Ба талаботи замони ҷанг мутобиқ кунонидани иқтисодиёти ҷумҳурӣ

Дигаргунсозиҳо дар соҳаи идоракунӣ. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, гарчанде мисли пештара ҳизби коммунистӣ ҳизби яккаҳукмрон буд ва дигар ягон хел қувваи мухолифин вуҷуд надошт, ҳамаи ташкилотҳои давлатию хоҷагӣ ва ҳатто ҳарбӣ низ дар зери роҳбарии он ҳизб буданд, вале гӯё чунин ҳолат ҳам дар шароити фавқулоддаи баамаломада нокифоя ҳисоб карда шуд. Замони ҷанг талаб мекард, ки тамоми корҳои идоракунии Иттифоқ боз ҳам муттаҳидтар карда шавад. Бо ҳамин мақсад 30 июни соли 1941 бо сарварии И.В. Сталин Кумитаи Давлатии Мудофиа (КДМ) ташкил карда шуд. Ба ихтиёри он тамоми ҳокимияти ҳарбӣ, сиёсӣ ва хоҷагии мамлакат гузашт. Минбаъд чӣ ташкилоту идораҳои иттифоқӣ ва чӣ ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла ташкилоту идораҳои Тоҷикистон низ, аз рӯи супориши ҳамин кумита фаъолият мекарданд.

Ҳанӯз 3 июли соли 1941 И.В. Сталин, ҳамчун сарвари КДМ,  ба тамоми мурдуми Шӯравӣ муроҷиат намуда, то чӣ андоза ҷиддӣ будани хатари  ба мамлакати мо таҳдидкардаро хотиррасон кард. Ӯ тамоми халқҳои  Шӯравиро даъват кард, ки нисбати тақдири  мамлакати худ, Ватани худ бепарвоӣ накарда, тамоми фаъолияти худро мувофиқи талаботи замони ҷанг ташкил намоянд ва барои мудофиаи Ватани худ бархезанд. Тамоми ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии Тоҷикистон ҳам фаъолияти ҳаррӯзаи худро (дар замони ҷанг) мувофиқи талаботи ҳамин кумита тартиб доданд. Хулоса, КДМ барои ба муқобили душман сафарбар намудани тамоми қувва ва таъмини ғалабаи мардуми Шӯравӣ мақоми муҳиме бозидааст. Ин кумита то 4 сентябри соли 1945 фаъолият кард.

Ба Тоҷикистон овардани таҷҳизоту корхонаҳои саноатӣ ва омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ. Яке аз чорабиниҳое, ки Ҳокимияти Шӯравӣ дар аввали солҳои ҷанг андешид, ин ба душман нагузоштани корхонаҳои  саноатӣ, конҳо, шахтаҳо ва ғайраҳо буд. 16 августи соли 1941 Ҳокимияти Шӯравӣ дар бораи аз хати фронти ҷангӣ ба Поволже, Урал, Сибири Ғарбӣ, Қазоқистон ва Осиёи Миёна кӯчонидани корхонаҳои саноатӣ қарор қабул кард. Дар асоси ин қарор дар давраи аввали ҷанг 27 адад корхонаҳои саноатӣ ва таҷҳизотҳои онҳо аз хати фронт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчонида шуданд, ки  бештари онҳо корхонаҳои соҳаи сабук ва хӯрокворӣ буданд ва онҳо дар муддати хеле кӯтоҳ ба кор дароварда шуданд.

Дар баробари корхонаҳои саноатӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисми ғарбии мамлакат баъзе омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ, аз ҷумла омӯзишгоҳи авиатсионӣ – техникии шаҳри Харков, мактаби ҳарбии авиатехникии шаҳри Волчанск, мактаби махсуси артиллерии рақами 16 – и шаҳри Одесса, омӯзишгоҳи пиёдагарди шаҳри Орлов ба шаҳри Душанбе кӯчонида шуданд. Ин мактабу омӯзишгоҳҳо дар муддати кӯтоҳ ба фаъолият шурӯъ намуда, дар тайёр намудани  мутахассисони ҳарбӣ ҳиссаи худро гузоштанд.

Ба танзим даровардани қувваҳои корӣ ва ҷорӣ намудани таълими ҳатмии ҳарбӣ. Дар замони  ҷанг вақте, ки қувваи асосии корӣ — мардҳо ба фронт сафарбар карда шуданд, мунтаззам нигоҳ доштани  фаъолияти корхонаҳо дар ақибгоҳ аз ҷумлаи вазифаҳои  муҳимтарин ба ҳисоб мерафт. 26 июни соли 1941 Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯрвӣ бо қарори худ рӯзи кориро дарозтар – 8 соат намуда, рухсатии меҳнатии коргарону  хизматчиён ва рӯзи истироҳатро бекор кард. Аз 26 декабри он сол шароити меҳнатии онҳо мувофиқи талаботи замони  ҷанг ташкил карда шуд. Ҳамаи ин тағйиротҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҳам  амалӣ гардиданд.

Ҳанӯз соли 1941 дар назди Ҳукумати (ШКХ) Тоҷикистон комиссияи доимамалкунанда ташкил  карда шуд, ки он қувваи кории  ҷумҳуриро ба ҳисоб гирифта, қувваи озоди кориро ба нуқтаҳои ҳаётан муҳим мефиристод. Аз ҷумла, бо ташаббуси ҳамин комиссия, моҳи майи соли 1942 аз вилояти Ғарм қувваи озоди корӣ барои заодҳои пахтатозакунии ҷумҳурӣ сафарбар карда шуд. Чунин қувваи корӣ аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳам, махсусан аз ноҳияҳои кӯҳӣ сафарбар гардиданд.

Ҳукумати Шӯравӣ дар корхонаҳои саноатии мамлакат нарасидани қувваи кориро ба инобат гирифта, 4 ноябри соли 1942 қарор қабул кард, ки мувофиқи он ба ҷои ба  фронт даъватшудагон бояд аз ҳисоби хизматчиён ва занҳо сафарбар карда мешуданд. Бо мақсади аз ҳисоби занон тайёр намудани  мутахассисон курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда шуд. Дар соҳаи кишоварзӣ низ чунин курсҳои занона, аз ҷумла курсҳои механизаторӣ бунёд гардиданд.

Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ масъалаи аз ҳисоби коргарон, хизматчиён, ҷавонон, занҳо ва ғайра тайёр кардани захираҳои ҷангӣ ба миён гузошта шуд. Зеро, ба фронт аз духтуру ҳамшираҳои шафқат сар карда, то ронандагони танку мошинҳои ҳарбӣ, нашонзанҳои  моҳир, донандагони забон ва ғайра зарур буданд. Ҳамаи онҳо бояд дар ақибгоҳи фронти ҷангӣ омода карда мешуданд. Бо ҳамин мақсад дар доираи Иттифоқ, аз ҷумла дар ҳудуди Тоҷикистон ҳам, дар корхонаҳо, мактабу донишкадаҳо таълими ҳатмии ҳарбӣ ҷорӣ карда шуд. Дар ҷумҳурии мо ба ин чорабинии муҳими замони ҷанг аз 1 декабри соли 1941 шурӯъ карданд. Дар ҳақиқат ҳам ин чорабинӣ барои ташаккулёбии маҳорати ҷангии ҷавонмардон дар амал мақоми мусбӣ бозид.

Ба талаботи замони ҷанг мутобиқ намудани иқтисодиёти ҷумҳурӣ. Барои ба талаботи замони ҷанг мутобиқ намудани иқтисодиёти ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама саноати он, муроҷиати Ҳукумати Шӯравӣ ба ҳамаи мардуми Шӯравӣ, аз 22 июни соли 1941 ва директиваи Ҳукумати Шӯравӣ ва КМ ҲК (б) (болшевикии) Умумииттифоқӣ  аз 29  июни он сол ба ҳамаи ташкилотҳои Шӯравию ҳизбии вилоятҳои назди хати фронтҳои ҷангӣ, ҳамчун ҳуҷҷатҳои барномавӣ ба ҳисоб мерафтанд. Мувофиқи ин ҳуҷҷатҳо дар назди тамоми халқҳои Шӯравӣ вазифа гузошта шуд, ки фавран тамоми қувваро ба муқобили душман равона кунанд,  ҳамаи соҳаҳои  хоҷагии халқро ба талаботи замони ҷанг мутобиқ намоянд, ба фронти ҷангӣ кӯмаки ҳаматарафаро  ташкил карда, истеҳсоли аслиҳаи ҷангӣ, махсусан танку самалиётҳои ҷангӣ, тӯпҳо ва ғайраро афзун гардонанд.

Тоҷикистон гарчанде аз хати фронтҳои ҷангӣ хеле дар канор буд, вале корхонаҳои саноатии он низ бо суръати тез ба талаботи замони ҷанг мутобиқ гардонида шуданд. Минбаъд ин корхонаҳо истеҳсоли маҳсулоти замони осоиштаро маҳдуд  ва баъзе  намуди онҳоро  ҳатто қатъ намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти барои  фронти ҷангӣ зарур шурӯъ намуданд. Баъзе корхонаҳо, аз  ҷумла заводи  механикии ба номи С. Орҷоникидзеи шаҳри Сталинобод, ба истеҳсоли намудҳои гуногуни аслиҳа, пеш аз ҳама тир оғоз карданд.

Дар соҳаи  кишоварзӣ ҳам истеҳсоли пахта ва пилла, маҳсулотҳои барои замони ҷанг зарур, аз ин сабаб ашёҳои  стратегӣ ҳисоб карда мешуданд. Аз ин рӯ ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор буд, ки минбаъд ҳам  барои  афзун намудани истеҳсоли онҳо чораҳои заруриро андешад. Инчунин инкишоф додани истеҳсоли маҳсулотҳои ғаллагӣ ва чорво низ дар мадди назар буд, то ин ки минбаъд бо ин маҳсулотҳо ҳам ҷумҳурӣ ҳар чӣ бештар кӯмаки худро ба  фронти ҷангӣ расонад.


Калидвожаҳо: Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ (солҳои 1941 – 1950), Точикистон дар солхои Чанги Бузурги Ватани ва азнавбаркароркунии баъдичанги (солхои 1941 – 1950), Ба талаботи замони чанг мутобик кунонидани иктисодиёти чумхури, Дигаргунсозихо дар сохаи идоракуни, Ба Точикистон овардани тачхизоту корхонахои саноати ва омузишгоххои харби, Ба танзим даровардани куввахои кори ва чори намудани таълими хатмии харби, Ба талаботи замони чанг мутобик намудани иктисодиёти чумхури.

ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ

Шарҳ баста аст.