Ҳамчун худо дониста шудани подшоҳон дар Мисри қадим

Дар Миср  дар ибтидо фиръавнҳо худро ҷонибдорони худо Гор медонистанд ва ҳатто номи худро-Гор мегузоштанд. Вале аз давраи сулолаи 5-ум (соли 2700 то мелод) сар карда, фиръавн ҳамчун писари худои офтоб  Ра дониста мешуд. Ва ин ақида дар Миср то замони қабули масеҳият идома дошт. Подшоҳ маросимҳои асосиро худаш иҷро  мекард, ба сохтмони маъбад асос мегузошт ва қурбонӣ мекард. Дар ҳамин давра одамон дар пеши подшоҳ худро ба замин меафканданд, номи подшоҳро гирифтан мумкин набуд ва оммаҳо  ӯро ҳамчун худо мепарастиданд

          Мақбараҳои фиръавнҳо васеъ гардида оҳиста-оҳиста шакли пирамидаро мегирифтанд. Роҳибон ба мӯмиё кардани ҷисми фаръавнҳо пардохта ин амалро нағз ёд гирифтанд. То ба замони мо ҷисмҳои мӯмиё кардашудаи чандин фиръавну  ашрофон дар ҳолати хуб омада расидаанд. Ҷасадҳои фақирон дар зери қум гӯронида мешуданд.

          Сабаби мӯмиё кардани ҷисмҳои мурдаҳо дар ақидаҳои динии мардуми Миср ниҳон аст. Ба ақидаи мисриҳо ҳангоми марг фақат бадани инсон мемурад, вале моҳиятҳои дигари он зинда мемонанд. Онҳо чунинанд: Номи он шахс (рен), рӯҳаш (ба), ки баъди марги шахс чун паррандае парида ба осмон меравад, ва ниҳоят-дугонаи  махфии инсон (ка). Ка-ин рӯҳи махсус, дугонаи диданашавандаи шахс аст, ки тақдири он баъди марг ба тақдири ҷисми инсон вобаста аст. Ка метавонад аз гуруснагию ташнагӣ бимирад-агар дар ҳини гӯркунӣ бо ҳама чиз таъмин карда нашавад. Вале агар ҷисми мӯмиёкардашуда ё ҳайкали шахс боқӣ бимонанд, ка муддати дароз зинда боқӣ хоҳад монд.

          Худо Осирис оҳиста-оҳиста ба худои он дунё ва ба қозию ҳокими ҷаҳон баъди марги ашхос табдил ёфт. Азбаски Осирис ҳар сол эҳё мегардид, мӯъминон умед доштанд, ки бо ёрии ӯ ҷони  мурдаи худро аз марги ниҳоӣ халос хоҳанд кард. Дар аввал мурдаи подшоҳонро Осирис мегуфтанд, баъдтар-мурдаҳои ашрофонро ва оқибат-мурдаҳои мардуми одиро низ Осирис мегуфтагӣ шуданд. Бо ин роҳ мардум гӯё қувваҳои бадро фиреб медоданд.

          Осирис қозии ҷонҳо буд, вале худоҳои 42 ном (вилоят) ва  аъҷубаи дӯзах ёрдамчиёни ӯ ба ҳисоб мерафтанд. Аъҷубаи мазкур он ҷонҳоеро, ки ба марг ҳукм шуда буданд, фурӯ мебурд. Дар рӯзи қиёмат дили шахси мурда баркашида  мешуд ва аз рӯи аъмоли неку бадаш тақдири ояндаи ӯ ҳал мегардид. Тасаввуротҳои мисриён дар хусуси ҳаёти рӯҳ баъд аз марг дар китоби ба ном «Китоби мурдаҳо» батафсил баён гардидааст. Дар ин китоб нақши дуоҳои соҳирона дар халос кардани ҷони шахс аз азоб бисёр муҳим дониста шудааст.

Шарҳ баста аст.