Андешаҳои иҷтимоию сиёсии Низомулмулк ва Унсурулмаолии Кайковус

Абӯалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ (1018-1092), ки бо тахаллуси Низомулмулк машҳур аст, яке аз мутафаккирони машҳури тоҷику форс мебошад. Ӯ ҳамчун вазири кордону бомаҳорати дарбори Салҷуқиён пайваста ба сиёсати амалӣ машғул гардида, бо эҷоди «Сиёсатнома» дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва адабию мадании мардуми тоҷику форс таъсири амиқ расонидааст.

Аслан, андешаҳои сиёсии Низомулмулк дар асари машҳури ӯ «Сиёсатнома» дарҷ ёфтаанд. Ҳанӯз дар давронии зиндагии мутафаккир яке аз подшоҳони сулолаи Салҷуқиён Маликшоҳ (1072-1092) дар солҳои охири ҳукмрониаш ба донишмандони дарбор мефармояд, ки дар бораи тартиб, тарз, қоида ва қонунҳои асосии давлатдорӣ рисолае тартиб диҳанд, то ки дар он таърихи ҳукмронии подшоҳони гузашта ва ҳодисаҳои гуногуни рӯзгор нақл гарданд. Ғайр аз ин, рисолаи мазкур ҳамчун дастурамали идораи давлат истифода гардад. Бо ин мақсад Низомулмулк низ дар солҳои 1091-1092 рисолаеро бо номи «Сиёсатнома» таълиф менамояд. Мутафаккир бо эҷоди рисолаи мазкур чунин дастурамалеро пешниҳод менамояд, ки дар он барқарор намудани адлу адолат, ҷорӣ намудани тарзи оқилонаи давлатдорӣ, поквиҷдонии арбобони давлатӣ, аз пайи ободонии кишвару осоиштагии раият шудани шахсони масъул барин андешаҳои пешқадами хешро иброз менамояд.

Низомулмулк дар иҷрои корҳои давлатӣ нақши одамони донишманд, кордону бомаҳорат ва содиқу вафодорро махсус қайд менамояд. Вай исроркорона тавсия мекунад, ки сарварони давлат бо одамони дар асоси таълиму тарбия ва бо мурури замон бавоярасида бо мулоҳизаву эҳтиёткорона рафтор кунанд. Дар ин бобат ӯ чунин мефармояд: «Бандагоне, ки парварда бошанд ва бузург карда, нигоҳ бояд дошт, ки умре дигар ва рӯзгори мусоид бояд, то бандаи шоиста ва озмуда ба даст ояд».

Бояд тазаккур дод, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX андешаҳои мазкур дар таълимоти мутафаккири италиявӣ Вилфредо Парето қариб дар чунин шакл ва мазмун садо медиҳад, вале, мутаассифона, ҳамагон андешаи мазкурро маҳсули тафаккури Парето мешуморанд. Ба ақидаи В.Парето, бо мақсади нигоҳ доштани ҳокимият ва дароз намудани умри элитаи ҳукмрон бояд шахсони кордону донишманд ба таркиби элита ворид карда шаванд, то ки иқтидори он аз неруҳои дигари сиёсӣ афзунтар бошад. Идеяи «ротатсияи элита»-и В.Парето аз ҳамин андешаҳо маншаъ мегирад.

Низомулмулк ҳамчун шахси бомаърифату донишманди замон мушоҳида менамуд, ки вазирону амалдорони ин ва ё он дарбор ба ғорату тороҷ кардани халқ ва фисқу фуҷур овора буда, зулму ситамро дастури ҳаррӯзаи худ қарор дода буданд. Дар чунин маврид баҳри ҳалли ин гуна мушкилот ӯ ҷонибдори фаъолияти шахсии подшоҳ ва истиқлолияти фикрии сарвар буд. Ӯ пешниҳод менамуд, ки подшоҳ бо фаъолияти шахсӣ ва зиракии сиёсии худ мардумро аз гирифторӣ наҷот диҳад. Дар ин маврид ӯ чунин менависад: «Чора набошад подшоҳро аз он ки дар ҳафтае ду рӯз ба мазолим бинишинаду дод аз бедодгар биситонаду инсоф бидиҳад ва сухани раият бишунавад бевосита ва чанд қисса, ки муҳимтар бувад, бояд ки арза кунад ва дар ҳар як мисоле диҳад. Чун ин хабар дар мамлакат пароканда шавад …, дастҳои эшон кӯтоҳ шавад ва кас наёрад бедодӣ кардан аз бими уқубати он».

Яке аз мавзӯъҳои дигаре, ки диққати Низомулмулкро ба худ ҷалб намудааст, масъалаи муносибати сарварон бо тобеон мебошад. Ба ақидаи ӯ, чӣ гуна ранг гирифтани тақдири минбаъдаи идоракунӣ аз онҳо вобаста мебошад. Ӯ қайд менамояд, ки дар дарбор шахсони ҳасадбару бадтинат ҳамеша вуҷуд дошта метавонанд, ки онҳо аз рӯйи ҳасаду тинати бад дар ҳаққи шахсони дурусткор бадгӯӣ мекунанд.

 Ба ақидаи Низомулмулк, вазифаи бошарафи шоҳ иборат аз он аст, ки вай ҳақиқати ҳолро фаҳмидаву санҷида, сипас ҳукм барорад. Ӯ дар ин бора чунин мефармояд: «Андар корҳо шитобзадагӣ набояд кардан. Ва чун хабаре шунавад, ё сирате бандад, андар он оҳистагӣ кор бояд фармуд, то ҳақиқати он падид ояду дурӯғ аз рост пайдо гардад, ки шитобзадагӣ кори заифон аст, на кори қодирон».

Ҳамин тариқ, Низомулмулк ҳамчун ходими сиёсии дарбор ба кулли масъалаҳои сиёсию иҷтимоии замони худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мақсади мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории Салҷуқиён масъалаҳои мубрами сиёсати давлатро таҳлилу таҳқиқ намудааст.

Намояндаи дигари афкори сиёсии тоҷику форс мутафаккири асри XI Унсурулмаолии Кайковус мебошад. Ӯ андешаҳои худро дар китоби машҳураш «Қобуснома» иброз намудааст. Мутолиаи ин асар нишон медиҳад, ки Кайковус дорои ҷаҳонбинии васеъ, шахси фозилу донишманд ва аз ҳамаи илмҳои замони худ бохабар мебошад. Аслан, «Қобуснома»-и Кайковус сирф характери тарбиявӣ дорад ва мутафаккир онро ба хотири тарбияи фарзандаш таълиф намудааст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки муаллиф ба таври зоҳирӣ китобро бо мақсади тарбияи фарзанд таълиф намудааст, вале дар асл ӯ ба воситаи асари худ ҳамаи ҷомеа – хосу омро тарбият кардан мехост, ки дар чунин шакл паҳн намудани андешаҳои пешқадам муваффақияти асосии ин донишманд мебошад.

Ӯ дар «Қобуснома» ба масъалаи подшоҳӣ ва шарту шароити он диққати ҷиддӣ додааст. Кайковус тараннумгари сарвари хирадманд ва подшоҳи донишманд мебошад. Дар идораи корҳои давлат мустақилияти подшоҳро хеле зарур мешуморад. Ӯ барои сарварон ва подшоҳон шуҳрат ва шаъну шарафро зарур медонад. Ба андешаи ӯ, эътирофи адолат ва хиради подшоҳ аз ҷониби раият шарти муҳимми ҳукумат мебошад. Ба ақидаи Кайковус, яке аз сабабҳои асосии аз даст рафтани обрӯи подшоҳон ин сафарбар намудани шахсони носазо ва ноуҳдабаро ба иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ мебошад. Инчунин, мутафаккир ба масъалаи ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷалб гардидани наздикони вазирону мансабдорон бо назари танқидӣ менигарад. Дар ин маврид ӯ чунин менависад: «Шуғл ба сазовори шуғл деҳ … ва он ки хазинадориро шояд, ҳоҷибӣ мадеҳ, ки ҳар коре ба ҳар касе натавон дод. То забони тоинон (таъназанандагон) бар ту кушода нашавад ва халал андар шуғли ту падидор наёяд, ки агар вайро коре фармоӣ, ки надонад, ба ҳеҷ ҳол нагӯяд, ки надонам. Ҳамекунад аз баҳри манофеи хешро, валекин он шуғл бо фассод бошад. Пас, кор ба кордон супор, то аз дарди сар раста бошӣ…»[1]. Ҷойи дигар ӯ чунин мефармояд: «Аммо хешону пайвастагони вазирро ҳеҷ амал мафармой, ки якбора чарбу ба гурба натавон супурд, ки вай ба ҳеҷ ҳол ҳисоби пайвастагони хеш ба ҳақ накунад ва аз баҳри моли ту хешони худро наёзорад. Ва низ касони вазир ба қуввати вазир сад бедодӣ кунанд бар мардумон, ки бегона аз он сад яке накунад. Вазир аз касони хеш имзо кунад ва аз бегонагон накунад»[2].

Кайковус тараннумгари адлу инсоф ва ҷонибдори сиёсати адолатпарварона мебошад. Ӯ қайд менамояд, ки «Подшоҳ мисли офтоб аст. Нашояд, ки офтоб бар яке тобаду бар дигаре натобад».

Мутафаккир қайд менамояд, ки тобеон дар иҷрои фармони подшоҳ бояд бетақсир бошанд, зеро мавҷудияти ҷомеа ва низоми мулк аз сиёсат ва фармонфармоӣ вобаста аст. Дар ин бора Кайковус чунин мефармояд: «Подшоҳе, ки фармони ӯ раво набошад, миёни ӯ ва мардумони дигар чӣ фарқ бошад? … агар фармонравоӣ набошад, дар мулк халал рӯй намояд. Ва фармонравоӣ ҷуз ба сиёсат набошад. Пас, дар сиёсат намудан тақсир набояд кард, то амрҳо равон бувад ва шуғлҳо бетақсир»[3].

Ғайр аз ин, Кайковус ба масъалаҳои надимӣ, шарту шароити вазирӣ, одоби хизмати подшоҳ ва дарбор, расму русуми сипаҳсолорӣ ва оини ҷавонмардӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст.


[1] Унсурулмаолии Кайковус. Қобуснома. – Душанбе: «Маориф ва фарҳанг», 2007. – С.159.

[2] Ҳамон ҷо. – С.160.

[3] Ҳамон ҷо. – С.163.



Калидвожаҳо: Андешаҳои иҷтимоию сиёсии Низомулмулк ва Унсурулмаолии Кайковус, андешахои сиёсии низомулмулк, афкори сиёсии халки точик, акидахои сиёси, сиёсатшиноси, реферати точики, маводхои точики, кори курси, рефератхо бо забони точики

Шарҳ баста аст.