Аз дӯсти нодон душмани доно беҳтар аст

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

(М. Турсунзода)

Оре, дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳамаи мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд.

Дӯст он бошад, ки айби дӯсташро,

Ҳамчун оина рӯ ба рӯ гӯяд.

На ин ки чун шона бо ҳазор забон,

Аз ҷафо рафта, мӯ ба мӯ гӯяд.

Дӯст аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ, дилгарм ва хонаободанд. Дӯстонанд, ки беморон дардро, ғамдорон ғамро ва хушбахтон дилхуширо бо ҳам дида аз дардҳову хушбахтиҳои ҳамдигар огоҳ мегарданд. Наметавон худ камбудиву афзалияти хешро донист.

Чун инсон зиндагӣ мекунад, кору фаъолият мебарад, ба чизе, ба касе, ба тарбияе, ба дилгармие ниёз дорад, хоса ба дӯст. Дӯст афзунии ҳар шодиву дармони ҳар дарду норасоиву нуқсони ҳаёти касро мекушояд, ҳамдард мегардад, зеро дона танҳо хирман намегардад, нони танҳо файзи дастурхон намешавад, шукуфтани муғҷае бе ҷамоли офтобу боди субҳ сурат намегирад. Инсон ҳам бе дӯсти наздик буда наметавонад.

To абад бо дӯстон осӯдагист,

Марг ҳам бе дӯстон осон нашуд.

Гуфтаанд, ки ҳақ бар ҷониби ишоракунандаи ин маънии бузург аст. Дар урфият иборае ҳаст, ки дӯстон се навъанд: забониву нониву ҷонӣ.

Дӯстон ҳақиқатан дар ҳамин се навъ буда метавонанд. Асоситаринашон дӯстони ҷонӣ онҳое, ки дар ҳамаи мавридҳо дар ғаму шодии кас ҳозиранд.

Ба ибораи шоир:

Дӯст машмор он ки дap неъмат занад,

Лофи ёриву бародархондагӣ.

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳоливу дармондагӣ.


Калидвожаҳо:

иншо, иншои озод дар мавзӯи дӯстӣ, иншои озод дар мавзуи дуст, donishju.tj, донишчу.тч, аз дусти нодон душмани доно бехтар

Шарҳ баста аст.