Авф кардан — Хазинаи маърифат

Авф кардан закоти зафар аст. (Маънои ҳадис)


Дӯстатро авф кун. Авфи кардаатро фаромуш кун. Аз ин авф ёд макун. (Шайх Шомил)


Дигаронро ҳама вақт бубахш, аммо худатро ҳаргиз мабахш. (Сирус)


Аз бахшидан дилгир ва дар ҷазо додан саросема машавед. (ҳазрати Алӣ (р.а.))


Касе туро хафа кунаду баъд бахшиш пурсад, қабул кун. Кина магир. (ҳазрати Алӣ (р.а.))


Бахшидани золим хиёнат аст.


Агар нафареро бахшиди, пушаймон машав ва дар ҷазо додан шод мабош.(ҳазрати Алӣ (р.а.))


Барои авфи худ дигаронро муттаҳам макун.


Хоҳи,ки аз ғаму андӯҳ халос ёбӣ, ба моли дунё дил мабанд ва агар хоҳи, ки аз бахшишпурсӣ халосӣ ёбӣ, бар забонат ҳоким шав.(Мансур бин Аммор)


Душманатро бахшидан бузургист, аммо онро фаромуш кардан ахмақист.(Ҷ.Кеннедӣ)


Авф зеботарин эҳсон аст. (ҳазрати Алӣ (р.а.))


Панди бузургон дар мавзӯи адаб инҷо хонед: Адаб — Хазинаи маърифат.


Манбаъ: «Хазинаи маърифат», Қурбонов Субҳон.