Ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ

Ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ гуфта робитаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварро дар бахши фаъолияти гумрукӣ меноманд, ки он дар устуворӣ, манфиатнокӣ ва баробарӣ ба амал бароварда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ, мустақил ва соҳибихтиёри ҳуқуқи байналхалқӣ ҳуқуқи муайян намудани самтҳои ҳамкориҳои байналхалқии худро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дорад. Ҳамкориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ самтҳои зерин дорад:

  • Ҳамкориҳои байналхалқии ҶТ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар доираи ИДМ[1];
  • Ҳамкориҳои байналхалқии ҶТ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо кишварҳои хориҷи дур[2];
  • Ҳамкориҳои байналхалқии ҶТ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар доираи ташкилотҳои байналхалқӣ.

Ҳамкориҳои байналхалқии ҶТ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар доираи ИДМ. Заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар доираи ИДМ инҳоянд:

  1. Созишнома «Дар бораи ташкили Идтиҳоди Давлатҳои Мустақил» (аз 8.12.1991с.) – Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.1991с. ба он ҳамроҳ гашт;
  2. Оинномаи Идтиҳоди Давлатҳои Мустақил (аз 22.01.1993с);
  3. Созишнома «Дар бораи ташкили иттифоқи гумрукӣ дар доираи ИДМ» (аз моҳи январи соли 1995);
  4. Дигар асноди ҳуқуқии ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ[3].

Ҳамкориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар доираи ИДМ дар асоси шартномаҳои байналхалқӣ ба роҳ монда шудааст. Шартномаҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба тавсиб расонидааст ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

  • Шартномаҳои бисёртарафаи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
  • Шартномаҳои дутарафаи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.

Ба шартномаҳои бисёртарафаи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ инҳо дохиланд:

  1. Созишномаи ИДМ «Дар бораи тартиби транзит» (аз 8.02.1992с.);
  2. Созишномаи ИДМ «Дар бораи принсипҳои сиёсати гумрукӣ» (аз 13.03.1992с.);
  3. Созишномаи ИДМ «Дар бораи шароитҳои умумӣ ва механизми дастгири намудани инкишофи корхонаҳои истеҳсолии кооператсионӣ дар доираи давлатҳои иштирокчии ИДМ» (аз 23.12.1993с.);
  4. Созишномаи ИДМ «Дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ» (аз 15.04.1994с.);
  5. Дигар шартномаҳои бисёртарафаи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ[4].

Ба шартномаҳои дутарафаи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ инҳо дохиланд:

  1. Созишнома байни Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза алайҳи қочоқ ва вайронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ» (аз 4.02.1998с.);
  2. Созишнома байни Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳои гумрукии тарафайн ва таъминоти гумрукӣ» (аз 4.02.1998с.);
  3. Дигар созишномаҳои дутарафаи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ[5].

Ҳамкориҳои байналналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ хело назаррас буда, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муфид аст. Ба ин ҷойгиршавии ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мусоидат менамояд.

Ҳамкориҳои байналхалқии ҶТ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо кишварҳои хориҷи дур. Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷи дур дар марҳилаи барқароршавӣ ва инкишофёбӣ мебошад. Дар баробари ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар доираи ИДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои худро дар соҳаи мазкур бо кишварҳои хориҷи дур низ барқарор кардааст. Ба ин ҳамкориҳои байналхалқии ҶТ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо давлатҳои Хитой, Туркия, Ҳиндустон, Эрон мисол шуда метавонанд. Бо ин давлатҳои хориҷи дур Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ шартномаҳои иқтисодию ҳуқуқии дутарафа алакай ба имзо расонидааст[6].

Ҳамкориҳои байналхалқии ҶТ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар доираи ташкилотҳои байналхалқӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ низ ҳамкориҳои худро ба роҳ мондааст. Ҳамроҳ гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияву шартномаҳои байналхалқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ гувоҳӣ он аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ то ба ҳол ба ин шартномаҳои байналхалқӣ ҳамроҳ гаштааст:

  1. Конвенсияи муассисии Шӯрои ҳамкориҳои гумрукӣ (аз моҳи декари соли 1996 ҶТ ба он ҳамроҳ гаштааст);
  2. Конвенсияи байналхалқӣ «Оиди кӯмаки мутақобилаи маъмурӣ дар пешгирӣ, тафтиш ва қатъи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ» (аз 9.06.1997с., ш. Найроби);
  3. Конвенсия «Оиди маводҳои мадҳушкунанда» (аз 21.02.1971с., ш. Вена);
  4. Конвенсияи ягона «Оиди маводи нашъавор» (аз 30.03.1961с.) ва Протоколи иловагӣ ба он (аз соли 1972);
  5. Дигар шартномаҳои байналхалқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки ҶТ ба онҳо ҳамроҳ гаштааст[7].

[1] Ниг.: Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. / Дар зери таҳрири узви вобастаи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Усмонов О.У., Душанбе: «Маориф», 1999. – С. 227-229.

[2] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 227.

[3] Ниг.: Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсии зикршуда. – С. 227.

[4] Ниг.: Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсии зикршуда. – С. 228.

[5] Ниг.: Ҳамон ҷо.

[6] Ниг.: Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсии зикршуда. – С. 227.Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 227.

[7] Ҳамон ҷо.

Шарҳ баста аст.