Ҳамнишини бад (ғазали Камолиддини Биноӣ)

0
81

Рӯзе аз рӯзҳо магар Беҳрӯз,
Рафт берун ба толеи фирӯз.
Дид биншаста паҳлуи Баҳром,
Чанд фард аз авоми каланъом1.
Ваҳ чӣ анъом2, аз сибоъ3 батар,
Шаклашон дода аз низоъ хабар.
Ҳама авбошу4 муфсид5 ӯ пок,
Покашон қалбу қалбашон нопок.
Ду-се ноодаме лаванду дағал,
Нохушоянда ҳамчу буи бағал.
Чашми Беҳрӯз чун бар ӯ афтод,
Оташи ғайрат андар ӯ афтод.
Хонд Баҳромро ба ҷониби худ,
Сохт дар хонааш мусоҳиби худ.
Гуфт: «Маншин бадон табоҳкешон,
То насузӣ ба оташи эшон».
Ҳар кӣ шуд ҳамнишини шуъла чу дуд,
Шуъла дар вай гирифта бинӣ зуд.
Чун ба гургон рафиқ гардад меш,
Оқибат дар фано ниҳад тани хеш.
Кас, ки бо нокасон қарин шуд, рафт
Хас, ки бо шуъла ҳамнишин шуд, рафт.
Ҳар ки атвори неку бад гирад,
Ҳама аз ҳамнишин ард гирад.
Нек бо бад на кори фарзон (а) аст,
Нон фикандан ба қалби девон (а) аст.
Нек бо бад макун, ки дармонӣ,
Абадуддаҳр дар зарар монӣ.
Накуни хоҷа ёрии золим,
Ва-р кунӣ, кай гузорадат солим?

Калимаю ибораҳои тоза

Загрузка...
  1. Каланъом – монанди чорпоён.
  2. Анъом – чорпоён.
  3. Сибоъ – даррандагон.
  4. Авбош – нокас, дузд, беҷогард.
  5. Муфсид – вайронкор, бадкор.

достони «Бехрузу Бахром», газалхои Камолиддин Бинои, Хамнишини бад (газали Камолиддини Бинои)