Ҷанбаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии моликият

0
71

Чӣ тавре қайд карда гузаштем, таи зиёда аз 70 сол дар адабиёти марксистӣ, ба ҳайси объекти моликият – воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ тавсия карда шудаанд. Ин тарзи маънидодкунии объекти моликият дар шароити ҳозира, вобаста ба дигар шудани нақш ва мақоми худи воситаҳои истеҳсолот (бавуҷудоии техникаю технологияи нав, автоматикунонии ҷараёнҳои истеҳсолот, истифодаи компютерҳо ва ғайра), ҷудо шудани он ба қисматҳову ҷузъиятҳои алоҳида (додани воситаҳои истеҳсолот ба иҷора, ташкил кардани ширкатҳои саҳҳомӣ дар асоси онҳо ба ихтиёри коллективҳои истеҳсолӣ вогузоштани онҳо ва ҳоказо), ба он ҳамроҳ карда шудани унсурҳои дигар (системаи идораи автоматӣ, иттилоот ва ғайра) бештар аҳамияти худро аз даст медиҳад.

Кунун, аз ҷониби аксарияти иқтисоддонон эътироф карда шудааст, ки муносибатҳои моликият раванди азонихудкунӣ, соҳибӣ, истифода ва дурсозии омилҳои истеҳсолот ва маҳсули меҳнат, стратегия ва тактикаи инкишофи истеҳсолот, самту равиши истифодаи воситаҳо, интихоби шаклу намуди ташкили меҳнату истеҳсолот, назорат бар онҳо, истифодаи қувваи коргарӣ, молу мулк, иттилоот, маҳсули ақлонӣ (интеллектуалӣ), воситаҳои пулию молиявӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Загрузка...

Аз ин васила, фаҳмишу дарки равандҳои ташаккули субъект ва объекти моликият, чӣ аз нуктаи назари иқтисод ва чӣ ҳуқуқ ба мадди аввал гузошта мешавад.

Мувофиқи назарияи марксистӣ, моликият ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ, муносибатҳоро оиди азхудкунию дурсозии воситаҳои истеҳсолот ва неъматҳои моддие, ки дар раванди истеҳсолу тақсим ва мубодилаю истеъмол ба миён меоянд ифода мекунад.

Дар ин ҷода, дар мадди аввал муносибатҳо оиди аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ эътироф карда шудани неъматҳои моддӣ ва ба кӣ таалуқ доштани онҳо гузошта мешавад. Ин ҷараён нафақат аз ҷониби фардҳои (субъектҳои) дигар, балки худи шахс низ эътироф карда мешавад.

Ин тарзи муносибат ҳамчун муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташаккул меёбанд.

Иқтисодчиёни Ғарб таҳти моликият муносибатҳои одамонро нисбат ба чизҳо, яъне муносибатҳои моликиятдориро нисбат ба чизи худ, тақсим ва истифодаи он мефаҳманд. Дар ин асно муносибатҳои ҳуқуқии моликият нисбат ба муносибатҳои иқтисодӣ бартарӣ пайдо мекунанд.

Тибқи ақидаи К. Маркс, моликият ҳамчун мафҳуми иқтисо-дӣ бидуни хоҳиш ва тафаккури инсон вуҷуд дорад. Ҳанӯз дар қонунҳои давлатдории Солон (594 то қарни мо) ва Клисфен (509 то қарни мо) қайд карда шудааст, ки қонунҳо муносибати моликиятро ба вуҷуд намеоранд, балки муносибатҳои дар ҷомеа ташаккул ёфтаро мустаҳкам мегардонанд. Бинобар ин байни моликият ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳамон давра фарқ гузошта шуда буд. Муносибатҳои ҳуқуқии моликият ҳам-чун тарзу услуби ифодаи субъективии муносибатҳои бо таври объективӣ ташаккул ёфтаи ҷамъият, рамзан мустаҳкам кардану танзими онҳоро ифода мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки шаклу намуди мушаххаси моликият “мағзу устухон”, сирру асрор ва мояи амиқтарини сохтори  ҷомеавиро  муайян месозад. Аз боиси он, ки дар ҷаҳони сотсиализм моликияти ҷамъиятӣ ба воситаҳои истеҳсолот ҳукмрон буд, сектори (бахши) давлатӣ, ногузир, мазмун ва мундариҷаи моликиятро муайян менамуд. Муносибатҳои иқтисодӣ низ дар ҳамин асос ҳамчун кулли муносибатҳо оиди соҳибӣ, истифода, азхудкунӣ, дургироӣ ва ғайра ташаккул меёфтанд. Ва баръакс, моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот (капитализм) мутаносибан шаклҳои гуногуни онро ба миён овард ва сектори хусусӣ дар ҷомеа нақши муҳимтаринро ишғол намуд.

Аз ин ҷо хулоса бар меояд, ки муносибатҳои умдаи моликият, моликиятдорӣ, инкишофу таҳаввули шакл ва намудҳои он, механизми мураккабу пурпечу тоби ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, масъалаҳои муҳимтарини гузариш ба иқтисоди бозорӣ, вазъ ва ҳолати одамон дар ҷомеа, моҳияту объект ва субъекти мутақо-билаи онҳо, мустақиман ба ҳаллу фасли масъалаи объект ва субъекти ҳуқуқи моликият вобаста мебошанд. Аз адабиётҳои солҳои охир дастрас гардида, маълум мегардад, ки оиди масоили ҳуқуқ ба моликият ва тақсимбандии ҷузъиятҳои он ҳамдигар-фаҳмӣ қариб вуҷуд надорад.

Аз равияҳои мавҷуда, алалхусус равияи мактаби неоинститутсионализм бештар диққатҷалбкунанда мебошад ва он аз ҷо-ниби аксарияти олимони Ғарб ва Руссия дастгирӣ меёбад. Асосгузори он иқтисоддонони Америкоӣ Р. Коуз ва А. Алчиан буда, тарафҳои алоҳидаи он аз ҷониби И. Барцель, Г. Демсетс, Норт, Р. Познер минбаъд вусъат дода шудаанд.

Махсусияти ин равия дар он аст, ки муаллифон дар асоси таҳ-лили равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ, на худи моликият, балки ҳуқуқ ба моликиятро мегузаранд. Аз диду нигоҳи онҳо, на захира ва неъматҳову молу маҳсулот худ ба худ, балки ҷузъ ё худ дастае аз кулли муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба истифодаи онҳо ҳамчун моликият баромад карда метавонад. Ин кулли муносибат ҳамчун, “дастаи ҳуқуқ” ташкил ёфта, мувофиқи пешниҳоди асосгузори он А. Оноре (ҳуқуқшиноси англис, с.1961), чунин 11 унсурҳоро дарбар мегирад:

  1. ҳуқуқ ба соҳибӣ, яъне ҳуқуқи комил доштан ва назорати холисона бурдан нисбат ба неъматҳо;
  2. ҳуқуқ ба истифода-ҳуқуқ оиди истифода кардани манфиатнокии неъматҳо барои қонеъ гардондани ниёзу эҳтиёҷҳои худи инсон;
  3. ҳуқуқ ба даромад-пайдо кардани ҳуқуқ ба натиҷаи ниҳоии истифодаи неъматҳо;
  4. ҳуқуқ ба идора, яъне кӣ (кадом субъект) масоили ҳуқуқи истифодаи неъматҳоро чӣ хел ташкил менамояд?;
  5. ҳуқуқ ба истиқлолият (мустақилият)-ба истеъмол, дурги-роӣ, тағйирпазирӣ ва маҳвсозӣ;
  6. ҳуқуқ ба бехатарӣ-ҳуқуқи ҳифзи неъматҳо аз мусодира ва зиёновариҳо аз ҷониби ҳавзаҳои беруна;
  7. ҳуқуқи вогузорӣ (ворисоӣ), яъне ба мерос гузоштани неъматҳо барои наслу авлод;
  8. ҳуқуқи беинтиҳои истифодаи неъматҳо – истифодаи комил то охири умр;
  9. ҳуқуқ барои маҳдуд ва манъ кардани чизҳои хатарноку зараровар ба ҳаёти инсон ва муҳити зист;
  10. ҳуқуқи ҷавобгарӣ – амалӣ гардондани ҳуқуқ бо воситаи ҷазодиҳӣ, ҷаримагузорӣ, рӯёнидани зиёну хароҷотҳо, қарзҳо ва ғайра;
  11. ҳуқуқи бақиявӣ-ҳуқуқ барои омодасозии муассисоти ҳу-қуқгузорӣ ва таъмину барқарор кардани ҳуқуқҳои пастгузошта.

Аз тавсиф ва тафсири “дастаи ҳуқуқ” равшан мегардад, ки муносибатҳои ҳуқуқӣ дар байни одамон, оиди мавҷуд будани захираҳои нақд ва тарзу услуби истифодаи онҳо ба миён меояд. Захираҳои иқтисодӣ, ҳамчун меъёри муайян аз ҷониби субъек-тҳои иқтисодӣ истифода карда мешавад ва дар ин ҷода масрафи муайяне оиди истеҳсол, мубодила ва истеъмоли онҳо ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид, одамон байни худ рамзан “қоидаи бозиро” оиди масраф ва подоши онҳо ҷорӣ мекунанд. Ин тарзу услуб ва одоби “бозӣ” мувофиқи ақидаи П. Хейне ҳамчун ҳуқуқ ба моликият сурат гирифта, равиши тақозою арзаро дар ҷаҳони маҳдуди захираҳо ба вуҷуд меоварад (19, 69-70).

Ба фикри худи муаллифон истифода кардани мафҳуми “дастаи ҳуқуқ”, асосан барои тағйир додани хулқу атвор ва фаъоли-яти хонадорию хоҷагидорӣ, барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо зарур мебошад. Маҳз, аз сатҳ ва дараҷаи амиқу аниқи “дастаи ҳуқуқ” дараҷаи манфиатнокӣ ва ҳавасман-дии соҳибкорон ва ба ҳам муқоиса кардани раванди хоҷагидо-рию натиҷаи ниҳоии онҳо вобастагӣ дорад. Мубодилаи неъмат-ҳо байни субъектҳои иқтисодӣ маънои мубодилаи “ҳуқуқ ба моликият”-ро дорад. Чӣ қадаре, ки неъматҳо бештар мубодила карда шаванд, ҳамон қадар қадру қиммати “дастаи ҳуқуқ” барои “харидори ҳуқуқ” – афзунтар мегардад.

Дар амалияи хоҷагидорӣ се шакли “режими” ҳукуқи моликият – давлатӣ, хусусӣ ва мухталат истифода карда мешавад.

Ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ маънои онро дорад, ки соҳибо-ни моликият ҳуқуқи пурра ё худ қисме аз 11 пунктҳои “дастаи ҳуқуқро” истифода кардан доранд. Вобаста ба шумора ва нақшу мақоми “дастаи ҳуқуқ” шаклу намудҳои моликияти хусусӣ ташаккул меёбанд. Дар шароити сотсиализм, ки асосан, моликияти ҷамъиятӣ ба воситаҳои истеҳсолот ҳукмрон аст, ҳукуқи “дастаи ҳуқуқ” пурра ба давлат тааллуқ дорад ва қисми ночизи он ҳамчун раванди муваққатӣ ба субъектҳои иқтисодӣ вогузошта мешавад. Масалан, замин моликияти давлатӣ мебошад. Мувақ-қатан ҳуқуқи истифодаи он ба аҳолӣ ё корхонаву колхозҳо ва кооперативҳо дода мешавад.Охирон,ҳуқуқи соҳибӣ кардан, харидан, фурӯхтан, ба каси дигар инъом кардану мерос гузоштан ва ғайраро надорад(19,69-73).

Ҳуқуқ ба моликияти муштарак ҳаргиз маънои ба таври оддӣ ба ҳам омезиш додани шакли моликияти давлатӣ ва моликияти хусусиро надорад. Он дар асоси ваҳдати усулҳои нархгузории бозорӣ ва танзими давлатӣ ба роҳ монда мешавад, ё худ тибқи ақидаи Л. Мизес: “истеҳсолот метавонад аз рӯи нархҳои бозорӣ ё худ қарори шӯрои ҳукуматӣ оиди идораи истеҳсолот қарор гирад”. Ҳалли роҳи саввӯм вуҷуд надорад. Шакли саввӯми низоми иҷтимоӣ, ки тавонад бидуни капиталистӣ ё бидуни сотсиалистӣ бошад, имконнопазир мебошад (6, 69-73).


Чанбахои иктисоди ва хукукии моликият