Ҷанги якуми ҷаҳон ва шӯриши миллию озодихоҳии соли 1916 дар Осиёи Миёна

Оғози ҷанги якуми ҷаҳон ва иштироки Русия дар он. 19 июли (1 августи) соли 1914 ҷанги якуми ҷаҳон оғоз ёфт, ки ба он 38 давлатҳои ҷаҳон, бо аҳолии 1,5 млрд. нафар, ё худ аз чор се ҳиссаи мардуми башар кашида шуданд. Дар чор соли ҷанг, яъне то соли 1918, дар амалиётҳои ҷангӣ аз аҳолии башар қариб 10 млн. нафар ҳалок ва зиёда аз 20 млн. нафар маҷрӯҳ гардидаанд. Яке аз сабабҳои асосии сар задани ин ҷанг ихтилофи байни мамлакатҳои- Антанта ва Иттифоқи сегона мебошад. Мамлакатҳои ташаббускори бунёди Антанта — Англия, Русия ва Франсия мамлакатҳои бузурги мустамликадор ба ҳисоб мерафтанд. Ташаббускорони блоки дуюм, махсусан Олмон ва Австро-Венгрия, ки дертар рӯ ба тараққӣ ниҳода, аз тақсими мустамликаҳо маҳрум мондаанд, талаб мекарданд, ки тақсимоти нави мустамликаҳо гузаронида шавад. Мамлакатҳои мустамликадори Антанта албатта ба фоидаи рақибони худ ягон хел гузашт карданро намехостанд. Зеро, мустамликаҳо барояшон на танҳо ҳамчун манбаи ашёи хом, балки бозори берақобати молфурӯшӣ низ ба ҳисоб мерафтанд.

Баҳона барои оғози ҷанги ҷаҳонӣ дар Сараево кушта шудани шоҳзодаи империяи Австро-Венгрия Франс Фердинанд (28 июни соли 1914) гардид. Гарчанде ҳукумати Сербия тамоми талабҳои таҳдидномаи (ултиматуми) ҳукумати Австро-Венгрияро қабул кард, вале ҳукумати охирин 28 июли ҳамон сол ба муқобили сербҳо ҷанг эълон кард. 29 ва 30 июл ҳукумати Русия дар мулкҳои худ сафарбарии умумиро эълон кард. Дипломатияи рус сербҳоро дастгирӣ намуд. Олмон 1 август ба Русия, 3 август ба Франсия, 4 август Англия ба Олмон ҷанг эълон карданд. ИМА 6 апрели соли 1917 ба тарафдории мамлакатҳои Антанта ба ҷанг дохил шуд. Русия ба ҷанги ҷаҳонии оғозгардида чандон омада набуд. Ҳанӯз соли 1908 ҳукумати он барномаи 10 солаи тайёрии ҷангро қабул намуд, ки он пурра иҷро нагардида буд.

Сарфи назар аз ин моҳҳои аввали ҷанг қӯшунҳои рус дар Пруссияи Шарқӣ ғалабаҳои назаррас ба даст дароварданд. Солҳои 1915-1916 ҳам фронти Русия яке аз фронтҳои асосӣ буд. Бинобар ин ҳукумати Олмон ва Австро-Венгрия ба ин фронт қувваҳои асосии худро гузоштаанд. Дар натиҷа дар ин фронт ҷангҳои шадиде рӯх доданд. Вале ҷанги тӯлонӣ хароҷотҳо ва аскарони зиёдро талаб мекард.

 Русияи подшоҳӣ дар ҷанги якуми ҷаҳон зиёда аз 2 млн. нафар аҳолии худро талаф дод. Он аз ҷиҳати иқтисодӣ боз ҳам хароб, аз ҷиҳати молиявӣ тобеи мамлакатҳои Ғарб шуд. Барои пӯшонидани хароҷоти ҷанг миқдор ва хелҳои андозро зиёд карданд. Дар натиҷа, мардуми Русия, ки аз ҷанг дилгир шуда буданд, ба муқобили сиёсати хукумати худ ҳар ҷо — ҳар ҷо шӯриш бардоштанд. Яке аз бузургтарини чунин шӯришҳо ин шӯриши соли 1916 дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад, ки оиди сабабҳои он ҳамчун шӯриши зиддимустамликавӣ аллакай таваққуф намудем.

Баҳонаи шӯриш. Ҳукумати подшоҳии Русия, нисбат  ба худ, чуноне аллакай таъкид шуд, ба садоқати мардуми Осиёи Миёна ва Қазокистон боварӣ надошт. Аз ин рӯ, дар солҳои ҷанг ҳам аз ҳисоби мардуми таҳҷоии ин кишвар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар накард. Вале, соли 1916 ҳукумати подшоҳӣ вазъияти ногувори фронтҳои ҷангиро ба инобат гирифта, ба корҳои ақибгоҳ сафарбар намудани мардуми таҳҷоии кишвари Туркистон ва Қазоқистонро зарур шуморид. 25 июни соли 1916 оиди ин масъала фармони подшоҳ эълон карда шуд. Мувофиқи он бояд аз ҳисоби мардони аз 19 то 43 солаи кишвари Туркистон 250 ҳазор нафар ва Қазокистон — 80 ҳазор нафар ба корҳои заминкании хати  фронт ҷалб карда мешуданд. Аз ҷумла фақат аз уезди Хуҷанд бояд 8948 кас сафарбар мегардиданд ва аз онҳо 8140 нафарашон бояд ба корҳои ақибгоҳи фронт фиристода мешуданд. Вазнинии тақсимот ба гардани аҳолии шаҳри Хуҷанд афтида буд. Зеро, танҳо аз ин шаҳри бостонӣ, мебоист 2708 нафар аз ҷумлаи онҳое, ки дар корҳои пахтакорӣ иштирок намекарданд, сафарбар мегардиданд.

Дар асоси фармони номбурда 2 ва 3-юми июли ҳамон сол мардони Хуҷандро ба рӯйхат гирифтанд. Аксари онҳое, ки ба рӯйхат дохил шуда буданд, қувваи асосии кориро ташкил медоданд. Аз ин рӯ, дар айни авҷи корҳои тобистонӣ, ба корҳои ақибгоҳи фронт ҷалб намудани онҳо бегуфтугӯ ба вазъи хоҷагиашон таъсири манфӣ мерасонид. Ба ғайр аз ин хизмати ҳарбӣ дар байни мардуми Осиёи Миёна чандон анъанаи хубе набуд ва аз ин рӯ ин маърака ҳамовозие пайдо накард. Илова бар ин аз тарафи амалдорони маҳаллӣ ҳангоми ба рӯйхатгирӣ ба беадолатиҳо роҳ дода шуда буд. Яъне, ҳар касе, ки доро буд, ба амалдорон пора дода, худро аз рӯйхат баровард. Чунин ҳолат мардуми камбағале, ки имконияти пора додан надоштанд, дарғазаб намуд ва онҳоро ба майдон баровард.

Оғози шӯриш. Характер ва аҳамияти он. 4 июли соли 1916 ба қозихонаи маҳаллаи Қалъаи Нави шаҳри Хуҷанд зиёда аз 500 нафар шаҳриён ҷамъ омада, аз қозӣ ва пристав талаб карданд, ки барӯйхатгириро қатъ намоянд. Аммо чунин талаби онҳо аз тарафи қозӣ ва пристав ба инобат гирифта нашуд. Пас мардум бо чунин талаб ба назди сардори уезд, ба сӯи бозори Чоршанбе ҳаракат карданд. Дар роҳ ба ин мардум аз ҳар сӯ одамони бисёре ҳамроҳ гардиданд. Дар муддати кӯтоҳ шумораи намоишчиён афзуда то ба 7-8 ҳазор нафар расид. Вале сарварони уезд, ба қувваи политсия такя намуда, талаби мардумро рад карданд. Дар натиҷа мардуми ба ғазабомада ба ҳуҷум гузаштанд. Ҷӯра Зокиров, Зубайдалло Раҳматуллоев, Ҷӯра Алӣ ва ғайра аз ҷумлаи фаъолони ин ҳаракати мардумӣ буданд. Аз тарафи политсия ба муқобили мардум тир кушода шуд. Бегоҳии ҳамон рӯз шаҳр дар ҳолати ҳарбӣ эълон гардид. Дар тамоми гӯшаю канори шаҳр ҳарбиён ва политсия назорати қатъӣ ҷорӣ намуданд. Рӯзи дигар, яъне 5 июл ба кӯмаки Хуҷандиёни шӯришбардошта агарчанде қариб 700 нафар сокинони волости Қистакӯз омаданд, вале ин қувва вазъиятро дар шаҳр дигар тағйир дода натавонист. Шӯриш дар шаҳри Хуҷанд аллакай хомӯш гардида буд.

Шӯриши Хуҷанд барои баромади умумии кишвар сигнале гардид. Он бо зудӣ ноҳия ва вилоятҳои нав ба навро фаро гирифт. Баъди шӯриши мардуми Хуҷанд мардуми Ургут шӯриш бардоштанд. 6 июли ҳамон сол намоишҳои эътирозӣ ба муқобили сиёсати ҳукумати подшоҳӣ дар Самарқанд ва Тошкент ба амал омаданд. 8-9 июл ҳаракати халқӣ дар Фарғона сар шуд. Дар миёнаи моҳи июл чунин ҳаракат қариб тамоми кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Махсусан мардуми Ҷиззах қариб ҳама ба мубориза бархестаанд. Дар ин ҷо мардуми ба мубориза баромада борҳо бо амалдорону ҳимоятгарони ҳукумати подшоҳӣ даст ба гиребон гардидаанд. Баромадҳои мардумӣ дар ҳамон сол дар Уротеппа, Ашт, Панҷакент низ ба амал омадааст. Дар ноҳияю даштҳои Қазокистон бошад шӯриш бештар аз ҳама дар вилояти Турғай хеле шиддат гирифт.

Соли 1916 дар сарзамини аморати Бухоро ба ғайр аз хуруҷҳое, ки дар роҳи оҳани Бухоро ба вуқӯъ омаданд, боз дар Қаршӣ, Қубодиён, Қаротегин ва ғайра ҷунбишҳои мардумӣ рӯх доданд. Аз ҷумла, он сол дар Қалъаи Лабиоби (Тоҷикободи ҳозира) бекигарии Қаротегин ба хуруҷи халқӣ мардикори мавсимӣ Қаландаршо сарварӣ намудааст. Албатта хуруҷҳои халқие, ки дар хоки аморат ба амал омадаанд, пеш аз ҳама ба муқобили зулму истибдоди амирӣ, махсусан бедодгариҳои амалдорони маҳаллӣ нигаронида шудаанд. Ҳамин тавр ба доираи шӯриш на танҳо сарзамини кишвари Туркистон ва Қазокистон балки аморати Бухоро ҳам кашида шуд.

Хуруҷҳои халқӣ дар шаклҳои гуногун: эътирози оммавӣ, корпартоии коргарон, аз хоҷагии бою кулакҳо ба дашту кӯҳҳо баромада рафтани батракҳо, фирори мардум ба хориҷа, нобуд кардани рӯйхати даъватшудагон, ба амалдорони подшоҳӣ итоат накардан, хароб кардани манзилгоҳ ва тороҷ намудани молу мулки боёну кулакҳо, ниҳоят задухӯрдҳои мусаллаҳона бо политсияю аскарони подшоҳӣ ва ғайраҳо зоҳир мегардиданд. Дар шӯриш тамоми табақаҳои аҳолӣ: деҳқонон, коргарон, тоҷирон, зиёиён, аз ҷумла рӯҳониён иштирок намудаанд.

Ҳукумати подшоҳӣ, аз вусъати шӯриш ба воҳима афтода, 17 июли соли 1916 кишвари Туркистонро дар ҳолати ҳарбӣ эълон кард. Дар бисёр маҳалҳо, бо фармони амалдорони ҳукумати подшоҳӣ, ба муқобили шӯришгарон силоҳро истифода бурданд. Дар натиҷа шӯриш бераҳмона пахш карда шуд. Бисёр фаъолони шӯриш ҳабс ва бадарға гардиданд. Амалдорони ҳукумати подшоҳӣ баъди пахш намудани шӯриш миқдори муайяншудаи мардикоронро (аз мардуми маҳаллии кишвари Туркистон ва Қазоқистон), ба тарзи зурӣ ба корҳои ақибгоҳи фронт фиристоданд.

Ҳамин тавр шӯриши соли 1916 ба сиёсати мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳӣ як зарбаи қатъӣ зад. Зеро, ин шӯриш мазмунан миллию озодихоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Шӯриш барои бедории сиёсӣ ва баланд гардидани шуури сиёсии мардуми маҳаллӣ кӯмаки амалӣ расонид. Он қувваи мардуми маҳаллии Осиёи Миёнаро, ки ҳукумати подшоҳӣ ба он эътиборе намедод, нишон дод. Аз ин рӯ ин шӯриш аҳамияти бузурги таърихӣ дошт.


Калидвожаҳо: инкилоб, инкилоби якум, таърихи халки точик, таърихи точикистон, таърихи тоҷикистон, таърих, таърихи точикон, таърихи тоҷикистон, таърихи тоҷик, халки точик дар замони подшохии русия, росия, халки точик  хангоми забти осиёи миёна аз тарафи росия, донишҷӯ тҷ, донишчу, студент тч, donishju tj, реферат аз фанни таърихи халки точик, реферат, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, чанги якуми чахон, 

Шарҳ баста аст.