Асрҳои миёна

Дар асрҳои миёна таҳлили сиёсат, давлат ва ҷомеа аз нуқтаи назари теологизм амалӣ карда мешавад. Дар ин марҳилаи рушду инкишофи ақидаҳои сиёсӣ як қатор идеяҳои нав ба вуҷуд оварда мешаванд. Аммо ҷудо намудани ҳокимияти динӣ аз ҳокимияти дунявӣ ва афзалияти бештар додан ба ҳокимияти динӣ, идеяи аз ҳама муҳимми ин давра ба шумор меравад. Намояндагони машҳури асрҳои миёна Августин Блажений, Фомаи Аквиниягӣ ва Геласий мебошанд.

Августин Блажений (354-430) яке аз намояндагони машҳури теологизм мебошад. Ӯ дар таълимоти худ мавҷудияти ду навъи ҳокимиятро исбот намуда, онҳоро ҳокимияти илоҳӣ ва ҳокимияти заминӣ номидааст. Намояндаи ҳокимияти илоҳӣ калисо ва намояндаи ҳокимияти заминӣ подшоҳ дониста мешавад. Аммо дар раванди идоракунӣ афзалияти асосӣ ба калисо дода мешавад. Ба андешаи Августин Блажений, дар ҷомеа ҳокимияти заминӣ ҳамаро ба зулму истибдод табдил медиҳад ва одамон барои наҷоти худ бояд ба ҳокимияти илоҳӣ рӯй оварда, ба калисо такя намоянд. Ӯ таъкид менамояд, ки дар ҷомеа тағйиротҳои ҷамъиятӣ ғайриимкон аст, зеро ҳама чиз аз иродаи Худо вобаста мебошад. Августин ҳокимияти подшоҳонро замоне эътироф менамояд, ки агар онҳо барои мустаҳкам гардидани имони одамон ва устувортар гардидани тартиботи ҷамъиятии аз ҷониби Худо муайяншуда кӯшиш намоянд.

Бояд гуфт, ки мутафаккирони минбаъдаи асримиёнагӣ андешаҳои Августинро то дараҷае ҷонибдорӣ намуда, ташаккул додаанд. Намояндаи дигари асримиёнагӣ Фомаи Аквиниягӣ (1226-1274) мебошад. Ба андешаи Фомаи Аквиниягӣ, танҳо ҷисми одамон ба ҳокимияти дунявӣ тааллуқ дошта, рӯҳи онҳо ба Худо, калисо ва Папаи Рим мутааллиқ мебошад. Бинобар ин, ҳамаи одамон, аз ҷумла монархҳо низ, бояд ба онҳо итоат намоянд. Ӯ дар асари худ «Суммаи теология» иерархияи меъёрҳои ҳуқуқиро ташаккул додааст. Дар зинаи болоии он «қонуни азалие» меистад, ки он ифодакунандаи иродаи Худо буда, барои одамон дастнорас мебошад. Одамон дар заминаи дарки меъёрҳои алоҳидаи «қонуни азалӣ» қонунҳои табииро ба вуҷуд меоваранд. Қонунҳое, ки аз ҷониби одамон ба вуҷуд оварда мешаванд, аъзоёни ҷомеа онҳоро ба таври ихтиёрӣ эътироф менамоянд. Эътирофи қонунҳо низ замоне дида мешавад, ки то кадом андоза онҳо бо моҳияти «қонуни азалӣ» мувофиқат менамоянд.

Мутафаккири дигари асримиёнагӣ Геласий мебошад, ки ӯ андешаҳои худро дар назарияи «ду шамшер» ташаккул додааст. Ба ақидаи Геласий, Папаи Рим соҳиби ду шамшер буда, якеро дар назди худ нигоҳ медорад ва дигареро ба подшоҳ, ки тобеи ӯ мебошад, медиҳад. Бинобар ин, подшоҳ бояд доимо ба Папаи Рим итоат намояд. Дар таълимоти Геласий вобастагии подшоҳ аз Папаи Рим дида мешавад. Аммо масъалаи тобеияти подшоҳ ба Папаи Римро мутафаккири дигар Бернар Клевронский ба таври дигар ҳал намудааст. Ба андешаи ӯ, ҳокимият бевосита аз ҷониби Худо ба подшоҳ дода мешавад ва подшоҳ вобастаи Папаи Рим буда наметавонад. Бинобар ин, ӯ бояд танҳо ба Худо итоат намояд.

Шарҳ баста аст.