биржа чист

Биржа чист? Шаклҳои биржа

Яке аз унсурҳои умдаи зерсохти бозор биржа мебошад.

Махсус бояд қайд намуд, ки дар адабиёти иқтисодӣ биржа аз ду ҷанба: ҷанбаи шакли бозор ва ҳамчун унсури зерсохти он (бозор) таҳлил карда мешавад.

Биржа чист?

Биржа ҳамчун ташкилоти махсуси саҳҳомӣ, давлатӣ ва шакли савдои яклухту чакана барои хариду фурӯши молу маҳсулот ё худ ба амал даровардани амалиётҳо перомуни хариду фурӯши асъор, қувваи коргарӣ, қоғазҳои қимматнок ва ғайра ташкил карда мешавад.

Биржаҳо мақсади ба ҳам вохӯрӣ ва бастани шартномаҳо байни тавлидгарону истеъмолгарон, муқарраркунии нарху наво, муайянкунии тарзу услуб ва қоидаи савдою тиҷорат, тасниф ва тавсифи меъёру стандартҳои молҳои дар биржа хариду фурӯш кардашаванда, коркард ва  тасдиқи  қарордод( контракт)-ҳову шартномаҳо, ҳаллу фасли масоилҳои баҳсталаб (баҳсҳои арбитраж), таъмин кардани иттилоот, додани кафолат ҳангоми мубодилаи молу хадамот, қоғазҳои қимматнок ва ба ивази хизмати худ ҷамъоварии комиссионӣ ва ғайра ташкил карда мешаванд.

Фаъолияти биржаҳо бо воситаи амалиётҳо бо молҳои ҳақиқӣ (воқеӣ), молҳои бидуни воқеӣ (молҳои дар оянда истеҳ-сол кардашаванда), яъне амалиётҳои фючерсӣ, фурӯши контрактҳо (кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлат) ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Дар низоми иқтисоди бозори муосир, афзалияти чунин шаклҳои маъмултарини биржаҳо истифода карда мешаванд: биржаҳои молӣ, фондӣ (пулӣ, қоғазҳои қимматнок), меҳнатӣ, асъор ва ғайра.

Биржаҳои молӣ

Биржаҳои молӣ — шакли бозори муташаккили моддӣ ва объектҳои чизӣ (ашё, таҷҳизот, ғалла, фулузот…) мебошад, ки дар асоси мубодилаи молу маҳсулот ва қарордодҳо (контрактҳо) сурат мегирад. Биржаҳои молӣ ҳамчун бозори молҳои алоҳида, яъне махсусгардондашуда (пахта, ғалла, металл…) ва молҳои ҳархела, яъне биржаҳои универсалӣ (ҳамаҷанбавӣ) ташкил карда мешаванд.

Фарқи биржаҳо аз бозори муқаррарӣ дар он аст, ки дар ин ҷо молҳо мустақиман хариду фурӯш карда намешаванд. Фаъолияти онҳо дар асоси ба як қарор омадан, шартномаю контракт (қарордод) бастан, тибқи тақозою арза ва нархгузории озод ба роҳ монда мешавад.

Биржаҳои молӣ ба мақсади: хизматрасонӣ оиди хариду фурӯши молҳои гуногун; танзими савдои молу маҳсулот, амалиётҳои савдо ва ҳаллу фасли баҳсу мунозира ва ноқисиҳои тиҷорат; ҷамъоварӣ ва дастраси омма гардондани маълумотҳо оиди нарх, миқёс, меъёр, хаҷми истеҳсол ва омилҳои муайянкунандаи онҳо ва ғайра ташкил карда мешаванд.

Биржаи фондӣ

Биржаи фондӣ (биржаҳои асъор, қоғазҳои қимматнок) ба мақсади хариду фурӯш намудани қоғазҳои қимматнок (саҳмия, облигатсия (заём), вексел, ваучер, сертификат, коносаментҳо ва ғайра) дар асоси нархҳои муқарраршаванда ташкил карда мешаванд. Мубодилаи қоғазҳои қимматнок дар асоси услуби фурӯши музоидавӣ, яъне пешниҳод намудани нархи аз ҳама баландтар ба роҳ монда мешавад.

Бозори қоғазҳои қимматнок ду зина: якӯм — бозори ибтидоӣ — интишори қоғазҳои нави қимматнок аз ҷониби ҳукумат ё худ ширкатҳои саҳҳомии номдор, бақуввату устувор ва зинаи дуввӯм — хариду фурӯши қоғазҳои қимматноки интишори пештараро дарбар мегирад.

Ба раванди ташкил, инкишоф ва таҳаввули биржаҳо омилҳои гуногун таъсир расонда метавонанд: ноустуворӣ ва ғайримуозинии вазъу ҳолати худи биржаҳои фондӣ ва биржаҳои дигар, номувофиқатии ҳаҷми интишори саҳмияҳо бо миқдори маҳсулот, сохтмонҳои бузургҷуссаи бо маблағ таъмин нашуда ва думболдор, интишори қоғазҳои қимматноки қалбакӣ ё худ бо захираҳо асос наёфта, камбуд ва хатоиҳо дар сиёсати иқтисодии давлат, нодуруст ба роҳ монда шудани сиёсати фискалӣ (хазинадорӣ) ва сиёсати иҷтимоии давлат ва ғайра.

Биржаи меҳнат

Биржаи меҳнат — ташкилоти миёнараве мебошад, ки барои хариду фурӯши қувваи коргарӣ ҳамчун мол махсусгардонда мешавад. Он таносубии байни тақозо ва арзаи қувваи коргарӣ, талаботи корфармо ва коркунанда, мувофиқсозии манфиати онҳо, ҳисобу китоби байни шумораи аҳолӣ, бо кор шуғл доштаю бекорон, бенавоён, ба ёрию кӯмак мӯҳтоҷон ва ғайраро ба эътидол медарорад.

Ба воситаи биржаҳои меҳнатӣ ташкили аз нав маъ-лумот гирифтан, тағйир ва баланд бардоштани ихтисос, баҳисобгирии қувваи коргарии озод, ҷои холии кор дар корхонаҳо ёрдамҳои моддию пулӣ ба бекорон, экспертизаи коршоямӣ, мусоҳиба ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Фаъолияти биржаҳо аз ҷониби субъектҳои биржа — маклер, брокер, дилер, “барзагов”, “хирс” идора карда мешавад.

Маклер (аз калимаи немисии makler) — шахсияти ҳуқуқӣ буда, дар биржа ҷои махсуси худро дорад, ҷараёни савдои биржавӣ ва хариду фурӯши онро ба қайд мегирад, тибқи дархости мизоҷон талаботи онҳоро қонеъ мегардонад, ба ивази иҷрои кори худ кироҳаққӣ (бо номи кураж) мегирад ва барои амалӣ гардондани ягон амалиёт дар биржа махсус гардонда мешавад.

Брокер  (аз калимаи англиси broker — комиссионер) ҳамчун шахсияти ҳуқуқӣ, байни фурӯшандагон ва харидорон ба сифати миёнрав иштирок карда, аз номи онҳо ва ба манфиати онҳо кор мекунад. Онҳо аз ҳисоби мизоҷони худ ҳамагуна кор ва амалиётҳоро: оиди хариду фурӯш, хадамот, таблиғ, омӯзиши бозор, пешниҳоди ахбор, яъне амалиётҳои форвардӣ, фючерсӣ, опсион, хоҷерӣ (бимавӣ) ва ғайраро ба ҷо меорад.

Хизмат аз ҳисоби мизоҷон анҷом дода мешавад. Дар нақши брокерҳо — фардҳои алоҳида, идораҳои мушаххаси брокерӣ ва фирмаҳои брокерӣ баромад мекунанд.

Дилер (аз калимаи англисии-dialer) шахсест, ки аз номи худ ё биржа барои хариду фурӯши молу қоғазҳои қимматнок ва миёнаравӣ кардан омода шудааст. Фоидаи дилер ҳамчун фарқи байни нархи хариду фурӯш сурат мегирад.

“Барзагов” (эҳтикор) шахсест, ки дар бозор ҳамчун ҳаннот аз ҳисоби баланд бардоштани нархҳо, яъне харидани молу маҳсулот, пул, асъор, қоғазҳои қимматнок, контрактҳо ба мақсади дар оянда бо нархи баланд фурӯхтани онҳо ва ба даст овардани фоидаи баланд фаъолият ба сар мебарад.

“Хирс” — шахсест муқобили “барзагов”, ки аз ҳисоби паст кардани нархҳову баланд фурӯхтани онҳо фаъолият пеша мекунад. “Хирс” ҳамеша барои паст гардидани нархҳо ва мансуб гаштан ба дараҷаи фоидаи муайян интизорӣ мекашад (10,61).

Маълумоти бештар оиди биржа ва зерсохтори бозор дар ин мавзӯъ оварда шудаааст Зерсохти бозор, моҳият ва унсурҳои он

Рӯйхати пурраи мавзӯҳои иқтисодӣ

Шарҳ баста аст.