БАҲОДИҲИИ ИҚТИДОРҲОИ ТАБИӢ-РЕКРИАТСИОНИИ ҲУДУД

Иқтидори туристии ҳудуд яке аз заминаҳои асосии тараққиёти туризм ба ҳисоб меравад. Таҳлили ҳамаҷонибаи ҳудуд бо дороии иқтидорҳои зиёди табиӣ-захиравӣ дар асоси  истифодаи методологӣ чунин роҳи истифодаи онро пешниҳод менамояд. Ба ҳудудҳои рекреатсионӣ як қатор хосиятҳоро нисбат медиҳанд:

— сатҳи захираҳои табиӣ рекреатсионӣ;

— иқтидорҳои онҳо;

— ягонагии табиӣ ва иҷтимоӣ — иқтисодӣ;

— пайваста будани талабот: имрӯз ва фардо.

Дараҷаи дарки сатҳу сифати захираҳои рекреатсионӣ аз ҷониби инсон хусусиятҳои истеъмолии онро ба вуҷуд меорад.

Аз нуқтаи назари барқароркунии саломатии инсон ва ҳолати равонӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва ғайра захираҳои рекреатсионӣ чунин хусусияти истеъмолӣ доранд.

-сифати баланди истироҳат дар имконияти мавҷудаи захираҳои гуногуни ҳудуд (табобатӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва ғайра) таъмин карда мешавад;

-нотакрорӣ, гайримуқаррарӣ, ҳастии ба худ хоси захираҳои рекреатсионӣ арзишҳои умумиинсониро муайян месозанд;

— талаботи инсон дар муошират бо унсурҳои табиати «Вуҳуш» албатта бояд қонеъ гардонида шавад;

— захираҳои табиӣ — рекреатсионӣ ивазнашаванда, маҳдудшаванда буда, имконияти маҳдуди барқароршавӣ доранд.

Яке аз унсурҳои муҳими геоландшафт барои инсон, аз рӯи сифати фароғат муайян мегардад. Аҳамияти рекреатсионии ин ё он ҳудуд вобаста ба дараҷаи ҳарорати ҳавзҳои кушод гуногунҷабҳа буда, яке аз омилҳои муҳим, майдони акваторияи он, монеаҳои табиӣ дарёӣ, навъҳои гуногуни варзиши ҷазбкунанда, сифати оби нӯшокӣ ва гуногунрангии обҳои маъданӣ маҳсуб меёбад. Бояд қайд намуд, ки дорои захираҳои геоландшафти ба худ хос, иқлими муносиб, набототу ҳайвоноти гуногун, муҳити экологии солим, обҳои мусафо, мавҷудияти обҳои маъданию гаронбаҳо, сифати иқтидорҳои табиӣ рекреатсиониро муайян менамояд.

Омилҳои зикргардида, барои табобату истироҳати бофароғати  туристон нақши муасир дошта, ҳар қадар  ба ҳар гектар майдони туристӣ рекреатсионӣ шумораи ками одамон рост ояд, ҳамон қадар фароғати туристон беҳтар мегардад. Гузашта аз ин чунин меъёрҳо сифати истироҳатро баланд бардошта, таъсири манфӣ ба муҳити атроф кам мегардад ва барои истифода  минтақаҳои рекреатсионӣ муддати тӯлони хизмат менамоянд.

Дар мисоли минтақаи туристию рекреатсионии Варзоб қайд кардан бамаврид аст, ки дар мавсими ҷӯшу хуруши истироҳат дар як шабонарӯз ба ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 10 -15 нафар рост меояд, ки ин аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ зиёдтар аст. Аз ин рӯ вайроншавии муҳити экологии минтақаи туристии Варзоб бештар ба назар расида, сабаби ислосшавии экосистема гаштааст. Ҳамзамон афзудани бӯстонсаройҳои хусусӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо ва маҳалҳои аҳолинишину корхонаҳои истеҳсолӣ дар водии дарё Варзоб, боиси он гаштааст, ки таркиби оби дарё, ки аслан дар поёноб то 1 млн. нафар аз он истеъмол мекунанд, ғайрисанитарӣ гардида ба пайдоиши бемориҳои сирояткунанда замина фаро овардааст.

Кулли истироҳатгоҳҳои хусусии дар атрофии дарё сохташуда, партовгоҳ надоранд ва аксаран партовҳою обҳои ғализро ба дарё меандозанд. Ин ҳолат эҳтимоли бавуҷудоии буҳрони экологиро дар минтақаи мазкур ба вуҷуд меорад.

Шарҳ баста аст.