Асосҳои назарияи интихоби истеъмолӣ

Эътидолӣ ва чандирии тақозою арза бидуни назардошти таҳлили назарияи манфиатнокӣ, муомилаи истеъмолӣ ва назарияи интихоби истеъмолӣ имконнопазир аст (39,51-57; 18,77-80).

Манфиатнокӣ тибқи дархосту эҳтиёҷоти муштариён (харидорон), вобаста ба дараҷаи нарх, даромади субъектҳои иқтисо-дӣ, шумораи фурӯшандагону харидорон, теъдоди молу хадамот, тарзу услуби интихоб, нафънокии неъматҳо ва ғ. муайян карда мешавад.

Назарияи манфиатнокӣ ба мақсади интихоби тарз ва усулҳои мусоидтарину оқилонаи идораи иқтисод истифода карда мешавад. Он барои ҳаллу фасли чунин масъалаҳои асосии иқтисод нигаронида мешавад:

— оё маблағҳои ба таври илова масрафшаванда нисбат ба ҳаҷми аввала дараҷаи даромади истеҳсолкунанда, беҳтар гардидани шароити техникии онро таъмин карда метавонад?;

— оё ба даст овардани омилҳои иловаи истеҳсолот ва истеҳсоли молу маҳсулоти илова аз ҷониби харидор эътироф ва дархосту эҳтиёҷи онҳоро қонеъ гардонда метавонад?;

— сармоягузории иловагии ба ин мақсад сарф шуда самараи оқилона медиҳад?;

— интихоб ва ҳаллу фасли ин қарорҳо вазъ ва ҳолати фирмаро беҳтар карда метавонад?

Ин ва дигар гурӯҳи масъалаҳо бо воситаи методи таҳлили манфиатнокии интиҳоӣ (методи марҷиналистӣ) ҳаллу фасл карда мешаванд. Афзалияти ин усул нисбат ба усулҳои соддаю кӯр-кӯронаи ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ дар он аст, ки он барои интихоби қарору қарордодҳои оқилонаю пурсамар имконияти бештар муҳайё мекунад. Барои амалӣ гаштани ин ҳадаф на меъёру нишондиҳандаҳои арифметикӣ, балки ҳудуди манфиатнокии онҳо ба назар гирифта мешавад. Барои муайян кардани ҳадди аксар(максимум)-у ақал(минимум)-и иқтисодӣ, методи ҳи-собкуниҳои дифференсиалӣ (тафриқавӣ) ва дар ҳолатҳои  нисбатан мураккаб — тарзи барномарезии мустақим (хаттӣ, ба русӣ — линейный) ва барномарезии динамикӣ истифода карда мешавад.

Чорчӯбаи назарияи манфиатнокиро назарияи интихоби истеъмолӣ ташкил медиҳад. Интихоб ҷавҳари муайянкунандаи ҳодисаҳои иқтисодӣ мебошад. Ягон раванди иқтисодӣ (истеҳ-сол, тақсим, мубодила, истеъмол…) бидуни интихоб ташкил карда намешавад. Интихоб дар чорчӯбаи имконият сурат мегирад. Имкониятҳои субъектҳои иқтисодӣ (шахс, коллектив, гурӯҳ, ҷомеа…) бисьёрҷабҳаву мураккаб буда,  тибқи  омилҳои бозор — арза, тақозо, нарх, рақобат ба роҳ монда мешавад.

Бозор имконияти интихоби истеъмолиро густариш медиҳад. Он дар мояи имкониятҳои ягона, ё худ интихоби як ё ду ҳолати имконпазир (алтернативӣ) ташкил мегардад.

Ба ҳама равшан аст, ки одамон дар интихоб ва истифодаи молу хадамот рафтор ва муносибатҳои ҳархела доранд. Ҳанго-ми интихоб, хоҳ нохоҳ, яке аз чизҳои хоста гирифта нисбат ба чизҳои боқимонда беҳтар дониста мешавад. Бо ибораи дигар, интихоб дар чорчӯбаи тарҷеҳ (авло, афзал, беҳтару писандтар) ба роҳ монда мешавад. Масалан, ҳангоми таҳлили сирати духелаи мол К.Маркс ба масоили арзиш ва марҷиналистон — ба арзиши истеъмолии он (манфиатнокӣ) бештар таваҷҷӯҳ кардаанд.

Манфиатнокӣ миқдоран ченнашаванда мебошад. Онро ҳамчун нафънокӣ (К. Маркс), «ҳисси ҳаловат» (Э. Бем-Баверк) ё худ муносибатҳои «камтар», «зиёдтар», «баробар» (Д. Хайман) тасаввур мекунанд.

Интихоби молу маҳсулот аз ҷониби истеъмолгар на дар асоси ҳисобу китоби миқдории муомилаи оқилона, балки интихоби вариантҳои гуногуни алтернативӣ, яъне афзал доштани манфиати як мол нисбат ба моли дигар муайян карда мешавад.

Барои интихоби оқилона ва самаранокии вариантҳои алтернатив ба истеъмолгар зарур аст, ки ҳар яке аз онҳо ё худ кулли онҳоро аз нуқтаи назари аҳамияти қонеъ гардондани талаботи худ баҳо диҳад. Бо ибораи дигар, имкониятҳои гуногун, ё худ алтернативҳо бояд ба низом (система) дароварда шаванд. Маҳз охирон, яъне алтернативҳои ба низом даровардашуда ҳамчун тарҷеҳ (афзалиятнок, беҳтарин) истифода карда мешаванд.

Азбаски мақсади асосии истеъмолгар ба таври аксар (максимум) қонеъ гардондани талабот мебошад, вай молеро интихоб менамояд, ки нисбати он шавқу таваҷҷӯҳи махсус дорад ва он роҷеъ ба молҳои дигар манфиати бештарро таъмин карда метавонад.

Муомилаи оқилонаи инсон оид ба интихоби неъматҳо (мувофиқи ақидаи марҷинализм) ҳамчун натиҷаи фаъолияти субъ-ектҳои бозор, ки баҳри таъмин кардани дараҷаи мусоид ва қулайтарини некӯаҳволии шахсӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, сурат мегирад. Инсон, ҳар як ҷараён ва ҳодисаи иқтисодиро аз нигоҳи худшиносӣ ва ҷаҳондонии шахсии худ баҳо медиҳад. Ин раванди баҳодиҳии субъективии равандҳои иқтисодӣ фақат бахши молу хадамотро дарбар мегирад, чунин инсон аз нигаҳи марҷиналистон эҳтиёҷ танҳо ба онҳо (молу хадамот) дорад соҳаи иқтисод нақши тобеги(дуввӯмдараҷа)-ро иҷро мекунад.

Дар муайян кардани хулқу атвор(муомила)-и инсонӣ нақши муҳимро принсипи нодир, яъне маҳдуд будани ҳаҷм ва андозаи истеҳсоли молҳо ва таносубан пурра тобеъ будани нархи онҳо аз тақозо, ки дар навбати худ бо баҳои субъективӣ алоқаманд мебошанд иҷро мекунад. Бо ибораи дигар, муомилаи фарди алоҳида бо талаботи худи он, муомилаҳои хоҷагидорӣ ва тақозо вобаста мебошад.

Муомила(сулук)-и истеъмолӣ ҳамчун раванди ташаккули  тақозои истеъмолгар оиди молу хадамоти гуногун сурат мегирад. Дар ин сифат он имкон медиҳад, ки истеҳсоли молу хадамот ва арзаи онҳо дар бозор инкишоф ёбад. Муомилаи истеъмолӣ аз ҳаҷм ва меъёри даромади одамон, ки вобаста ба тасаввури шахсии он оиди манфиати аксар (максималӣ) ва хариди қулайи неъматҳо тақсим карда мешавад, вобастагӣ дорад. Дар соҳаи тақсими даромад, одамон тақдири истифода ва интихоби неъматҳову хадамотро ҳал мекунанд.

Муомилаи истеъмолӣ ва интихоби алтернативҳои гуногуни манфиатнокӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки онҳо ҳамчун омили асосии тақозо сурат мегиранд. Кулли каҷхатҳои гуногуни неъ-матҳо ҳамчун сарҷамъи ҳар як моли алоҳида аз баста(пакет)-и неъматҳо ташкил карда мешавад. Онҳо ҳамчун кӯпрук, тавлидгару истеъмолкунандагонро ба ҳам пайваст намуда, соҳибкорон ва пешниҳодгарони молу хадамотро аз он водор месозанд, ки барои бозор чӣ қадар ва ба кадом андоза онҳоро пешкаш намудан имконпазир мегардад.

Тақозои бозории молҳо тибқи қонуниятҳои умумӣ (теъдоди муштариён, ҳаҷму сифати молҳо, манфиатнокӣ, муомилаи истеъмолӣ, интихоб, имконият, молҳои қобили бадал ва ғайра) су-рат гирифта, каҷхати он ҳамеша рӯ ба фуруд дорад. Ин ҷараён аз он гувоҳӣ медиҳад, ки нафънокии умумии молҳо, барои истеъмолгар баробари ҳарҷониба зиёд гардидани захираи он меафзояд, вале на ба он суръате, ки захира зам карда мешавад. Аз ин ҷиҳат нафънокии афзоиши ҳар як воҳиди мол, баробари зам шудани захираҳои навбатӣ, таносубан кам мешавад. Охирон, ҳамчун қонуни пастшавии манфиатнокии интиҳоии истеъмолкунанда ба тасвиб мерасад. Ин қонун баъзан ҳамчун қонуни иқти-содии пастравии тақозои истеъмолгар тавсиа карда мешавад.

Рӯ ба нузул (пастӣ) овардани манфиатнокии интиҳоӣ ҳангоми баҳодиҳии субъективи(шахси)-и ҳар як воҳиди ҷудо-гонаи молу хадамот, дар ҳолати аз нав харидану зам гардидани захираҳои навбатии он бештар зуҳур мегардад. Аз ин ҷиҳат манфиатнокии интиҳоии мол барои истеъмолкунанда дар шакли манфиатнокии интиҳоии харид (харидор дар ҳолати шубҳа — харидан зарур ё на) қарор дорад. Ҳар як афзоиши нафънокии молу чиз таносубан манфиати харидорро рӯ ба фано (нестӣ) мебарад. Ин таносубият дар асоси қонунияти: чӣ қадаре, ки харидор соҳиби молу чизи зиёде бошад, ҳамон қадар зиёдтар кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки молҳои ба таври илова ҷалб кардашавандаро бо нархҳои нисбатан пасттар харида гирад. Чунки нафънокии молҳои дубора нисбат ба молҳои дар ибтидо харида шуда аҳамияти дуюмдараҷа дорад. Дар ин асно, нархи интиҳоии тақозо паст мегардад. Бинобар ин харидор ин гурӯҳи молҳоро то ба  манфиати интиҳоии хариди он ба нархи молҳо баробар шудан харидан мегирад.

Муштариён, чи тавре ки маълум аст, интихоби молу чизҳои барояшон заруриро дар асоси муқоисаи дастаи молу хадамот ташкил менамоянд. Онҳо дар мояи даромади худ, сатҳ ва дараҷаи ташаккули нарх, тибқи имконияту зарурат метавонанд ин ё он намуди ба бозор пешниҳод шудаи неъматҳою хадамотро харида гиранд. Таркиби дастаи харид ва имконияти он на ҳама вақт якхела мебошад. Ҳамоҳанги(ба ҳам мутобиқгардони)-и молу хадамот дар лаҳзаҳои гуногун (соат, рӯз, ҳафтаи харид) имконнопазиранд. Чунки миқдор ва нархи молҳо, ҳаҷми тақозою арза, ғунҷоиши бозор ва ғайра дар ин давра доимо якхела боқӣ намемонад. Бинобар ин маҷмӯи интихоби дастаи истеъмолӣ, ки дараҷаи якхелаи талаботи истеъмолгарро таъмин менамояд бо воситаи каҷхати беэътиноӣ тасвир карда мешавад (ниг.нақшаи 31).

Нақшаи 31. Каҷхати беэътиноӣ

Дар ин ҷо:

              КМ — хатти буҷаи истеъмолӣ,

         V1,V2,V3,V4 — каҷхати беэътиноӣ,

Е — нуқтаи эътидолӣ дар истеъмол, нуқтаи ба ҳам мувофиқоии хатти буҷаи истеъмолӣ(КМ) бо каҷхати беэътиноии V3,

А,В,С,Д — нуқтаҳои интихоби дастаи молу хадамот, ки ба истеъмолгарон қаноатмандии якхелаи талаботро таъмин мекунанд.

Дар нақшаи 31 интихоби альтернативии истеъмолии байни ду гурӯҳи молҳо — хӯрока ва либос тасвир карда шудааст. Эътидолии истеъмолии ин гурӯҳи молҳо таҳти буҷаи пулӣ ташаккул меёбад.

Аз таҳлили нақша хулоса бармеояд, ки агар хатҳои беэътиноӣ аз нуқтаи буриш ё худ расиши Е поёнтар гузаранд (V1,V2), онгоҳ он аз нопурра истифода карда шудани хӯрокаю либос ба мақсади истеъмолӣ дарак медиҳад.

Хатти беэътиноии V4 нисбатан аз нуқтаи Е дуртар ҷойгир аст. Бинобар ин он аз имконияти бештар истифода шудани онҳо (либосу хӯрока) гувоҳӣ медиҳад. Дар ин ҳолат дараҷа ва ҳаҷми истеъмол аз имконияти даромад ва буҷаи шахсии истеъмолкунанда зиёдтар  мебошад.

Ҳолати муозинии буҷа ва имконияти истеъмолии ҳар ду маҳсулот дар вақти ба ҳам расидани хатти V3 бо каҷхати КМ ба вуқӯъ мепайвандад. Дар нуқтаи ба ҳам омезиши онҳо, яъне нуқтаи эътидолии Е иваз кардани як мол ба моли дигар, вобаста ба дараҷа ва сатҳи нарх муайян карда мешавад.

Дар мавриди афзун гардидани даромади истеъмолгар, каҷхати КМ метавонад ба боло, ба тарафи рост майл кунад. Ин ҳолат дар натиҷаи паст шудани нархи яке аз онҳо (ё либос, ё хӯрока) ё якбора ҳар ду ба вуҷуд омада метавонад. Дар назарияи интихоби муомилаи истеъмолӣ ин авзо ҳамчун «самараи даромад» ё  худ «самараи бадал» ном бурда мешавад.

Барои дар амал тадбиқ намудани ин мақсад ҳар як истеъмолкунанда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки буҷаи оилавии худро барои ба даст овардани чизе сарф намояд, ки аз он манфиати аксар (максимум) муҳайё гардад. Манфиати аксар дар нақша — нуқтаи Е ба ҳисоб меравад.

Дар адабиёти иқтисодӣ манфиатнокии миёнаи интиҳоӣ (ММИ) ба воҳиди харҷи пулии даромади буҷаи шахсӣ ҳамчун таносуби зерин муайян карда мешавад (18,-80).

                  манфиати интиҳоии интихоби молҳои X,Y,Z…

ММИ =    ——————————————————————-;

                  нархи интиҳоии молҳои X,Y,Z…


Асосхои назарияи интихоби истеъмоли, Манфиатноки чи тавр муайян карда мешавад?

Шарҳ баста аст.