Бекориро бо шуғле дур кунед

Аблаҳтарин ва носипостарин мардум бекоронанд. Агар дар роҳ мошине бе ронанда дар ҳаракат бошад, аз он мошин газанду харобкориву ҳалокатро интизор бошед. Одами бекор низ мисли мошини беронанда аст, ки ба чапу рост мезанад, аз бекорӣ ҳатто хатарноктарин ҷиноятро шайтон ба ӯ маъқул мекунонад. Пурғаму пурғуссатарин мардум бекоранд.

Бекорӣ инсонро бештар мубталои ғаму ғусса ва аксаран дардҳои рӯзи гузашта ва хаёлоти беҳударо дар зеҳни инсони бекор аз сари нав милод месозад. Пас дафъи ин балоҳо дар шуғле ё андармони кори муфиде ҳаст, ки қатори ибодати навофил ҳузури Худованд маҳсуб хоҳад шуд. Аз ҳазрати Умар омадааст, ки мегӯяд: Нафареро бинам, ки бекор аст, на кори дунё мекунад ва на кори охират, зишттарин мардумест, ки дӯсташ намедорам».

Ҳақ ба ҷониби ҳазрати Умар (р) аст, зеро бекорӣ сабабгори сар задани гунаҳҳои зишту амалҳои шайтонӣ ва фасоди ҷомеа мегардад. Агар яке иттифоқ афтад, ки дар хонаи шумо умуман ниёзе ба кору сомон додани амале нест, пас бархезед намоз бигзоред, Худоро зикр созед ва ё ба мутолиаи китобе пардозед, ки бекориро аз сари шумо дур созад.

Бекорӣ душмани ҷону имони шумост, ки варо бо шамшери амали неке ба қатл бирасонед, вагарна шуморо ба ҳалокати рӯҳиву равонӣ ва ҷисмӣ мувоҷеҳ месозад.

Пас дар он сурат ба шумо табибону муаббирон ва беҳтарин ҳакимон панҷоҳ фисади саломативу саодатро замонат (кафолат) медиҳанд.

Оё намебинӣ, ки деҳқоне ё бинокоре баъди итмоми кори муфиде суруди саодатро зери лаб замзама мекунанд, аммо ту ашки надомат аз чашм мерезӣ, зеро кореро анҷом надодаӣ ва ҳамеша бекориро ихтиёр намудаӣ.


Аз китоби Оизи Қарнӣ бо номи “Ғамгин машав!”