Ҷавобгарӣ дар соҳаи ҳуқуқи андоз

0
16

Ҷавобгарӣ дар соҳаи ҳуқуқи андоз гуфта таҳти маҷбурияти давлат иҷро намудани ӯҳдадориҳоеро меноманд, ки бинобар содир шудани ҳуқуқвайронкунии андоз ба миён меоянд.Ҳуқуқвайронкунии андоз – ин амали ё беамалии зиддиқонунии (хилофи қонунгузории андоз) шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки содир намудани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад.

Ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ шахсро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест:

Загрузка...

1) аз ҷониби андозсупоранда ё агенти андоз иҷро намудани дастурҳо ва тавзеҳоти хаттии мақоми андоз ё дигар мақоми давлатӣ, ё шахсони мансабдори онҳо, ки дар доираи салоҳияташон додаанд;

2) аз ҳисоб баровардани бақияпулӣ аз дигар андозҳо аз ҳисоби маблағҳои барои ҳама гуна дигар андозҳо барзиёд пардохтшуда, аз ҷумла андозҳои пардохтаи агенти андоз;

3) бартараф намудани ҳуқуқвайронкунии андоз бо роҳи пешниҳоди эъломияи иловагии андоз мутобиқи қисми 5 моддаи 73 ҳамин Кодекс.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд:

1) сари вақт пешниҳод накардани эъломияи андоз ва дигар ҳисоботи андоз (м.164);

2) кам нишон додани маблағи андозҳо ;

3) вайрон кардани қоидаҳои пардохти андоз аз арзиши иловашуда;

4) монеъ шудан ба гузаронидани санҷиши андоз;

5) вайрон кардани мӯҳлати ба баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштан дар мақомоти андоз;

6) зикр накардан ё нодуруст зикр кардани рақами мушаххаси андозсупоранда дар эъломияҳои андоз ва гумрук, ҳисобнома-фактураҳо;

7) вайрон кардани тартиби нигоҳ доштани андоз дар манбаи пардохт ё нигоҳ надоштани он;

8) кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитии) шахсони воқеӣ мутобиқи моддаи 76 ҳамин Кодекс) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

9) вайрон кардани мӯҳлати огоҳ намудани мақомоти андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ дар бораи аз ҷониби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитии) шахсони воқеӣ мутобиқи моддаи 76 ҳамин Кодекс);

10) пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ба мақоми андоз;

12) ғайриқонунӣ монеъ шудан ба даромадани шахси мансабдори мақоми андоз ба ҳудуди корхона ё бино;

13) риоя накардани тартиби соҳибӣ, истифода ва (ё) ихтиёрдории амволе, ки мақоми андоз ба ҳабс гирифтааст;

14) вайрон кардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;

15) ба мақоми андоз пешниҳод накардани маълумоти зарурӣ;

16) аз тарафи бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ саривақт гузаронида нашудани маблағи андозҳо аз рӯи супоришномаҳои пардохтии андозсупорандагоне, ки дар ин ташкилотҳо суратҳисоб доранд.

Шахсони воқеӣ барои содир намудани ҷиноят дар соҳаи қонунгузории андоз мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Масалан моддаи 292 Кодекси ҷиноятии ҶТ «Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ» ном дошта муқаррар менамояд, ки:

1) Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ, ки қонун муқаррар намудааст, бо роҳи дидаю дониста ба асноди муҳосибавӣ (бухгалтерӣ) ё деклоратсияи андоз дохил намудани таҳсилоти таҳрифшуда оид ба даромад ва хароҷот ё бо роҳи дигар пинҳон доштани дигари объектҳои андозбандишаванда, ки ба миқдори калон содир шудааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолият муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё ҳабс ба мӯхлати аз се то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 291 ё 293 пешбинишуда, судшуда;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,- бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахсони ҳуқуқӣ ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, ки агар ҳаҷми андоз ё пардохтҳои пардохтнашуда аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба миқдори махсусан калон бошад, аз даҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад. Дар айни ҳол андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 35 сомониро ташкил менамояд.

Моддаи 293 бошад ҷавобгариро барои саркашии шахси воқеъӣ аз пардохти андоз муқаррар кардааст.