Ҷаннат зери қудуми модарон аст!

Модар дар ҳаёти кас ҳама чиз аст: тасалло дар маълумию имдодгарӣ, дар бадбахтӣ, қувва дар заифӣ, нур дар дили сиёҳӣ шаб. Хулоса, вай чашмаи шафқат, саховат, муқаддимаи ҳаловату осоиш аст.

Модар! Калимаест зебо ва шуниданаш гуворо. Калимаест, ки ҳатто аз зебоии гул нозанинтар аст. Вақте, ки мо ин калимаро ба забон мегирем, ба ҷаҳоне ворид мешавем – ҷаҳони меҳру шавқат, самимият, ҷаҳоне, ки дар он суруди «Алла» танинандоз аст. Дар дуньё гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавоноиву қудрат, нармтар аз дили модар чизе нест.

Модар! Бароям хуршеди анвару моҳу ахтарӣ, бароям бахту иқболи ва ёвару раҳбар низ ва ниҳоят, бароям чашмаи ҳаётӣ. Оре, ҳамаи ин зебоиву меҳрубониҳоят бароям сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст. Аё модар бо ин ҳама бузургӣ ман агар ман ризояти туро нагирам вориди ҷаннат мегашта бошам.

Модар номи ту чунон бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Ҳар кас симои дилчаспу меҳрубононаи модарро мебинаду рӯҳаш тоза мешавад ва мехоҳад равшании шоми модар, сарбаландии модар бошад. Шоире беҳуда нагуфтааст:

Ҳамефахрад ҷаҳон бо номи модар,

Тамоми одамон бо номи модар.

Ба хуни дил, ки моро парваридаст,

Дар охир пухта гардад хоми модар.

Оре, модар ҳаст, ки туфайли ӯ дуньё ободу зебо аст. Ҷаҳон бояд бо модари ғамхору солору мо, бо суруди «Алла»-и ӯ ки саршор аз меҳру муҳаббат аст, фахр кунад ва ҳамагон ӯро, ки гули хушкнашавандаи ҳаёт аст, ҳурмату эҳтиром кунанд.

Дареғо, ки мо баъзан вақт ҳурмату эҳтироми модарро ба ҷо намеорем, нисбаташ беҳурматӣ мекунем. Дареғо, ки дар ҳаққи ӯ суханҳои қабеҳ мегӯем. Дареғо, ки қарзи фарзандиамонро ба ҷо намеорем.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад, лаҳзае, ки маро сахт мутаасир карда буд. Ду бача байни худ хархаша доштанд, яке модари дигареро бо алфози қабеҳ ҳақорат мекард. Дуюмӣ низ бо чунин суханҳо ҷавоб мегардонид. Ман бениҳоят мутаасир шудам ва ба онҳо гуфтам:

— Эй бачаҳо, магар ранҷу заҳматҳои модарро намедонед? Охир модар, ки моро бо ноз мепарвараду роҳ рафтану сухан гуфтан меомӯзонад дар хаққи ӯ ҳақорат кардан гуноҳест азим ва набахшиданӣ. Вале онҳо ба ин эътиборе намедоданд.

— Эй азизон! Афсӯс, ки хато кардед. Чӣ ҳоҷат аст алфози қабеҳ нисбат ба модар, ки моро ба дуньё меораду ба зиндагӣ раҳнамун месозад, меарзад сухане, ки мегӯйӣ? Албатта, на! Чуноне, ки Балзак мегӯяд: «Монанди модар касе роздон нест. Модару кӯдакро риштаҳои пурасрор мепайванданд, ки туфайли он ҳар як ларзаи дили кӯдак дар дили ӯ ҳарфе бештар меомӯзад ва ҳар як пайкари кӯдак ҳамчун ҳодисаи сурурбахши ҳаёташ эҳсос мешавад».

Мо бояд модари худро ҳурмату эҳтиром кунем ва ҳар панду андарзи ӯро, ки болотару волотар аз симу зар аст, бигирем:

Ҳар кӣ бошад соҳиби ақлу тамиз,

Модарашро доимо дорад азиз.

Модар барои мо ҳама чиз аст, ҳам нури басар, ҳам ҷону ҷигар, ҳам маънии рӯзгор, ҳам равнақу барор, ҳам субҳи замон, ҳам ҳусни чаман ва тоҷи сар.

Хайру саховати замин аз саховати модарон, назокати дуньё аз назокати модарон аст. Барои ин барои ҳифзу ҳимояи модар тану ҷонро метавон фидо кард ва сари таъзим фуруд овард ва гуфт:

Модар бо қадамҳои ту сар мемонам,

Ҳар ҳарфи туро дуру гуҳар медонам.

Дар роҳи ҳаёт мушкиле пеш ояд,

Ман панди туро мушкилкушо медонам.

Шарҳ баста аст.