Ба сари ҳокимият омадани сулолаи Манғитҳо

Дар миёнаҳои асри XVIII Осиёи Миёна, ки дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ пароканда ва аз харобиҳои иқтисодӣ хеле заиф шуда буд, ба ҳуҷуми шоҳи Эрон Нодиршоҳ дучор ёфт. Нодиршоҳи Афшор, ки лашкари хеле хуб мусаллаҳ ва муташаккаил дошт, соли 1740 аз Амударё гузашт ва вориди хонии Бухоро шуд..

Писари Муҳаммадҳаким-Муҳаммадраҳими ҷоҳталаб, ки аз қабилаи манғит буданд, ба истиқболи Нодиршоҳ рафта, дар назди ӯ сари итоат фуруд овард. Худи Муҳаммадҳакимбии оталиқ, ки аз тарафи Абдулфайзхон барои музокирот ба ҳузури Нодиршоҳ фиристонда шуда буд, низ ба манифати шоҳи Эрон амал кард. Нодиршоҳ Муҳаммадҳаким ва писараш Муҳаммадраҳимро қабул намуд, бо ваколатҳои зиёд сарфароз гардонид ва Муҳаммадҳакимро вассали худ дар Бухоро таъин кард. Абдулфайзхон маҷбур шуд, Нодиршоҳро дар наздикии Бухоро истиқбол намояд. Ӯ ба номаш ҳамчун ҳокими хонӣ боқӣ монд, воқеан бошад, комилан ба Муҳаммадҳаким таслим гардид. Дар натиҷаи ин ғазо хонии Бухоро ба мулки тобеи Эрон мубаддал гашт.

Дар худи ҳамон сол Нодиршоҳ Хеваро низ забт кард ва ба сари ҳокимият қоимаққоми худро нишонд. Дар соли 1747 Нодиршоҳ бо дасти дарбориёни худ кушта шуда, давлати бузурги ташкилкардаи ӯ фавран рӯ ба завол ниҳод. Аҳмадхон, ки яке аз сарлашкарони Нодиршоҳ буд, дарҳол ба Қандаҳор рафта, сардорони қабилаҳои афғонро ба атрофи худ муттаҳид намуд ва худро подшоҳи Афғонистон эълон карда, асоси давлати кунунии афғонҳоро гузошт. Дар асри Х1Х қисми зиёди заминҳои дар соҳили чапи дарёи Аму воқеъ гардидаи тоҷикон ба ҳайати давлати Афғонистон дохил карда шуд. Дар солҳои 70-и асри Х1Х муаррихи афғон Муҳаммад Ҳаётхон дар асари машҳури худ «Ҳаёти Афғон» роҷеъ ба қисмати талхи деҳқонони тоҷик чунин навишта буд: «Кайҳост, ки онҳо аз ҳуқуқи заминдорӣ маҳрум гардида, ба деҳқони кироянишин ва ё муздури афғонҳо табдил ёфтаанд».

Соли 1747 аз кушта шудани Нодиршоҳ дере нагузашта, Муҳаммадраҳим Абдулфайзхонро бо ду писараш ба қатл расонид ва бо ҳимояи табақаи ашроф ва рӯҳонӣ ба тахти хонии Бухоро нишаста, дар соли 1753 ба ҳукмронии Манғития асос гузошт. Соли 1756 ӯ худро хон эълон намуд. Вай барои мустаҳкам кардани ҳокимияти марказӣ пеш аз ҳама бар зидди ҳаракатҳои худсаронаи сардорони қабилаҳои бодиянишини узбак мубориза бурд, ва мухолифати феодалони маҳаллиро нисбат ба ҳокимияти марказӣ то дараҷае барҳам дод. Фақат Ӯротеппа, ки дар нимаи дуюми асри XVIII ба ҳайати шаҳрҳои Хуҷанд, Ҷиззах, қалъаи Зомин, Ём ва ғайра дохил мешуданд, ҳамчун мулки мустақил боқӣ монд.

Баъд аз вафоти Муҳаммадраҳим дар соли 1758 амаки ӯ Дониёлбӣ атолиқ (1758-1785) ҳукуматро ба даст гирифт. Лекин вай лақаби хониро қабул накарда, исман Абдулғозӣ ном набераи Абдулфайзхонро ба тахт нишонид ва худаш маъмури вазифаи атолиқӣ гардид. Дониёлбӣ бештар ба қувваи ҳарбӣ такя мекард ва барои он чизеро дареғ намедошт. Ин буд, ки дар аҳди Дониёлбӣ сарлашкарони ашрофи қабилаҳои манғит заминҳои зиёдеро ба тариқи танхоҳ соҳиб шуда, барои ҳар чӣ зиёдтар фоида ситонидан аз заминҳо саъй мекарданд. Дониёлбӣ аз рӯҳониён ва шайхони дарвешӣ ҳимоят ва пуштибонӣ медид.

Чӣ тавре ки адиб ва олими маъруфи тоҷик дар асри Х1Х Аҳмади Дониш қайд мекунад, дар аҳди Дониёлбӣ хеле андозҳои нав ба монанди никоҳона, аминона, мӯҳрона, ҳаққи тарозу ва амсоли инҳо ҷорӣ карда шуд. Ҳамаи инҳо сабабгори боз ҳам бенаво гардидани табақаҳои меҳнаткаши аҳолӣ мегардид.

Даврони ҳукмронии охирин намояндагони сулолаи Аштархониён ва аввалҳои сулолаи Манғитиён қувват гирифтани парокандагии феодалӣ беш аз ҳама дар тангшавии ҳудуди давлати хонӣ зоҳир мегардид. Балх истиқлолият ба даст даровард. Фарғона ҳанӯз дар охири асри XVII истиқлолият ба даст дароварда буд. Давлати хонии Хева дар асри XVIII давраи хеле сахти ҷангу ҷидолҳои байнихудиро аз сар мегузаронад, ба замми ин дар солҳои 60-ум саросари онро гуруснагӣ ва вабо фаро гирифт.

Мулкҳои кӯҳистоние, ки дар сарзамини кунунии Точикистон аксаран дар навоҳии Ҳисору Кӯлоб воқеъ гардида буданд, аз давраи салтанати Ҷониён дар амал ҳамчун мулкҳои ниммустақил боқӣ монда, аз тарафи ҳокимони маҳаллӣ идора мешуданд. Мулки Ӯротеппа ҳам, саргаҳи Зарафшон – аз Панҷакент то Мастчоҳ ҳамоно дар ҳайати он буд, истиқлолияти худро нигоҳ медошт.

Салтанати амир Шоҳмурод ва ислоҳотҳои он. Дониёлбӣ на фақат худсариҳои феодалонро бартараф карда натавонист, балки худаш торафт бештар мутеи  қушбегӣ ва қозикалон мегардид. Яке аз писарони ӯ Шоҳмурод дар зоҳир худро ба дарвеши мискин монанд карда,  боиси дар байни оммаи халқ ба зӯҳду тақво шӯҳрат ёфт ва эътибори зиёд пайдо кард.

Шоҳмурод махсусан ба рӯҳониён ихлос ва эҳтироми беандоза доштани худро бо ҷидду ҷаҳди тамом таъкид менамуд. Тарзи зиндагии хоксорона ва порсоёнаи ӯ муосиронашро дар ҳайрат мегузоштанд. Ин таваҷҷӯҳ барои Шоҳмурод ниҳоят дараҷа зарур буд. Зеро дар соли ба тахт нишастани ӯ (1785) косаи сабри аҳолии Бухоро лабрез шуда, онҳо шӯриш бардоштанд. Дар рафти шӯриш беш аз ҳазор кас кушта шуд. Аз ин рақам ба хубӣ маълум мешавад, ки муборизаи халқ то чӣ андоза вусъат доштааст.

Аҳди салтанати амир Шоҳмурод (1785-1800) дар таърихи сулолаи манғития давраи нисбатан устувор гардидани аморат ба шумор меравад. Ӯ ба мақсади бартараф намудани норозигии умумӣ, ки дар вақти ҳукмронии падараш пайдо шуда буд, баъзе ислоҳот ҷорӣ намуд. Вай чунин андозҳои шаръӣ, монанди хароҷ ва закотро боқӣ гузошта, дигар ҳамаи молиёт, боҷ ва ҷаримаҳоро барҳам дод. Лекин ба ивази ин ҷизя-андоз аз қавмҳои ғайри мусулмон ситонидашавандаро хеле зиёд кард. Ба аскарон моҳона муқаррар намуд. Бисёр заминҳои вақфро, ки амирони собиқ мусодира карда буданд, барқарор кард. Ба ин восита ӯ рӯҳониёни исломро ҳомии худ карда, дар роҳи мустаҳкам намудани ҳокимияти худ аз нуфузи дар байни оммаи мардум доштаи онҳо моҳирона истифода бурд.

Ислоҳоти пулие, ки дар оғози худ гузаронид, барои ҳаёти иқтисодии мамлакат аҳамияти калон пайдо намуд. Сиккаҳоро аз нуқраи пуриён мебаровардагӣ шуданд. Сиккаҳои кӯҳнагӣ пеш аз ислоҳот  аз эътибор соқит карда шуданд. Ин ислоҳоти пулӣ ба ривоҷу равнавқи тиҷорат мусоидат намуд.

Ба мақсади афзудани иқтидори ҳокимияти марказӣ Шоҳмуроди зирак ҳокимони вилоятҳоро аз вазифаашон сабукдӯш намуда, ҳокимони нав таъин намуд. Амир Шоҳмурод умури маҳкамаро низ як дараҷа ба тартиб даровард. Худаш рисолае роҷеъ ба ҳуқуқ таълиф намуд, ки барои қозиҳо ҳамчун дастур хизмат мекард. Шоҳмурод ин чорабиниҳоро таҳти байрақи мубориза дар роҳи риояти аҳкоми шариат амалӣ намуда,  бо ин баҳона барои муҳофизати расму оин мансаби раисиро ҷорӣ намуд, ки ӯ мебоист иҷрои тамоми фармудаҳои шариатро хӯрдагирона назорат мекард. Шоҳмурод аз унвонии туркӣ-муғулии хон даст кашида, худро амир номид.

Устувору мустаҳкам  шудани ҳокимияти марказӣ боиси таъмини амнияти роҳҳо гардид ва ин дар баробари ислоҳоти пул барои равнақи тиҷорат заминаи мусоид фароҳам овард. Хоҷагиҳои воҳаҳои зироатӣ, хусусан водии Зарафшон, инчунин ҳавзаи дарёҳои Аму ва Қашқадарё дубора рӯ ба сабзиш ниҳоданд. Дар бобати афзудани нуфузи ноҳияҳои камодам чораҳо дида шуданд, ки каналҳои нави обёрӣ акнун на аз он феодалҳои маҳаллӣ, балки моли подшоҳӣ маҳсуб ёфтанд ва аз ин ҳам хазинаи давлат ғанӣ мегардид. Дар натиҷаи пешрафти корҳои обёрӣ ҳолати ба зиндагонии муқимӣ гузаштани тоифаҳои бодиянишини узбак ва дар заминҳои навобод маскан гирифтани онҳо қувват гирифт.

Амир Шоҳмурод таҳти шиори «ҷиҳоди муқаддас бар зидди шиаҳо» чандин маротиба ба Хуросон лашкар кашид ва бисёр маҳаллаҳои онро тороҷ намуд. Амири манғит дар ин лашкаркашиҳо ҳар як каси қобили меҳнатро аз аҳолии Хуросон асир карда, ба Бухоро меовард. Ба ин восита бозори ғуломфурӯшии Бухоро хеле авҷ гирифт. Дар охирҳои асри XVIII, вақте ки Эрон саргарми ҷангҳои дохилии худ буд, Шоҳмурод дубора Марвро ишғол кард. Шоҳмурод якчанд дафъа ба Ӯротеппа лашкар кашид ва дар ин мавридҳо низ аксари аҳолии қобили меҳнати Хуҷанд, Ӯротеппа, Хавос, Зомин ва Ёмаро зӯран ба Самарқанд бурда, дар сохтмони биноҳо ва иншооти обёрӣ истифода бурд. Маҳз бо қувваи ин одамон дар Самарқанд 24 масҷид ва дигар иморатҳои гуногун сохта шуданд.

Ба ҷои амир Шоҳмурод писараш Ҳайдар (1800-1826) ба сари ҳукумати Бухоро омад. Вале ӯ сиёсати падари худро давом дода натавонист. Баъди вафоти амир Ҳайдар писараш Насрулло (1826-1860) ба сари ҳокимият омад. Мардум барои бераҳмӣ ва ҷаллодиҳояш ба ӯ «амири қассоб» лақаб гузошта буданд. Амир Насрулло сараввал тамоми бародаронашро аз дами теғ гузаронид. Ӯ дар тамоми давраи ҳукмронияш бо навбат бо Шаҳрисабз, Ӯротеппа, Қуқанд ва Хева меҷангид. Кӯшишҳои ӯ барои баргардинидани заминҳои он сӯи Амӯ, ки ба дасти афғонҳо афтода буд, бенатиҷа анҷомид. Амир Насруллоро ҳатто наздиконаш чашми дидан надоштанд. Ӯро занаш – духтари волии Шаҳрисабз ҳангоми хоб дар гӯшаш симоб рехта, ҳалок намуд. Ба ҷои Насрулло писари ягонааш Музаффар (1860-1885) ба тахт нишаст. Муҳимтарин воқеъаи даврони амир Музаффар истилои Осиёи Миёна аз тарафи Русия мебошад.


Калидвожаҳо: мангития, мангит, огози хокимияти мангитхо, хокимияти мангития, таърихи халки точик, таърихи точикистон, таърихи тоҷикистон, таърих, таърихи точикон, таърихи тоҷикистон, таърихи тоҷик, донишҷӯ тҷ, донишчу, студент тч, donishju tj, реферат аз фанни таърихи халки точик, реферат, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, кори курси, кори курсӣ, корхои курси, мавзухо барои корхои курси

Шарҳ баста аст.