Анҷоми ташаккулёбии халқи тоҷик

Раванди ташаккулёбии халқҳо ҳодисаи тӯлонӣ буда, барои ба анҷом расидани он унсурҳои зиёде ба кор гирифта мешаванд. Ҳанӯз дар остонаи ҳуҷуми арабҳо раванди дар як халқияти том муттаҳид гаштани қавмҳои шарқӣ-эронӣ шурӯъ гардида буд. Хусусан замони ҳукумати Сосониён ва Ҳайтолиён бо муҳаё гаштани баъзе шароит ин раванд бо суръат ҷараён дошт ва чӣ тавре ки дар боло ишора шуд, яке аз паёмадҳои муҳими салтанати Ҳайтолиён суръат бахшидан ба раванди этникӣ маҳсуб мегардид. Вуруди туркҳо ба Осиёи Миёна ва ба дунболи он забти ин сарзамин аз тарафи арабҳо раванди ташаккули халқияти тоҷикро боздошт. Суғдиҳо, тахориҳо, хоразамиҳо, фарғониҳо, хуросониҳо халқиятҳое буданд, ки ҳазорсолаҳо қабл дар сарзамини аҷдодии худ умр ба сар мебурданд. Ин халқиятҳои шарқӣ эронӣ гарчанде баромади ягона ва иртиботи наздик дошта бошанд ҳам, ҳар кадом фарҳангу суннатҳои хоси худро дошт.
Замоне ки ҳокимияти Хуросону Мовароуннаҳр дар дасти Сомониён буд, раванди ташаккулёбии халқи тоҷик анҷом ёфт. Омилҳои зерин барои ташаккулёбии тоҷикон ҳамчун халқи воҳид мусоидат карданд:
— нахустин омили ваҳдатофарин дар ҳудуди ягона сарҷамъ омадани халқиятҳои суғдӣ, тахорӣ, хоразамӣ, фарғонӣ, хуросонӣ буд. Шаҳру минтақаҳои муҳиме чун Самарқанд, Бухоро, Чоч, Кеш, Истаравшан, Хуҷанд, Хоразм, Фарғона, Тироз, Исфиҷоб, Шумон, Чағониён, Хатлон, Балх, Ҳирот, Ғур, Кобул, Ғазнин, Марв, Тӯс, Нишопур, Сабзавор, Рай маскангоҳи аҷдодони тоҷик дар қаламрави ягонаи Сомониён ба ҳам омаданд. Миёни ин минтақаҳо ғайр аз иртиботи сиёсӣ, инчунин робитаҳои иқтисодӣ, маданӣ ва этникӣ пайдо шуд;
— дуввумин омил пайдо гаштани забони ягона буд. Қабл аз паҳншавии ислом ҳар қавме бо забону лаҳҷаи худ ҳарф мезад. Дар ҷараёни ҷоришавии ислом дар Мовароуннаҳр мардумони зиёде аз Форсу Хуросон арабҳоро ҳамроҳӣ мекарданд. Забони форсӣ барои таблиғи ислом миёни аҳолии Осиёи Миёна нақши муҳим мебозид. Бо омадани ислом дигар шароите барои рушди забонҳои маҳаллӣ боқӣ намонд Ҳарчанд аҳолии Бухоро бо забони суғдӣ такаллум кунанд ҳам, ба навиштаи Наршахӣ дар ибтидои кор дар Бухоро Қуръонро бо забони форсӣ мехонданд. Форсии нав бештар дар шаҳрҳо ҷорӣ гардид ва дар асрҳои минбаъда ҳам дар гӯшаву канор ва рустоҳои дурдаст мардум ҳанӯз бо забонҳои маҳаллӣ гуфтугӯ мекарданд;
— омили саввум пайдо шудани робитаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ миёни музофоти гуногуни қаламрави Сомониён буд. Бо муҳаё гаштани амнияту оромӣ имкони барқарории робитаҳо миёни қавмҳои ин сарзамин падид омад. Зиёд гаштани робитаҳои хешу таборӣ ва никоҳҳои байни халқҳо низ ҳодисаи маъмулӣ гардид. Агар дар рафти забткории худ арабҳо аз зиддияту дури минтақаҳои Осиёи Миёна истифода бурда бошанд, пас дар ҷараёни муборизаҳои озодихонаи ин мардум алайҳи истилогарон ягонагӣ ба мушоҳида расид.
— омили чаҳорум дар асоси дини ислом ташаккул ёфтани урфу одати тоҷикон ва дар асоси дини ягона муттаҳид гаштани аксари форсизабонон ба ҳисоб мерафт. Зеро чӣ тавре, ки дар боло қайд гардид, то омадани арабҳо ва паҳн шудани ислом аҷдодони тоҷикон ба дину ойинҳои гуногун ақида доштанд.
Ҳамин тавр дар асри X раванди тӯлонии ташаккулёбии халқияти тоҷик ба анҷом расид. Аз миёнаҳои асри XI баъд ин умумияти азими этномаданӣ номи тоҷик (тозик)-ро гирифт.

Шарҳ баста аст.