Ба давлатҳои ҷудогона тақсим шудани империяи Искандар

Давлати Селевкиён (солҳои 312-256 п.м.). Искандар фарзанди баркамол надошт ва пеш аз вафоташ касеро вориси худ таъин накард. Дар ташкил кардани империя саҳми асосиро Искандар ва сарлашкарони ӯ гузошта буданд. Бинобар ин, баъди марги Искандар дар байни сарлашкарони ӯ барои соҳиби тахт шудан муборизаи шадид сар мешавад. Соли 323 п.м. сарлашкарон дар Бобул анҷуман гузаронда, Пердикаи македониро сардори империя интихоб мекунанд. Бовуҷуди ин қарор мубориза байни сарлашкарон идома меёбад. Дар анҷумани дуюми сарлашкарон, ки соли 321п.м. дар Трапарадиз баргузор шуд, Антигон шоҳи тамоми Осиё, Селевк шоҳи Бобул, Филипп сатрапи Порт ва Стасанори кипрӣ сатрапи Бохтару Суғд таъин шуданд.

Соли 315 п.м. Антигон Селевкро аз ҳокимият барканор мекунад. Аммо соли 312 Селевк бо ёрии ҳарбии шоҳи Миср Птоломей ба Бобул ҳуҷум карда, онро ишғол менамояд. Сатрапи Мод Никанор бо ӯ ҷанг мекунад, вале шикаст мехӯрад. Баъди ин Селевк ба шарқ лашкар кашида Гиркония, Порт, Бохтар ва Суғдро ишғол менамояд. Аммо ҳуҷуми ӯ ба Ҳиндустон бемувафаққиятона ба анҷом мерасад. Ҳаминтавр соли 312 давлати Селевкиён ташкил мешавад. Ба ҳайати он Бобул, як қисми Сурия, Эрон ва Осиёи Миёна дохил мешуданд.  Бо ҳамин калонтарин қисми империяи Искандар ба дасти Селевк гузашт.

Задухӯрди ҳалкунанда байни сарлашкарони Искандар соли 301 дар назди Ипса дар Фригия ба амал омад. Дар он Селевк ғолиб баромада, Антигон шикаст хӯрд ва ба ҳалокат расид. Баъди ин задухӯрд империяи Искандар ба се давлати мустақил тақсим шуд: Македония ва Юнон, Мисри Птоломейҳо ва давлати Селевкиён. Пойтахти Селевкиён аввал ш. Бобул, баъд ш. Селевкияи соҳили Даҷла ва дар охир Антиохия дар Оронти Сурияи лабибаҳрӣ буд. Баъди Селевки I (312-280 п.м.) писари ӯ Антиохи I (280-260п.м.), ки модараш Апама — духтари Спитамени суғдӣ буд, ба тахт менишинад. Дар давраи ҳукмронии Антиохи II (260-246 п.м.) Селевкиён қисмати калони мулкҳои шарқии худ – Порт, Бохтар, Суғд ва Эронро аз даст медиҳанд ва дар ин ҷо давлатҳои мустақил ташкил шуданд.

Давлати Порт (256 п.м.-224 м.). Вилояти Порт (Парфия) дар шимолу шарқи Хуросон, дар байни Гиркония (Гургони асримиёнагӣ) ва Марғиён (Марв) ҷойгир буд. Пойтахти он шаҳри Нисо буд, ки харобаҳои он дар 18 км ш. Ашхобод ҷойгиранд. Ин вилоят бо номи Насай дар Авеста ёд шудааст. Он ба ҳайати давлатҳои Мод, Ҳахоманишиён, Искандари Македонӣ ва Селевкиён дохил мешуд. Соли 256 п.м. сатрапи ин вилоят Андрагори юнонӣ аз итоати Селевкиён баромада, аз номи худ сиккаҳои нуқрагин мебарорад. Тақрибан соли 247 п.м. қабилаҳои парнҳо ва дахиҳои Парфия бо сардории бародарон Аршак ва Тиридат бар зидди истилогарони юнонӣ шӯриш бардошта, Андрагорро сарнагун карданд. Ба тахт бародари калони Аршак нишаст. Дар таърихҳои форсӣ-тоҷикии асримиёнагӣ Аршакро Ашк ва ин сулоларо Ашкониён номидаанд. Сазовори ёдоварист, ки портиҳо аввалин шуда қисми зиёди Эронзаминро аз асорати истилогарони юнонӣ озод намуданд.

Баъди марги Аршак бародараш Тиридат ба тахти шоҳӣ менишинад. Ӯ Гирконияро, ки вилояти бой буд, забт карда ба давлати худ ҳамроҳ мекунад ва аз неруи иқтисодӣ ва инсонии он барои мустаҳкам кардани артиш ва давлати худ истифода мебарад.

Соли 237 п.м. Селевки II ба Порт ҳуҷум мекунад. Тиридат муқовимат нишон дода натавоиста ба шимол, ба даштҳои қабилаҳои бодиянишин апасиакҳо (сакоиҳои назди об), ки дар соҳилҳои баҳрҳои Каспӣ ва Хоразм зиндагӣ мекарданд, қафо нишаст. Ӯ дар он ҷо бо ёрии апасиакҳо ва хоразмиён лашкари худро зиёд ва мустаҳкам намуда, ба Селевки II ҳуҷум кард ва ӯро шикаст дода аз Парфия берун ронд. Ин ғалаба мавқеъи сиёсии Пафияро мустаҳкам кард. Тиридат пойтахтро аз Нисо ба самти ғарб ба шаҳри Гекатомпил (наздикии Астаробод дар шимолу-шарқи Эрон) кӯчонд. Дар вилояти Апартикена шаҳре бунёд кард бо номи Дара. Писари ӯ шоҳ Артабони I (солҳои 211-196 п.м.) пойтахти Мидия  ш. Ҳангматанаро (Ҳамадон) ишғол кард. Шоҳи Селевкиён Антиохи III ба изтироб афтода бо 100 ҳазор лашкар ба ҳуҷум мегузарад ва аввал Артабони I-ро аз Ҳангматана ва баъд аз пойтахташ ш. Гекатампил берун мекунад. Артабон бо боқимондаи лашкараш ба шимоли Парфия меравад ва маҷбур мешавад ҳокимияти олии Селевкиёнро шиносад. Миҳрдоди I (Митридат) (солҳои 171-138 п.м.) Марвро, ки тобеъи давлати Юнонӣ-Бохтарӣ буд, забт мекунад.  Ӯ ба самти ғарб лашкар кашида вилоятҳои Мод, Элам, Форс, Бобул ва Селевкияи соҳили Даҷларо ишғол менамояд. Баъдтар Порт кишварҳои Сурия, Фаластин ва як қисми  Кавказ ва Осиёи Хурдро низ забт менамояд ва ба яке аз давлатҳои пуриқтидори замони худ табдил меёбад. Пойтахти он аввал ба ш. Ҳангматана ва баъд ба ш. Ктесифон (Мадоин) мекӯчад.

Соли 140 п.м. шоҳи Селевкиён Деметрий II ба Порт ҳуҷум карда, якчанд ғалаба ба даст даровард. Аммо соли 139 п.м. дар муҳорибаи ҳалкунанда ӯ шикасти сахт хӯрда, ба асорат афтод.

Бори сеюм шоҳи Селевкиён Антиохи VII соли 131 п.м. ба Порт ҳуҷум карда, Бобул, Мод, Гиркония ва Портро ишғол менамояд ва зимистонро он ҷо мегузаронад. Портиҳо қисми асосии лашкари худро нигоҳ дошта буданд ва дар даштҳои шимоли кишварашон қувва ҷамъ карда, барои ба ҳуҷуми ҷавоби гузаштан фурсати муносибро интизор буданд. Зулму ситами сарбозони селевкӣ норозигии аҳолии маҳалиро ба вуҷуд оварданд ва якбора дар чанд шаҳр шӯриш сар зад. Шӯришгарон қароргоҳои дастаҳои селевкиро муҳосира карданд. Дар ҳамин вақт  ҷанговарони портӣ ба ёрии онҳо омада  ба селевкиён ҳуҷум карданд ва онҳоро шикаст доданд. Дар задухӯрди ҳалкунанда Антиохи  VII ба ҳалокат расид.

Дар асри I п.м. Рум пурқувват гардида ба Осиё ҳуҷум менамояд. Портиҳо пеши роҳи онҳоро мегиранд. Соли 65 п.м. аввалин задухӯрд байни онҳо ба амал меояд. Ин оғози ҷанги дуру дароз дар байни ин ду давлати абарқудрати он замон буд. Дар яке аз ин ҷангҳо, ки соли 53 п.м. ба амал омад, румиҳо мағлуб шуда 20 ҳазор сарбозашонро талаф доданд ва сарлашкари онҳо Публий Красс ба асирӣ афтод. Дар ҷанги  соли 38 п.м. портиҳо шикаст хӯрда Сурия, Фаластин ва як қисми Осиёи Хурдро аз даст медиҳанд. Соли 36 п.м. румиҳо ба воситаи Арманистон ва Отарпатакон ба Мод ҳуҷум карданд, аммо комёб нашуданд.

Соли 20 п.м. байни Порт ва Рум шартномаи сулҳ баста шуда, дарёи Фурот сарҳади байни онҳо муқаррар карда шуд.

Дар давоми асри I-II м. Рум чандин бор кӯшиш кард, ки ба Эронзамин зада дарояд, аммо портиҳо чун сади оҳанини рахнанопазир ба ин монеъ шуданд ва нагузоштанд, ки пои ягон румӣ ба хоки муқаддаси Эронзамин гузошта шавад. Дар доираҳои ҳукмрон байни қувваҳои ватанхоҳ ва қувваҳои румигаро ҳамеша мубориза мерафт ва дар аксар маврид ҷонибдорони истиқлолияти давлатӣ ва фарҳанги миллӣ ғолиб мебаромаданд.

Вазъи давлатдорӣ. Дар дарбори шоҳи Порт ду шӯро амал мекард. Шӯрои якум аз хешовандони наздики шоҳ ва шӯрои дуюм аз ашрофон ва мӯбадон иборат буданд. Сардори сарбозони шоҳӣ ҳазорпат дар идораи давлат нақши муасир дошт. Дар вилоятҳои ғарбии давлати Порт муносибатҳои ғуломдорӣ бештар тараққӣ карда буданд, гарчанде, ки дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ мавқеъи асосиро кишоварзон ва ҳунармандони озод ишғол мекарданд. Дар Эрон ва Осиёи Миёна сохти табақавӣ бештар инкишоф ёфта буд ва дар он истеҳсолкунандагони озод мавқеъи асосиро ишғол мекарданд. Ҷамъият ба озодагон (ашрофон), ҷанговарон, кишоварзон ва ҳунармандон тақсим шуда буд.

Забони расмии Порт забони портӣ буд, ки ба гурӯҳи шимолӣ – ғарбии забонҳои эронӣ дохил мешавад. Дар харобаҳои Нисо бостоншиносон зиёда аз ду ҳазор ҳуҷҷатҳои портӣ, ки дар сафолпораҳо бо ранги сиёҳ навишта шудаанд, ёфтанд. Сангнавиштаҳои аввалин шоҳони сосонӣ бо ду забон – паҳлавӣ ва портӣ нигошта шудаанд. Дар Бобул ва Сурия забони юнонӣ низ интишор ёфта буд, дар сиккаҳо навиштаҷот бо ҳамин забон буданд ва танҳо дар асри I м. ҷои онҳоро навиштаҷоти портӣ мегиранд.

Шаҳрсозӣ ва маданияти шаҳрӣ хеле инкишоф ёфта буд. Шаҳрҳои Ктесифон, Нисо, Марв, Ҳангматана (Ҳамадон — Экбатана), Шуш (Суз), Селевкияи соҳили Фурот, Дура-Европос марказҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буданд.

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ инкишоф ёфта буд. Қисми зиёди роҳи абрешим аз дохили давлати Порт мегузашт ва зери назорати қатъии онҳо  буд. Ҳар сол аз Хитой ба Порт аз 5 то 12 корвони савдогарон меомаданд. Тиҷорат ба воситаи дарёҳо низ инкишоф ёфта буд. Ҳини ҳафориҳо ашёҳои ороишӣ ва маишии хориҷӣ ба миқдори зиёд ёфт шудаанд, ки шоҳиди ривоҷ доштани савдои байналмилалӣ мебошанд.

Сиккасозӣ ривоҷ ёфта буд. Тамоми 32 шоҳи портӣ ба миқдори зиёд аз нуқра сикка мебароварданд. Дар рӯи онҳо нимрухи шоҳ ва дар пушташон шоҳи камондор дар тахт тасвир шудааст. Онҳо дар сартосари кишвар гардиш доштанд.

Дини расмии Порт зардуштӣ буд. Дар ин бора далелҳои зерин шаҳодат медиҳанд. Дар асри I п.м. бо дастури шоҳ Валахш дар асоси матнҳои пароканда матни ягона ва таҳриршудаи Авесто тартиб дода шуд. Аз ахбори Юстин бармеояд, ки портиҳо устухонҳои мурдаҳояшонро бо расми зардуштӣ баъди аз гушт тоза кардан дар наусҳо мегузоштаанд. Дар ш. Нисо ибодатгоҳи худоӣ зардуштӣ Митро амал мекард. Номи бисёр шоҳони портӣ зардуштӣ буд. Онҳо сиёсати динпазироиро пеш гирифта ба пайравони динҳои дигар низ озодии эътиқод дода буданд.

Дар давлати Порт маданият ва санъат тараққӣ карда буданд. Бостоншиносон дар харобаҳои шаҳрҳои ин давра қаср ва ибодатгоҳҳои боҳашамат, пайкарак ва пайкараҳои биринҷӣ, мармарӣ ва гилини худоҳо ва шоҳонро, ки бо сабки юнонӣ ва портӣ сохта шудаанд, ёфтаанд. Аз ш. Нисо ҷомҳои мусаввари устухонӣ ёфтаанд, ки хеле санъаткорона сохта шудаанд.

Давлати Порт аз соли 247 п.м. то соли 224 м., яъне 471 сол вуҷуд дошт. Он дар барқароркунии истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳанги миллии мардумони эронинажод баъди истилои Искандари Македонӣ саҳми калон гузоштааст.  Баъди портиҳо дар Эрон Сосониён ба сари қудрат омаданд.

Давлати Юнонӣ-Бохтарӣ (256-141/128 п.м.). Мамлакати Бохтар дар ду соҳили болооб ва миёнаоби Амударё ҷойгир буда, ҳудуди имрӯзаи шимоли Афғонистон, ҷануби Тоҷикистон ва ҷануби Узбекистонро дар бар мегирифт. Пойтахти он ш. Бохтар (Балхи асримиёнагӣ) буд. Бохтар ба ҳайати империяи Искандари Македонӣ ва баъди он ба ҳайати давлати Селевкиён дохил мешуд. Сатрапи Бохтар Диодоти юнонинажод буд. Соли 256 п.м. ӯ бар зидди ҳомиёни худ Селевкиён шӯриш бардошта, Бохтарро давлати мустақил ва худашро шоҳи он эълон мекунад. Дар ин шӯриш аъёну ашроф ва сипоҳиёни бохтарӣ низ иштирок карда буданд. Таърихнависони юнонӣ-румӣ ин давлатро Бохтар меномиданд. Номи Юнонӣ-Бохтариро ба он олимон дар асри XIX  ба хотири  юнонӣ будани  сулолаи ҳукмрони он ва дар тамаддунаш зиёд будани омилҳои юнонӣ, додаанд.

Соли 230 п.м. яке аз сарлашкарони Бохтар бо номи Евтидем ба муқобили Диодоти II шӯриш бардошта, ӯро ба қатл мерасонад ва худаш подшоҳи Бохтар мешавад. Соли 208 п.м. шоҳи селевкиён Антиохи III баъди гирифтани Порт ба Бохтар ҳуҷум мекунад. Дар бораи ҷанги Антиохи III бо Евтидем таърихнигори юнонӣ Полибий маълумоти муфассал додааст. Мувофиқи нақли ӯ Евтидем 10 ҳ ҷанговари савораи бохтариро барои пеши роҳи лашкари Антиохи III –ро гирифтан дар лаби дарё ҷо мекунад. Аммо шабона Антиохи III бохтариёнро ба ғафлат гузошта, лашкарашро аз дарё мегузаронад. Субҳидам саворагони бохтарӣ аз ин воқиф шуда, бо селевкиён ба ҷанг медароянд. Задухӯрди сахт ба амал меояд ва ҳарду ҷониб талафоти калон медиҳанд. Бохтариҳо мардонавор ҷангиданд, аммо аз сабаби нобаробар будани қувваҳо ва сари вақт ба ёрии онҳо наомадани Евтидем бо қувваҳои асосӣ маҷбур мешаванд қафонишинӣ кунанд ва ба ш. Бохтар даромада, мавқеъи мудофиавиро ишғол намоянд.

Антиохи III ду сол ш. Бохтарро дар муҳосира нигоҳ дошт, аммо ишғол карда натавонист. Ӯ беҳуда будани муҳосираро фаҳмида, маҷбур шуд бо Евтидем ба гуфтушунид дарояд. Яке аз шартҳои Евтидем барои бастани сулҳ чун шоҳи Бохтар боқӣ мондани ӯ буд. Ӯ ба қосидони Антиохи III ёдрас кард, ки дар сарҳади Бохтар кӯчманчиён қарор доранд ва ҳар лаҳза метавонанд ба ҳуҷум гузаранд. Евтидем барои бастани сулҳ ба назди Антиохи III писараш Деметрийро, ки вориси тахт буд, мефиристад. Ба қавли Полибий Антиохи III Деметрийро хуш пазируфт ва дарёфт, ки ӯ ҳам ба сурат ва ҳам ба сират сазовори тахт аст. Ӯ шартҳои сулҳро қабул кард ва ваъда дод, ки духтарашро ба Деметрий ба занӣ медиҳад. Антиохи III тӯҳфаи фаровон ва филҳои ҷангии Евтидемро гирифта, ба ҷониби Ҳиндустон равон шуд.

Дар давраи ҳукмронии Евтидем давлати Юнонӣ – Бохтарӣ дар ҳолати густариш ва нашъунамо буд. Ба ҳайати он ба ғайр аз худи Бохтар, Арея, Марғиён, Суғд ва шояд як қисми Фарғона низ дохил мешуданд. Евтидем ба шимоли Ҳиндустон лашкар кашида, як қисми онро ишғол менамояд. Забти Ҳиндустонро писараш Деметрий давом медиҳад. Беҳуда нест, ки Юстин Деметрийро «шоҳи ҳиндуён» номидааст. Деметрий як қатор вилоятҳои нав – Арахосия (Қандаҳор), Дрангиана (Сиистон) ва як қисми шимолу – ғарби Ҳиндустонро то Синд забт намуда, ба Бохтар ҳамроҳ мекунад.

Дар вақти дар Ҳиндустон будани Деметрий тақрибан дар соли 170 п.м. яке аз сарлашкарон бо номи Евкратид шӯриш бардошта, ҳокимиятро дар Бохтар ба дасти худ мегирад. Деметрий аз ин огоҳ шуда, зуд ба Бохтар бармегардад, аммо дар задухӯрд бо Евкратид шикаст хӯрда, ҳалок мегардад. Ба гуфти Помпей Трог дар ин вақт суғдиҳо, арахосиягиҳо ва баъзе халқҳои дигар бар зидди Евкратид шӯриш мебардоранд. Евкратид кӯшиш мекунад, ки ин вилоятҳоро аз нав ба итоати худ дарорад, аммо ба ин мувафақ намешавад. Аз вазъияти барои Бохтар номусоид истифода бурда, шоҳи Порт Митридати I Марғиёнро ишғол менамояд. Барои ҷуброни ин талафотҳоро баровардан Евкратид ба Ҳиндустон ҳуҷум карда, чандин вилоятҳои онро забт мекунад. Соли 155 п.м. вақти аз Ҳиндустон баргаштани Евкратид писараш Ҳелиокл хоинона ӯро ба қатл расонда, ҷасадашро ба кӯча мепартояд. Сабаби чунин рафтори густохона маълум нест. Ҳелиокл охирин шоҳи давлати Юнонӣ – Бохтарӣ буд. Дар давраи ҳукмронии ӯ Суғд, Арея, Дрангиана ва баъзе вилоятҳои дигар аз ҳайати Бохтар баромада, пурра мустақил мешаванд.

Антимах ва Агафокл низ шоҳони мустақил буданд ва аз номи худ сикка мебароварданд, аммо дар кадом минтақаи Бохтар ва вилоятҳои тобеъи он шоҳ будани онҳо маълум нест. Аз рӯи як фарзия Антимах шоҳи  Суғд буд.

Забони сокинони маҳаллӣ бохтарӣ ва забони истилогарон юнонӣ буд. Забони давлатӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва сиккаҳо низ юнонӣ буд.

Лашкар аз юнониён ва бохтариён иборат буд. Ба он саворагони ашрофзода, гардунасаворон, филҳои ҷангӣ ва пиёдагардони камонвар дохил мешуданд. Силоҳи ҷанговарон аз тиру камон, найза, синон, шамшер, ханҷар, сипар ва либосашон аз худ ва ҷавшан иборат буд. Сарлашкарон ва сипоҳиён дар давлат мавқеи муҳимро ишғол мекарданд. Евтидем ва Евкратид сарлашкар буданд ва бо роҳи шӯриш ба сари ҳокимият омаданд. Деметрий ва Евкратид дар сиккаҳо бо кулоҳҳои ҷангӣ тасвир шудаанд.

Дар давраи юнонӣ-бохтарӣ дар сохти иҷтимоӣ ягон тағйироти ҷиддӣ ба амал намеояд. Қисми асосии истеҳсолкунандагони неъматҳои моддиро мисли пештара кишоварзон ва ҳунармандони озод ташкил мекарданд. Ғуломдорӣ бештар хусусияти маишӣ – хонаводагӣ дошт ва саҳми ғуломон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ хеле ночиз буд.

Сокинони Бохтар бо кишоварзӣ машғул буда, ғалладона, аз ҷумла шолӣ, ангур ва меваҷот парвариш мекарданд. Як қисми заминҳо чарогоҳ буданд, асппарварӣ хеле инкишоф ёфта буд. Заминҳои корамро ба воситаи ҷӯй ва корезҳо, осорашон то имрӯз боқӣ мондааст, обёрӣ мекарданд. Суғд дашту биёбон бештар дошт, аммо  заминҳои ҳосилхез низ зиёд буданд. Дар Марғиён ангурпарварӣ ва шаробкашӣ инкишоф  ёфта буд.

Истеҳсоли канданиҳои фоиданок инкишоф ёфта буд. Диодор дар бораи истеҳсоли тилло ва хазинаҳои бои тилло ва нуқраи Бохтар хабар додааст. Ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагини Хазинаи Амударёи дар Қубодиён ёфт шуда низ дар ин бора шаҳодат медиҳанд.

Шаҳрсозӣ низ дар ин давра тараққӣ карда буд. Юстин Диодотро «шоҳи ҳазор шаҳри Бохтар» номидааст. Калонтарин шаҳр пойтахти он Бохтар буда 120 гектарро  дар бар мегирифт ва аз қалъа, бозорҳо, маъбади оташ, маъбади Аноҳито ва гузару маҳаллаҳо иборат буд. Мароканда (Самарқанд) низ биноҳои бошукӯҳ дошт. Шаҳрҳо зиёд буданд ва дар ин бора харобаҳои Тахти Сангин, Қалъаи Мир ва Кайқубодшоҳ дар ноҳияи Қубодиён, Кӯҳнақалъа дар Вахш, Саксанохур дар ноҳияи Фархор, Шаҳринав, Душанбеи қадим шаҳодат медиҳанд. Номҳои қадимаи ин шаҳрҳо маълум нестанд. Дар натиҷаи ҳафриёт дар ин шаҳрҳо осори меъмории боҳашамат, хонаҳои истиқоматӣ, пайкаракҳои оинӣ, осори санъати тасвирӣ, зарфҳои сафолӣ, маҳсулоти заргарӣ ва ашёҳои дигар пайдо шуданд, ки дар бораи дараҷаи баланди тараққиёти маданияти бохтариҳо ва суғдиҳо шаҳодат медиҳанд.

Санъати амалӣ ва ҳунармандӣ низ инкишоф ёфта буд. Дар Қалъаи Мир устохонаи оҳангудозӣ ва асбобсозӣ кушода шуд. Шумораи зиёди зерсутунҳои сангии мунаққаш аз ҳунари сангтарошӣ ва меъморӣ гувоҳӣ медиҳанд. Пайконҳои оҳанӣ, ханҷар ва дигар аслиҳаҳои ҷангӣ ёфт шудаанд.

Маданияти ин замонаи Бохтарро дар илм «эллинӣ», яъне «юнонӣ» меноманд. Онро истилогарони юнонӣ оварданд ва он чун маданияти ғолибон ва сулолаи ҳукмрон хеле интишор ёфт, махсусан дар шаҳрҳо. Аммо дар баробари он маданияти маҳаллӣ низ арзи вуҷуд дошт. Аз ҷониби дигар дар осори санъати тасвирии эллинии Бохтар сабк ва унсурҳои маҳаллӣ баръало эҳсос карда мешуданд.

Тиҷорати байналмилалӣ ва дохилӣ инкишоф ёфта буд. Маркази асосии тиҷорат шаҳрҳо буданд. Мусофирони хориҷӣ бохтариёнро «тоҷирони бомаҳорат» номидаанд. Саёҳони хитоӣ навиштаанд, ки дар ш. Бохтар бозори калон вуҷуд дошт.

Сиккасозӣ ва муомилоти пулӣ тараққӣ карда буд. Тамоми шоҳони юнонӣ-бохтарӣ мунтазам ва ба миқдори зиёд аз номи худ сиккаҳои тиллоӣ (статер), нуқрагин (драхма — 4,2г; тетрадрахма – 16 — 17г; обол — 0,7г) ва мисин баровардаанд. Дар рӯи сиккаҳо нимрухи шоҳ ва дар пушти онҳо худоҳои гуногуни юнонӣ – Зевс, Аппалон, Гермес, Ҳеракл, Диоскурҳо ва ғайра тасвир шуда буданд. Сиккаҳои юнонӣ-бохтарӣ дар Тоҷикистон ба миқдори зиёд ёфт шудаанд. Аз ҷумла, сиккаҳои мисини Диодот дар Данғара ва Тахти Сангин, тетрадрахмаҳои Евтидеми II ва Евкратид дар Данғара, драхмаи Евтидем дар Файзобод, тетрадрахмаи Антимах дар Панҷакент ёфт шудаанд.

Давлати Юнонӣ-Бохтарӣ анқариб 120 сол вуҷуд дошт. Дар байни солҳои 141-128 п.м. қабилаҳои саҳронишини эронӣ (юэҷҳо — кушониён) аз шимолу шарқи Осиёи Миёна омада, Бохтарро ишғол намуда ба ҳукмронии юнониён дар ин минтақа хотима бахшиданд.

Шарҳ баста аст.