Амалҳои холисона — Панду андарз

Ҳар ки бошад аҳли имон эй азиз,

Пок дорад чор чиз аз чор чиз.

Аз ҳасад аввал ту дилро пок дор,

Хештанро баъд аз он мӯмин шумор.

Пок дор аз кизбу aз ғайбат забон,

То ки имонат наяфтад дар зиён.

Пок агар дорӣ амалро аз риё,

Шамъи имони туро бошад зиё.

Чун шикамро пок дорӣ аз ҳаром,

Марди имондор бошӣ вассалом.

Ҳар кӣ дорад ин сифат, бошад шариф

В-ар надорад, дорад имони заиф.

Ҳар кӣ ботин аз ҳаромаш пок нест,

Рӯҳи ӯро раҳ сӯи афлок нест.

Чун набошад пок аъмол аз риё,

Ҳаст беҳосил чу нақши бӯриё.

Ҳар киро андар амал ихлос нест,

Дар ҷаҳон аз бандагони хос нест.

Ҳар ки кора аз барои ҳақ бувад,

Кори ӯ пайваста бо равнақ бувад.

Дар баёни фоидаҳои хомӯшӣ инҷо мутолиа намоед

Рӯйхати панду андарзҳо


Аз “Панднома”-и Аттор