Баҳои иқтисодӣ ба сарватҳои табиӣ ва ҷойгиршавии онҳо

0
170

Инкишофи иқтисодии ҷамъият, ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда ва фаъолияти инсон дар бисёр маврид аз таъсири муҳити географӣ, ки дар маҷмӯъ он шароитҳои табиӣ ва сарватҳои онро дар бар мегирад, вобастагии зиёд дорад.

Шароитҳои табиӣ яке аз узвҳои муҳими муҳити табиӣ буда,  бевосита дар истеҳсолоти моддӣ ҷалб карда намешаванд, вале бе онҳо протсесси истеҳсолот ғайриимкон аст. Ба ин пеш аз ҳама релеф, иқлим, нури Офтоб ва ғайра дохил мешаванд. Шароитҳои мувофиқ ва ё номувофиқи табиӣ ба инкишофи иқтисодии ҷамъият ва ба ҳаёти инсон таъсири назаррас дорад.

Загрузка...

Сарватҳои табиӣ қисми муҳими элементҳои муҳити табиӣ буда, онҳо дар протсесси истеҳсолоти моддӣ истифода бурда мешаванд. Аз онҳо бевосита ашёи саноату маҳсулоти истеъмолӣ, қувваи барқ ва ғайра истеҳсол менамоянд.

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Дар навбати худ захираҳои табиӣ ба якчанд гурӯҳ тақсим мешаванд:

– сарватҳои зеризаминӣ (ба ин тамоми намудҳои канданиҳои фоиданок ва сӯзишворӣ дохил мешавад);

– захираҳои об, замин ва биологӣ;

– захираҳои Уқёнуси ҷаҳонӣ;

– захираҳои рекреатсионӣ.

Аз рӯи истифодабарӣ захираҳои табииро ба барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мекунанд.

Ба гурӯҳи барқарорнашаванда чунин захираҳои табиие дохил мешаванд, ки минбаъд  тамоман  барқарор намешаванд ва ба онҳо нефт, ангишт ва бештари канданиҳои фоиданок шомил мебошанд. Ҳифзи захираҳои барқарорнашаванда пеш аз ҳама дар истифодаи самараноку оқилонаи онҳо ҳангоми истихроҷу коркард мебошад.

Ба гурӯҳи барқароршаванда захираҳои табиӣ хок, олами набототу ҳайвонот, об, қувваи бод ва захираи Уқёнуси ҷаҳонӣ дохил мешаванд. Ин захираҳои номбурда бо мурури истифодабарӣ аз нав барқарор мешаванд. Вале барои барқароршавии онҳо шароити муайяни табиӣ зарур аст. Ба инобат нагирифтани ин шароитҳо боиси давомнок ва ё умуман қатъ гардидани протсесси барқароршавии онҳо хоҳад гашт. Аз тарафи дигар набояд фаромӯш кард, ки протсесси барқароршавии захираҳои табиӣ барои ҳар як намуд дар мӯҳлати ҳархела зоҳир мегардад. Масалан, барои барқарор намудани намуди ҳайвонотҳои бемаврид шикоршуда аз 5 то 10 сол кифоя аст, вале барои бешазори нобудшуда аз 60 то 80 сол камӣ мекунад. Барои барқароркунии қабати хок бошад, ҳазорсолаҳо лозим меояд. Захираҳои табиии барқароршаванда дар натиҷаи фаъолияти инсон ба захираҳои барқарорнашаванда табдил меёбанд. Инро дар мисоли тамоман нобуд шудани намудҳои набототу ҳайвонот ва қабатҳои хок дар натиҷаи эрозия (фарсоиш) дидан мумкин аст.

Дар байни боигариҳои табиӣ сарватҳои зеризаминӣ мавқеи хос доранд. Баҳои иқтисодӣ ба сарватҳои зеризаминӣ пеш аз ҳама аз нигоҳи самаранокии он дода мешавад. Ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок дар қаъри замин якхела нестанд, ки он дар навбати худ ба хароҷоти гуногун меоварад. Ҳатто сифати захираҳои мавҷуда фарқ мекунанд, ки он низ арзиши минбаъдаи кони мазкурро муайян менамоянд. Аз ин хотир, ҳангоми истихроҷи ашёҳои минералӣ пеш аз ҳама самаранокии иқтисодии он дар мадди аввал меистад.

Аз рӯи истифодабарӣ дар доираи истеҳсолот сарватҳои зеризаминиро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд:

  1. Сӯзишворӣ-энергетикӣ (нефт, газ, ангишт, сланетсҳои сӯзанда ва торф);
  2. Маъданҳои металлӣ (металлҳои сиёҳ, ранга, нодир ва асил);
  3. Маъданҳои ғайриметаллӣ (ашёи саноати кӯҳӣ-кимиёвӣ, ашёи масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра).

Яке аз хусусиятҳои асосии захираҳои канданиҳои фоиданок аз он иборат аст, ки онҳо дар қаъри замин ба таври нобаробар ҷойгир шудаанд. Аз тарафи дигар ҳар як намуди захираҳои он қонуниятҳои ба худ хоси пайдоиш ва ҷойгиршавиро доранд.

Аз рӯи аҳамияти иқтисодӣ доштани канданиҳои фоиданок онҳоро ба ду гурӯҳ: балансӣ (категорияи А+В+С1) ва ғайрибалансӣ (категорияи С2) ҷудо мекунанд. Ба гурӯҳи балансӣ захираҳое дохил мешаванд, ки истифодабарии онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда, ба талаботи саноат ва шароитҳои истифодаи техникӣ пурра ҷавобгӯй мебошад. Ба гурӯҳӣ ғайрибалансӣ (категорияи С2) захираҳое дохил мешаванд, ки айни замон истихроҷи онҳо аз нигоҳи иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ нест, вале шояд дар оянда истифода бурда шаванд.

Аз захираҳои табиӣ таъмин будани давлат – омили муҳими инкишофи иқтисодию сиёсӣ ва пешрафти истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад. Намудҳои сарватҳои табиӣ, ҷойгиршавии он, ҳаҷми захира, сифат, дараҷаи тадқиқи кон ва роҳҳои истифодабарии он ба иқтидори иқтисодии мамлакат таъсири ниҳоят бузург дорад.

Талаботи ҷаҳонӣ ба захираи сарватҳои зеризаминӣ дар асри XX ва аввали асри XXI суръати хело баландро гирифт. Дар баробари зиёд шудани талабот нисбат ба ашёҳои минералӣ, ҷустуҷӯй, такмили технологияи истихроҷ, ба таври комплексӣ истифодабарии конҳои металлҳои ранга ва беҳтар намудани дараҷаи истеҳсолӣ мавқеи асосиро ишғол намуда истодааст. Агар дар асрҳои миёна инсон аз қаъри замин 18 номгӯй, асри XVII – 25, асри XVIII – 29, асри XIX – 47, ибтидои асри XX – 54 ва ҳоло бошад зиёда аз 200 намуди ҳархелаи ашёи минералиро истифода мебарад. Аз рӯи ҳисоботи олимон инсоният дар тӯли ҳастии худ аз қаъри Замин зиёда аз 180 млрд. тонна ангишт, 85 млрд. тонна нефт, 40 млрд. тонна маъдани оҳан, 280 млн. тонна маъдани мис истихроҷ кардааст. Ҳоло соле аз қаъри Замин зиёда аз 100 млрд. тонна намуди ҳархелаи ашёи минералӣ ва сӯзишворӣ истихроҷ карда мешавад.

Мувофиқи тадқиқотҳои геологӣ сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои хело зиёди сарватҳои зеризаминӣ мебошад. Айни замон дар қаламрави мамлакат қариб 1000 кони ашёҳои гуногуни минералӣ кашф карда шудааст, ки аз ин тақрибан 100 кон мавриди истифода қарор дорад. Ҳафриётҳои бостонӣ гувоҳи онанд, ки ҳанӯз дар замонҳои қадим дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон истифодаю коркарди сарватҳои зеризаминӣ вуҷуд доштааст. Мувофиқи нишондоди бостоншинос М.Е.Массон дар ин сарзамин ҳанӯз дар асри IV то милод конҳо кор мекарданд. Аз гуфти Геродот ва Страбон мардуми ноҳияи Қарамазор дар ҳамон аср аз мис сохтани камонғулак, офтоба ва наълро медонистанд ва тиллою нуқраро бошад, барои ороиши зарфҳои мухталиф истифода мебурданд. Як қисми кӯҳистонро (аз водии Зарафшон то Истаравшан) мамлакати Бутем меномиданд. Дар ин сарзамин тилло, нуқра, мис, оҳан, сулфур ва навшодир мавҷуд будааст. Бисёр тадқиқотчиёну сайёҳон дар хусуси истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар Балҷувону Рашт ва Дарвоз маълумотҳои аҷиб овардаанд. Дар охири асри XIX ва авали асри XX инженери кӯҳшинос Журавко-Покорский барои барқарор намудани конҳои қадима дар Дарвозу  Бадахшон  кӯшиш намуда буд.

Тадқиқоти аввалини дар асоси илми омӯхтани табиат ва сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ба номи олимони рус И.В.Мушкетов, Д.Л.Иванов, Г.Д.Романовский, А.П.Федченко, Д.В. ва дигарон, ки дар XIX ва аввалҳои асри XX гузаронида буданд, вобаста аст. Солҳои 20-ум ва 30-юми асри гузашта дар таърихи омӯзиши канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ гардиши муҳиме ба амал омад. Дар ин давра тадқиқотҳои экспедитсияҳои комплексии  шӯравию олмонӣ  ва Тоҷику  Помир (солҳои 1928-1933), ки дар ҳайати он олимони маъруф-геологҳо А.Е.Ферсман, Д.В.Наливкин, Д.И.Шербаков, В.А.Николаев ва дигарон буданд, дар кори тадқиқу кашфи намуди конҳои нав дар Тоҷикистон ҳиссаи бузург гузоштанд.

Тадқиқотҳои минбаъдаи сарзамини Тоҷикистон зарурияти таъсис додани базаҳои илмӣ ва тадқиқотиро талаб намуд. Ба ин мақсад аввал дар базаи экспедитсияи Тоҷику Помир филиали Академияи илмҳои СССР ва дар асоси он шӯъбаи геологӣ таъсис дода шуд. Барои васеъ намудани тадқиқотҳои илмӣ соли 1941 дар Тоҷикистон филиали Институти геологияи Академияи илмҳои СССР ташкил карда шуд. Соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон мустақил эълон карда шуд ва дар ҳайати он Институти геология мавқеи асосиро ишғол намуд. Солҳои тӯлонӣ сарварии Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистонро академик Р. Баротов ба ӯҳда дошт. Дар ин давра Институт дар тадқиқоту истифодабарии намудҳои гуногуни сарватҳои зеризаминӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳиссаи хело бузург гузошт. Институти геология дар тарбия намудани кадрҳои баландихтисос низ корҳои хело зиёдеро ба сомон расонид. Кормандони Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати геологияи ҷумҳурӣ конҳои хело зиёди руҳ, сурб, мис, қалъагӣ, волфрам, висмут, сурма, симоб, тилло, нуқра, нефт, гази табиӣ, ангишт, сангҳои қимматбаҳо, обҳои маъданӣ кашф ва муайян намуданд. Дар асоси захираҳои сарватҳои зеризаминӣ дар мамлакат як қатор корхонаҳои металлургияи ранга, саноати кимиё, коркарди сангҳои қимматбаҳою ороишӣ, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра бунёд карда шуданд.

Сарватҳои зеризаминӣ дар қаламрави мамлакат ба таври нобаробар ҷойгир шудаанд. Қисми зиёди он дар ноҳияҳои баландкӯҳ ва дур аз марказҳои саноатӣ воқеъ гардидаанд.

Дар  инкишофи иқтисодии кишвар нақши канданиҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ хело бузург аст.

Захираҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ. Дар байни захираҳои сӯзишворӣ-энергетикии мамлакат конҳои ангиштсанг мавқеи хосро ишғол мекунанд. Ҳоло Тоҷикистон аз рӯи захираҳои ангиштсанг дар қаламрави Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои намоёнро мегирад ва на танҳо имконияти талаботи бо сӯзишворӣ, ашёи кимиёвию технологӣ таъмин намудани кишвар, балки ба хориҷи мамлакат баровардани онро низ дорад.

Дар Тоҷикистон 36 кони ангишт ва нишонаҳои он муайян карда шудааст, ки захираи потенсиалии онҳо ба 5 млрд. тонна мерасад. Мувофиқи тадқиқоти «Тоҷикгеология» аз рӯи категорияи саноатӣ захираи ангишти сиёҳтоб – 144,5 млн. тонна, ангишти коксшаванда – 905 млн. тонна, ангиштсанг – 2293,0 млн. тонна ва захираи антратсит 255 млн. тоннро ташкил медиҳад.

Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ истеҳсоли солонаи ангишт дар Тоҷикистон 700-800 ҳазор тоннаро дар бар мегирифт, вале талаботи солонаи саноат, нақлиёт ва аҳолӣ ба 1,5 – 1,6 млн. тонна мерасид. Танҳо дар кони Шӯроб соле  зиёда аз 500 ҳазор тонна ангишт истеҳсол мешуд.

Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боиси дар ҳолати хело вазнин дучор омадани саноати ангишт ва ба ҳолати бӯҳрони сӯзишворӣ-энергетикӣ рӯ ба рӯ гаштани Тоҷикистон гардид. Истихроҷи ночизи нефту газ ва воридоти он сол то сол вазъи таъминоти сӯзишвории мамлакатро вазнин намуда истодааст. Дар чунин шароит коркарду истифодаи конҳои ангишт нақши ниҳоят бузургро мебозанд. Аз тарафи дигар, конҳои ангишти кишвар қариб дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон пайдо карда шудаанд, ки он аз лиҳози кашонидани он ба воситаи нақлиёт хело арзон меафтад.

Умуман ҳолати имрӯзаи захираҳои сӯзишворӣ-энергетикии мамлакат аз он тақозо менамояд, ки минбаъд ба зиёд намудани истихроҷи ангишт диққати муҳим дода шавад. Зеро дар бисёр давлатҳои мутараққии ҷаҳон ҳоло ҳам ангишт дар баланси сӯзишворӣ-энергетикӣ мавқеи асосиро ишғол мекунад. Масалан, ҳиссаи ангишт дар маҷмӯи сӯзишворию энергетикӣ дар Германия – 55%, дар ШМА – 56%, дар Австрия – 88% ва дар Хитой – 70% ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон ба мақсади беҳтар намудани вазъи саноати ангишт соли 2001 муассисаи «Тоҷикангишт» таъсис ёфт, ки барои беҳтар намудани корҳои тадқиқотӣ ва истихроҷи ангишт дар мамлакат корҳои зиёдеро ба сомон расонид.

Чунин чорабиниҳо имконият доданд, ки соли 2010 истеҳсоли ангишт дар мамлакат қариб ба 200 ҳазор тонна расонида шавад, ки нисбати соли 2001 истихроҷи он то 5 маротиба зиёд шуд.

Яке аз роҳҳои беҳтар намудани соҳаи саноати ангишт ва таъмини талаботи аҳолӣ дар шимоли мамлакат ин аз нав таъмир намудани кони ангишти Шӯроб мебошад. Кони мазкур, ки қариб 1 млн. тонна ангишт истихроҷ менамуд, ҳоло бештар аз 90% техникаю таҷҳизоти он фарсуда гардида, аз нав таъмирро талаб менамояд. Чуқурии шахта зиёда аз 450 метрро ташкил медиҳад ва соле ҳамагӣ аз 20 то 25 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мешаваду халос. Вазъи шахта ва умуман тамоми кони ангишти Шӯроб дар ҳолати вазнин аст.

Кони Шӯроб ягона кони ангиштест, ки дар тӯли зиёда аз сад сол боз талаботи тамоми корхонаю муассиса, аҳолии вилоят ва ҳатто ҷумхуриро таъмин менамуд. Ангишти кони Шӯроб сифати хуб дошта, дар таркиби он хокистар аз 10 то 16% дар бар мегирад. Каллориянокии он низ баланд буда, аз 7035 то 7190 ккал/кг ташкил  медиҳад. Захираи умумии кон аз рӯи категорияи саноатӣ (А+В+С1) қариб 145 млн. тонна мебошад, ки он метавонад,  дар муддати қариб сад сол аҳолии шимолии мамлакатро бо рӯшноӣ, сӯзишворӣ ва гармӣ таъмин намоянд.

Барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон истифодаи кони ангишти Фон-Яғноб, ки калонтарин дар миқёси Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, аҳамияти бағоят бузург дорад. Ба хотири он ки ҳоло кони мазкур мавқеи хело мушкили географӣ дошта, аз марказҳои саноатӣ, роҳи оҳан ва харидорони асосӣ хело дур ҷойгир шудааст, бинобар истихроҷи солонаи он ҳамагӣ ба 30 то 50 ҳазор тонна мерасад. Ҳол он ки дар ҳолати дастгирии молиявӣ корхона имконият пайдо менамуд, ки на танҳо талаботи водии Зарафшон, балки тамоми мавзеи ҷанубу ғарбии Тоҷикистонро бо ангишти аълосифат таъмин намояд.

 Захираи ангишти Фон-Яғноб аз рӯи категорияи саноатӣ (А+В+С1) ба 840 млн. тонна расида, сифати хело аълоро дорост. Дар кони мазкур шахтаи «Восточный» ба кор шурӯъ намудааст, ки иқтидори он бояд ба 315 ҳазор тонна ангишт расонида шавад. Вале имконият аст, ки дар оянда дар ин муассиса истихроҷи ангишт то ба 1500 ҳазор тонна мерасад.

Оиди коркарди кони ангишти Фон-Яғноб якчанд лоиҳаҳои ҳархела мавҷуд аст. Дар яке аз онҳо дар базаи ин кон сохтани комбинати коксохимия ва сохтмони ГРЭС (нерӯи олавии барқӣ) бо иқтидори бештар аз 2 млн. кВт дар назар дошта шудааст.

Солҳои охир кони Зиддӣ диққати инвестерҳои хориҷиро ҷалб намудааст. Ин пеш ҳама ба  сифати ангишт ва наздикии он ба пойтахт далолат мекунад. Махсусан сармоягузарони Қазоқистон барои ҳарчӣ зуддтар истифодабарии кони Зиддӣ ҷидду ҷаҳди хело зиёд ба харҷ медиҳанд. Имрӯз Қазоқистон дар миқёси ҷаҳонӣ ба яке аз давлатҳои пуриқтидори саноатӣ табдил ёфтааст ва сармоягузорони он дар бисёр лоиҳаҳои муҳими пешрафти иқтисодии Тоҷикистон ҳиссагузорӣ мекунанд. Ба хотири аз мушкилоти нарасидани барқ баровардани ҷумҳурӣ, Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби ангишти Зиддӣ нерӯгоҳҳои олавии (ТЭЦ)  Душанбе (218 ҳаз.кВт) ва Ёвон (180 ҳаз. кВт) ба кор андохта шаванд. Ин нерӯгоҳҳои номбурда, дар замони Шӯравӣ бо газ кор мекарданд.

Истифодаи кони Зиддӣ барои нерӯгоҳҳои олавӣ ва ҳам заводи сементии Душанбе якчанд мушкилиро пеш овардааст. Ин пеш аз ҳама бо воситаи нақлиёт кашонида овардани он мебошад. Кашонидани ангишти кони Зиддӣ бо воситаи автомобилҳои боркаш бо роҳи ягонаи (Душанбе-Хуҷанд) байни шимолу ҷануб метавонад, ки ба самти ҳаракати автомобилҳои дигар халалдор шуда, ба вазъи муҳити зист низ таъсири манфӣ расонад. Бинобар дар таҷрибаи ҷаҳонӣ усули нави технологии бо об омехтакунии ангишт ва бо воситаи қубур кашонидани он вуҷуд дорад, ки аз гуфти мутахассисон сохтмони чунин дастгоҳ 1,2 млн. долларро талаб мекунад.

Дар ҳудуди ноҳияи Рашт кони Назарайлоқ бо сифати ниҳоят баланди худ ҳамчун антрасит фарқ мекунад. Сифати онро мутахассисон бо кони ангишти беҳтарини ҷаҳонӣ Ха-Ту (Ветнам) дар як қатор мемонанд. Ангишти Назарайлоқ аҳамияти стратегӣ дошта, онро ҳамчун ашёи технологӣ дар соҳаи саноат  истифода бурдан мумкин аст.

Захираи геологии кони Назарайлоқ ба 400 млн. тонна баробар буда, дар қабатҳои IV ва VI он миқдори хокистар ҳамагӣ 5,03 – 5,69% ташкил медиҳад. Кони мазкур дар баландии 4000 метр воқеъ гашта, дурии он аз деҳаи  Ҳоит 33  км дар бар мегирад. Дар давоми солҳои 2001 то 2009 дар кони мазкур ҳамагӣ 25 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки барои истифода ба ноҳияҳои тобеи Марказ ва Душанбе фиристода шуд. Бояд гуфт, ки истифодаи кони мазкур ба талабот  ҷавобгӯй нест. Зеро аксар истифодаи он дар шакли бенизомӣ сурат мегирад ва барои аз назари саноатӣ ва экологӣ коркарди ин кон бояд як қатор чораҳои навбатӣ андешида шавад. Аз чунин баландӣ кашонидани он боиси ифлос гардидани табиати зебои атроф ва талаф гардидани миқдори зиёди ангишт  мегардад. Аз ин хотир лозим меояд, ки аз ҷониби кон то поёнии даштӣ роҳи канатӣ сохта шавад. Бо чунин кӯшиш талафоти зиёди ангишт пешгирӣ карда шуда, муҳити зист низ осеб намеёбад.

Дар сарҳади ноҳияи Тавилдара ва Бадахшони Кӯҳӣ кони ангишти Миёнаду ҷойгир аст, ки аз роҳи автомобилгарди Помир дар масофаи 40 км воқеъ аст ва шароити мувофиқи географиро дорост. Аз гуфти мутахассисон захираҳои геологии он ба 635 млн. тонна баробар аст. Дар ин кон имконияти ба таври кушод истихроҷи ангишт вуҷуд дорад ва аз гуфти мутахассисон имконияти ҳар соле истеҳсоли ангиштро ба зиёда аз 100 ҳазор тонна расонидан мумкин аст. Бо чунин ҳаҷми истихроҷ имконият пайдо мешуд, ки талаботи бо ангишт доштаи ноҳияҳои Бадахшон ва минтақаи кӯҳсори Кӯлоб пурра таъмин шаванд.

На чандон дуртар аз шаҳри Душанбе, дар дараи Ромит кони ангишти Сайёд воқеъ аст, ки ғафсии қабати ангишти он то 20 метр расида, онро аҳолии маҳаллӣ ва баъзе корхонаю муассисаҳо ба тариқи кушод истеҳсол мекунанд. Дар шароити пайдо намудани маблағ ангишти кони Сайёд имконияти пурра таъмин намудани водии Кофарниҳон ва шаҳри Ваҳдатро пайдо менамуд.

Дар ноҳияи Панҷакент конҳои ангишти Киштут, Шишкат, Моғиён ва Товасанг ҷойгир шудаанд, ки имконияти бо равшанию гармӣ таъминкунии тамоми ноҳияро доранд. Вале ин конҳои мавҷуда аз нигоҳи геологӣ дуруст омӯхта нашудаанд ва гузаронидани як қатор тадқиқотҳои навро талаб мекунанд. Дар қабати баъзеи ин конҳо (Моғиён ва Киштут) ба миқдори зиёд хокистар дучор меояд, ки сифати онро паст мекунад. Вале бо тавсияи мутахассисон, бунёди нерӯгоҳи олавӣ ва заводи коркарди металлҳои камёб метавонад, ки ягона роҳи ҳалли ин проблема гардад.

Дар дигар гӯшаҳои мамлакат конҳои начандон калони ангишт  ба мисли Шӯробод, Ғузн, Равнов, Даштиҷум, Тошкутан, Ҳакимӣ ва ғайра ҷойгир шудаанд, ки бо ҳар восита истихроҷи онҳо барои таъмини ноҳияҳои атроф ба мақсад мувофиқ мебуд.

Қаламрави Тоҷикистон аз захираҳои нефту газ бой аст. Бори нахуст аз вуҷуд доштани нефт дар шимолии мамлакат геолог А.А.Кунакевич (соли 1871) маълумот дода буд. Соли 1909 баъди пармакунӣ дар назди деҳаи Селроҳи (ноҳияи Исфара) захираи зиёди нефт муайян карда шуд. Барои истихроҷи кони мазкур соли 1912 ширкати Осиёмиёнагии савдои нефт (САНТО) таъсис ёфт, ки онро англисҳо сармоягузорӣ мекарданд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ САНТО ба ташкилоти коркарди нефти КИМ табдил ёфт. Дар таркиби конҳои КИМ ва Нефтобод сулфур ва парафин кам буда, сифати баланд доранд.

Қабати ҷинсҳои нефтдор, дар байни табақаҳои ҷинсҳои кӯҳии зичи об ва газ нагузаронанда (масалан, гилҳои сахт) ҷойгир мешаванд. Пайдоиши нефту газро олимон ба ҳаракатҳои тектоникии замин алоқаманд медонанд. Аз сабаби он ки нефт дар байни об ва газ фишурда мешавад, ҳангоми сурох кардани қабати замин вай фаввора зада мебарояд.

Захираҳои нефту гази Тоҷикистон дар қисми шимол (ғарбии води Фарғона) ва ҷанубу ғарбии он (водиҳои Вахш, Кофарниҳон, Ҳисор ва Кӯлоб) ҷойгир шудаанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои геологӣ минбаъд дар ҳудуди ноҳияҳои Конибодом ва Исфара конҳои нефти Рават, Айритон, Конибодом, Шимоли Конибодом, Ниёзбек, Маҳрам, Обишифо, Хоҷабоқирғон кашф карда шуданд. Дар ҷанубии Тоҷикистон бошад, конҳои Кичикбел, Оқбошадир, Бештентоқ, Сулдӯзӣ, Шамбарӣ, Қурғончаи шимолӣ ошкор карда шуд. Дар таркиби конҳои номбурда, ки дар чуқурии аз 800 то 1800 м ҷойгир шудаанд, сулфур ва парафин хело зиёд аст. Бинобар нефти ин конҳо танҳо барои ҳосил кардани битум ва мумфарш кардани роҳҳо истифода бурда мешаванд.

Гази табиӣ дар аксарияти конҳои нефт дучор меояд. Конҳои гази табиӣ бо номи Андигон, Комсомол, Роҳатӣ, Қизилтумшуқ маълуманд. Дар ин конҳо газ ва қисман нефт дар дохили оҳаксанг ва регсангҳо дар чуқурии зиёда аз 1200 м ҷойгир шудааст. Кони гази Хоҷасартез бошад бо воситаи қубур шаҳри Кӯлобро таъмин мекунад, ва дар оянда ин қубур ба шаҳри Қурғонтеппа низ гузаронида мешавад.

Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ аз рӯи категорияи саноатӣ 28 кони нефту газ ошкор шудааст. Захираи нефт ба 158 млн. тонна ва газ бошад, ба 890 млрд. м3 мерасанд.

Ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 120 структураи эҳтимолии нефту газдор муайян карда шудааст. Аксари ин структураҳо дар водиҳои Вахш, Кӯлоб, Ҳисор ва Кофарниҳон ҷойгир шудаанд. Тадқиқотҳои солҳои охир мавҷудияти захираҳои зиёди газро дар конҳои Рангон, Саргазон ва Сариқамиш гувоҳӣ медиҳанд. Ҳоло геологҳои тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони «Газпром»-и Русия дар кони Сариқамиш (соли 2010) тадқиқотро барои муайян намудани захираи газ сар карданд ва пармакунии чоҳ то масофаи 6300 метр дар назар дошта шудааст. Мувофиқи пешгӯии геологҳо дар ин кон захираҳои хело зиёди газ мавҷуд аст.

Аз рӯи тадқиқоти геологҳо дар қисмати ҷанубии мамлакат конҳои сланетсҳои сӯзанда дар Ғаравтӣ, Тераклитоғ муайян карда шудааст. Кони Тераклитоғ то 50 см ғафсӣ дошта, ба масофаи 25 км тӯл кашидааст. Айнан чунин конҳои хурди сланетсҳои сӯзандаро дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Турсунзода низ ёфтаанд, вале ҳоло дуруст омӯхта нашудаанд.

Торф аксар дар натиҷаи пӯсидани растаниҳо дар ботлоқзор пайдо мешаванд. Онҳо бештар дар соҳилҳои дарёҳо ҷойгир шудаанд. Дар Тоҷикистон 45 нишонаи конҳои торфро маълум кардаанд. Ғафсии баъзе қабатҳои он аз 50 то 70 см мерасанд. Нишонаи ин конҳо дар Мурғоб, Шайнак, Аличур, Ямончур, Ямонтол ва дар минтақаи  Кӯлоб бо номи Чорбоғ ва Мангут маълуманд. Онҳоро ҳамчун порӯ дар зироат истифода бурдан мумкин аст.

Канданиҳои фоиданоки металлиро вобаста ба хусусиятҳои техникӣ ва иқтисодиашон ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:

  1. Металлҳои сиёҳ
  2. Металлҳои ранга
  3. Металлҳои асил

Ба металлҳои сиёҳ маъдани оҳан, манган ва хром мансубанд, ки асоси инкишофи металлургияи сиёҳро ташкил медиҳанд.

Маъдани оҳан ашёи муҳимтарин барои истеҳсоли металлҳои сиёҳ ба шумор меравад.

Тоҷикистон базаи металлургияи сиёҳи худро надорад, вале дар ҳудуди он як қатор конҳои маъдани оҳан: Чоқадамбулоқ, Ҷангалак, Тегермӣ, Техарв, Ван-Ван, Барч ва ғайра муайян карда шудаанд.

Дар шимолии Тоҷикистон низ якчанд кони маъдани оҳан дарёфт карда шудааст, вале дар байни онҳо кони Чоқадамбулоқ аҳамияти саноатӣ дорад. Кони мазкур аз чандин участкаҳо иборат аст, ки аз якдигар дар масофаи аз 3 то 10 км воқеъ гардидаанд. Масоҳати умумии кони Чоқадамбулоқ ба 12 км2 расида, маъдани оҳан дар чуқурии 400-450 м ва дар баъзе ҷойҳо ба берун баромадааст. Миқдори магнетит дар қабатҳои маъдан ба 39,5% ва дар баъзе участкаҳои дигар зиёда аз 50% ташкил медиҳад. Аз рӯи категорияи С1 захираи кони мазкур ба 60 млн. тонна ва аз рӯи категорияи С2   ба 100 млн. тонна баҳо дода мешавад. Мувофиқи нишондоди геологҳо дар сурати тадқиқоти навбатӣ боз захираҳои навро дар чуқурӣ ва атрофҳои кон пайдо намудан мумкин аст. Дар мавриди дар базаи кони Чоқадамбулоқ барпо намудани заводи металлургӣ бояд гуфт, ки дар баробари басанда будани захираи маъдани оҳан, боз мавқеи мувофиқи географӣ, захираҳои басандаи меҳнатӣ ва дигар омилҳои иқтисодию географӣ ба ин пурра имконият медиҳад.

Манган низ ба таври хело васеъ дар металлургияи сиёҳ истифода бурда мешавад (95%). Онро асосан дар истеҳсоли пӯлод, шиша, саноати рангу бор, полиграфӣ, дар тиб ва ғайра ба кор мебаранд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон кони манган дар ноҳияи Исфара (кони Чатиратек) маълум карда шудааст, ки он дар байни кабатҳои мармарҳои эраи полеозой ҷойгир шудаанд.

Металлҳои ранга ба таври ниҳоят васеъ дар соҳаи электротехника, электроника, радиотехника, дар саноати энергетикаю кишоварзӣ, техникаи ҳисоббарорӣ, техникаи коинот, авиатсия истифода мешавад. Маъдани металлҳои ранга дорои пайвастаҳои ниҳоят зиёд мебошад, вале онҳо фоизи ночизро ишғол мекунанд. Масалан, дар таркиби чунин маъданҳо ҳиссаи мис, рӯҳ, никел ба ҳисоби миёна 07-1,5%, қалъагӣ, волфрам ва молибден бошад аз 0,06 то 0,4% ташкил медиҳад.

Дар қаламрави Тоҷикистон захираҳои калони металлҳои ранга кашф карда шудаанд. Ҳанӯз то солҳои Ҷанги Бузуруги Ватанӣ дар қисмати минтақаи Қарамазор захираҳои калони металлҳои ранга муайян карда шуданд. Конҳои металлҳои рангаи Қарамазорро ба чор гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1) Гурӯҳи конҳои Олтинтопкан (Сардоб, Олтинтопкан, Чолота), ки дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Қурама воқеанд. Аз ин конҳо сурб, руҳ, мис ва кадмий истихроҷ мекунанд. 2) Гурӯҳи конҳои Консой (Консои Марказӣ, Оқтош ва Оқтоши Шимолӣ) дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Қурама ҷойгир шудаанд. Дар ин конҳо сурбу рӯҳ ва қалъагӣ вомехӯрад. 3) Гурӯҳи конҳои Қуруқсой (Турангли, Қуруқсой, Тутак ва ғайра) дар ҷанубу ғарбии кӯҳи Қарамазор воқеанд. Дар ин ҷо бештар маъдани сурб ва мис истихроҷ мекунанд. 4) Гурӯҳи конҳои Адрасмон (Конимансур, Тарискон, Замбарак, Чуқурҷилга, Қаротошкутан) дар он ба миқдори зиёд нуқра, мис, висмут, флюорит истеҳсол карда мешавад.

Конҳои маъдани сурб ва руҳ дар нишебии ҷануби кӯҳҳои Ҳисор низ ҷойгир шудаанд. Конҳои асосии онро Такоб, Кондара, Сафедорак, Деҳималик ва ғайра ташкил медиҳанд.

Дар ҷанубии Тоҷикистон конҳои сурб ва руҳ дар Балҷувон, Сангисабз, Хоҷамастон, Ёкунҷ дар давраи кайнозой пайдо шудаанд.

Маъдани мис ба қадри зарурӣ дар якҷоягӣ бо конҳои волфрам, висмут ва молибден дучор мешавад. Захираҳои он дар конҳои Чоруқдаррон ва Таррор (ноҳияи Панҷакент) муайян карда шудааст. Солҳои охир нишонаи конҳои мисро дар ноҳияи Дарвоз пайдо карданд, ки ба ин конҳои Равнов ва Дараи Танг дохил мешаванд.

  Ҳанӯз аз замонҳои қадим мавҷудияти конҳои сурмаю симобро мардум дар қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор медонистанд. Захираҳои калонтарини сурмаю симобро дар кони Ҷиҷикруд ва гурӯҳи конҳои Шингу Моғиён ва Кончоч муайян намудаанд. Аз солҳои 70-уми асри гузашта инҷониб комбинати маъдани Анзоб дар асоси кони сурмаю симоби Ҷиҷикруд кор мекунад. Аз ҷиҳати захираҳои сурма ноҳияи Зарафшон дар миқёси ИДМ яке аз ҷойҳои аввалинро мегирад. То замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳиссаи истихроҷи консентрати сурма 25% истеҳсоли ИДМ ва 7% истеҳсоли ҷаҳониро ташкил медод. Конҳои алоҳидаи симоб дар Кончоч (қарибии Искандаркӯл), Қавноқ, Зардхок ва Заҳҳок вуҷуд дошта, солҳои охир бошад, як қатор конҳои сурмаро дар қаторкӯҳи Туркистон ва шимолии Помир низ кашф намуданд. Конҳои сурма бошад,  дар ҳавзаи дарёи Шинг, Моғиён ва Яғноб ҷойгир шудаанд, ки муҳимтарини он конҳои Гӯрдара, Рӯдакӣ, Туркпарида, Қарокамар, Учкадо, Калтакӯл мебошанд.

Барои дар оянда бо ашёи хом пурра таъмин намудани комбинати маъданкоркунии Анзоб на чандон дуртар аз он геологҳо кони ба ном «Скальное»-ро тадқиқ намуданд, ки таркибаш ғайри сурма боз тилло низ дорад. Солҳои охир дар доираи қаторкӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Помир ҷустуҷӯи конҳои нави сурмаю симоб идома дорад.

Аз металлҳои сабук мавқеи асосиро алюминий ва магний ишғол мекунанд. Ғайр аз соҳаи электроэнергетика, радиотехника, металли алюминий ба таври ниҳоят васеъ дар саноати авиатсия истифода мешавад. Алюминийро аз боксит, нефелин, алунит ва сиенит истихроҷ менамоянд.

Нишонаҳои кони бокситро дар қаторкӯҳи Туркистон (Шаҳристон, Ворух), Зарафшон (Киштут, Яғноб), Ҳисор (Қаратоғ, Ромит) муайян намудаанд. Ҷустуҷӯйҳои солҳои охир дар ҳудуди Марказии Помир дар ҷинсҳои давраи мезозой нишонаи конҳои бокситро дар Пшарт, Оқҷилга, Ҷимакӯл ва Қаништош дарёфт намуданд. Барои саноати алюминий аз ҳама кони умедбахш ин кони нефелини сиенитдори Турпӣ дар дараи Ясмани ноҳияи Рашт мебошад. Захираҳои он аз рӯи категорияи саноатӣ ба 307 млн. тонна расида, дар баробари глинозем аз он семент ва дигар намудҳои муҳими ашёҳои кимиёвӣ гирифтан мумкин аст. Самаранокии иқтисодии истифода ва коркарди кони нефелини Турпӣ талаб менамояд, ки технологияи коркарди он ба дараҷаи баланд такмил ва инкишоф дода шавад.

Магний ҳам метали сабук буда, бештар дар саноати авиатсия, саноати атомӣ ва пиротехника ба таври васеъ истифода мешавад. Онро аксар аз доломит (оҳаксанги магнийдор) ҷудо мекунанд. Доломит дар бисёр қисмҳои қаторкӯҳи Ҳисор (Қаратоғ) ва пасткӯҳҳои ҷанубии Тоҷикистон паҳн шудааст.  Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи стронсий (селестин) дар миқёси ИДМ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Конҳои Лакон ва Чалтош ашёи хоми асосии заводи гидрометаллургии шаҳри Исфара ба ҳисоб мераванд. Тадқиқот ва кофтуковҳои геологии солҳои охир дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб конҳои нави стронсийро пайдо намуд, ки аҳамияти калони саноатӣ доранд. Ба ин конҳои Азизкант, Қарокуз, Чалтоши-2 ва ғайра дохил мешаванд. Ба хотири он ки дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба метали стронсий хело зиёд аст, бинобар аз нав пеш бурдани тадқиқотҳои геологӣ дар кони Чалтош, ки он калонтарин кони стронсий дар Осиёи Марказӣ мебошад, зарур аст.

Волфрам ва молибденро дар баробари ашёи саноати металлургияи ранга ҳисобидан, инчунин ба қатори металлҳои нодир низ дохил мекунанд. Волфрамро барои истеҳсоли пӯлоди аълосифат ва дар лампаҳои электрикӣ истифода мебаранд. Бештари конҳои волфрам дар қисми шимолии мамлакат (кони Чоруқдорон), дар кӯҳҳои Зарафшон (кони Ҷилав) ва қаторкӯҳи Ҳисор (конҳои Майхура, Такфон, Сармад, Моғов) ва ғайра муайян карда шудаанд.Молибден бошад, аксар дар металлургияи сиёҳ барои ҳосил кардани хуллаҳои ҳархела ва тайёр кардани рангҳои зарду кабуд ва зангор корбаст мешавад. Конҳои молибденро дар қабати конҳои Чоруқдорон ва Янгикон пайдо намуданд. Аз рӯи тадқиқоти солҳои охир молибденро дар мавзеъҳои Рашт ва Дарвоз низ муайян намудаанд.

Конҳои қалъагӣ дар қисмати Тоҷикистони Марказӣ ва Помир маълум аст. Дар води Зарафшон қалъагӣ дар конҳои Такобикӯл ва Кумарх (ҳавзаи дарёи Яғноб) аз қабати ҷинсҳои давраи палеозой пайдо карда шудаанд. Дар водии дарёи Варзоб кони Майхура ва дар қабати конҳои Мушистон ва Қазноқ (ноҳияи Панҷакент) низ қалъагӣ муайян карда шудааст. Тадқиқоти солҳои охир конҳои қалъагиро дар Помири Шарқӣ бо номи кони Оқчилга ва Қарочилга ошкор намуд. Қалъагиро барои кашферкунӣ ва истеҳсоли асбобҳои зарурӣ дар саноати мошинсозӣ ва хӯрокворӣ васеъ ба кор мебаранд.

Металлҳои асил. Ба ин гурӯҳ металлҳои тилло, нуқра ва платина дохил мешаванд. Тилло металли нодир буда, тимсоли қудрати мамлакатро нишон медиҳад. Он ба таври васеъ дар тиб, соҳаҳои техникаи муосир ва заргарӣ истифода мешавад. Аз ҷиҳати пайдоиш конҳои тилло ба конҳои аслӣ ва парешон ҷудо мешаванд. Конҳои асили тилло аслан пайдоиши магматикӣ дошта, дар бисёр ҳолат бо металлҳои рӯҳ, қалъагӣ, волфрам, арсен ва ғайра дар якҷоягӣ дучор меояд. Ҷинсҳои кӯҳии маъдани тиллодорро бештар дар қаторкӯҳи Зарафшону Ҳисор, Қарамазор, Бадахшону Дарвоз ва Шарқии Помир вохӯрдан мумкин аст. Дар конҳои асил дар таркиби як тонна маъдан аз 1 то 200 грамм тилло дучор меояд.

Конҳои тиллои парешон дар натиҷаи вайрон шудани ҷинсҳои кӯҳии тиллодор ба вуҷуд меоянд. Айни замон дар соҳили дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Яхсу ва Сурхоб заррачаҳои тиллоро дучор шудан мумкин аст, ки дар бисёр ҳолат конҳо пошхӯрдаро ташкил медиҳанд. Аз замонҳои қадим дар соҳили дарёҳои номбурда, одамон заррачаҳои тиллоро аз таркиби регу шағал шуста ҷудо мекарданд. Солҳои 20-ум ва 30-уми асри гузашта дар минтақаи Дарвоз ва Бадахшон артелҳои хурди заршӯӣ кор мекарданд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 кон ва нишонаи конҳои тилло муайян карда шудааст. Ҳоло дар асоси конҳои Ҷилав, Тарор ва Ғиждарва корхонаи муштараки «Зарафшон» дар ноҳияи Панҷакент, корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада бо номи «Апрелевка» дар асоси аз конҳои Қарамазор ва дар ҷанубии ҷумҳурӣ истеҳсоли конҳои пошхӯрда дар Шуғнов ба роҳ монда шудааст.

Нуқра металли ороишӣ ба таъсири муҳит устувор буда, онро аз замонҳои қадим барои тайёр намудани маснуоти нафиса, зарфҳои мухталиф, заргарӣ ва ғайра васеъ истифода мешавад. Нуқра дар қатори тилло функсияи эквиваленти умумии пулиро иҷро кардааст.

Нуқра дар ҳолати холис ва дар конҳои гидротермалӣ якҷоя бо аргентит дучор мешавад. Нуқраро асосан (то 80%) аз маъданҳои тиллою мис ҳосил мекунанд. Порчаи калони нуқраро дар вазни 30 тоннагӣ ва 612 килограммаро дар штати Онтариои Канада пайдо намуданд. Ҳангоми ҷустуҷӯй дар таркиби конҳои полиметаллии Қарамазор (конҳои Замбарак, Чуқурҷилга ва Конимансур) миқдори зиёди нуқра муайян карда шуд. Минбаъд дақиқ карда шуд, ки дар Конимансур захираи хело бузурги нуқра маҳфуз аст. Захираи нуқраи Конимансур ба зиёда аз 50 тонна муқаррар карда шуд, ки аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон дар ҷои сеюм меистад. Тадқиқоти солҳои охир дар Помир низ конҳои зиёди нуқра пайдо намуданд, ки дар байни онҳо кони Тоқузбулоқ (Помири Шарқӣ) аҳамияти саноатӣ дорад.

Канданиҳои фоиданоки ғайриметаллӣ. Ба канданиҳои ғайриметаллӣ фосфорит, апатит, намакҳои калий, сулфур, флюорит, сангҳои ороишию қимматбаҳо, намаки ошӣ, оҳаксанг ва ғайра дохил мешаванд.

Ҳангоми классификатсия фосфориту апатит ва намакҳои калийро ба гурӯҳи канданиҳои агрономӣ дохил мекунанд, зеро онҳо ашёи муҳимтарини саноати истеҳсоли нуриҳои минералӣ ба ҳисоб мераванд. Дар Тоҷикистон захираҳои фосфоритро дар ноҳияи Панҷакент (кони Работ) ва Турсунзода (кони Қаратоғ) муайян намуданд. Дар мавриди тадқиқи васеъ дар базаи кони Работ сохтани корхонаи истеҳсоли суперфосфат ба мақсад мувофиқ аст.

Тоҷикистон аз конҳои намаксанг бой аст. Дар ин ҷо зиёда аз 50 кони намаки ошӣ мавҷуд аст, ки захираи умумиаш бештар аз 75 млрд. тонна аст. Ба ғайр аз кӯҳҳои намакини Хоҷамӯъмин ва Хоҷасартез дар ҳудуди мамлакат боз конҳои намаки Норак, Кангурт, Шаҳритус, Танобчӣ (ҷанубии Тоҷикистон), Қамишқурғон, Бардамкӯлӣ, Оқсуқон (Шимолии Тоҷикистон), Шӯрбел, Рангкӯл (Помир) маълуманд. Дар таркиби баъзе конҳо намаки магний ҳам дучор мешавад. Ҳоло конҳои намаки Хоҷамӯъмин, Тутбулоқ ва Қамишқурғон барои таъмини аҳолии мамлакат истифода бурда мешаванд.

Сарзамини Тоҷикистон аз захираҳои гуногуни сангҳои ороишию қимматбаҳо ниҳоят бой аст. Сангҳои мармар, хоро ва яшм, ки сифати хело баланд доранд, дар шимолии кишвар (конҳои Шайдон, Чоруқдарон, Корангул ва ғайра), дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон (конҳои Биғар, Кабутӣ, Йорӣ, Мадм, Миндона ва ғайра), дар Помир (Ёгет, Ванҷ, Даштак, Висхарв ва ғайра) муайян карда шудаанд.

Сангҳои қимматбаҳо дар замони ҳозира на фақат дар соҳаи заргарӣ, балки дар саноат ва техникаи навтарин низ ба таври васеъ истифода мешаванд. Сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистон лаъл, лоҷувард, фирӯза, ёқут, ақиқ, аметист ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Кони лаъл дар доманаи ғарбии қаторкӯҳи Шохдара дар баландии 2300-3500 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Солҳои охир геологҳо дар атрофии Кӯҳи Лаъл – дар Ғорондара, Абхарв, Сумчин, Ямчин чанд конҳои нави лаълро муайян кардаанд.

Лоҷувардро (лазурит) ба гурӯҳи сангҳои кошинкории дараҷаи якӯм дохил мекунанд. Дар замонҳои қадим лоҷувард дар бозорҳои аксари мамлакатҳои Шарқ, Миср, Юнон ва Рим шӯҳрат дошт. Ҳоло аз лоҷуварди Бадахшон дар корхонаи Поршнев ҳар гуна ангуштарин, дастпона ва дигар зевари занона сохта мешавад. Конҳои лоҷувард дар водии Шохдара ва Бодомдара ҷойгир шудаанд.

Тадқиқ ва истифодаи сангҳои ороишию қимматбаҳо дар шароити гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ имконият медихад, ки на танҳо талаботи саноати заргарӣ пурра таъмин карда шавад, балки қисме аз он ба хориҷи кишвар бароварда шавад.

Дар Тоҷикистон захираҳои калонтарини ашёи масолеҳи сохтмонӣ мавҷуд мебошанд. Ҳоло зиёда аз 400 кон ва нишонаҳои кон аз рӯи 17 намуди ашёи сохтмонӣ муайян карда шудааст. Захираи онҳо дар ҳамаи ноҳияҳои иқтисодӣ паҳн шудаанд. Суръати баландии соҳаи сохтмон дар мамлакат талаб менамояд, ки дар ҳар ноҳияи кишвар корхонаҳои хурду миёна, барои таъмини бемайлони саноату сохтмон ва аҳолӣ бунёд карда шавад.