Ҷазо, мақсад ва намудҳои он

0
16

Ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор эътироф шудааст, татбиқ гардида, аз маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шахс, ки дар ҳамин кодекс пешбинӣ гардидаанд, иборат мебошад.

Ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад.

Загрузка...

Хосияти давлатӣ доштани ҷазо дар он зоҳир мегардад, ки он танҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ (суд) ва аз номи давлат таъин мегардад. Хосияти иҷборӣ доштани ҷазо маънои онро дорад, ки иштирокчиёни муносибатҳои дахлдори ҳуқуқӣ вазифадоранд, ба қарор оид ба ҷазо, ки эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудааст, итоат намоянд.

Мақсади татбиқи ҷазо аз барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, пешгирии содир шудани ҷиноятҳои нав иборат аст.

Мувофиқи моддаи 47 КҶ ҶТ намудҳои ҷазо инҳо мебошанд:

а) корҳои ҳатмӣ;

б) ҷарима;

в) маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян;

г) маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон;

д) корҳои ислоҳӣ;

е) маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ;

ж) маҳдуд кардани озодӣ;

з) нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ;

и) мусодираи амвол;

к) маҳрум сохтан аз озодӣ;

л) якумра аз озодӣ маҳрум сохтан;

м) ҷазои қатл.

Бояд қайд намуд, ки ин феҳристи ҷазоҳо, ки дар КҶ ҶТ оварда шудааст, феҳристи комил буда, пешбинӣ намудани намудҳои дигари ҷазо манъ аст.

Намудҳои ҷазои зикргардида маҷмӯи намудҳои ҷазоро ташкил медиҳад, ки ба суд имконият медиҳад дар асоси қонун ва бо назардошти таҷрибаи судӣ, шуури ҳуқуқии ҷамъиятӣ ва пешниҳодҳои илмӣ ба таври самаранок чораҳои гуногуни таъсиррасониро истифода барад, маҳрумиятҳои молумулкӣ, маҳдуд намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсӣ, таъсиррасонӣ ба шуури шахсият, маҳдуд намудани имкониятҳои касбӣ ва рафтори дигари фардро дар оянда муайян созад.

Ин ҷазоҳои номбурдаро ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст: асосӣ ва иловагӣ.

Ҷазои асосӣ гуфта он ҷазоҳоеро меноманд, ки танҳо ба сифати ҷазоҳои мустақил таъин карда мешаванд, яъне ҳамчун ҷазои иловагӣ якҷоя бо дигар намуди ҷазо пешбинӣ намудани онҳо номумкин аст. Ин намуди ҷазо танҳо дар сурате таъин карда мешавад, ки дар санксияи меъёри ҳуқуқӣ номбар карда шуда бошад. Корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, ҷазои қатл танҳо ба сифати ҷазои асосӣ татбиқ мешаванд.

Ҷазоҳои иловагӣ гуфта, он ҷазоҳоеро меноманд, ки ба сифати ҷазоҳои мустақил таъин карда намешаванд ва ҳамчун ҷазои иловагӣ якҷоя бо дигар намуди ҷазои асосӣ татбиқ карда мешаванд. Маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвони ифтихории Тоҷикистон, инчунин мусодираи амвол танҳо ба сифати ҷазои иловагӣ истифода мешаванд.

Дар баробари ин, мувофиқи кодекси ҷиноятӣ баъзе ҷазоҳо хусусияти омехтагиро доро мебошанд. Ҷазоҳои омехта гуфта он ҷазоҳоеро меноманд, ки ҳам ба сифати ҷазоҳои асосӣ ва ҳам ба сифати ҷазоҳои иловагӣ татбиқ карда мешаванд. Онҳо метавонанд ҳам ба сифати ҷазоҳои мустақил ва ҳам дар якҷоягӣ бо ҷазоҳои асосӣ таъин гардида ба таври ратсионалӣ онҳоро пурра намоянд ва таъсири ҷазои асосиро муассир гардонанд. Ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҳам ба сифати ҷазоҳои асосӣ ва ҳам иловагӣ татбиқ мешаванд.


Калидвожаҳо: хукуки чинояти, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҷиноят, ҷинояткорӣ дар тоҷикистон, чинояткори, хукуки чинояти дар точикистон, хукук, ҳуқуқ,  donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, сайти омузиши, сомонаи омузишӣ, сайти точики, сайтхои точики, сайти тоҷикӣ, чазо, ҷазо, чазо чист?, ҷазо чист