Азнавбарқароркунии баъди ҷангӣ дар шароити Тоҷикистон

Вазъи ҷаҳон. Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳанӯз ба итмом нарасида, дар байни иттифоқи  зиддигитлерӣ баъзе ихтилофҳо ба вуҷуд омад, ки ин  худ аз хусуси минбаъд хеле  душвор гардидани вазъи ҷаҳон гувоҳӣ медод. Маҳз ҳамин ҳолатро ба инобат гирифта, ҳанӯз дар конфронси Ялтагии (4 – 11 феврали соли 1945) сарони давлатҳои: Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА ва Британияи Кабир бо мақсади пойдор нигоҳ доштани сулҳ дар ҷаҳон, масъалаи ташкили Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) — ро ба миён гузоштанд. 25 – 26 апрели соли 1945 дар конфронси Сан – Франсискоии СММ, ки дар он намояндаи 50 давлатҳои ҷаҳон ҳузур доштанд, оинномаи ин ташкилот қабул гардид. Ин оиннома аз 24 октябри ҳамон сол ба қувват даромад ва ҳар сол ин рӯзро ҳамчун рӯзи бунёди СММ ҷашн мегиранд. Дар ҳақиқат ин ташкилоти бонуфузи  ҷаҳон минбаъд барои мӯътадил гардонидани вазъи байналхалқӣ кӯшишҳои зиёде кард.

Иттифоқи зиддигитлерӣ баробари маҳви Япония пароканда гардид. Баъди ҷанг дар қитъаи Европа, чунин давлатҳо, ба монанди Албания, Булғория, Венгрия, Лаҳистон (Полша), Руминия, Чехословакия, Югославия ва қисми Шарқии Олмон ба зери нуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ монданд. Ҳукуматдорони ИМА ва Англия бо чунин ҳолат муросо кардан намехостанд. Дар натиҷа ҷаҳон ба ду лагери бо ҳам зид – капиталистӣ ва сотсиалистӣ тақсим шуд. Ба лагер, ё худ системаи сотсиалистӣ Иттиҳоди Шӯравӣ, ба лагер, ё худ системаи капиталистӣ ИМА сарварӣ мекарданд. Зиддияти ин ду система, ки мусаллаҳшавии бошитобро дар бар гирифта буд, дар таърих бо номи «ҷанги сард» маълум аст. Тамоми фронти идеологии ин ҳар ду система ба муқобили якдигар фаъолият мекарданд.

Бо ташаббуси ИМА соли 1949 «Иттифоқи Атлантикаи Шимолӣ» (НАТО) бунёд гардид. Ба он  қариб аксари давлатҳои таррақикардаи капиталистии ҷаҳон шомил буданд. Ин блоки ҳарбӣ рӯйрост ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ ва итифоқчиёни он нигаронида шуда буд. Чунин рақобат минбаъд авҷ гирифт.

Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон ба системаи мустамликавӣ зарбаи қатъӣ зада шуд. Муборизаи дуру дарози мардуми Чин ниҳоят бо ғалаба анҷом ёфт ва 1 октябри соли 1949 Ҷумҳурии Халқии Чин (Хитой) бунёд гардид. Ин давлати бузург ҳам ба системаи  сотсиалистӣ ҳамроҳ шуд. Аммо ИМА қувваҳои аксулинқилобии Чинро, ки дар ҷазираи Тайван ҷой гирифта буданд, дастгирӣ намуд ва ба муқобили ҶХ Чин ин ҷазираро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуд. Ҳамон  соли 1949 Ҳиндустон, ки зиёда аз 200 сол мустамликаи Британияи Кабир ба ҳисоб мерафт, ба ду давлати мустақил – Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон тақсим шуд. Минбаъд аз ҳисоби қисми шарқии Покистон давлати Бангладеш ба вуҷуд омад.

Мувофиқи қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 29 ноябри соли 1947 давлати Фаластин, ки то ин лаҳза таҳти мандати Британияи Кабир буд, ба ду давлат – давлати арабҳо (Фаластин) ва яҳудиҳо (Исроил) тақсим карда шуд. Ҳамин тавр дар як қисми сарзамини Фаластин, 14 майи соли 1948 давлати Исроил эълон гардид. Бо дастгирии ИМА  давлати Исроил сол аз сол қувват гирифта, бо роҳи ҷанг ҳудуди худро аз ҳисоби замини арабҳо васеъ намуд. Дар натиҷа дар Шарқи Наздик як  маркази ноором ба вуҷуд омад.

Нимҷазираи Корея соли 1948 ба ду қисми бо ҳам зид – шимолӣ (Ҷумҳурии Халқӣ – демократии Корея) ва ҷанубӣ тақсим шуд. Кореяи Ҷанубиро ИМА ва Кореяи шимолиро Иттиҳоди Шӯравӣ дастгирӣ мекарданд. Дар ин ҷо ҳам хавфи ҷанги нав дида мешуд. Умуман нуқтаҳои ноорому мураккаб дар ҷаҳон бисёр боқӣ монданд.

Ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ. Баробари ба итмом расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазъи ҷамъиятию сиёсӣ чӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ва чӣ Тоҷикистон тағйир ёфт. Фаъолияти КДМ, ки тамоми ҳокимияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва харбиро муттаҳид карда буд, бо итмом расид. Дар мамлакат фаъолияти ташкилотҳои сиёсию ҷамъиятӣ аз сари нав ҷоннок гардиданд. Мисли  пештара ҳизби коммунистӣ ҳизби яккаҳукмрон ба ҳисоб мерафт ва он қисми таркибии ҳизби коммунистӣ (болшевикии) Умумииттифоқӣ ҳисоб мешуд. Моҳи июни соли 1946 сарвари ҳизбии ҷумҳурӣ Бобоҷон Ғафуров (солҳои зиндагӣ 1909-1977) интихоб гардид ва вазифаи ӯро котиби аввали кумитаи марказии ҳизби коммунистии  Тоҷикистон меномиданд. Маҳз дар ҳамин давр маҳорати Б.Ғафуров ҳамчун арбоби ҳизбию давлатӣ ва олим бештар намоён гардид. Зеро, дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ мақоми ӯ ҳамчун сарвар эҳсос карда мешуд.

Бо мақсади аз сари нав ба танзим даровардани фаъолияти Шӯроҳои ҷумҳурӣ, солҳои 1946 – 1948 интихоботи онҳо гузаронида шуд. Дар натиҷа дар ҷумҳурӣ аз марказ то маҳалҳо фаъолияти шӯроҳо аз сари нав ташкил карда шуданд. Аз аввали солҳои азнавбарқароркунӣ фаъолияти ташкилотҳои ҷавонони ҷумҳурӣ  — камсомол низ ҷоннок гардид. Камсомол, ки захираи ҳизби коммунистӣ ҳисоб мешуд,  бинобар ин ба фаъолияти он диққати махсус медоданд. Баъди ҷанг фаъолияти иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ҳам ҷоннок шуд. Октябри соли 1948 Иттифоқи касабаи касбии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

15 ноябри соли 1946 бори аввал Гимни ҶШС Тоҷикистон (шеъри Абулқосим Лоҳутӣ, оҳанги Сулаймон Юдаков) садо дод. То ин вақт танҳо Гимни Иттиҳоди Шӯравӣ шунавонида мешуд.

  Ин ҳама аз он гувоҳӣ медод, ки ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ дар як муддати кӯтоҳи баъдиҷангӣ ба эътидоли муайян даромадааст.

Хусусиятҳои хоси азнавбарқароркунӣ дар шароити Тоҷикистон. Азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ барои Тоҷикистон ҳам, гарчанде дар ҳудуди он дар солҳои ҶБВ амалиётҳои ҷангӣ ва харобиҳои ҷангӣ ба амал наомадаанд, дахл дошт. Хусусиятҳои хоси азнавбарқароркунии баъдиҷангии Тоҷикистон (солҳои 1946 — 1950) ҳам, нисбат ба он ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ, ки дар ҳудудашон амалиётҳои ҷангӣ ба амал омаду, дар натиҷа, дар мулкашон харобиҳои зиёд рух додааст, дар он аст, ки дар Тоҷикистон қафомонии иқтисодиёт маҳз дар натиҷаи ба талаботи замони ҷанг мутобиқ намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, сафарбар намудани қувваи асосии корӣ – мардҳо ба фронти ҷанги, нарасидани техника ва таҷҳизотҳои гуногун, нарасидани нуриҳои минералӣ ва маводҳои кимиёвӣ ва ғайраҳо ба амал омадааст. Баъди ба итмом расидани ҷанг дигар зарурият барои зиёд истеҳсол намудани аслиҳаи ҳарбӣ набуд. Бинобар ин зарурияти аз сари нав ба талаботи замони осоишта  баргардонидани корхонаҳои ҳарбикунонида — шуда гузошта шуд.

Ҳамаи ин вазифаҳоро нақшаи 5 – солаи азнавбарқароркунӣ ва инкишофи хоҷагии халқи мамлакат барои солҳои 1946 – 1950, дар бар мегирифт.

Азнавбарқароркунӣ дар соҳаи саноат. Азнавбарқароркунӣ дар соҳаи саноат маънои онро дошт, ки  мувофиқи нақша корхонаҳои саноатии дар солҳои ҷанг, мувофиқи талаботи замони ҷанг ҳарбикунонидашуда (яъне, ба ҷои маҳсулоти  талаботи ниёзи мардум,  маҳсулоти ҳарбӣ мебароварданд), аз сари нав барои истеҳсоли  маҳсулоти ниёзи мардум баргардонида мешуданд. Инчунин, дар корхонаҳои саноатӣ мебоист муҳити мӯътадили корӣ ҷорӣ мегардид. Зеро, дар солҳои ҷанг на танҳо вақти кориро зиёд карда, рӯзи  истироҳат ва рухсатии солонаро бекор карда буданд, балки аз меҳнати наврасону мӯйсафедон низ васеъ истифода мебурданд. Акнун, мебоист корхонаҳои саноатиро ба ҳолати пештара баргардонида, онҳоро бо мутахассисони зарурӣ таъмин намуда, фаъолияташонро аз рӯи нақшаи давлатӣ ташкил мекарданд. Рӯзҳои истироҳат, рухсатии солонаро барқарор намуда, кори аз соати муайяншуда зиёдатиро манъ намуданд. Аввал қариб тамоми буҷаи давлатӣ ва  ашёи хом ба соҳаи ҳарбӣ равона карда мешуд. Акнун, хароҷоти ҳарбиро кам карда, корхонаҳои саноатиеро, ки молҳои ниёзи мардум истеҳсол менамуданд, бояд аз ҳисоби буҷа, бо маблағ ва ашёи хом таъмин менамуданд. Бо роҳи ташкил намудани курсҳои кӯтоҳмуддат, аз ҳисоби аз фронти ҷангӣ баргаштагон бояд мутахассисони заруриро тайёр мекарданд.

Дар Тоҷикистон ба талаботи ҳаёти осоишта гузаронидани саноат соли 1945 оғоз гардида бошад, пас ин маъракаи муҳим дар муддати хеле кӯтоҳ, то сентябри соли 1946 ба итмом расид. Минбаъд ин корхонаҳои азнавбарқароркардашуда фаъолияти худро ба он нигаронида буданд, ки истеҳсоли маҳсулоти худро ба дарачаи тоҷангӣ  расонанд. Соли 1947 ин мақсади наҷиб ҳам амалӣ гардид. Истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба дараҷаи то чангӣ асосан расид ва дар баъзе соҳаҳои аз он ҳам гузашт. Соли 1948 баъзе корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ҳатто нақшаи панҷсоларо пурра иҷро намуданд. Дар охири панҷсола, яъне соли 1950 саноати ҷумҳурӣ нисбат ба давраи то ҷангӣ 1,5 баробар зиёд маҳсулот истеҳсол кард.  Махсусан дар соҳаи саноати сабук пешравӣ назаррас буд. Аз ҷумла, нисбат ба замони то ҷангӣ, матоҳои абрешимӣ 3,8 баробар, маҳсулотҳои нассоҷӣ – 6,7 баробар, матоҳои пахтагӣ – 5 баробар афзуд. Аммо истеҳсоли нефт дар ҷумҳурӣ ба дараҷаи тоҷангӣ нарасид.

Дар солҳои 5 – солаи азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ роҳҳои нави автомобилгард низ сохта,  ба истифода дода шуданд. Инчунин роҳҳои нави ҳавоӣ низ кушода шуданд. Аз чумла, соли 1948 роҳи мунтаззами ҳавоии байни Сталинобод – Москва аз нав барқарор гардид. Кашонидани мусофирон ва бор аз замони тоҷангӣ ҳам гузашт.

Умуман мувафақиятҳои саноати ҷумҳурӣ назаррас буданд. Онҳо дар як муддати кӯтоҳ на танҳо вазифаҳои азнавбарқароркуниро иҷро намуданд, балки ба пешравиҳои  назаррас низ ноил гардиданд.

Азнавбарқароркунӣ ва пешравӣ дар соҳаи кишоварзӣ. Азнавбарқароркунӣ дар соҳаи  кишоварзии ҷумҳурӣ бештар барқарор намудани соҳаи пахтакориро дар бар мегирифт. Зеро, пахта гарчанде маҳсулоти стратегӣ ва барои замони ҷанг ҳам зарур ҳисоб мешуд, аммо чуноне таъкид шуд, бо сабаби нарасидани техника, қувваи кории мардҳо, нарасидани нуриҳои минералӣ ва махсусан хароб гардидани системаи обёрӣ, бисёр қитъаҳои заминҳои пахта корношоям гардида, дар натиҷа истеҳсоли пахта хело кам шуда буд. Аз ин рӯ вазифаи азнавбарқароркунӣ дар ин соҳа, пеш  аз ҳама  системаи обёрии кишоварзии ҷумҳуриро аз нав барқарор намуда, каналу заҳбурҳоро тоза карда, кишоварзонро бо техника ва нуриҳои минералию доруҳои кимёвӣ таъмин намуда, истеҳсоли пахтаро ба дараҷаи тоҷангӣ расонида, минбаъд аз он зиёд кардан зарур буд. Дар баробари барқарор намудани хоҷагиҳои пахтакор, боз саршумори чорво, истеҳсоли пилла ва ғайра низ бояд ба дараҷаи тоҷангӣ расонида  мешуд.

Соли 1947 кишоварзони ҷумҳурӣ як миқдор тракторҳо, мошинҳои боркаш, нуриҳои минералӣ ва ғайра гирифтаанд, ки ин ҳама ба пешравии минбаъдаи ин соҳа таккон бахшад. Махсусан, корҳои обёрикунӣ, барқароркунии каналу заҳбурҳо пеш рафт. Дар натиҷа соли 1948 ҷумҳурӣ нақшаи давлатии супоридани пахтаро барзиёд иҷро намуд ва ҳосилнокии пахтаро аз ҳар гектар қариб ба 19 сентнер расонид. Ҳол он ки ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар дар охири панҷсола, яъне соли 1950 бояд ба 18 сентнерӣ мерасид. Ин далелҳо гувоҳи он аст, ки вазифаҳои дар асоси нақшаи 5 – сола, оиди афзун намудани истеҳсоли пахта гузошташуда, дар се сол, яъне соли  1948 иҷро гардидааст.

Солҳои 1946 – 1948 Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ мувафиқиятҳои  пахтакорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро махсусан қадр намуда, зиёда аз 200 нафари онҳоро бо унвони баланд – Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз намуд, ки 41 нафари онҳо занҳо буданд. Қариб 8 ҳазор нафари дигар бо ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шуданд.

Дар соҳаи кишоварзӣ, ҷамъбасти 5 – солаи азнавбарқароркунӣ, нисбати пахтакорӣ мусбат буд. Соли 1950 ҳамагӣ 288,7 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шуд, ки ин ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 22,9 сентнерро ташкил медод. Нисбат ба соли 1941 (181,8 ҳаз. тонна буд) зиёда аз 100 ҳазор тонна бештар пахта истеҳсол карда шуд.

Умуман дар аксари соҳаҳои кишоварзӣ бо зудӣ осори замони чанг бартараф карда шуд ва ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.

Инкишофи фарҳанг. Азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ дар шароити ҷумҳурии мо соҳаи фарҳангро низ фаро гирифта буд. Дар ин соҳа вазифаҳои замони азнавбарқароркунӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф: ба талаботи замони осоишта аз сари нав ташкил намудани низоми таълиму тарбия; ба низоми таълим фаро гирифтани  тамоми ҷавонони синни мактабӣ, махсусан духтарон; бо биноҳои  таълимӣ ва омӯзгорон таъмин намудани мактабҳо; бо маводҳои таълимӣ, аз ҷумла китобҳои дарсӣ таъмин намудани мактабҳо ва ғайраҳо дар назар дошта мешуд.

Гуфтан лозим аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон чорабиниҳои азнавбарқароркунӣ дар соҳаи маориф ҳанӯз пештар, соли 1944 оғоз гардида буд. Зеро, баробари аз хоки Шӯравӣ баровардани фашистон, қисме аз собиқ омӯзгорон аз фронтҳои ҷангӣ ҷавоб дода шуданд, то ин ки онҳо ба ватанашон баргашта, корҳои таълиму тарбияро ба роҳ монанд. Аз ҳамон давр захмдорон аз фронтҳои ҷангӣ дигар ба ҷумҳурии мо қариб фиристода намешуданд. Ин имконият дод, ки дар соли таълимии 1945/1946 банои он мактабҳое, ки ба госпитали  ҳарбӣ табдил ёфта буданд, аз сари нав ба  таълимгоҳ градонида шаванд.

Умуман соли 1946 дараҷаи ба таълимгоҳҳо ҷалб намудани ҷавонон, таъмини онҳо ба ҷои нишаст ва омӯзгорон ба дараҷаи то ҷангӣ расида, дар баъзе ноҳияҳо вазъият боз ҳам беҳтар гардида буд. Аммо таъмини онҳо бо китобҳои дарсӣ ҳануз ҷавобгӯи талабот набуд. Инчунин дараҷаи маълумотнокии худи омӯзгорон хело паст буд. Аз ҷумла, дар ҳамон сол аз 13169 нафар омӯзгорон танҳо 11% маълумоти олӣ ё олии нопурра, 45% маълумоти миёна доштанд. Соли 1950 шумораи мактабҳо дар ҷумҳурӣ ба 2769 адад расида буд, ки 1854 ададашон мактаби ибтидоӣ, 807 ададашон мактаби ҳафтсола ва 108 ададашон мактаби миёна буданд.

Бо мақсади бо омӯзгорони баландихтисос таъмин намудани мактабҳои ҷумҳурӣ донишкадаҳои омӯзгории Сталинободу Ленинобод махсусан фаъолияти худро пурзӯр карданд. Моҳи январи соли 1947 донишкадаи муаллимтайёркунии тоҷикии Самарқанд ҳам фаъолияти худро аз сари нав оғоз намуд. Хатмкунандагони он асосан ба Тоҷикистон фиристода мешуданд. Соли 1948 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ташкил карда шуд ва аввалин сарвари (ректори) он таърихшинос З.Ш. Раҷабов таъин гардид. Донишгоҳҳои тиббӣ ва кишоварзии Тоҷикистон низ фаъолияти худро пурзур намуданд. Умуман соли 1950 дар ҷумҳурӣ 5 адад мактаби олӣ ва 32 адад техникумҳо фаъолият мекарданд, ки дар онҳо қариб 18 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекарданд.

Дар солҳои баъдиҷангӣ филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои Тоҷикитсон ҳам фаъолияти илмии худро инкишоф дод. Соли 1947 бори аввал дар шакли китоби алоҳида «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» нашр гардид, ки он ба қалами олими маъруф Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошт.

Мувафақиятҳои шоирон ва нависандагони ҷумҳурӣ ҳам назаррас буд. Аз чумда С. Айнӣ асари машҳури худ «Ёддоштҳо», М. Турсунзода маҷмӯаи шеърҳои «Ман аз Шарқи озод», достони «Қиссаи Ҳиндустон», Ҷ. Икромӣ романи «Шодӣ», Р. Ҷалил романи «Пӯлод ва Гулрӯ»., М. Миршакар достони «Панҷи ноором», Ф. Ниёзӣ романи «Вафо» — ро навиштанд. С. Айнӣ, М. Турсунзода ва М. Миршакар сазовори мукофоти Давлатии ИҶШС гардиданд.

Дастовардҳои театр ва филмбардорони ҷумҳурӣ ҳам намоён буд. Соли 1949 ба саҳнагузорони балети «Лайлӣ ва Маҷнун» (бастакор С. Баласанян), ки дар саҳнаи театри опера ва балети Тоҷикистон гузошта шуда буд, низ сазовори мукофоти Давлатии ИҶШС гардиданд.

Беҳтар гардидани дараҷаи некӯаҳволии халқ. Дар давраи азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ аз тарафи  Ҳокимияти Шӯравӣ дар роҳи беҳтар намудани дараҷаи некӯаҳволии мардум баъзе чораҳои зарурӣ андешида шуд. Аз чумла, дар  мамлакат коргарон ба рӯзи кории 8 соата  ва ҳафтаи кори шашрӯза гузаштанд. Дар баробари рӯзи истироҳат рухсатии меҳнатӣ барқарор гардид.

Пешравии иқтисодиёт имконият дод, ки дар соли 1947 дар мамлакат системаи карточка бекор карда шавад. Дар давоми солҳои 1948-1950 нархи  маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва саноатӣ, аз ҷумла либосворӣ се маротиба арзон карда шуд. Музди меҳнати коргарон, деҳқонон ва хизматчиён  зиёд гардид. Ба нафақаи маъюбони ҷанг диққати махсус медоданд. Шумораи муассисаҳои табобатӣ ва истироҳатӣ зиёд гардид.  Соли 1947 дар мамлакат ислоҳоти пулӣ гузаронида шуд, ки он қурбӣ сӯм – рубли шӯравиро хело баланд  бардошт.

Умуман, дар натиҷаи бо мувафақият иҷро гардидани вазифаҳои 5 – солаи азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ ва пешравии истеҳсолот дар зиндагии тамоми табақаҳои аҳолии ҷумҳуриамон беҳтарашавӣ эҳсос карда мешуд. Симои шаҳру шаҳракҳо, ноҳияю деҳаҳо ба беҳбудӣ рӯ оварда буданд.


Калидвожаҳо: Азнавбаркароркунии баъди чанги дар шароити Точикистон, Хусусиятхои хоси азнавбаркароркуни дар шароити Точикистон, Азнавбаркароркуни ва пешрави дар сохаи кишоварзи, Бехтар гардидани дарачаи некуахволии халк, реферат, кори курси, сомонаи донишчу, сайти донишчу.тч, вазъи чахон баъди ЧБВ Чанги Бузурги Ватани.

Шарҳ баста аст.