Аломатҳои саодатманд ва бадбахт

Аз аломатҳои саодатмандӣ ин аст, ки вақте умри шахс дароз мешавад, ҳирсаш ба дунё кам шудан мегирад, пас медонад яқинан медонад, ки реҳлати ва сафари ӯ ба охират наздик шудааст. Чун вақте молаш зиёд мегардад, сахояш ва карамаш зиёд мешавад, зеро мол орият аст ва худи ӯ дар имтиҳон аст. Аммо чун қадраш зиёд мегардад, бароварда сохтани ҳоҷати мардум ва хизмат барои онҳо зиёд мешавад. Зеро бандаҳо ҳам халқи Худо ҳастанд. Худо касеро, ки аз ӯ ба атрофиён фоида расад, ба онҳо меҳрубонӣ кунад ва аз ҳоли онҳо бохабар бошад, дӯст медорад.


Аз аломатҳои бадбахтӣ ин аст, ки вақте илмаш зиёд гардад, кибр ва худписандиаш низ меафзояд. Пас, илми ӯ бефоида аст. Вақте амали ӯ зиёд мегардад фахри ӯ, назарбаландии ӯ ба мардумон зиёд гардад ва ӯ гӯё наҷот ёфтаасту дигарон дар ҳалокатанд. Ҳар вақто умри ӯ зиёд гардид, ҳирси ӯ зиёд мешавад. Мол ҷамъ мекунад ва аз он ба касе намедиҳад ва мурдан ба ёдаш намеояд. Вақте моли ӯ зиёд зиёд гардад, бухли ӯ зиёд мегардад, дилаш ҳамеша фақир ва дасти ӯ ҳамеша мағшуш аст, ки ҳеҷ гоҳ ба сахову карам кушода намегардад.