣ (дар доираи Иттиҳоди нави таҷдидёфта), иқтисодӣ, ҳимояи манфиати фарҳангии халқи тоҷик, беш аз ҳама баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ ва ғайраҳо дида мешуд. Сарвари ин ҷамъият иқтисодшинос, (номзади илмҳои иқтисодӣ) Тоҳир Абдуҷаббор интихоб гардид. Барномаи ҷамъият хоси ҳамон давр буд ва ба ҷамъияти сотсиалистӣ хавфи ҷиддӣ набошт. Аммо сарварони ҳамонвақтаи ҳизби коммунистӣ фаъолияти ин ҷамъиятро таъқиб намуданд. Дар натиҷа ин ҷамъият зуд ба мавқеи зиддикоммунистӣ ва зиддисотсиалистӣ гузашт.

Маҳз дар солҳои 1989-1990, дар ҷумҳурӣ, ба ғайр аз шаҳри Душанбе, боз дар шаҳри Кӯлоб (созмони «Ошкоро»), дар шаҳри Хуҷанд (созмони «Эҳё»), дар шаҳри Конибодом ва Истаравшан (созмони «Ваҳдат»), дар Хоруғ (созмони «Лаъли Бадахшон») ва ғайраҳо ба вуҷуд омада, фаъолият мекарданд.

10 августи соли 1990 дар шаҳри Душанбе аввалин ҳизби ғайрикоммунистӣ – ҳизби демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Сарвари он номзади илмҳои фалсафа Шодмон Юсуф интихоб гардид. Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳарчанд пештар бунёд гардида буд, вале танҳо аз 6 октябри соли 1990 фаъолияти он ба қонуният дароварда шуд.

Бисёре аз созмонҳо ва ҳизбҳои ба вуҷуд омада нашрияҳои худ – рӯзнома доштанд ва ба воситаи онҳо андешаҳои худро дар байни мардум паҳн мекарданд. 12 декабри соли 1990 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» қарор қабул кард, ки мувофиқи он дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳар гуна ҳизбу созмонҳо ошкоро фаъолият карда метавонистанд.

Оғози гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ. Бозсозии горбачёвӣ, махсусан сиёсати худмаблағгузорӣ ва худтаъминкунӣ, чуноне таъкид шуд, ба низоми нақшавӣ, ки қариб ба тамоми замони Шӯравӣ хос буд, зарба зад ва ниҳоят хотима гузошт. 26 майи соли 1990 дар рӯзномаи «Правда», ки органи ҳазби ҳанӯз яккаҳукукмрони Иттифоқ – ҲКИШ (КПСС) ба ҳисоб мерафт, консепсияи ҳукумати Иттифоқ оиди гузариши иқтисодиёти ИҶШС (СССР) ба муносибатҳои бозорӣ нашр гардид. Дар он давраҳои гузариш барои солҳои 1990 – 1995 муайян карда шуда буд. Яъне, мувофиқи консепсия то соли 1995 бояд иқтисодиёти ҳамаи ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ ба талаботи бозор мутобиқ карда мешуд.

Дар асоси ҳамон нишондоди ҳизби ҳукмрон, дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам чун дар дигар ҷумҳуриҳои Иттифоқ аз моҳи майи соли 1990 барои гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ шурӯъ карданд. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар як ҷумҳурии собиқ Иттифоқ нақшаи гузариши худро ба иқтисодиёти бозорӣ тартиб ва такмил дод. Аз ҷумла ҷумҳурии мо низ.

Воқеаи февралии соли 1990 дар шаҳри Душанбе

Аввали соли 1990 вазъи шаҳри Душанбе ҳамоно мураккаб буд. Ҳар гуна намоишу гирдиҳамоиҳои мухталиф ба вуҷуд меомаданд. Он вақт ҷанги байни Озорбойҷону Арманистон ҳам идома дошт. Дар чунин ҳолат якбора дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Душанбе (ба воситаи масчидҳо)овоза паҳн шуд, ки гӯё «гурезаҳои арманиро дар ш.Душанбе қабул карда, ба онҳо хона – сексия медодаанд». Ҳамон вақт қисми мардуми шаҳр, дар ташкилотҳои гуногун, дар рӯйхати навбати хона истода, 10-15 сол интизори хона-сексия буданд. Бинобар ин овозаи бардурӯғ оиди гурезаҳои арманӣ 12 – 14 феврали он сол якбора мардуми зиёдро ба майдони Қасри Президентӣ баровард.

Ҳарчанд талаби асосии гирдиҳамомадагон роҳ надодани гурезаҳои арманӣ буд, вале дар он талабҳои муқобили ҳукумат ва ҳизби коммунистӣ низ садо доданд. Ба муқобили гирдиҳамомадагон қувва истифода гардид, дар натиҷа 26 нафар кушта шуданд. Ин воқеа минбаъд вазъи сиёсии ҷумҳуриро боз ҳам мураккабтар намуд.


Бозсозии горбачёви ва окибатхои он барои Точикистон, Максади бозсози, Амалии сиёсати бозсози ва окибатхои он, Макоми давлати гирифтани забони точики, Таъсиси созмонхо ва хизбхо, Вокеаи февралии соли 1990 дар шахри Душанбе.

Шарҳ баста аст.