Авҷ гирифтани шӯришҳои зиддимустамликавӣ дар кишвари Туркистон

Сабабҳои ба амал омадани шӯришҳои зиддимустамликавӣ. Дар замони мустамликавӣ дар ҳудуди кишвари Туркистон худсарию бедодгариҳои амалдорони маҳаллии ҳукумати подшоҳӣ ҳадду канор надошт. Бераҳмиҳои онҳо ҳангоми ҷамъоварии андоз, махсусан дар вақти ба фоидаи муҳоҷирони рус кашида гирифтани ҳиссае аз заминҳои мардуми таҳҷоӣ, зоҳир мегардид. Дар натиҷаи пай дар пай афзудани маҳаллаҳои руснишин, заминҳои корам ва чарогоҳҳои мардуми маҳаллӣ маҳдуд мешуд. Фасли тобистон дар баъзе ноҳияҳои кишвар норасоии об барои корҳои обёрӣ эҳсос карда мешуд. Ҳангоми дар чунин ноҳия мавҷуд будани маҳаллаҳои руснишин аксаран масъалаҳо, аз ҷумла оид ба об, ба фоидаи муҳоҷирони рус ҳал мегардид.

Ба ғайр аз бедодгариҳою маҳдудиятҳои иқтисодӣ, аз тарафи амалдорони маҳаллии ҳукумати подшоҳӣ на ҳама вақт дин ва урфу одати мардуми маҳаллӣ ба эътибор гирифта мешуд. Дар идоракунии кишвар (бағайр аз идоракунии маҳаллӣ) аз байн бардоштани нуфузи сарварони дини ислом, дар ҳудуди кишвар маҳдуд намудани мулкҳои вақфӣ ва ғайраҳо олимақомони диниро норозӣ ва ниҳоят ба ғазаб меовард. Ҳол он ки пеш аз забтшавӣ чӣ ҳукумати хонӣ ва чӣ ҳокимони маҳаллӣ бе розигии олимақамони динӣ ягон хел чорабиниро намегузарониданд. Мулкҳои вақфӣ бошанд муқаддас ҳисоб карда мешуданд.

Ниҳоят дар замони мустамликавӣ мардуми маҳаллии кишвари Туркистон дар симои ҳукуматдорони маҳаллии подшоҳӣ истисморгарони асосӣ ва таҳқиркунандагони дину урфу одатҳои миллии худро медиданд. Маҳз ҳамин воқеаҳо дар ҳудуди кишвар сабаби асосии ба амал омадани як қатор шӯришҳои зиддимустамликавӣ, аз ҷумла исёни вабо, дар ш.Тошкент шӯриши соли 1898 дар Андиҷон, шӯриши Осиёимиёнагии соли 1916 ва ғайраҳо гардидаанд.

Исёни вабо. Соли 1892 дар шаҳри Тошкент ҳаракати халқӣ ба вуҷуд омад, ки он дар таърих бо номи «исёни вабо» маълум аст. Баҳонаи ба вуҷуд омадани исён, ин моҳи майи ҳамон сол, бо чорабиниҳои дар Тошкент барои пешгирии бемории номбурда андешидаи ҳукумати кишвари Туркистон вобаста аст. Вале он лаҳза барои табобати беморон чӣ табибон ва чӣ доруворӣ намерасид. Бинобар ин, мувофиқи баъзе маълумотҳо, шумораи умумии аз ин беморӣ фавтидагон танҳо дар кишвари Туркистон қариб ду ҳазор нафарро ташкил додааст.

Сарварони шаҳри Тошкент, бо маслиҳати мутахассисон, барои пешгирии ин бемории хавфноки гузаранда, бо қарори худ барои гӯронидани майитҳои аз ин касалӣ фавтида танҳо як қабристонро муайян намуда, 12 қабристони дигари шаҳриро бастанд. Дар қабристони муайяншуда ҳам майитро танҳо баъди иҷозати хӯҷаинҳои шаҳр мегӯрониданд. Бо сабаби зиёд гардидани фавтидагон мӯҳлати иҷозатгирӣ тақрибан 3-4 рӯз давом мекард ва дар ин муддат майит бояд нигоҳ дошта мешуд. Агар авлодони майит ба ногоҳ ин қоидаи нав ҷоришударо ба инобат нагирифта, майити аз бемории вабо фавтидаро (баъзан аз ин беморӣ набошад ҳам) худсарона дар дигар қабристон ба хок супоранд, он гоҳ ҳукуматдорони шаҳр онҳоро маҷбур мекарданд, ки майитро аз қабристони аввала бароварда ба қабристони муайншуда оварда гуронанд. Инчунин дар муддати маъракаи мубориза бо вабо аз шаҳр баромадан ва ба шаҳр даромадан маҳдуд карда шуда буд. Чунин ҳолат на танҳо тоҷирон, балки чоряккорон, мардикорон ва ғайраро низ норозӣ мекард.

Баҳона барои оғози исён он гардид, ки майитеро авлодонаш беиҷозат ба мазори хостаашон гӯронидаанд. Мутасаддиёни шаҳр аз ин воқеа воқиф гардида, авлодони майитро ҷамъ намуда, онҳоро аз байни бозор гузаронида, ба идораи маъмурияти шаҳрӣ бурданӣ шудаанд. Он мутасаддиён инчунин дар роҳ авлодони он майитро таҳдид намуда гуфтаанд, ки «майити беиҷозат гӯронидаашонро аз он қабристон гирифта ба қабристони муайяншуда гӯронанд». Мардуми бозор ва кӯчаҳои шаҳр аз асли воқеа воқиф гардида, ба ҳимояи авлодони майит гузаштанд. Дар натиҷа ин воқеа ба исён сабзида расид. Ҳукуматдорони кишвар бо зудӣ ба муқобили исёнгарон қувваи зиёди низомиро гузоштаанд. Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр задухӯрди сахти байни қувваҳои низомӣ ва исёнгарон ба вуқуъ омад. Аз ҷумлаи иштирокчиёни шӯриш панҷ нафар ҳалок гардида, бисёриҳо ҳангоми гурехтан дар канали Анҳор ғарқ шудаанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, баъди хомӯш намудани исён аз он канал 80 ҷасадро баровардаанд. Аз ҷумлаи фаъолони исён 60 нафар ба ҳабс гирифта шуд.

Шӯриши соли 1898 дар Андиҷон. Соли 1898 дар водии Фарғона шӯриши калонтарине ба амал омад, ки дар таърих бо номҳои: «шӯриши Андиҷон», «шӯриши эшони Дукчӣ» ва «шӯриши Мадалӣ-эшон» маълум аст. Сарвари шӯриш Мадалӣ- эшон ба ҳисоб меравад. Аз сабаби он ки падари вай Собири дугчӣ буд, бинобар ин ба Мадалӣ-эшон боз лақаби «дугчӣ» монд. Вале Собири дугчӣ устои камбағали деҳаи Чимиони уезди Марғелон буду, писари вай — Мадалӣ-эшон на танҳо эшони машҳури водӣ, балки заминдори калон ҳам ба ҳисоб мерафт. Мадалӣ-эшон муридҳо — пайравони зиёде дошт. Рӯзе дар Марғелони Нав полисмейстри аз худ рафтаи рус ӯро дар ҳузури одамон, аз он ҷумла муридонаш, маҷбур кард, ки аз хар фаромада, пиёда аз шаҳр гузарад. Мадалӣ- эшон ин воқеаро барои худ таҳқири нобахшиданӣ ҳисобид. Бинобар ин ӯ нисбат ба амалдорони ҳукумати подшоҳӣ нафрати зиёд пайдо карда, муридонашро ҳам ба ҳамин майл ҷалб кард.

Дар аввал дар атрофи Мадалӣ-эшон тақрибан 200 нафар саворагон аз деҳаи Тоҷики уезди Мингтеппа ҷамъ шуданд. Баъд ба онҳо мардуми худи Мингтеппа, ки деҳаи сераҳолӣ ба ҳисоб мерафт, ҳамроҳ гардиданд. 17 майи соли 1898 Мадалӣ-эшон, бо мардуми дар атрофаш ҷамъомада, аз деҳаи Мингтеппа ба Андиҷон, ки маркази уездӣ буд, ҳаракат кард. Дар ин лаҳза шумораи шӯришгарон аллакай ба 2 ҳазор нафар расид, ки аз онҳо тахминан ҳазор нафарашон саворагон будаанд. Онҳо 18 март ба гарнизони қӯшунҳои рус якбора ҳуҷум карданд. Дар натиҷа дар байни аскарони рус ва шӯришгарон задухӯрди сахт ба амал омад. Танҳо талафоти аскарони рус 22 нафар ҳалокшудагон ва 24 нафар захминшудагонро ташкил медод. Бо ташаббуси ҳукуматдорони кишвар ва вилоят бо зудӣ ба Андиҷон қувваҳои имдодия фиристода шуд. Баробари омада расидани он қувваҳо, аллакай бегоҳии ҳамон рӯз шӯриш дар Андиҷон хомӯш гардид. Мадалӣ-эшон дар аввал гурехта бошад ҳам, вале худи ҳамон рӯз дастгир шуд.

Ҳукуматдорони подшоҳӣ ба воситаи қувваи аскарони худ шӯриши соли 1898-ро дар тамоми нуқтаҳояш пахш намуданд. Аз ҷумлаи иштирокчиён ва хайрхоҳони он 777 нафарро (мувофиқи маълумоти дигар 546 нафар) ҳабс карда, 18 нафар фаъолонашро барои ба дор овехтан ҳукм карданд. Ба ғайр аз ин, танҳо аз волости Мингтеппа, деҳаҳои Тоҷик, Қошғар ва Қутчӣ, ки аз онҳо шӯришгарон нисбатан бисёр буданд, аз тарафи аскарони подшоҳӣ тамоман вайрон карда шуданд.

Шарҳ баста аст.